logo

иқтисод

ҶАВОНИИ НУРОБОДИ ҚАДИМ

Нуробод - як гӯшаи кишвари офтобию биҳиштосои Тоҷикистони азиз таърихи басо қадима дорад. Шаҳри бостонии Дарбанд, ки муаррихон  мавҷудияти онро беш аз 3000 сол медонанд, макони тиҷорату савдо, косибию ҳунармандӣ ва илму фарҳанг маҳсуб меёфт. Харобаҳои то имрӯз боқимондаи  шаҳр шоҳиди муборизаи қаҳрамононаи мардуми бумӣ бо ишғолгарони Искандару Чингиз мебошанд. "Дарбанд" маънои бандарро дошта,  шаҳр дарвозаи байни ду водӣ - Қаротегин ва Дарвоз будааст. Роҳи  ҷаҳонии абрешим аз ин шаҳр мегузашт ва бешак, сокинонаш бо дигар минтақаҳо равобити қавии тиҷоратию иқтисодӣ ва фарҳангӣ доштанд. Дар наздикии маркази ноҳия боқимондаҳои қалъаҳои Имлоку Ҷамҳур мавҷуданд.    
 
Дӯстзода Ҳасан Тағдир, раиси ноҳияи Нуробод, ҳангоми суҳбат бо хабарнигори “Ҷумҳурият” дар хусуси рафти корҳои ободонию созандагӣ ва рушди соҳаҳои иқтисодию иҷтимоии ноҳия чунин изҳори андеша намуд:
- Тайи солҳои охир дар бахши сохтмону ободонӣ, иқтисодиёту иҷтимоиёт ва фарҳангу маорифи ноҳия дигаргуниҳои куллию пешравиҳои назаррас ба чашм мерасанд, ки ин  ҳама бо шарофати Истиқлолияти давлатӣ, таҳкими сулҳу субот ва сиёсати созандаю бунёдкорони Пешвои миллат - муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба даст омадаанд. Симои ноҳия, махсусан маркази он - шаҳраки навбунёди Дарбанд рӯз то рӯз зеботар мешавад. Бо вуҷуди буҳрони молиявӣ ва мушкилоти мавҷуда соҳаҳои иқтисодию иҷтимоӣ босуръат рушд ёфта, барои  мардуми меҳнатқарини ноҳия муҳити созгори созандагию бунёдкорӣ муҳайё гардидааст. Танҳо соли сипаришуда дар 25 иншоот корҳои бунёдкорию сохтмонӣ ҷараён гирифтанд. Инчунин 56 хонаи истиқоматӣ, 15  маркази савдо ва мағозаҳои хурд дар ҷамоатҳои шаҳраку деҳот ва иншооти гуногуни иҷтимоӣ сохта ба истифода дода шуданд.
Дар рушди иқтисоди ноҳия, новобаста аз баъзе маҳдудиятҳои шароити кӯҳистон, саҳми соҳибкорон ва бахши хусусӣ назаррас мебошад, ки ба таъмини аҳолии қобили меҳнат ба ҷойи кори доимию мавсимӣ ва паст кардани сатҳи камбизоатӣ мусоидат менамояд. Аз ин рӯ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия рушди ин соҳаро дар мадди аввал мегузорад. Ҳоло дар ноҳия 1138  соҳибкор фаъолият дорад. Бонкҳои амалкунанда ва марказҳои дастгирии ҷамоатҳои деҳот дар ҳаҷми 9528117 сомонӣ ба 973  ба соҳибкорон ва хоҷагиҳои деҳқонӣ қарзҳои миёнамуҳлати имтиёзнок додаанд.
Корхонаҳои истеҳсоли хишт дар деҳоти Сафедчашма, "Хишти Ёнур" дар деҳаи Лаби Ҷари деҳоти Хумдон, истеҳсоли  орд дар деҳаи Чорсада, асфалтбарорӣ  дар деҳаи Сари Пули деҳоти  Комсомолобод,  маҳсулоти пластикӣ ва ҳамчунин 4 коргоҳи истеҳсоли хишти сементӣ дар истеҳсоли маҳсулоти мавриди ниёзи мардум ва таъмини сокинон бо ҷойи кор саҳми назаррас доранд.
Бо ташаббуси соҳибкор Файзалӣ Фатҳуддин фермаи ширӣ аллакай ба фаъолият шурӯъ намуда, ба беморхонаи марказӣ ва мактаб - интернати ҷумҳуриявии кӯдакони ятим ҳар рӯз ройгон 20 - 30 литр шир кумак расонда мешавад.
Тибқи нақша дар ноҳия таъсиси як корхонаи қуму шағал ва як корхонаи моҳипарварӣ, инчунин гимназияи давлатӣ дар назди муассисаи таҳсилоти умумии № 14 пешбинӣ шудааст.
Мардуми шарифи Тоҷикистон ҷашнҳои бузурги Наврӯз, солгардҳои Ваҳдати миллӣ ва Истиқлолияти давлатии Тоҷикистонро бо созандагию бунёдкорӣ истиқбол менамоянд. Дар ин радиф сокинони шарафманди Нуробод имсол боз 80 – солагии ноҳияро ҷашн мегиранд. Талоши мо барои истиқболи сазовори ҷашнҳои дарпешистода ва муҳайё сохтани шароити созгор ҷиҳати зиндагии шоистаи мардум аст.

Худодод ЗАЙНИДДИН,
"Ҷумҳурият"


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 26.02.2016    №: 40    Мутолиа карданд: 492

18.01.2019


Таҳдидҳои асосӣ ба иқтисоди ҷаҳонӣ номбар шуданд

Гумонбари омодасозии ҳамла ба Қасри сафед ба даст афтод

Дар Чин қаллобонро барои фиреб ҳабси абад карданд

29 миллион сом зарари собиқадорони сохта

Ҷаҳон дар як сатр

17.01.2019


Тамдиди шартномаи ФФТ бо "Сомон Эйр"

60 ДАРАҶА ХУНУКӢ ВА ДАВИ 50 - КИЛОМЕТРАИ ЭКСТРЕМАЛИ МОЛДАВӢ

16.01.2019


Пирӯзии мунтахаби Тоҷикистон бар Эрон

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Роҳандозии моратории дусола дар Тоҷикистон

Нақшаи Brexit дар парламенти Британия рад карда шуд

Кремл роҳи ҳалли буҳрони Украинаро пешниҳод намуд

Ифтитоҳи онлайн-донишгоҳ барои гурезаҳо дар Италия

15.01.2019


Ҷаласаи ҷамъбастӣ таҳти раёсати муовини Сарвазири мамлакат

Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Абдулазиз Комилов

Ёдгор Файзов: «Соли 2018 соли таҳкими волоияти қонун дар Бадахшон буд»

ХУҶАНД. 1548 медали варзишгарон дар як сол

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Созишномаи сулҳ – мавзӯи асосии мулоқоти Путин ва Абэ хоҳад шуд

Савдои хориҷии Чин соли 2018 натиҷаи рекордӣ нишон дод

Дар Алмаато гурӯҳи хориҷиёни террорист боздошт шуд

То соли 2024 аҳолии Қирғизистон бо оби ошомиданӣ пурра таъмин мешавад

10.01.2019


Дар Саразм осорхона ва меҳмонхонаи замонавӣ бунёд мешаванд

Вохӯрии Парвиз Давлатзода бо Владимир Норов

Ҷаласаи Шӯрои кор бо ҷавонон

“ГАНҶИ СУХАН” – маҳфили адибпарвар

РӮШОН. Ифтитоҳи маркази дуошёнаи савдо

Муҳаммад Салоҳ – беҳтарин футболбози Африқо

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Самарқанд мизбони нахустмулоқоти «Ҳиндустон – Осиёи Марказӣ»

Баргардондани 47 шаҳрванди Қазоқистон аз Сурия

Остона ба гузарондани Ҳамоиши ҷаҳонии туризми шаҳрӣ омодагӣ мегирад

Дар Беларус бори нахуст ҳукми қатл содир шуд

09.01.2019


Таҷлили 110 - солагии аллома Бобоҷон Ғафуров


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед