logo

ҳуқуқ

ЗАРАРИ МОЛИЯВӢ ҲАНӮЗ ҲАМ ДАР АФЗОИШ АСТ

Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқи нақшаи санҷишҳои аудиторӣ ва тибқи дархости мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар соли сипаригардида дар вазорату идораҳо, субъектҳои хоҷагидории давлатӣ, ташкилоту корхонаҳо, бонкҳо ва дигар муассисаҳои буҷетӣ 438 санҷиши аудиторӣ анҷом дод. Дар натиҷаи ин санҷишҳо 159 миллиону 557 ҳазор сомонӣ зарари молиявӣ ошкор гардид, ки нисбат ба соли пешин  89,6 миллион сомонӣ зиёд мебошад.

Аз маблағи умумии зарари ошкоргардида хароҷотҳои ғайриқонунии пулию молӣ 12 миллиону 38 ҳазор сомонӣ, камомад ва тасарруфи воситаҳои пулию молӣ 5 миллиону 582 ҳазор, изофанависӣ дар корҳои таъмиру сохтмонӣ 10 миллиону 919 ҳазор, зарар аз фурӯш ва иҷораи амволи давлатӣ 1 миллиону 77 ҳазор, талафи воситаҳои пулию молӣ аз бесарусомонӣ 52 миллиону 436 ҳазор, маблағи кам ҳисобгардида ва рӯпӯшнамудаи андозҳо 74 миллиону 394 ҳазор ва пардохт накардани суди саҳмияҳои давлатӣ 3 миллиону 111 ҳазор сомониро ташкил дод. Истифодаи ғайримақсадноки маблағҳо 98 миллиону 862 ҳазор сомонӣ, истифодаи ғайрисамараноки (исрофкоронаи) маблағҳо 135 миллиону 456 ҳазор, захираҳо ва талафи буҷет 211 миллиону 861 ҳазор, аз ҷумла аз ҳисоби талафи беасоси захираҳои ташкилотҳои қарзӣ 28 миллиону 466 ҳазор сомонӣ, аз ҳисоби кам ба нақша гирифтани даромадҳо бо сабаби ба инобат нагирифтани манбаҳои андозбандӣ 179 миллиону 798 ҳазор ва беасос барзиёд маблағгузорӣ намудани муассисаҳои буҷетӣ ба маблағи 3 миллиону 597 ҳазор сомонӣ ошкор шуд.
Дар ҷараёни санҷишҳои аудиторӣ 56 миллиону 256 ҳазор сомонӣ ба буҷети давлат барқарор гардид, ки аз ин 45 миллиону 455 ҳазор сомонӣ ба буҷет ва 10 миллиону 801 ҳазор сомонӣ ба корхонаву муассисаҳо рост меояд. Дар натиҷаи чораҷӯии кормандони Палатаи ҳисоб зимни гузарондани чорабиниҳои ташхисию таҳлилӣ маблағи бақияпулиҳои андоз дар ҳаҷми 4 миллиону 221 ҳазор сомонӣ, аз ҳисоби қарзҳои дебиторӣ ва зерҳисобии барқароргардида 2 миллиону 91 ҳазор, зиёдомади молу маводи арзишдор 7 миллиону 224 ҳазор ва аз ҳисоби дигар манбаъҳо 4 миллиону 291 ҳазор сомонӣ ба буҷет ва корхонаҳои давлатӣ барқарор гашта, маблағгузории сметаҳои хароҷотии ташкилоту муассисаҳои буҷетӣ ба андозаи 1 миллиону 306 ҳазор сомонӣ кам карда шудааст.
Санҷиши аудиторӣ "Оид ба баҳодиҳӣ ба ҳисобот оид ба иҷрои Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2014", ки дар Вазорати молия анҷом дода шуд, зарари молиявиро ба маблағи 20 миллиону 441 ҳазор сомонӣ ошкор намуд. Зарари мазкур бинобар нодуруст ба амал баровардани ҳисоббаробаркуниҳо дар назди буҷети давлатӣ аз ҳисоби қарздории андозҳо бо субъектҳои хоҷагидорӣ 1 миллиону 638 ҳазор сомонӣ, ба назар нагирифтани қарзи ба таъхир гузоштаи хоҷагиҳои пахтакор 18 миллиону 630 ҳазор, ба ҳисоб нагирифтани фоизи амонатӣ 1,9 ҳазор ва аз ҳисоби ба буҷет ворид накардани ҳиссаи ба буҷет тааллуқдоштаи маблағҳои махсус 171,2 ҳазор сомониро ташкил дод. Инчунин, талафи буҷет дар натиҷаи беасос ба нақша гирифтани хароҷотҳо ва барзиёд маблағгузорӣ намудани ташкилотҳои буҷетӣ ба андозаи 2 миллиону 559 ҳазор сомонӣ, ба ҳисоб нагирифтан ва ба буҷет ворид накардани маблағи қарзҳои ҷудошуда 128 миллиону 906 ҳазор, пардохт нагардидани фоизи депозитҳои буҷети ҷумҳуриявӣ аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон 17 миллиону 887 ҳазор ва аз ҳисоби буҷетҳои маҳаллӣ пардохт нагардидани маблағи андозҳои танзимшаванда дар ҳаҷми 5 миллиону 111 ҳазор, ҷамъ 154 миллиону 462 ҳазор сомонӣ ошкор шудааст.
Дар соли сипаригардида кормандони Палатаи ҳисоб оид ба баҳодиҳӣ ба ташаккул ва иҷрои буҷетҳои маҳаллии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилояти Суғд, шаҳрҳои Исфараву Ваҳдат, ноҳияҳои Ҷаббор Расулов, Фархор, Қумсангир, Вахш ва Рашт санҷишҳои аудиторӣ анҷом доданд. Зарари молиявии ошкоргардида 11 миллиону 79 ҳазор сомониро ташкил дод. Ҷиҳати чораҷӯӣ ва қабули қарорҳои дахлдор Палатаи ҳисоб ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ 160 маводи санҷиши аудиторӣ ба маблағи умумии 114 миллиону 726 ҳазор сомонӣ ирсол намуд, ки нисбат ба соли гузашта 80 миллиону 578 ҳазор сомонӣ зиёд аст.
Дилмурод ДАВЛАТЗОДА,
раиси Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 26.02.2016    №: 40    Мутолиа карданд: 351

12.11.2018


Дар Париж ҳамоиши сулҳ ифтитоҳ ёфт

Бо эҳтимоми ҳукумати Ҳиндустон нархи сӯзишворӣ арзон мешавад

ЭКСПО дар Шанхай: шартномаҳо ба маблағи қариб $60 миллиард ба тасвиб расиданд

Сӯхтори ҷангал дар Калифорния боиси ҳалокати 25 нафар гашт

Ҷаҳон дар як сатр

ВАХШ. Суратҳисоби бонкӣ барои ятимон

ОЛИМПИАДАИ “GENIUSKIDS – 2018” 35 медали хонандагони тоҷик

САМБО. Хушқадам Хусравов – қаҳрамони ҷаҳон

09.11.2018


Ҳамоишҳои ҷавонон бахшида ба Рӯзи Президент

Баррасии масоили рушди ҳамкориҳо

Мулоқоти Юсуф Раҳмон бо Кристофер Рэй

Таъсиси гурӯҳи корӣ баҳри иҷрои «Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳри Душанбе барои давраи то соли 2025»

Давлаталӣ Саид дар Корея

20-умин конфронси расонаҳои Осиёи Марказӣ дар Остона баргузор шуд

«Толибон» рӯйхати иштирокдорони мушовараи Москваро интишор дод

Таърихшиноси фаронсавӣ ба Макрон нақши Россияро дар наҷоти Аврупо хотиррасон кард

Ҷаҳон дар як сатр

"TASHKENT GRAND PRIX" ИШТИРОКИ ПАҲЛАВОНОНИ ТОҶИК ДАР ОН

"Истиқлол" бори ҳафтум чемпиони Тоҷикистон шуд!

08.11.2018


ШАҲРИСТОН. Бунёди 68 иншооти нав

ГУЛИСТОН. Бунёди майдони Парчами давлатӣ ва навсозии кӯдакистони “Дилноз”

Вусъати созандагӣ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров

ХУҶАНД. Ифтитоҳи маҷмааи фитнеси занона

НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ. Муассисаҳои таълимӣ ба фасли сармо омодаанд

“АРБОБОНИ ИЛМИ ТОҶИК”

Бо хоҳиши Макрон вохӯрии муфассали Путин ва Трамп баргузор намешавад

Толибон нияти иштирок дар музокироти сулҳи Москваро доранд

Дар 40 соли ислоҳот савдои берунаи Чин 670 маротиба афзуд

Деҳлӣ ҳавои ифлосро бо борони сунъӣ тоза карданист

Ҷаҳон дар як сатр

МАРҲИЛАИ ИНТИХОБИИ ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ – 2020. Ҳарифони мунтахаби Тоҷикистон (U-23) муайян шуданд

07.11.2018


Маҷлиси тантанавӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия

Мулоқоти Рамазон Раҳимзода бо Абдулазиз ибни Сауд

Пулҳои миллӣ бо такмили унсурҳои ҳимоя


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед