logo

фарҳанг

КИРО ТАМАСХУР МЕКУНЕМ?!

Фарзанд нимашаб бо садои занги телефон аз хоб бармехезад ва ба он посух медиҳад: «Модар, ин туӣ?! Нороҳатам намудӣ. Аз хоб бедорам кардӣ».
- Худат гуфтӣ, ҷони модар, ки зангат бизанам. Бори аввал зангат задам, аммо аз он нороҳат шудӣ?!
- Охир нагуфтам, модар, ки дар нимашаб зангам бизанию монеи хобам бишавӣ.
- Ҷони модар, дигар ҳеҷ гоҳ зангат намезанам ва ҳамеша ором, бароҳат бихусб. Аммо як бор бияндеш, ки дар кӯдакӣ ҳамеша ними шабҳо бо гиря маро аз хоб бедор мекардӣ ва ман боре ба шикоят лаб накушудам, эҳсоси нороҳатӣ накардам.
Модару фарзанд дигар гуфтугӯро идома намедиҳанд.
Саҳар фарзанд боз бо садои телефон бедор мешавад. Рақамҳо барояш ношинос аст.
- Ало! – мегӯяд фарзанд.
- Ман ҳамсояи модарат ҳастам. Ӯ нимашаб дунёро падруд гуфт.
Ин ҳикоят бофтаи ман нест. Мутаассифона, он ҳақиқат дорад. Албатта, шунидану навиштани ҳақиқати талх бас дардовар аст. Ман ба ин фарзанд дар рӯзи вафоти модараш ҳамдардӣ ё худ таъзия баён карда натавонистам, агарчи то сари манзили охират, яъне гӯристон ӯро ҳамроҳӣ кардам. Мегирист, вале ба гиряаш низ бовар нанамудам. Гуфтам, ки гиряи ин қабил ашхос самимӣ нест. Аз шарми мардум оби дида мерезанд.
Маъракаҳои азои модарро доир кард. Онҳое, ки ин фарзанди бераҳмро намешинохтанд, тавсиф намуданд. Изҳор доштанд, ки воқеан ба  қадри модари азизаш мерасидааст.
Агарчи модар диле дорад, ки ҳама гуноҳу носипосиҳои фарзандро мебахшад, аммо фарзанд дар чунин маврид набояд худро бибахшад.
Ман бисёр меандешам ва аз худ мепурсам, ки чаро дилҳо ин қадр сангин шудаву раҳму шафқатро намедонем. Мепурсам, вале посух намеёбам. Ин гуна амал барои мо – тоҷикон аз оғоз амали нангин маҳсуб меёфт. Пас барои чӣ мо имрӯз дар ин маврид бетарафиро ихтиёр мекунем? Оре, аз дур меистему наззора менамоем. Муҳокимаҳоямон барои тамасхур аст. Дар асл бар кӣ тамасхур мекунем? На бар худ? Охир ӯ ҳаммиллати мо аст, ҳамасри мо аст, ҳамшаҳри мо аст ва касе дар ин шаҳр бегона нест.

А. ҲАМИДЗОДА,
шаҳри Душанбе


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 26.02.2016    №: 40    Мутолиа карданд: 551

19.09.2018


ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Аввалин тамринҳои муштараки низомӣ

Таъсиси 57 корхонаи нав

Намоиши дастовардҳо ба муносибати Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Зуҳро Саидова – соҳиби шоҳҷоиза

Таҳаммул аз амалҳои террористӣ норавост

Баргузории ҳамоиши маъмурони роҳи оҳани кишварҳои СҲШ дар Ӯзбекистон

Дар Ироқ 27 ҳазор нафар аз об заҳролуд гашт

Тӯли 40 соли ислоҳот дар Чин ҷои кор 346 дарсад афзуд

Остона ҳамоиши ҳаштуми глобалии туризми шаҳриро пазироӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД

МАРЗ. Боздошти қочоқбарон

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ БОҒЧАИ НАВ

05.09.2018


БӮСТОН. Бунёди чор иншооти нав

ФУТБОЛ. Дар Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалӣ доир мегарданд

Ориф Алвӣ 13-умин президенти Покистон интихоб гашт

Дар Арабистони Саудӣ барои маводи тахрибӣ дар интернет зиндонӣ мекунанд

Дар Гуҷарат сохтмони баландтарин ҳайкали дунё анҷом меёбад

Ҳиндустон барномаи нави кайҳониро амалӣ месозад

04.09.2018


Боздиди Сарвазири мамлакат аз иншооти гармидиҳии шаҳри Душанбе


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед