logo

ҳуқуқ

ПИЁДАГАРД, ҶОНИ ХУДРО ЗЕРИ ХАТАР НАГУЗОР!

Ҳифзи ҳаёт ва нигоҳ доштани саломатии пиёдагардон аз масъалаҳои асосии таъмини бехатарии ҳаракат дар роҳ маҳсуб меёбад. Воситаи ягонаи таъмини  ҳаракат дар роҳ аз тарафи пиёдагардон  риоя шудани талаботи қоидаҳои ҳаракат мебошад.
Натиҷагирӣ аз садамаҳои нақлиётӣ бо иштироки пиёдагардон дар муҳлати сипаригардидаи соли равон нишон дод, ки 50 садамаи роҳу нақлиёт дар роҳҳои ҷумҳурӣ бо иштироки пиёдагардон  рух додааст. Дар натиҷаи ин ҳодисаҳо 10 нафар ба ҳалокат расида, 42 нафар ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардоштанд. Ин аз он шаҳодат медиҳад, ки пиёдагардон дидаву дониста қоидаҳои ҳаракат дар роҳ, бахусус қоидаҳои асосии пиёдагардиро вайрон намуда, роҳро аз ҷойҳои муқаррарнашуда мегузаранду ҷони худу дигаронро зери хатар мегузоранд. Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки пиёдагардон дар бисёр ҳолатҳо талаботи аломатҳои роҳ ва ишораи чароғакҳои роҳнаморо риоя намекунанд.
Мувофиқи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳаракат дар  роҳ» мусофир нақлиёти мусофиркашро дар истгоҳ ва дар сурати набудани он, дар канори роҳи мошингард бояд интизор шавад. Аммо дар шаҳру ноҳияҳои кишвар ин талабот пурра риоя намегардад. Дар хусуси оқибатҳои садамаҳои нақлиётӣ, ки бештар ба он кӯдакон гирифтор мешаванд, бояд андеша кард.
Бояд зикр намуд, ки дар давоми як моҳу даҳ рӯзи сипаригардидаи соли ҷорӣ дар роҳҳои нақлиётгарди ҷумҳурӣ бо сабаби  надонистан ва риоя накардани қоидаҳои ҳаракат дар роҳ бо иштироки кӯдакону наврасон 19 садамаи нақлиётӣ ба қайд гирифта шуда, се нафар ба ҳалокат расид ва 16 нафар ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошт. Моддаи 16  Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳаракат дар  роҳ» (аз 12 декабри соли 1997 № 498 ва аз 29 ноябри соли 2009 № 28) талаб менамояд: «Корхонаю муассиса ва ташкилотҳо сарфи назар аз шаклҳои моликият ва хоҷагидорӣ барои таълим додани Қоидаҳои ҳаракати роҳ ба шаҳрвандоне, ки ба тариқи кироя кор мекунанд, тадбирҳо андешида амалӣ мегардонанд».
Тибқи қонуни мазкур ва барномаи тасдиқгашта омӯзондани фанни «Қоидаҳои ҳаракат дар роҳ» дар мактабҳо дар давоми сол 20 соат пешбинӣ шудааст. Вале дар баъзе муассисаҳои таълимӣ муқаррароти  қонунро сарфи назар карда, таълими ин фанро чун машғулияти факултативӣ 17 соат  мегузаронанд. Мо ҳамон вақт аз фалокат эминем, ки талаботи қоидаҳои ҳаракат дар роҳро қатъиян риоя кунем ва иҷрои онро таъмин намоем.  

Нодирҷон МУРОДОВ,
корманди маркази матбуоти
Раёсати БДА ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 26.02.2016    №: 40    Мутолиа карданд: 415

18.03.2019


ГРАНД СЛЕМИ ЕКАТЕРИНБУРГ. Беҳрӯз мақоми сеюмро гирифт

Tesla дар Қазоқистон нуқтаҳои нерудиҳӣ месозад

Аз фурӯравии биноҳо дар Чин 10 нафар ҷон бохт

Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё дар фикри бунёди биржаи меҳнат шуд

Сиёсатмадори олмонӣ лағви таҳримоти зиддирусиро зарур мешуморад

Ҷаҳон дар як сатр

13.03.2019


Парвиз Давлатзода бо Чэн Гуопин вохӯрд

Имконияти таҳсил дар ДДУК тавсеа меёбад

Маҷмааи меъмории рамзи «Истиқлолият ва Озодӣ» интихоб гардид

06.03.2019


Назорати фаъолияти ширкатҳои букмекирӣ пурзӯр мешавад

Бунёди маҷмааи корхонаҳои нассоҷӣ дар назар аст

Форуми якуми иттилоотонии ҷомеаи шаҳрвандӣ баргузор мегардад

ҶОМИ "ФФТ" "Истиқлол" бори панҷум онро соҳиб шуд

Варзишгарони тоҷик 5 медал ба даст оварданд

Ҷаҳон дар як сатр

Нилуфар Рофиева дар озмуни нозанинҳои Россия ғолиб омад

Лондон муносибаташро бо Москва ба эътидол овардан мехоҳад

Покистон ба гуфтушунид бо Ҳиндустон шурӯъ мекунад

Андешаи Лукашенко оид ба яхи обнашудаи муносибот бо Иттиҳоди Аврупо

Соли 2019 ду ҷоизаи Нобел дар соҳаи адабиёт супурда мешавад

05.03.2019


СУҒД. Авлавият ба кишти картошка

04.03.2019


Хуҷанд ба даҳгонаи шаҳрҳои беҳтарини сайёҳӣ ворид гардид

Сертификати армуғони сайёҳӣ таъсис ёфт

ҶОМИ "ФФТ". "Истиқлол" ва "Кӯктош" дар финал

Осиёи Марказӣ. Камтарин теъдоди маҳбусон дар Тоҷикистон аст

Москва ва Вашингтон нархи раводидро арзон карданд

Қазоқистон ба воридоти меваю сабзавоти Қирғизистон роҳ мекушояд

Лавров: «Вазъият дар Сурия ба эътидол омад»

Ҳалокати 29 нафар аз обхезӣ дар ҷануби Афғонистон

Ҷаҳон дар як сатр

01.03.2019


ФУТБОЛ. «Хуҷанд» бо «Аҳал» мубориза мебарад

Бори нахуст дар таърих якбора ду зан ба кайҳони кушод мебароянд

Пекин дар фикри эъмори Девори бузурги чинӣ шуд

Испания солимтарин кишвари дунё эътироф гардид


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед