logo

иқтисод

НИГАРОНӢ. БОЗ ДАР БОРАИ ХИЗМАТРАСОНИИ НАҚЛИЁТИ МУСОФИРКАШ

Раёсати Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт дар шаҳри Душанбе мақолаи «Нигаронӣ. Боз дар бораи хизматрасонии нақлиёти мусофиркаш» - ро, ки рӯзномаи «Ҷумҳурият» (№ 22, 2 феврали соли 2016) нашр кардааст,  17 феврали  соли 2016 дар ҷаласаи васеи кормандони нақлиёти мусофирбари шаҳри Душанбе мавриди баррасӣ қарор дод.
Раёсат самимияти худро ба рӯзнома изҳор намуда, нашри чунин мақолаҳоро барои ошкор ва бартараф сохтани камбудиҳои ҷойдоштаи соҳаи нақлиёт ва рушди минбаъдаи он зарур медонад. Дар баробари ин, қайд кардан ҷоиз аст, ки раёсати хадамот ҳамарӯза барои пешрафти соҳаи нақлиёт корҳои зиёд анҷом дода истодааст ва набояд онҳо аз мадди назари воситаҳои ахбори омма ва ҷомеа дур монанд.
Ҷиҳати ба низом даровардани фаъолияти нақлиёти мусофирбари пойтахт, аз байн бурдани камбудию норасоиҳо, инчунин чораҷӯӣ намудан дар асоси арзу шикояти шаҳрвандон оид ба сифати хизматрасонии  нақлиёти мусофирбари шаҳр аз ҳисоби кормандони раёсати хадамот, нозирони шуъбаи БДА – и шаҳри  Душанбе,  кормандони «Душанбенақлиётхадамот-расон», кормандони масъули корхонаҳо ва ҷамъиятҳои нақлиётӣ гурӯҳҳои корӣ таъсис дода шудаанд. Онҳо нисбат ба фаъолияти ғайриқонунии воситаҳои нақлиёти рақамсафед ва таксиҳои 3 – сомона, риояи нақшаи ҳаракат дар хатсайрҳои муқарраргардида, аз меъёр зиёд гирифтани мусофирон, риояи қоидаҳои истгоҳ, барҳам додани тамбашавии воситаҳои нақлиёт, риоя накардани нархнома, одоби муоширату либоспӯшӣ ва дигар қоидавайронкуниҳо чораҳои зарурӣ андешида истодаанд. Дар соатҳои авҷи шиддати ҳаракати воситаҳои нақлиёт дар кӯчаҳои пойтахт, аз ҷумла дар назди марказҳои савдои «Садбарг», «Олами китоб», гардиши Қарияи Боло, маҳаллаи 46 – ум, бозорҳои «Саховат», «Султони Кабир», «Корвон» ва маҳаллаи Зарнисор аз ҷониби раёсати Бозрасии давлатии автомобилӣ корҳои нозиротӣ бурда мешаванд. Танҳо дар моҳи январи соли ҷорӣ 925 ҳолати ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ошкор шудааст.
Дар мақолаи зикргардида асосан қоидавайронкуниҳо оид ба беасос баланд бардоштани нархи роҳкиро, яъне аз мусофирон зиёд гирифтани ҳаққи роҳкиро дарҷ гардидааст, ки чораҷӯӣ намудан нисбат ба қоидавайронкунии зерин ваколати Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Новобаста аз ин, барои бартараф намудани камбудиҳои зикршуда аз тарафи кормандони раёсат дар ҷамъиятҳо ва корхонаҳои нақлиётӣ бо масъулин ва ронандаҳо вохӯриҳо гузаронда, оид ба иҷрои Қарори раиси шаҳри Душанбе таҳти рақами 260 аз 30. 05. 2011 «Дар бораи тарифҳои ҳамлу нақли мусофир дар шаҳри Душанбе» мунтазам корҳои фаҳмондадиҳӣ бурда мешаванд. Танзими фаъолияти нақлиёт ва риояи қонунгузорӣ дар навбати худ аз маданияти шаҳрвандӣ вобастагии калон дорад. Сокинону меҳмонони пойтахт бояд дар пайвастагӣ бо мақомоти назоратӣ дар ҳалли масъалаи мазкур саҳмгузор бошанд. Ҳолатҳое мушоҳида мешаванд, ки  баъзе мусофирон бақияи роҳкироро талаб  намекунанд, бар илова барои чораҷӯӣ нисбат ба ронандае, ки аз меъёр зиёд пул гирифтааст, бетарафӣ менамоянд.
Айни ҳол аз тарафи Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт комиссияи босалоҳият таъсис ёфтааст, ки мутобиқати базаҳои моддӣ - техникӣ ва маданияти хизматрасонӣ дар хатсайрҳо ба мусофиронро такроран месанҷад. Баъди ҷамъбасти санҷишҳо хулосаи комиссияи мазкур ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе  пешниҳод карда мешавад.
Раёсат минбаъд низ омода аст, барои беҳбудӣ бахшидан ба фаъолияти нақлиёти мусофиркашонии пойтахт, баланд бардоштани маданияти хизматрасонӣ дар соҳа бо рӯзноманигорон ва сокинони пойтахт ҳамкории бевосита дошта бошад.
Ф. КАМОЛОВ, сардори раёсати
Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт дар шаҳри Душанбе


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 27.02.2016    №: 41    Мутолиа карданд: 514

15.11.2018


Ҳамоиш бахшида ба Рӯзи Президент

Нурдинҷон Исмоилов ба Тоҷикистон меояд

Мулоқоти Зубайдулло Зубайдзода бо Амал Муҷрин ал - Ҳамад

Конференсияи гиромидошти Бобоҷон Ғафуров

Путин ва Абэ дар асоси қатъномаи соли 1956 гуфтушунид хоҳанд кард

Таҳлилгарони Nomura сустшавии суръати рушди иқтисоди ҷаҳониро пешгӯӣ намуданд

Frontex: ба Аврупо омадани гурезаҳо 31 дарсад коҳиш ёфт

Назарбоев соли 2019-ро Соли ҷавонон эълом дошт

Ҷаҳон дар як сатр

14.11.2018


Вусъати корҳои ободонӣ дар ноҳияи Восеъ

Ҷамъоварии $482 миллион ба ёрии мардуми Ироқ

Назарбоев ташкили Созмони амнияти дастаҷамъии Осиёро пешниҳод дорад

Ҷонибдории Ангела Меркел аз ташкили артиши ягонаи аврупоӣ

Дар Тошканд Ҳафтаи соҳибкории глобалӣ шурӯъ шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН – 2018. Иштироки се бонуи муштзани тоҷик

БОНКИ МИЛЛӢ. Иқдоми наҷиб

13.11.2018


Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин ва Юе Бин

Баимзорасии ёддошти тафоҳум

Нақшаи чорабиниҳои амалӣ намудани корҳои ободонию бунёдкорӣ дар давраи солҳои 2019 – 2021 тасдиқ гардид

БӮСТОН. Таҷдиди шуъбаи урология

ВАҲДАТ. 5 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд

ЁВОН СИМОИ ТОЗА МЕГИРАД

НОҲИЯИ ШАМСИДДИНИ ШОҲИН. Кӯшишҳо самар медиҳанд

"Дар ин дунё Карим Девонае буд"

Ҳузури бераводиди тоҷикистониён дар Туркия 3 баробар дароз шуд

Аврупо дар бозёбии партовҳои уран дар Тоҷикистон саҳм мегирад

Москва аз ҷумлаи даҳ шаҳри беҳтарини дунёст

Гунаҳгорони ҳалокати 52 ӯзбекистонӣ зиндонӣ шуданд

Чин дар ҷаҳон калонтарин воридкунандаи газ

Ҷаҳон дар як сатр

ҚУБОДИЁН. 48 медали варзишгарон дар нуҳ моҳ

12.11.2018


Дар Париж ҳамоиши сулҳ ифтитоҳ ёфт

Бо эҳтимоми ҳукумати Ҳиндустон нархи сӯзишворӣ арзон мешавад


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед