logo

иқтисод

СОЗМОНИ ҶАҲОНИИ САВДО. МО ДАР ОН БОЯД МАВҚЕИ УСТУВОР ДОШТА БОШЕМ

Шомил шудани Тоҷикистон ба Созмони умумиҷаҳонии савдо (ба он се сол пур мешавад) корхонаву ширкатҳо ва соҳибкорони ватаниро муваззаф месозад, ки дар самти тавлидоти молу маҳсулот ва сифати он, рақобатпазирию ҷавобгӯйи мол ба меъёрҳои байналмилалӣ дар талошу такопӯй бошанд, ҳамзамон марҳила ба марҳила ҳаҷми маҳсулоти содиротиро бештар намоянд ва ба рушди соҳибкорӣ заминаи боэътимод гузоранд. Пешвои миллат, Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар ҳар мулоқот бо соҳибкорони ватанӣ ин масъаларо борҳо таъкид месозаду аз онҳо истифодаи хатҳои муосири технологӣ ва таҷҳизоти замонавии инноватсионию нанотехнологиро тақозо мекунад.
Кӯшишу ғайрати соҳибкорони Суғд дар ин ҷода натиҷаи мусбат ба бор овардааст. Дар даҳсолаи аввали соҳибистиқлолӣ содироти номгӯйи маҳсулот аз вилоят асосан дар шакли ашёи хому нимтайёр, аз қабили нахи пахтаву калобаҳои риштагӣ, матоъҳои либосворӣ, чарму пилла, хокаҳои маъдан, консерва, хушкмева маҳдуд мешуд. Ҳоло бо мавриди истифода қарор гирифтани даҳҳо коргоҳҳои хурду миёнаи тавлидотӣ номгӯйи маҳсулоти замонавии бозоргир низ зиёд мешавад. Соли сипаришуда аз вилоят содироти зиёда аз 30 номгӯй маҳсулоти тайёр ба роҳ монда шуд.
- Кормандони Маркази "Тоҷикстандарт" дар вилояти Суғд дар тавлиди маҳсулоти сифатан аълои ҷавобгӯй ба меъёрҳои ҷаҳонӣ нақши муносиб доранд. Танҳо пас аз комилан ҷавобгӯй будани маҳсулот ба талаботи стандарти сифат ва меъёрҳои ҳуҷҷатнигории байналмилалӣ соҳибкорон сертификати мутобиқат мегиранд, - иброз медорад Тоҷиддин Шарифов, мудири шуъбаи баҳодиҳии мутобиқати марказ.
Маркази "Тоҷикстандарт" дар вилояти Суғд соли 2015 дар маҷмӯъ ба истеҳсолкунандагон 1 ҳазору 140 сертификати мутобиқат додааст, ки аз ин 206 ададашро маҳсулоти содиротӣ ташкил медиҳад. Ҳоло маҳсулоти саноати сабуку коркарди маъдани вилоят то кишварҳои дури Аврупову Осиё роҳ ёфтааст. Имрӯз маҳсулоти корхонаҳои саноатии ҶДММ «Қолинҳои Қайроққум» (қолин), КМТК «Апрелевка» (маъдан), КМ «Силкоат бойя» (рангҳои сохтмонӣ), ҶДММ «Стар пласт» (лӯла), ҶДММ «Алфапеэт» ва «Тоҷпроф» (дару тирезаҳои пластикӣ), ҶДММ «Арча» (маҳсулоти чӯбӣ) дар бозорҳои хориҷӣ муштариёни зиёди худро доранд. Дар баробари содироти маҳсулоти саноатӣ, ҳамчунин дар содироти маводи ғизоии гӯштию ширии корхонаҳои вилоят қадамҳои аввалин ба мушоҳида мерасанд.
 Бо назардошти узви Созмони умумиҷаҳонии савдо будани Тоҷикистон, ки масъулияти истеҳсолкунандагони ватаниро зиёдтар мегардонад, ҳоло мутобиқ ба «Барномаи давлатии сифат» миёни соҳибкорон моҳияти соҳиби сертификати мутобиқат шудан ва тадбирҳои боло бардоштани сифати маҳсулот шарҳу эзоҳ дода мешаванд. Ҷиҳати бештар таваҷҷуҳ зоҳир кардан ба сифати маҳсулоти бозоргири содиротӣ дар сатҳи ҷаҳонӣ меъёрҳои махсуси техникии «Тамғагузории маҳсулоти хӯрокворӣ», «Бехатарии хӯроки чорво ва иловагиҳои он», «Бехатарии маҳсулоти сохтмонӣ» амал карда, соҳибкорон онҳоро ба таври доимӣ меомӯзанду дар ҷараёни истеҳсоли маҳсулот мутобиқ ба талаботи онҳо амал менамоянд.
 Афзоиши шумораи муроҷиати соҳибкорон - истеҳсолкунандагон ҷиҳати дастрас кардани сертификати мутобиқат воқеан ҳам қадами ҷиддӣ ва умедбахш дар самти истеҳсоли молу маҳсулоти ҷавобгӯй ба меъёрҳои бозори байналхалқист, ки ҳадафи муҳими иқтисодии Ҳукумат ва давлати Тоҷикистон мебошад.
Ҷовиди АШТӢ,
«Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 26.02.2016    №: 40    Мутолиа карданд: 483

25.09.2018


Тавсеаи равобити байнипарлумонии Тоҷикистону Корея

Баргузории ҷамъомад оид ба пешгирии ҷинояткорӣ

Анҷоми марҳилаи якуми амалиёти «Кӯкнор-2018»

Гутерриш ба муборизаи фаъолтар алайҳи маводи мухаддир даъват сохт

Теъдоди қурбониёни садамаи киштӣ дар Танзания ба 225 нафар расид

Сеул барои дучандсозии теъдоди сайёҳон $640 миллион харҷ карданист

Фаронса қатораи дуошёнаи тезгард месозад

Ҷаҳон дар як сатр

Ҷом насиби кӣ мешавад?

19.09.2018


ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Аввалин тамринҳои муштараки низомӣ

Таъсиси 57 корхонаи нав

Намоиши дастовардҳо ба муносибати Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Зуҳро Саидова – соҳиби шоҳҷоиза

Таҳаммул аз амалҳои террористӣ норавост

Баргузории ҳамоиши маъмурони роҳи оҳани кишварҳои СҲШ дар Ӯзбекистон

Дар Ироқ 27 ҳазор нафар аз об заҳролуд гашт

Тӯли 40 соли ислоҳот дар Чин ҷои кор 346 дарсад афзуд

Остона ҳамоиши ҳаштуми глобалии туризми шаҳриро пазироӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед