logo

сиёсат

САДОҚАТ: АЗ ҚАРЗИ ФАРЗАНДӢ ТО РИСОЛАТИ ШАҲРВАНДӢ

Муҳимтарин нуктае, ки дар Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зикр ёфт, тақвияти мубориза алайҳи равияҳои тундгаро, ноустувории молиявию иқтисодии ҷаҳон буда, вобаста ба он Сарвари давлат вазифаҳои навбатии аҳли ҷомеа, мақомоти давлатӣ ва ҳар як фарди кишварро муайян намуд: «Дар шароити ташаннуҷи авзои сиёсии ҷаҳон ва тағйиру таҳаввулоти босуръати он, торафт вусъат гирифтани низоъҳои байнидавлативу байнимазҳабӣ ва авҷи ҷиноятҳои муташаккили фаромарзӣ ҳимояи марзу буми кишвар ва ҳифзи давлату миллат барои мо масъалаи аввалиндараҷа ва ҳаётан муҳим ба шумор меравад».

Пас, вазифаи ҳар фарди солимфикр аз он иборат аст, ки дар шароити кунунӣ зарурати муқовимат ба хатарҳои умумибашарӣ, бахусус терроризм ва экстремизмро ба хубӣ эҳсос намояд. Зеро бадбахтиҳои инсон аз зуҳуроти нангин ва хатарзо сарчашма мегирад.
Дар Паём бо овардани мисоли ҳушдордиҳанда аз воқеаҳои нангини аввали моҳи сентябри соли 2015, ки бо маблағгузориву сарпарастии бевоситаи роҳбарияти собиқ Ҳизби назҳати исломи Тоҷикистон сурат гирифта буд, таъкид шуд, ки Тоҷикистон аз таъсири глобалии терроризм хотирҷамъ набуда, барои пешгирии чунин ҳодисаҳои нангин, роҳ надодан ба равияҳои террористӣ тадбирҳо меандешад: “Ҳодисаҳои зикршуда, равандҳои муосири сайёра ва вазъи минтақа ҳушдор медиҳанд, ки мо ҳаргиз зиракии сиёсиро аз даст надиҳем ва барои ҳимояи амният, ваҳдати миллӣ, сулҳу субот, волоияти қонун ва оромиву осудагии кишвари маҳбубамон ҳамеша омода бошем”.
Мо, мардуми шарифи Тоҷикистон дар пояи эътимоду боварӣ ба ғамхориҳои рӯзафзуни давлату Ҳукумати ҷумҳурӣ ҳамеша бар он бовар ҳастем, ки беҳдошти рӯзгори ҳар хонавода олитарин ҳадафи фаъолияти Президент ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб ёфта, ба шарофати таҳкими сулҳу суботи кишвар ва зиндагии осоишта шароиту имкониятҳои иҷтимоии онҳо вобаста аз заминаҳои иқтисодии кишвар зина ба зина рӯ ба беҳбудӣ мениҳад. Вобаста ба ин Президенти кишвар ёдовар шуданд, ки “ҳарчанд қисми зиёди дастуру супоришҳо ва иқдомоти дар Паёми соли 2015 баёнгардида бо дарназардошти имконияту захираҳои мавҷуда иҷро шуд, вале бо сабаби коҳиш ёфтани содироту воридот ва иҷро нашудани баъзе нишондиҳандаҳои буҷети давлатӣ зиёд намудани музди меҳнат ва нафақаву стипендия амалӣ нагардид. Вале ин иқдом дар сархати тадбирҳои аввалиндараҷаи Ҳукумати мамлакат дар соли 2016 боқӣ мемонад”. Дар робита ба ин пешбинӣ гардидааст, ки “аз 1 - уми июли соли равон марҳилаи навбатии зиёдшавии музди меҳнат амалӣ мешавад. Аз ҷумла, музди меҳнати кормандони мақомоти маҳаллии иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва хизматчиёни ҳарбӣ 15 фоиз, кормандони муассисаҳои маориф, ба шумули муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ, миёнаи умумӣ ва олӣ, дигар муассисаҳои маориф, илм, фарҳанг, варзиш ва тандурустӣ 20 фоиз, муассисаҳои соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ, аз ҷумла хона - интернатҳо барои пиронсолону маъюбон, шуъбаҳои кумаки иҷтимоӣ дар хона ва истироҳатгоҳу осоишгоҳҳо барои собиқадорони ҷангу меҳнат ва шахсони ба онҳо баробаркардашуда 25 фоиз зиёд карда мешавад”.
Чунин ғамхориҳо, ниятҳои нек ва ҳадафҳои созандае, ки дар Паём оварда шудаанд, мо, мардуми ватандӯсти кишварро водор месозанд, ки ба дурнамои ояндаи кишвар бо дилпурӣ ва дурандешона назар афканем. Бо камоли муҳаббату садоқат ба рушди диёри маҳбуб саҳмгузор бошем. Ба қавли Пешвои миллат: «Ҳар яки мо вазифадорем, ки бо амалисозии иқдому ташаббусҳои неку созанда ба хотири боз ҳам таҳким бахшидани дастовардҳои истиқлолият, тақвияти иқтидори иқтисодии давлат, беҳтар гардондани сатҳу сифати зиндагии мардум ва ободии Ватани азизамон бо роҳи ҳарчи зудтар расидан ба ҳадафҳои стратегии миллиамон қарзи фарзандӣ ва рисолати шаҳрвандии худро дар назди халқ ва давлати Тоҷикистон содиқонаву софдилона иҷро намоем».
 
Зафар ШАРИФОВ,
Ҳариф НАЗИРОВ,
 омӯзгорони мактаби таҳсилоти умумии № 23- и деҳаи Шаватки Поёни ноҳияи Айнӣ


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 26.02.2016    №: 40    Мутолиа карданд: 432

19.09.2018


ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Аввалин тамринҳои муштараки низомӣ

Таъсиси 57 корхонаи нав

Намоиши дастовардҳо ба муносибати Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Зуҳро Саидова – соҳиби шоҳҷоиза

Таҳаммул аз амалҳои террористӣ норавост

Баргузории ҳамоиши маъмурони роҳи оҳани кишварҳои СҲШ дар Ӯзбекистон

Дар Ироқ 27 ҳазор нафар аз об заҳролуд гашт

Тӯли 40 соли ислоҳот дар Чин ҷои кор 346 дарсад афзуд

Остона ҳамоиши ҳаштуми глобалии туризми шаҳриро пазироӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД

МАРЗ. Боздошти қочоқбарон

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ БОҒЧАИ НАВ

05.09.2018


БӮСТОН. Бунёди чор иншооти нав

ФУТБОЛ. Дар Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалӣ доир мегарданд

Ориф Алвӣ 13-умин президенти Покистон интихоб гашт

Дар Арабистони Саудӣ барои маводи тахрибӣ дар интернет зиндонӣ мекунанд

Дар Гуҷарат сохтмони баландтарин ҳайкали дунё анҷом меёбад

Ҳиндустон барномаи нави кайҳониро амалӣ месозад

04.09.2018


Боздиди Сарвазири мамлакат аз иншооти гармидиҳии шаҳри Душанбе


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед