logo

ҳуқуқ

ПУРСИШ ВА ПОСУХ

Ба саволҳо Айналишо Айналишоев, муовини сардори Раёсати адлияи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва Фарҳод Тоиров, роҳбари бахши муносибат ва ҳимояи Ташкилоти ҷамъиятии Ассотсиатсияи миллии занони соҳибкори Тоҷикистон ҷавоб доданд.
Зимнан, агар хонандагони гиромӣ пурсише доранд, метавонанд бо телефони 238 - 54 -16 ба мо муроҷиат намоянд.

- Падару модари ҷиянам вафот карданд. Оё ӯро ба васигӣ қабул карда метавонам? Барои анҷоми ин кори савоб ба идораҳои дахлдор кадом ҳуҷҷатҳо бояд пешниҳод шаванд?
З. Вафобеков, сокини ноҳияи Дарвоз.

 - Дар қонун омадааст, ки дар навбати аввал ҳуқуқ барои васигӣ ба хешовандон дода мешавад. Васӣ тавассути мақомоти васояту парасторӣ таъйин мегардад. Бо ҳуҷҷатҳои лозимӣ ба мақомоти мазкур муроҷиат намуда, метавонед васии ҷиянатон шавед. Номгӯйи ҳуҷҷатҳое, ки барои муқаррар кардани васигӣ лозиманд: маълумотномаи муассиса ё шахс дар бораи ноболиғоне, ки аз парастории падару модар бенасиб мондаанд, ҳалномаи суд дар бораи ғайри қобили амал ё қобилияти  маҳдуди амал эътироф намудани шаҳрванд, аризаи шахс оид ба зарурияти муқаррар намудани васигӣ барои ӯ, маълумотнома дар бораи вазъи саломатиаш ва тавсифнома аз ҷои кор, розигии ҳамсар, агар шахси ба васояти худ кӯдаки ноболиғро қабулкунанда оиладор бошад, санад дар бораи санҷиши ҳолати манзили истиқоматӣ ва вазъи моддии шахсе, ки барои ӯ васоят муқаррар мешавад.


 
-Дар кадом ҳолатҳо васиятномаро зери баҳс қарор додан мумкин аст?
 М. Алиёрова, сокини ноҳияи Рӯшон.

 - Васиятномаро дар ҳолатҳои зерин зери баҳс қарор додан мумкин аст: агар ҳангоми тасдиқи васиятнома шахсоне, ки шоҳид буда наметавонанд ва онро ба ҷои васияткунанда имзо карданашон мумкин нест, ҷалб шуда бошанд. Яъне ҳамсар, фарзандон, падару модар, набераю абераи шахсе, ки ба вай васиятнома монда шудааст, ворисони қонунии васияткунанда. Ҳамчунин, шаҳрвандоне, ки ғайри қобили амал мебошанд, онҳое, ки васиятномаро хонда наметавонанд ва ё санаи тасдиқи он дарҷ нашуда бошад.

Шуъбаи ҳуқуқи рӯзномаи “Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 1.03.2016    №: 42    Мутолиа карданд: 698

19.04.2019


Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Жан - Батист Лемуан

Пойтахт ба таҷлили Рӯзи Ғалаба омодагӣ мебинад

Масоили рушди соҳаи маориф матраҳ гардид

Дар Донишгоҳи давлатии Данғара конфронси ҷумҳуриявӣ доир мешавад

Душанбе варзишгарони 15 кишварро ба ҳам меорад

Ҷаҳон дар як сатр

18.04.2019


ҶОМИ АФК. Пирӯзии "Хуҷанд" ва мусовии "Истиқлол"

МУЪМИНОБОД. 221 иншоот дар се сол

РАШТ. Боғистон доман паҳн мекунад

17.04.2019


БУҶЕТИ ДАВЛАТӢ . Ба қонун иловаҳо ворид шуданд

ДМТ. Як нишасти муҳим

Хонандагони Душанбе пешсафи олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ

Армуғон барои дӯстдорони ҷуғрофия

ҶОМИ ОСИЁ. Паҳлавонони тоҷик соҳиби 5 медал

Ҷаҳон дар як сатр

16.04.2019


Вохӯрии Саидзода Зоҳир Озод бо Аскар Таҷибаев

Баррасии масоили мубрам

Ҳамоиш бахшида ба оғози расмии Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Калонтарин тайёра дар дунё ба ҳаво хест

Дар Қазоқистон онлайн-қаллобон фаъол мешаванд

Дар СММ аз манфиати лоиҳаи «Камарбандҳо ва роҳҳо» сухан рафт

Аз таркиш дар Афғонистон ҳафт кӯдак ҳалок гашт

Филмҳои ду коргардони тоҷик барои Фестивали кинои мусалмонӣ интихоб шуданд

Ҷаҳон дар як сатр

БОКС. Иштироки варзишгарони тоҷик дар Чемпионати Осиё

12.04.2019


Бо иштироки Сарвазири мамлакат дар шаҳри Кӯлоб як қатор иншоот ба истифода дода шуд

Ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсозони миллии давлатҳои аъзои СҲШ

Форуми байналмилалии рушди сармояи инсонӣ доир мегардад

ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ – 2019 ОИД БА ФУТЗАЛ. Рақибони Тоҷикистон муайян гаштанд

"Кашшофи падидаҳои наврас"

НОҲИЯИ РӮДАКӢ . Сафи соҳибкорони ватандӯст меафзояд

НУРОБОД . Эҳтиром ба шахсиятҳои таърихӣ

Ҷаҳон дар як сатр

11.04.2019


"Тоҷикон" ба забони ӯзбекӣ нашр шуд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед