logo

ҳуқуқ

ПРОКУРАТУРА 54 ҚАРОРИ РАИСРО БЕКОР КАРД

Боз дар бораи қонуншикании тақсимоти замин

Прокуратураи ноҳияи Восеъ соли гузашта дар тамоми бахшҳои хоҷагидорӣ санҷишҳои прокурорӣ гузаронда, ҳолатҳои зиёди қонуншиканиро ошкор сохт. Дар натиҷа 22 парвандаи ҷиноятӣ оғоз ва 4797909 сомонӣ барқарор гашт. 73 нафар ба ҷавобгарии интизомӣ, 150 нафар ба ҷавобгарии моддӣ ва 187 нафар ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида шуд. Вобаста ба қонуншиканиҳои замин аз тарафи прокуратураи ноҳия 8 парвандаи ҷиноятӣ ва нисбат ба 36 нафар парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ба мақомоти салоҳиятдор ирсол гардид.
 Дар ин давра барои ба ҳолати аввала баргардондани қитъаҳои замини ғайриқонунӣ тақсимшуда ва худсарона ишғолгардида ба унвони раиси ноҳия 21, кумитаи заминсозӣ 1 ва шаҳрвандон 8 амр дода шуда, 184,60 гектар (ин рақам соли 2014 - ум 24,80 гектарро ташкил медод) замин ба ҳолати аввала баргардонда шудааст. Қобили зикр аст, ки танҳо бо 3 эътирози прокурори ноҳия 54 қарори раиси ноҳияи Восеъ оид ба тақсими қитъаҳои замини наздиҳавлигӣ бекор ва 2,8 гектар қитъаи замини ғайриқонунӣ тақсимшуда ба ҳолати аввала баргардонда шуд. Назорат ва санҷишҳои прокурорӣ дар ин самт дар чорчӯбаи талаботи қонунҳои ҷорӣ минбаъд низ сурат хоҳанд гирифт.
Санҷишҳои прокурорӣ бобати пардохти саривақтии андозҳои гуногун дар хоҷагии кишоварзӣ ва корхонаи истеҳсолӣ, сарфи назар аз шакли моликияташон, тибқи нақша сурат гирифтанд ва камбудиҳои ҷиддӣ оид ба пинҳон кардани даромади иқтисодӣ, саркашӣ аз пардохти андоз ва дигар амалҳои номатлуб ошкор шуданд.
 Мушоҳидаҳо собит намуданд, ки ҳамоно баъзеҳо, бахусус сокинони деҳоти дурдаст аз одитарин ҳуқуқҳои худ огоҳ нестанд. Ва ин аст, ки рух додани амалҳои номатлуби нашъамандӣ ва худкушӣ аксаран миёни ҷавонону духтарон бештар ба назар мерасанд. Агар хуруҷи нашъамандӣ як навъ сабабҳои объективӣ дошта бошад, дастзании ҷавонону духтарони деҳот ба амали худкушию суиқасд ба ҷон бинобар паст будани сатҳи маърифати ҳуқуқӣ, дар ҳоли бечорагию танҳоӣ эҳсос кардани худ ё аснои пеш омадани ягон мушкилоти оилавӣ сар мезананд. Бо мақсади ҷоннок кардани корҳои тарғиботӣ дар ноҳия Шӯрои ҳамоҳангсозӣ фаъолият карда, он ҳар семоҳа вазъи иҷрои қонунҳоро дар бахшҳои гуногун мавриди баррасӣ қарор медиҳад.
Зиндагии шоистаи мардуми кишвар ба афкори ватандӯстона, амалҳои созандаю бунёдкорона ва пешрафти ҳаёт дар чорчубаи волоияти қонун сахт марбут аст. Чун ҳадаф бунёди ҷомеаи шаҳрвандист ва асоси ин ҷомеа волоияти қонун аст, мардуми моро дарки маърифати ҳуқуқӣ мебояд. Дар ин марҳала нақши мақомоти прокуратура ва масъулияти касбии кормандони соҳа боз ҳам бештар меафзояд.
Умед ПӮЛОДӢ, прокурори ноҳияи Восеъ,
     мушовири адлияи дараҷаи якум


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 26.02.2016    №: 40    Мутолиа карданд: 519

18.01.2019


Таҳдидҳои асосӣ ба иқтисоди ҷаҳонӣ номбар шуданд

Гумонбари омодасозии ҳамла ба Қасри сафед ба даст афтод

Дар Чин қаллобонро барои фиреб ҳабси абад карданд

29 миллион сом зарари собиқадорони сохта

Ҷаҳон дар як сатр

17.01.2019


Тамдиди шартномаи ФФТ бо "Сомон Эйр"

60 ДАРАҶА ХУНУКӢ ВА ДАВИ 50 - КИЛОМЕТРАИ ЭКСТРЕМАЛИ МОЛДАВӢ

16.01.2019


Пирӯзии мунтахаби Тоҷикистон бар Эрон

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Роҳандозии моратории дусола дар Тоҷикистон

Нақшаи Brexit дар парламенти Британия рад карда шуд

Кремл роҳи ҳалли буҳрони Украинаро пешниҳод намуд

Ифтитоҳи онлайн-донишгоҳ барои гурезаҳо дар Италия

15.01.2019


Ҷаласаи ҷамъбастӣ таҳти раёсати муовини Сарвазири мамлакат

Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Абдулазиз Комилов

Ёдгор Файзов: «Соли 2018 соли таҳкими волоияти қонун дар Бадахшон буд»

ХУҶАНД. 1548 медали варзишгарон дар як сол

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Созишномаи сулҳ – мавзӯи асосии мулоқоти Путин ва Абэ хоҳад шуд

Савдои хориҷии Чин соли 2018 натиҷаи рекордӣ нишон дод

Дар Алмаато гурӯҳи хориҷиёни террорист боздошт шуд

То соли 2024 аҳолии Қирғизистон бо оби ошомиданӣ пурра таъмин мешавад

10.01.2019


Дар Саразм осорхона ва меҳмонхонаи замонавӣ бунёд мешаванд

Вохӯрии Парвиз Давлатзода бо Владимир Норов

Ҷаласаи Шӯрои кор бо ҷавонон

“ГАНҶИ СУХАН” – маҳфили адибпарвар

РӮШОН. Ифтитоҳи маркази дуошёнаи савдо

Муҳаммад Салоҳ – беҳтарин футболбози Африқо

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Самарқанд мизбони нахустмулоқоти «Ҳиндустон – Осиёи Марказӣ»

Баргардондани 47 шаҳрванди Қазоқистон аз Сурия

Остона ба гузарондани Ҳамоиши ҷаҳонии туризми шаҳрӣ омодагӣ мегирад

Дар Беларус бори нахуст ҳукми қатл содир шуд

09.01.2019


Таҷлили 110 - солагии аллома Бобоҷон Ғафуров


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед