logo

фарҳанг

ШОМИ ШАНБЕ

Абдураҳмони ҶОМӢ
ҲИКОЯТ

Мӯреро диданд ба зӯрмандӣ камар баста ва малахеро даҳ баробари худ бардошта. Ба тааҷҷуб гуфтанд:
- Ин мӯрро бубинед, ки бо ин нотавонӣ бореро бо ин гаронӣ чун мекашад!
Мӯр чун ин сухан бишунид, бихандиду гуфт:
- Мардон борро ба неруи ҳиммат ва бозуи ҳамийят кашанд, на ба қуввати тан ва захомати (танумандӣ) бадан.

ҚИТЪА
Боре, ки осмону замин сар кашад аз он,
Мушкил тавон ба ёварии ҷисму ҷон кашид.
Ҳиммат қавӣ кун аз мадади раҳравони ишқ,
К-он борро ба қуввати ҳиммат тавон кашид.

 

ДУО БА «БЕМОР»

Яке аз дӯстони Ашӯр Сафар, ки раиси колхоз буд, «касал» мешавад. Ашӯр Сафар роҳи касалхонаи ҳукуматиро пеш мегирад. Ҳангоме вориди ҳуҷра мегардад, мебинад, ки «касалӣ» сари миз нишаста, дулунҷа аз нозу неъматҳои дастархон нӯши ҷон карда истодааст.
Раис аз дидани дӯсташ шод гашта, ӯро ба сари миз таклиф мекунад. Ҳар ду муддати дароз мешинанду суҳбат мекунанду мехӯранду менӯшанд. Пеш аз хайрухуш раис як халтаро аз мурғу меваю шароб пур карда ба дӯсташ медиҳад, ки дасти холӣ наравад. Баъд аз ӯ хоҳиш мекунад, ки як дуо кунад. Ашӯр Сафар даст ба дуо мебардорад:
- Худоё, Худовандо! Дарди раиси моро қувват бахш, ки мо ҳам аз баракаташ бенасиб намонем.
Гурез САФАР

 

Дар Антарктида маконе ҳаст, ки «Водии хушк» ном дорад. Дар он ҷо на барф аст на ях, ҳатто намнокӣ надорад. Шамол бо суръати 320 километр дар як соат мевазад. Охирон бор дар ин водӣ ду миллион сол пеш борон борида будааст.

 

МАРДЕ, КИ НИМ АСР НАХОБИДААСТ
Станко Дражкович, кишоварзи югославӣ, бештар аз ним аср нахобида бошад ҳам, чун ҷавонмард тандуруст аст. Ин на ба он маъност, ки бехобии бефосила одамро солим мегардонад. Ба он маъност, ки шахс  муддати мадид хоб наравад ҳам, метавонад тандурусту бардам бимонад.
Дигар чизи ҷолиб он, ки писари Станко ҳам хоб намеравад. Воқеан, бехобии вай низ чун падараш дар 23- солагӣ пайдо шудааст. Бояд қайд кард, ки хоб аз чашми Станко пас аз “контузия” парид, лекин писари ӯ бидуни сабабе мубталои бехобӣ гашт. Шояд ин бемории ирсист?
Падару писарро дар бисёр беморхонаҳои номӣ ташхис карда бошанд ҳам, ягон мутахассиси варзида сабаби бехобии тӯлонии онҳоро фаҳмида натавонист.
Мутаассифона, Дражковичи калонӣ дар синни 73 - солагӣ вафот кардааст. Ӯ то охирин рӯзҳои умр ақли расо дошт.

МАРДЕ, КИ САРДИРО ҲИС НАМЕКУНАД
Вим Хофи ҳолландӣ қобилияти ҳайратовар дорад: организмаш сардиро ҳис намекунад. Ӯ борҳо қуллаи кӯҳҳоро бо як таҳпӯш фатҳ карда,  муддати дароз рӯйи ях хоб рафтааст.
Баъди чунин корнамоиҳо табибон ташхис гузаронда, ангушти ҳайрат  газидаанд. Маълум гардид, ки ба ягон узви организмаш сардӣ зараре нарасондааст.
Олимон дар тафсири ин қазия оҷиз мондаанд, Вим Хоф бошад, дар ҳолатҳое, ки барои одами дигар метавонанд ҳалокатовар гарданд, худро чун моҳӣ дар об ҳис карда, ҳамоно мардумро ба ҳайрат меорад. 


ТЕЛЕФОНИ МОБИЛӢ АЗ ЗИЛЗИЛА ОГОҲ МЕСОЗАД
Олимони калифорнӣ замимае сохтанд, ки телефони мобилиро ба зилзиласанҷи кисагӣ табдил медиҳад. Барномаи “MyShake” ларзишҳои заминро ҳатто вақти дар сумка ё киса будани телефон ҳис карда метавонад.
Дар муддати кӯтоҳ барнома қодир аст заминларзаро қайд карда, соҳиби телефонро аз он хабар диҳад. "Ин чанд сонияи ҳалкунанда ба шумо барои он кор меояд, ки зуд ягон ҷои бехавф ёбед", - шарҳ дод аҳамияти замимаро профессор Ричард Аллен аз озмоишгоҳи зилзиласанҷии Беркли.
Таҳияи Хуршеди ҶОВИД, “Ҷумҳурият”

 

100 разведкачӣ
ФРАНС  фон  ПАПЕН
Шигифтовар аст, ки чунин шахси маҳдуд ва белаёқат тавонист карйераи хубе кунаду аз вазъиятҳои тамоман маҳвсозандаю булаҷаб саломат берун омада, дар тамоми ҳаёт одами даркорӣ бимонад. Ана ҳамин тур шахсро метавон «толеъбаланд» номид.
Франс фон Папен 29 октябри соли 1879 дар шаҳри Верл, Вестфалия, дар оилаи заминдори бой чашм ба олами ҳастӣ кушодааст. Омӯзишгоҳи ҳарбиро хатм намуда, дар полки савораи ноҳиявӣ ба хизмат оғоз бахшид. Савораи мардафкан дили духтари  соҳибмулки заводи чинибарориро рабуд. Падарарӯс ба онҳо ҷиҳози арӯсии ҳангуфте бахшид ва ба шарофати он Франс ба полки савораи Потсдам гузашт. Дар ин ҷо ситорааш ба кайзер писанд афтод ва ӯ андешид, ки чунин афсари назарнамо метавонад дар хориҷа артиши империяи Олмонро намояндагӣ намояд. Папен чанд вақт дар Ситоди генералӣ таҷриба омӯхт ва пеш аз Ҷанги якуми ҷаҳон ба вазифаи атташеи ҳарбии сафорати Олмон дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико таъйин гашт, ки аз мансабҳои бонуфуз ба ҳисоб мерафт.
Бо оғоз ёфтани Ҷанги якуми ҷаҳон Папен аз Берлин супориш гирифт, ки корҳои диверсиониро ҷоннок намояд. Фаъолияти ӯ то соли 1915 идома ёфт. Агентҳои контрразведкаи Амрико ба идораи Папен зада даромада ҳуҷҷатҳои ҷосусии ӯро мусодира намуданд. Сафири Олмон Бернштофф эътироз овард. Аммо Котиби давлатии ИМА Роберт Лассинг гуфт, ки агар Папен бигӯяд, ки ин ҳуҷҷатҳо аз вай аст, бармегардонанд. Папен, албатта, барои ҳуҷҷатҳо наомад ва маҷбур шуд, ки Ню – Йоркро тарк намояд. Танҳо ҳаминро метавонем илова намоем, ки Канарис, адмирали ояндаи Олмон, ҷосуси Папен дар Амрико буд.
Баъди Ҷанги якуми ҷаҳон Папен дар бисёр моҷароҳо иштирок дошт. Табаддулоти осоиштаро анҷом дода, Папен ба сари ҳукумат омадани Гитлерро осон кард.  Гитлер  ӯро  дар  Австрия  сафир таъйин кард.
Дар Вена садоқаташро ба Гитлер исбот намуд. Дар соли 1934 суиқасд ба ҷони канслер Долфусро созмон доду ӯро кушт. Вале табаддулот саркӯб шуду Папен гурехт. Бо тавсияи Канарис Гитлер баҳори соли 1939 Папенро чун сафир равонаи Анкара намуд.
Вай медонист, ки ба турку арабҳо рейхсмаркаҳои коғазӣ маъқул нест. Ҷосусони ӯ бо кисаҳои пурри тангаи тиллоӣ дар Шарқи Миёна, алалхусус дар Форс, Туркия ва кишварҳои араб паҳн шуданд. Сарҷосуси немис дар Форс профессор, доктори илм Макс фон Оппенгейм ба ҳисоб мерафт, вай, новобаста аз решаи яҳудӣ доштанаш, ба натсизми фашистӣ беҳад содиқ буд. 
Дар Кобул, пойтахти Афғонистон, сардори резиденти ҷосусон олим Фритс Гробба буд, ки ба Папен итоат менамуд. Вай ба ҳаракати зиддианглисӣ аз сарҳади шимолӣ -  ғарбии Ҳиндустон то халиҷи Форс роҳбарӣ мекард.  Дар Анкара ва Мадрид ду пойгоҳи ҷосусии немисҳо вазъияти баҳри Миёназаминро зери назари муттасил нигоҳ медоштанд.
Папен фаъолияти зиддишӯравиашро густариш бахшид. Ҷосусонаш супоришҳои сиёсӣ ва ҷангиро иҷро мекарданд, махсусан дар соли 1942, вақте ки немисҳо ба Кавказ наздик омаданд.
Амалиёти Папен чунон хавфнок шуд, ки разведкаи шӯравӣ аз пайи нобуд карданаш афтод. Вале суиқасд ба ҷони Папен барбод рафт. Бомба дар дасти ватандӯсти булғорие, ки бояд ин амалиётро анҷом медод,  таркиду Папен саҳл захм бардошт.
Баъди торумори Олмони фашистӣ Франс фон Папен ба монанди дигар фашистони ҷинояткор дар трибунали байналмилалии ҳарбии Нюрнберг суд шуд. Аммо вай ҳамаи ҷиноятҳои содирнамудаашро рад карда, бо як ҳайронии гӯлзананда ба атроф менигаристу худро чун мусичаи бегуноҳ – сафири бовиҷдон нишон додан мехост.
Прокурори шӯравӣ Руденко аз суд нисбат ба Папен ҳукми қатл дархост намуд. Вале Папен тавонист ин дафъа низ аз об хушк барояд. Суд ӯро бегуноҳ донист. Вай, аз рӯи навишти Игор Дамаскин, то 90 - солагӣ дар Баден дар мулки шахсияш Оберзасбах зист ва 2 майи соли 1969 ором ҷон супурд.      

 Қурбон МАДАЛИЕВ,
«Ҷумҳурият»
Таҳия аз русӣ.

 

Зиёда аз 40 дарсади бодоми ҷаҳон барои истеҳсоли шоколад истифода мешавад.

 

УҚОБИ САРИ КӮҲ

Офаридаҳои Зафар Нозим ҳанӯз аз солҳои 60 - 70 асри гузашта дар байни мардум шуҳрату овоза дошта, қалби ҳамагонро тасхир менамуданд. Шуҳрати сарояндагии ин устоди санъат баъд аз сурудҳои « Эй сорбон», «Бигзор то бигирям», «Ҳарҷо ки кунам хона», «Модар», ки дар айёми ҷавонӣ эҷод намуда буд, дучанд гардид. Зафар Нозим пайрави мактаби ҳунарманди маъруфи мардумӣ Акашариф Ҷӯраев мебошад.  Ӯ ҳунарманди худомӯз буда, барои ба ин мартаба расидан пайваста заҳмат кашидааст. Эҷодиёташ  асосан аз шеъру ғазалҳои шоирони классикии форсу тоҷик сарчашма мегирад. Ғазалу рубоиёти Саъдию Ҳофиз, Ҳилолию Хайём ва бисёри дигарон дар зери оҳангу садои Зафар Нозим рангинтару ширинтар ба гӯш мерасанд. Ӯ дар ҳар гӯшаву канори Тоҷикистон ва берун аз он ҳаводорони зиёде дорад. Дар ҳақиқат ҳам ӯ навовару нотакрор буд.
Нақши Зафар Нозим дар рушду нумӯи санъати тоҷик хело бузург аст. Ӯ ситораи дурахшоне буд, ки осмони санъати тоҷикро ҷилои тоза мебахшид.
Устод дорандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ ва ордени «Ситораи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» мебошад.

Гулнисо САЪДОНШОЕВА, "Ҷумҳурият"

 

ДИЛШОД НАЗАРОВ: ҶАҲД БАРОИ НАТИҶАҲОИ БАЛАНД

Гурзандози маъруф Дилшод Назаров бо дастоварду комёбиҳои худ ифтихори миллат аст.
Заҳматдӯстӣ ва машқу тамринҳои пайваста ба ӯ имкон доданд, ки натиҷаҳои баланди варзиширо ба даст оварад. Алҳол ӯ чемпиони секаратаи Осиё (солҳои 2006, 2010 ва 2014) буда, ният дорад дар Чемпионати ҷаҳон ва Бозиҳои олимпӣ низ ғолиб ояд.
Ӯ моҳи майи соли 2015 дар мусобиқаи анъанавии ҷаҳонии силсилаи Гран-При "Оstrava golden spike" дар Ҷумҳурии Чехия гурзро ба масофаи 79,36 метр ҳаво дода, соҳиби мақоми дувум гардид. Ин натиҷа ба ӯ имкон дод, ки миёни варзишгарони тоҷик аввалин шуда соҳиби роҳхат ба Бозиҳои олимпии XXXI тобистона дар Рио-де-Женейрои Бразилия гардад.   
Комёбиҳои варзишии Дилшод Назаров аз ҷониби Сарвари давлат қадрдонӣ гаштаанд. Моҳи сентябри соли 2015 бо Фармони Президенти Тоҷикистон ӯ бо ордени «Шараф» дараҷаи 2 сарфароз гардид.
Раҳматулло КАРИМОВ, “Ҷумҳурият”

 

ХИМЭДЗИ – КУШКИ КУЛАНГИ САФЕД
Сохтмони Қалъаи Химэдзи, ки яке аз қадимтарин, бузургтарин, зеботарин ва маъруфтарин кушкҳои бунёдкардаи самурайҳо ба ҳисоб меравад, соли 1333 оғоз гашта, 1346 ба поён мерасад. Он чун дурдонаи санъати меъмории асри миёнаи Ҷопон шинохта шуда,  соли 1993 ба рӯйхати Мероси фарҳангии ҷаҳонии ЮНЕСКО ворид мешавад. Қалъаи Химэдзи аз 83 бино иборат буда, миёни ҷопониҳо бо номи кушки Куланги Сафед низ машҳур аст.
Қобили қайд аст, ки дар кишвари тулӯи хуршед то замони мо ҳамагӣ 50 адад чунин қалъа маҳфуз мондааст. Дар байни онҳо Қалъаи Химэдзи, бешак, пуршукӯҳтарин мебошад.
Вобаста ба маҳал қалъаҳои бунёднамудаи самурайҳо ба се навъ ҷудо мешавад:  яма-дзиро (қалъаҳо дар кӯҳҳои пуршебу фароз), хира-дзиро (қалъаҳо дар дашт) ва хираяма-дзиро (қалъаҳо дар пушта). Қалъаи Химэдзи ба навъи сеюм дохил шуда, дар пуштаи Химэ-яма қомат афрохтааст. Дар сохтмони он танҳо санг ва чӯб истифода шудааст.
Ҳарчанд кушк аз сангу чӯб бунёд гашта бошад ҳам, он тайи ин муддат аз офатҳои табиат, ба монанди заминҷунбӣ, тӯфон, сӯхтор, осеб наёфт. Ҳангоми Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ бар асари бомбаандозӣ, махсусан пас аз партофтани бомбаи ҳастаӣ, қисми зиёди қалъаҳои Ҷопон харобу валангор гаштанд. Ва, хушбахтона, ин дафъа низ ба Қалъаи Химэдзи зарар нарасид.
Бо сабаби он ки кушк миёни қабилаҳои  самурай  аз даст ба даст мегузашт,  он  борҳо мавриди таҷдиду тармим қарор гирифтааст. Танҳо авохири асри XVI Қалъаи Химэдзи пас аз азнавсозии куллӣ намуди ҳозираашро гирифт. Ба хотири зебоӣ ва шукӯҳу шаҳоматаш ҳудуд ва биноҳои қалъа аз ҷониби таҳиягарони филмҳои таърихӣ борҳо чун декоратсия истифода шудааст.
   Ш. ШОКИР, «Ҷумҳурият»

 

ЛАТИФА
Деҳотӣ себ мехӯрду донаҳояшро ба киса меандохт.
Содалавҳе инро дида ҳисси кунҷкобиаш боло мегираду мепурсад:
- Донак барои чӣ лозим?
- Ин доначаҳои одӣ не. Онҳоро  аз ман мехаранд, зеро ақлу заковати одамро баланд мебардоранд, - ҷиддӣ посух медиҳад деҳотӣ.
Содалавҳ:
- Шояд ба ман фурӯшӣ?
- Марҳамат, як донааш 50 сомонӣ.
Содалавҳ донаро мехӯраду мегӯяд:
- Ман ба 50 сомонӣ 5 кило себ мехаридам!
- Ана дидӣ, даррав ақлат даромад!


СЕРГЕЙ АВДЕЕВ 747 РӮЗ ДАР КАЙҲОН БУД, ДИГАРОН ЧӢ?

Пас аз парвози Юрий Гагарин ба кайҳон, ки дар таърихи инсоният нахустин аст, боз 431 нафар аз 32 кишвари дунё ба кайҳон парвоз намуданд.
Рекордсмен дар давомнокии парвоз духтур Валерий Поляков мебошад, ки дар пойгоҳи кайҳонии "Мир" беш аз як сол - 437 шабонарӯзу 17 соат будааст.
Ба кайҳони кушод 149 нафар баромадаанд. Берун аз киштӣ аз ҳама зиёд астронавтҳои амрикоӣ Ҷеймс Восс ва Сюзен Хелмс қарор доштанд, ки дар кайҳони кушод 8 соату 56 дақиқа бо танзими асбобҳои Пойгоҳи байналмилалии кайҳонӣ машғул шуданд.
Таҳияи Хуршеди ҶОВИД, “Ҷумҳурият”

 

Саргузашти ибратомӯз
«МАРС» = ПАСАНДОЗ + ИДЕЯ 
Франклин Клеренс, асосгузори империяи машҳури шоколадӣ ба номи "Марс",  аз синни 19 - солагӣ ба савдои равнақдори шириниворӣ шуғл дошт. Маҳз ҳамин шуғл тақдири ояндаи ӯро муайян сохт.
Ҳамчун корманди кушодарӯ ва серғайрату покизакор тадриҷан ба зинаҳои хизматӣ боло мерафт ва даромади хубу кофӣ ба даст меовард. Ӯ бо Этел ном хонуме издивоҷ кард, ки дар оянда шарики асосии ӯ дар тиҷораташ шуд.
Франклин медонист, ки барои тиҷорат пул зарур аст ва ӯ аз ҳисоби моҳонаи худ маблағи муайянеро пасандоз мекард. Дар синни 28 - солагӣ ба Френк даст дод, ки ба тиҷорати худ машғул шавад. Ҳамроҳи ҳамсараш ӯ мағозаи қаннодии худро дар хонааш мекушояд, ки ҳамаи савдо тариқи тирезаи ошхона сурат мегирифт. Савдо зуд равнақ ёфт ва зану шавҳар соли 1911 ширкати худро бо номи «Mar-O-Bar» таъсис доданд.
Идеяи тамоми ҳаёти Френкро дигаргункунанда ба сараш комилан ногаҳон омад. Боре ҳангоми сайру гашт писараш аз ӯ хоҳиш кард, ки барояш шоколад бигирад. Он вақтҳо шоколадҳои коғазпечнашударо дар тарозу бар кашида мефурӯхтанд. Ин тарзи шоколадфурӯшӣ хеле нобоб буд, бачаҳо либосҳояшонро бо шоколад олуда мекарданд. Дар ҳамин лаҳза Фрэнк чунин фикр кард: барои чӣ пораи шоколадро дар фолга печонида фурӯхтан мумкин набошад?
Баъд аз суҳбат бо ҳамсараш Франклин ба хулоса омад, ки санҷидани ин кор барояш мушкиле надорад. Идея чунон муваффақона амалӣ шуд, ки батони шоколади онҳо «Milky Way» дар чанд рӯз шуҳрати беандоза касб кард. Аллакай соли 1925 он моли эътирофгардида ва «пеши бозор» ҳисоб мешуд. Дар солҳои 20 – уми садаи гузашта Фрэнк соҳиби фабрика мешавад. Ин дастовард барои пайдо шудани маҳсулоти нав таъсир мегузорад ва дар ин миён батони шоколади овозадори «Snickers» низ арзи ҳастӣ мекунад.
Тадриҷан ширкат ба истеҳсолкунандаи бузурги шириниҳо ва ширкати беҳамтои шахсӣ дар ҷаҳон мубаддал мешавад. Оғози ҳамаи ин як пасандози начандон зиёд ва  як идеяи ҷолиб буд.
Таҳияи М. ТАБАРӢ, "Ҷумҳурият"

 


Калонтарин варзишгоҳи ҷаҳон «1 май» ном дошта, дар шаҳри Пхенян (пойтахти Кореяи Шимолӣ) мебошад. Масоҳати он 207 ҳазор метри квадратӣ буда, 150 ҳазор ҷойи нишаст дорад.

 


ОЛИМОН: ҒОЛИБОН БЕШ АЗ МАҒЛУБОН ДУРӮҒ МЕГӮЯНД
 Олимони Донишгоҳи Бен-Гуриони Исроил ба хулоса омаданд, ки ғолибон беш аз мағлубшудагон дурӯғ мегӯянду ба найранг рӯй меоранд. Дар ин бора хабаргузории  The Hans India навиштааст.

Мутахассисон бо иштироки донишҷӯён панҷ санҷиш гузаронданд. Маълум гашт, ки баъди мусобиқаҳо ғолибон назар ба мағлубшудагон бештар бадрафторӣ зоҳир мекунанд. Онҳо аз муваффақияташон меболанд ва худро аз атрофиён беҳтар меҳисобанд.
Олимон таъкид доштаанд, ки бадрафтории ғолибон шояд маҳз ба музаффарият вобаста бошад. Ба андешаи онҳо маҳз бурд ба он меорад, ки шахси музаффар худро аз дигарон боло гузорад.
 Таҳияи Ш. ҚУРБОН, «Ҷумҳурият»

 

Дунёи варзиш
НАХУСТИН УСТОДИ ВАРЗИШИ СССР АЗ ТОҶИКИСТОН
Соли 1937 бори аввал дар ҷумҳурӣ мактаби бачагонаи варзишӣ бунёд гардид, ки дар тарбияи минбаъдаи варзишгарон хизмати шоиста намуд.
Пас аз таъсиси он, дар шаҳри Душанбе гимнастҳои дараҷаи олӣ ба воя расида, дар мусобиқаҳои СССР ширкат меварзиданд. К. Каримова, А. Камолова, Н. Сиклаури, Ҳ. Рауфов, М. Муллоҷонова ва Т. Суярқулов гимнастҳои беҳтарин ба ҳисоб мерафтанд. Бахусус, Ҳамдам Рауфов ва Нина Сиклаури чемпионҳои бисёркаратаи Тоҷикистон мебошанд.
Ҳамдам Рауфов аввалин варзишгари Тоҷикистон мебошад, ки бо унвони  Устоди варзиши СССР сазовор гаштааст.

САТРҲОИ ФАВҚУЛОДА
Довар Энди Вейн дар дақиқаи 63 – юми бозӣ ба худ корти сурхро нишон дод ва аз майдон берун рафт. Ин ҳолати ғайриодӣ дар таърихи футболи ҷаҳон чунин рух дод. Дар дақиқаи 63 - юм «Роял Мэйл» ба дарвозаи  «Питерборо» гол зад ва натиҷаро ба 2 : 1 расонд. Аммо дарвозабони «Питерборо» Макгаффин ба довар эътироз намуд. Довар бошад, бо суханони  қабеҳ даҳони дарвозабонро бастанӣ шуд, вале зуд  фаҳмид, ки  амалаш берун аз одоб аст. Сипас, довари 39 - сола  ба гуноҳи худ иқрор шуда, бо ин амал хешро муҷозот кард.

* * *
Бозигарони дастаи «Олимпик» ба яке аз тасмимҳои довар эътироз  намуда, ба дарвозаи худ 149 гол заданд. Ин ҳолат дар дидор бо клуби «Адем» дар мусобиқоти футболи Мадагаскар ба вуқӯъ пайваст.
* * *
Дар дидори дастаҳои лигаи наврасони Парагвай – «Тениянта Фарина» ва «Либертад» довар барои даст ба гиребон шудан, ҳамаи 36 футболбозро аз майдон ронд.
* * *
Футболбози белгиягӣ Стэн ван ден Байс дар бозии мусобиқоти миллии кишвар  байни дастаҳои «Жерминал Экерен» ва «Андерлехт» дар мавсими солҳои 1995 – 96 се бор ба дарвозаи  тими худ гол зад, ки ин натиҷа дар таърихи футбол бесобиқа маҳсуб мегардад. Дар ин дидор «Андерлехт» ба дарвозаи ҳариф ягон гол назада бо ҳисоби 3 : 2 пирӯз шуд.

* * *
Роҷерио Сени, қаҳрамони Бозиҳои ҷаҳонии футбол дар соли 2002, узви  дастаи мунтахаби Бразилия расман аз тарафи ФИФА дар таърихи футбол миёни голкиперҳо ҳамчун дарвозабоне, ки  бештар  гол (128 - то)  задааст, эътироф гардид.  Ӯ аз соли 1992 дар клуби  «Сан - Паулу» 1136 бозӣ анҷом додааст.
Таҳияи Р. ИСМАТУЛЛОЕВ,
«Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 27.02.2016    №: 41    Мутолиа карданд: 614

19.09.2018


ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Аввалин тамринҳои муштараки низомӣ

Таъсиси 57 корхонаи нав

Намоиши дастовардҳо ба муносибати Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Зуҳро Саидова – соҳиби шоҳҷоиза

Таҳаммул аз амалҳои террористӣ норавост

Баргузории ҳамоиши маъмурони роҳи оҳани кишварҳои СҲШ дар Ӯзбекистон

Дар Ироқ 27 ҳазор нафар аз об заҳролуд гашт

Тӯли 40 соли ислоҳот дар Чин ҷои кор 346 дарсад афзуд

Остона ҳамоиши ҳаштуми глобалии туризми шаҳриро пазироӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД

МАРЗ. Боздошти қочоқбарон

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ БОҒЧАИ НАВ

05.09.2018


БӮСТОН. Бунёди чор иншооти нав

ФУТБОЛ. Дар Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалӣ доир мегарданд

Ориф Алвӣ 13-умин президенти Покистон интихоб гашт

Дар Арабистони Саудӣ барои маводи тахрибӣ дар интернет зиндонӣ мекунанд

Дар Гуҷарат сохтмони баландтарин ҳайкали дунё анҷом меёбад

Ҳиндустон барномаи нави кайҳониро амалӣ месозад

04.09.2018


Боздиди Сарвазири мамлакат аз иншооти гармидиҳии шаҳри Душанбе


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед