logo

сиёсат

ДОНИШГОҲИ ДАВЛАТИИ ТИББИИ ХАТЛОН ТАЪСИС ЁФТ

Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таъсиси Муассисаи давлатии таълимии «Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон» 25 феврали соли ҷорӣ, таҳти рақами 79 ба имзо расид. Таъсиси ин муассисаи таҳсилоти олии тиббӣ бо мақсади қонеъ намудани талаботи мардуми вилояти калонтарини ҷумҳурӣ – Хатлон бо табибони баландихтисос дар асоси супориши Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, ки дар Паёми имсола ба Маҷлиси Олии кишвар ироа шуда буд, амалӣ мегардад.

Таҳлили вазъи соҳаи тандурустӣ дар Тоҷикистон нишон медиҳад, ки норасоии табибони дорои таҳсилоти олии касбӣ ва бахусус дар вилояти Хатлон, ки аҳолияш ба зиёда аз 3,5 миллион нафар расидааст, яке аз мушкилоти асоситарини ин соҳаи кишвар ба шумор меравад.
Тавре аз маълумоти оморӣ бармеояд, ҳар сол Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Синоро қариб 1200 нафар мутахассис хатм мекунад. Аз 100 то 150 нафари дигар дар муассисаҳои таҳсилоти олии тиббии хориҷи кишвар соҳиби дипломҳои ин соҳа мегардад, вале ин шумора талаботи рӯзафзуни кишварро ба табибони баландихтисос қонеъ карда наметавонад. Гузашта аз ин, шумораи умумии аҳолии Тоҷикистон ҳар сол ба ҳисоби миёна беш аз 2,5% афзоиш меёбад. Аз ин сабаб, ҳоло ба ҳар 10 ҳазор нафар аҳолии Тоҷикистон 21 табиб рост меояд, ки ин хеле каму нокифоя аст.
Маҳз норасоӣ ва шумораи аз ҳама ками табибони касбӣ дар вилояти Хатлон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро водор намуд, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Муассисаи давлатии таълимии “Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон” - ро дар ин сераҳолитарин вилояти ҷумҳурӣ таъсис диҳанд.
Заминаи моддию техникӣ барои фаъолияти муассисаи нав муайяну омода шудааст ва худи ҳамин сол ба қабули донишҷӯён шурӯъ хоҳад кард.
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 27.02.2016    №: 41    Мутолиа карданд: 614

19.09.2018


ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Аввалин тамринҳои муштараки низомӣ

Таъсиси 57 корхонаи нав

Намоиши дастовардҳо ба муносибати Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Зуҳро Саидова – соҳиби шоҳҷоиза

Таҳаммул аз амалҳои террористӣ норавост

Баргузории ҳамоиши маъмурони роҳи оҳани кишварҳои СҲШ дар Ӯзбекистон

Дар Ироқ 27 ҳазор нафар аз об заҳролуд гашт

Тӯли 40 соли ислоҳот дар Чин ҷои кор 346 дарсад афзуд

Остона ҳамоиши ҳаштуми глобалии туризми шаҳриро пазироӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД

МАРЗ. Боздошти қочоқбарон

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ БОҒЧАИ НАВ

05.09.2018


БӮСТОН. Бунёди чор иншооти нав

ФУТБОЛ. Дар Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалӣ доир мегарданд

Ориф Алвӣ 13-умин президенти Покистон интихоб гашт

Дар Арабистони Саудӣ барои маводи тахрибӣ дар интернет зиндонӣ мекунанд

Дар Гуҷарат сохтмони баландтарин ҳайкали дунё анҷом меёбад

Ҳиндустон барномаи нави кайҳониро амалӣ месозад

04.09.2018


Боздиди Сарвазири мамлакат аз иншооти гармидиҳии шаҳри Душанбе


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед