logo

ҳуқуқ

ДИҚҚАТ, НАШЪАМАНДӢ МАРГИ ИХТИЁРИСТ

Дар мубориза алайҳи фурӯшандагон ва паҳнкунандагони маводи мухаддир Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар сохторҳои қудратии кишвар муборизаи беамон мебаранд. Соли сипаришуда гардиши ғайриқонунии маводи нашъаовар коҳиш ёфта, мусодираи он ба 4 тоннаву 676 килограмм расид. Инчунин, як лабораторияи истеҳсоли героин дар вилояти Бадахшони Ҷумҳурии Исломии  Афғонистон нобуд карда шуд.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми имсолаи худ ба Маҷлиси Олии мамлакат таъкид карданд, ки мубориза бо гардиши ғайриқонунии маводи нашъаовар мубориза бо терроризм аст. Мувофиқи маълумоти оморӣ то имрӯз дар Тоҷикистон 114 тонна маводи мухаддир, аз ҷумла 34 тонна героин мусодира шудааст, ки ин метавонист 50 миллион нафарро гирифтори бемории нашъамандӣ гардонад.
Ҳар сол дар ҷаҳон  аз таъсири маводи мухаддир 200 000 нафар нобуд мегардад. Ҳарчанд давлатҳои дунё тарзу усулҳои муассирро дар мубориза алайҳи нашъамандӣ роҳандозӣ мекунанд, гурӯҳҳои муташаккили нашъаҷаллоб низ аз роҳу шеваҳои нав кор мегиранд. Кишвари Афғонистон, ки бештари маводи мухаддир дар он ҷо истеҳсол мешавад, на танҳо Тоҷикистон, балки кишварҳои минтақаро низ ба мушкилӣ мувоҷеҳ кардааст. Чанд соли нооромӣ ба гурӯҳҳои манфиатҷӯ имкон дод, ки бозори фурӯши маводи нашъаоварро тавсеа бидиҳанд. Ҳамзамон, доираҳои муайяни кишварҳои мутараққӣ ба таҳрик ва фаъолияти онҳо сабаб шуданд. Маводи нашъаовар ва сахттаъсире, ки аз Афғонистон ба Аврупо ва Русия интиқол мешавад, манфиати зиёдтар меорад. Коршиносон яқин кардаанд, ки минбаъд қочоқчиён бо созмонҳои муташаккил, картелҳо ва ҷамъиятҳои мафиозӣ сари кор хоҳанд дошт. Ин созмонҳо маблағи бадастомадаро барои истеҳсоли маснуоти синтетикию сунъии нашъадор истифода бурда, ҳамзамон маблағгузории гурӯҳҳои трансмиллӣ, ҳизбу ҳаракатҳои террористӣ ва экстремистиро  низ ба зимма доранд. Қочоқчиён додугирифти маҳсулоти ғайриқонунии худро дар бисёр ҳолатҳо ба воситаи занону ҷавонон анҷом медиҳанд.
Дар робита ба ин масъала, то охири соли сипаришуда дар марказҳои наркологии ҷумҳурӣ 7313 нашъаманд ба қайд гирифта шудаанд, ки аз ин 189 нафарашро занҳо ташкил медиҳанд. Мувофиқи натиҷагирии Агентии назорати маводи нашъаовар аксари нашъамандон ҷавонони аз 20 то 35 - сола мебошанд.
Дар ин самт, Агентии назорати маводи нашъаовар муборизаро пурзӯр намуда, ҳамзамон аз падару модарон ва омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти оливу миёна хоҳиш мекунад, то дар шуури насли ҷавон маърифати дурусти зиндагӣ ва аҳамияти ҷомеаи солимро ташаккул дода, онҳоро аз марги ихтиёрӣ, ки номаш нашъамандист, эмин доранд.
Озодамоҳ АБДУЛЛОЕВА,

нозири Шуъбаи назорати
муомилоти маводи  нашъаовар ва пешгирии нашъмандии Агентии
назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 27.02.2016    №: 41    Мутолиа карданд: 485

22.02.2019


Ҷаласаи Комиссияи сетарафаи танзими муносибатҳои иҷтимоию меҳнатӣ

Забони тоҷикӣ таърихи зиёда аз чорҳазорсолаи хату алифбо дорад

ББТ барои фаъолияти оператори низоми пардохтии “Осон” иҷозатнома гирифт

МАВСИМИ НАВИ ЛИГАИ ОЛӢ МОҲИ АПРЕЛ ОҒОЗ МЕГАРДАД

Путин самтҳои асосии сиёсати хориҷии Россияро тавзеҳ дод

Хадамоти вижаи 7 кишвари ИДМ машқи "Арарат-Антитеррор" мегузаронанд

Чин дар кайҳон неругоҳи барқи офтобӣ месозад

21.02.2019


ХУҶАНД. Оғози сохтмони бинои нави «Тоҷикстандарт»

ФУТБОЛ. Тақвими бозиҳои тими мунтахаби олимпии кишвар муайян гардид

Табибон аз Тотористон бо ҳампешаҳои тоҷики худ мубодилаи таҷриба мекунанд

Роҳандозии лоиҳаҳои инноватсионӣ дар Қазоқистон

Дар Ҳиндустон 13 иштирокдори тӯй зери чархи мошини боркаш монд

Сӯхтор сабабгори марги ҳафт кӯдак дар Канада

Ҷаҳон дар як сатр

19.02.2019


МАКТАБИ ДАВЛАТДОРИИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН. ЯК ҲАМОИШИ МУҲИМ

Баррасии масъалаҳои рушди сайёҳӣ

Вохӯрии Низомиддин Зоҳидӣ бо Мазен Шамия

Дурнамои рушди муносибатҳо матраҳ гардид

ҶОМИ КУШОДАИ АВРУПО. Муҳаммадризо Қувватов медали биринҷӣ ба даст овард

Авҷи ниҳолшинонӣ

Саҳми соҳибкорон дар ободии деҳот

Ҳамкории тиҷоратию иқтисодии Чин ва Россия густурдатар мегардад

Сарвар Дониш: «Музокироти сулҳ бидуни ҳукумат қурбе надорад»

«Туҳфаи шоҳона» - и Арабистони Саудӣ ба шаҳрвандони Покистон

Дар Қазоқистон маркази амнияти иттилоотӣ ифтитоҳ меёбад

Сокини навраси Шимкент ду нафарро аз сӯхтор наҷот дод

Ҷаҳон дар як сатр

18.02.2019


Боздиди Азим Иброҳим аз ҷараёни корҳои сохтмонӣ

ВКД Ҷиноятҳо 83,6 дарсад ошкор шуданд

Вазорати молия. Барои дастгирии буҷет маблағи бештар ҷалб хоҳад гашт

«BISHKEK OPEN – 2019». Дурахши каратэ-дочиёни навраси тоҷик

«МОҲИЯТ ВА ТАЪЙИНОТИ МАТБУОТИ МАҲАЛЛӢ»

РОҒУН. Ободонӣ вусъат меёбад

АНДОЗ. Нақша 100, 6 дарсад иҷро гардид


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед