logo

сиёсат

БУНЁДИ БОҒИ 25 - СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН ДАР ҲИСОР

25 феврал Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ ба Ҷамоати деҳоти Алмосии ноҳияи Ҳисор ташриф овард.

Ҳадафи сафар идомаи мантиқии татбиқи сиёсати бунёдкоронаи роҳбарияти давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, дар ҷараёни он ба бунёди садҳо гектар боғи ниҳолҳои дарахтони мевадиҳанда асос гузошта шуд.
Дар Ҷамоати деҳоти Алмосӣ Эмомалӣ Раҳмонро сокинони ноҳияи Ҳисор гарму самимӣ истиқбол гирифтанд. Барои иштирок дар маъракаи ниҳолшинонӣ 3000 ва дар маҷмӯъ барои дидору мулоқот бо Пешвои миллат беш аз 15 ҳазор сокини ноҳия ҷамъ омад.
Дар намоишгоҳи дастовардҳои хоҷагиҳо пеш аз оғози маъракаи ниҳолшинонӣ Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон бо дастовардҳои меҳнатии сокинон аз наздик шинос шуд.
Ба намоиш  асосан  меваҳои  шаҳдбор, аз ҷумла навъҳои гуногуни ангуру себ, ки дар сардхонаҳо тару тоза нигоҳубин карда шудаанд, гузошта шуд. Мутахассисон тарзи гуногуни нигоҳубини меваҷотро намоиш доданд. Дар асоси супориши Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Ҳисор то имрӯз баҳри нигоҳубини 500 тонна меваҷот  сардхонаҳо сохта шудаанд, ки аз онҳо самаранок истифода мебаранд.
Ноҳияи Ҳисор диёри зархез аст, дар баробари меваю сабзавот  дар ин ҷо зироатҳои гуногуни ғалладонагӣ ба таври васеъ кишт карда мешаванд, ки дар намоишгоҳ ҷойгоҳи махсус доштанд. Аслан навъҳои гуногуни тухмии зироатҳои ба маҳал мутобиқ пешкаш гаштанд.
 Соҳаи чорводорӣ низ дар ноҳия ба таври матлуб рушд кардааст, ки парвариши гӯсфанди зоти ҳисорӣ намунаи беҳтарини он мебошад. Дар 21 хоҷагии чорводорӣ ин зот парвариш меёбад, ки намунаи он ба маъраз гузошта шуд.
Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон баъди тамошо ва шиносоӣ бо маҳсули дастранҷи заҳматкашон ба натиҷаи фаъолияти онҳо баҳои баланд дода, мардумро ба идомаи фаъолияти пурсамар барои пешрафти ҷумҳурӣ ҳидоят намуд.
Баъди тамошои намоишгоҳ Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар як мавзеи хушҳавои деҳоти Алмосӣ дар маъракаи ниҳолшинонӣ иштирок карда, якчанд ниҳоли гелос, олу ва себ шинонд.
Бо иштироки Сарвари давлат дар майдони беш аз 200 гектар, аз ҷумла дар майдони 72 гектар ниҳоли гелос, 67 гектар олу, наздики 13 гектар себ, дар 27 гектар зинабоғу 33 гектар чарогоҳи ҳамин деҳот  гелос шинониданд.
Дар деҳоти Сомон, Хонақоҳи кӯҳӣ, Навобод ва Мирзо Ризои ноҳияи Ҳисор низ маъракаи ниҳолшинонӣ вусъат дода мешавад.
Дар асоси барномаи давлатии рушди соҳаи боғу токпарварӣ барои солҳои 2016 - 2020 дар ноҳияи Ҳисор дар майдони 2966 гектар бояд боғу токзор бунёд гарданд. Асосан ниҳоли дарахтони мевадиҳандаи ба содирот нигарондашуда парвариш меёбанд. Даромад аз фурӯши ин гуна меваҷот барои беҳдошти сатҳи иқтисодию иҷтимоии мардум равона мегардад.
Зимни сафарҳои қаблии кории худ ба ноҳияи Ҳисор Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба сокинон барои рушди соҳаи боғу токпарварӣ дастур дода буд.  Бо мақсади иҷрои супоришҳои Президенти мамлакат аллакай дар доманакӯҳҳои ноҳия ҳазорҳо гектар боғи дарахтони гуногуни мевадиҳанда бунёд гардидааст.
Қаблан иқдомҳои бузург оид ба бунёди боғот дар ноҳияи Ҳисор - бунёди Боғи 15 - солагии Истиқлолият ва Боғи 3000 - солагии Ҳисор амалӣ гардида буд.  Мавзеъҳои ноҳияи Ҳисор барои парвариши ангури навъи тоифӣ мутобиқ аст, ки ҳосили он низ барои содирот нигаронида шуда, даромаднок аст.
Баъди бунёди боғоти нав дар робита ба ҳидоятҳои Президенти мамлакат дар ин ҷо корхонаи бастабандии меваҷот, аз ҷумла гелос бунёд мегардад. Ин боз як омили таъсиси ҷойҳои нави корӣ мебошад.
Меҳнаткашони ноҳияи Ҳисор дар масъалаи содироти мева ба хориҷи мамлакат таҷрибаи бой доранд. Аз рӯи маълумоти оморӣ дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ 21 000 тонна ангур истеҳсол шуд, ки аз нисф зиёди он ба Федератсияи Русия, Афғонистон, Покистон, Қазоқистон, Ӯзбекистон, Украина ва Қирғизистон интиқол ёфт. Дар сардхонаҳои ноҳия миқдори зиёди ангуру себ захира карда шудааст.
Зимни суҳбати самимие, ки Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон бо сокинони заҳматқарини ноҳияи Ҳисор дошт, Сарвари давлат онҳоро барои идомаи корҳои созандагӣ, ободкорӣ ва меҳнати софдилонаю содиқона бар нафъи Ватан ва миллат ҳидоят намуд.
Сокинони ноҳияи Ҳисор ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои ҳамаи ташаббусҳои созанда ва ғамхории табақаҳои ниёзманд изҳори сипос карда, қадаму ҳузури азизу муътабари Пешвои миллатро дар сарзамини бостонии Ҳисор файзбахшу муборак хонданд.
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 26.02.2016    №: 40    Мутолиа карданд: 815

17.01.2019


Тамдиди шартномаи ФФТ бо "Сомон Эйр"

60 ДАРАҶА ХУНУКӢ ВА ДАВИ 50 - КИЛОМЕТРАИ ЭКСТРЕМАЛИ МОЛДАВӢ

16.01.2019


Пирӯзии мунтахаби Тоҷикистон бар Эрон

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Роҳандозии моратории дусола дар Тоҷикистон

Нақшаи Brexit дар парламенти Британия рад карда шуд

Кремл роҳи ҳалли буҳрони Украинаро пешниҳод намуд

Ифтитоҳи онлайн-донишгоҳ барои гурезаҳо дар Италия

15.01.2019


Ҷаласаи ҷамъбастӣ таҳти раёсати муовини Сарвазири мамлакат

Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Абдулазиз Комилов

Ёдгор Файзов: «Соли 2018 соли таҳкими волоияти қонун дар Бадахшон буд»

ХУҶАНД. 1548 медали варзишгарон дар як сол

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Созишномаи сулҳ – мавзӯи асосии мулоқоти Путин ва Абэ хоҳад шуд

Савдои хориҷии Чин соли 2018 натиҷаи рекордӣ нишон дод

Дар Алмаато гурӯҳи хориҷиёни террорист боздошт шуд

То соли 2024 аҳолии Қирғизистон бо оби ошомиданӣ пурра таъмин мешавад

10.01.2019


Дар Саразм осорхона ва меҳмонхонаи замонавӣ бунёд мешаванд

Вохӯрии Парвиз Давлатзода бо Владимир Норов

Ҷаласаи Шӯрои кор бо ҷавонон

“ГАНҶИ СУХАН” – маҳфили адибпарвар

РӮШОН. Ифтитоҳи маркази дуошёнаи савдо

Муҳаммад Салоҳ – беҳтарин футболбози Африқо

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Самарқанд мизбони нахустмулоқоти «Ҳиндустон – Осиёи Марказӣ»

Баргардондани 47 шаҳрванди Қазоқистон аз Сурия

Остона ба гузарондани Ҳамоиши ҷаҳонии туризми шаҳрӣ омодагӣ мегирад

Дар Беларус бори нахуст ҳукми қатл содир шуд

09.01.2019


Таҷлили 110 - солагии аллома Бобоҷон Ғафуров

GLOBE SOCCER AWARDS. Беҳтаринҳоро муайян кард

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Дар Пекин музокироти тиҷоратии ИМА ва Чин мегузарад

Эрдуғон пирӯзӣ бар террористони «Давлати исломӣ» - ро эълом дошт

Разведкаи Сурия дар ҳафт сол 80 саркардаи исломиро нест кард


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед