logo

иқтисод

ГУЗАРИШ БА МАРҲИЛАИ СИФАТАН НАВИ РУШД ЗАҲМАТИ БЕШТАР ВА ФАЪОЛИЯТИ ПУРСАМАРРО ТАҚОЗО МЕНАМОЯД

Дастуру ҳидоятҳои  дар Паёми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ  зикргардида барои ҳайати устодон ва донишҷӯёни Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон аҳамияти хос доранд. Бисёр нуктаҳои Паём ба тарҳҳои  нави инкишофи иқтисодию иҷтимоии Ҷумҳурии Тоҷикистон нигаронда шуда, аз мо таҳқиқу баррасии амиқро дар ин самт тақозо мекунанд.
Яке аз ҷанбаҳои аҳамиятнок дар Паёми имсола марҳилаи нави рушди иқтисодӣ буд. Марҳилаҳои пешини рушди иқтисодии ҷумҳурӣ барқарорсозии соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоиро фаро мегирифт. Ҳоло бунёди инфрасохтори зарурӣ,  фароҳам намудани заминаи инкишофи соҳаҳои истеҳсолӣ ва таъмини шароит  барои  амалисозии  нақшаҳои бузург, ки мавқеи кишварро дар  бозорҳои содиротии ҷаҳон  мустаҳкам месозанд, роҳандозӣ мешавад.  Ин марҳилаи босифат  таҳияи нақшаҳои нав дар шакли Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 ва барномаҳои рушди гуногунмуҳлатро дар бар мегирад.  Таҷрибаи кишварҳои дунё нишон медиҳад, ки интихоби роҳу усулҳои ноил шудан  ба ҳадафҳои умумимиллӣ аз ин марҳила вобаста мебошад. “Дар давраҳои минбаъда ин ҳадафҳо сифати нав касб карда, асоси онҳоро гузаштан аз таъмини истиқлолияти энергетикӣ ба истифодаи самарабахши неруи барқ, аз бунбасти коммуникатсионӣ баромада, ба кишвари транзитӣ табдил ёфтан ва таъмин намудани амнияти озуқавориву дастрасии аҳолӣ ба ғизои хушсифат ташкил ҳоҳад дод”, - омадааст дар Паём.
Ҳоло дар натиҷаи татбиқи барномаҳои  сармоягузорӣ бо ҷалби сармояи хориҷиву ватанӣ барои  бунёди  инфрасохтори истеҳсолӣ  шароити мусоиди  рушди саноати кишвар фароҳам оварда шудааст. Аз   соли 2007 то имрӯз шумораи коргоҳҳои  нави саноатӣ   30 дарсад  афзудааст. Соли  гузашта назар ба соли 2014 ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноати истихроҷи маъдан 16,5 ва саноати коркард 10,2 дарсад бештар  гардид.
Дар марҳилаи нав рушди соҳаҳои иқтисодӣ бо тақвияти инфрасохтори соҳаи саноат ва истифодаи технологияҳои инноватсионӣ барои истеҳсоли навъҳои гуногуни молҳои содиротӣ  ва амалигардонии сиёсати истеҳсоли маҳсулоти ивазкунандаи воридоти онҳо нақши асосӣ доранд. Президенти ҷумҳурӣ  дастур доданд, ки “...бояд маҷмӯи чорабиниҳо доир ба фароҳамсозии шароити мусоид ҷиҳати васеъ ба роҳ мондани коркарду фурӯши маҳсулот, зиёд кардани номгӯйи молҳои содиротӣ, аз ҷумла ноил шудан ба истеҳсоли на кам аз 20 номгӯйи нави молҳои ивазкунандаи воридот бо арзиши баланди иловашуда ва иловатан ба роҳ мондани истеҳсоли 20 намуди чунин молҳои содиротӣ амалӣ карда шавад”.  Ин тадбирҳо дар асоси ҳамкории давлат ва бахши хусусӣ натиҷаи назаррас хоҳанд дод.
Ҳадафҳои пешбинишуда ҳамчунин аз интихоби тарҳҳои  рушди иқтисод дар асоси инкишофи соҳаҳои саноатию инноватсионӣ вобаста аст.
Барои гузариш ба марҳилаи сифатан нави рушд равнақи  бемайлони корхонаҳои агросаноатӣ пешбинӣ шудааст. Давоми ду соли охир  бахши аграрӣ ҳамчун ҷузъи комплекси агросаноатӣ қариб 25 дарсади  ММД - и кишварро дар бар гирифт.  Солҳои охир дар соҳа диверсификатсияи фаъолият бо ташкили кишти такрорӣ, рушди боғпарварӣ, коркарди маҳсулоти  рустанӣ ва чорво,  истеҳсоли маҳсулоти рақобатпазир ва сердаромади содиротӣ, тавсеаи майдони кишт ба роҳ монда шудааст, ки  барои рушди минбаъдаи соҳаи агросаноатӣ такони ҷиддӣ мебахшад.
Дар баробари ин, густариши ҳамкориҳои иқтисодӣ, алалхусус тиҷоратӣ аз бахши коммуникатсионӣ вобастагии калон дорад. Дар бахши мазкур  45 барномаи  сармоягузорӣ бо маблағи зиёда аз 12 миллиард сомонӣ татбиқ гардид ва беш аз 2000 километр роҳҳои мошингард бунёд ва таҷдид шуданд.  Дар 12 соли охир боркашонии автомобилии  соҳибкорони маҳаллӣ  ва хориҷӣ  дар қаламрави мамлакат  12 маротиба афзоиш ёфтааст. Бо сохтани роҳҳои оҳан на танҳо молҳои ватанӣ бо осонӣ  ва харҷи кам  содир  мешаванд, балки ширкатҳои нақлиётиву тиҷоратии байналмилалӣ қаламрави Тоҷикистонро  ҳамчун  як  ҷузъи “Шоҳроҳи Абрешим”  барои транзити мол  истифода мебаранд. Ба кишвари транзитӣ мубаддал гардидан як  роҳи таъмини рушди устувори  иқтисодии сифатан нав барои ҷумҳурӣ маҳсуб меёбад ва барои  инкишофи  соҳаҳои ба он алоқаманд, махсусан сайёҳӣ низ  шароити мусоид фароҳам меорад.
Расидан ба ин ҳадафҳои бузург аз ҷидду ҷаҳди мардуми меҳнатдӯсти кишвар  дар амалӣ намудани  барномаҳои рушд, талоши онҳо баҳри  ояндаи беҳтар  ва сатҳи шоистаи зиндагӣ вобастагӣ дорад.
СОЛЕҲЗОДА Ашӯрбой,
ректори Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 27.02.2016    №: 41    Мутолиа карданд: 433

15.11.2018


Ҳамоиш бахшида ба Рӯзи Президент

Нурдинҷон Исмоилов ба Тоҷикистон меояд

Мулоқоти Зубайдулло Зубайдзода бо Амал Муҷрин ал - Ҳамад

Конференсияи гиромидошти Бобоҷон Ғафуров

Путин ва Абэ дар асоси қатъномаи соли 1956 гуфтушунид хоҳанд кард

Таҳлилгарони Nomura сустшавии суръати рушди иқтисоди ҷаҳониро пешгӯӣ намуданд

Frontex: ба Аврупо омадани гурезаҳо 31 дарсад коҳиш ёфт

Назарбоев соли 2019-ро Соли ҷавонон эълом дошт

Ҷаҳон дар як сатр

14.11.2018


Вусъати корҳои ободонӣ дар ноҳияи Восеъ

Ҷамъоварии $482 миллион ба ёрии мардуми Ироқ

Назарбоев ташкили Созмони амнияти дастаҷамъии Осиёро пешниҳод дорад

Ҷонибдории Ангела Меркел аз ташкили артиши ягонаи аврупоӣ

Дар Тошканд Ҳафтаи соҳибкории глобалӣ шурӯъ шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН – 2018. Иштироки се бонуи муштзани тоҷик

БОНКИ МИЛЛӢ. Иқдоми наҷиб

13.11.2018


Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин ва Юе Бин

Баимзорасии ёддошти тафоҳум

Нақшаи чорабиниҳои амалӣ намудани корҳои ободонию бунёдкорӣ дар давраи солҳои 2019 – 2021 тасдиқ гардид

БӮСТОН. Таҷдиди шуъбаи урология

ВАҲДАТ. 5 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд

ЁВОН СИМОИ ТОЗА МЕГИРАД

НОҲИЯИ ШАМСИДДИНИ ШОҲИН. Кӯшишҳо самар медиҳанд

"Дар ин дунё Карим Девонае буд"

Ҳузури бераводиди тоҷикистониён дар Туркия 3 баробар дароз шуд

Аврупо дар бозёбии партовҳои уран дар Тоҷикистон саҳм мегирад

Москва аз ҷумлаи даҳ шаҳри беҳтарини дунёст

Гунаҳгорони ҳалокати 52 ӯзбекистонӣ зиндонӣ шуданд

Чин дар ҷаҳон калонтарин воридкунандаи газ

Ҷаҳон дар як сатр

ҚУБОДИЁН. 48 медали варзишгарон дар нуҳ моҳ

12.11.2018


Дар Париж ҳамоиши сулҳ ифтитоҳ ёфт

Бо эҳтимоми ҳукумати Ҳиндустон нархи сӯзишворӣ арзон мешавад


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед