logo

иқтисод

РУСТАНИИ ПУРНАФЪУ СЕРҒИЗО

Соя (лӯбиёи чинӣ) алҳол маъмултарин зироатест, ки ба киштукори он дар аксари давлатҳо даст зада истодаанд. Аз дони соя беш аз 400 намуд хӯроквории серғизо омода кардан мумкин аст. Бештар дони он барои истеҳсоли равған,  маводи ҳасиб, маҳсулоти қаннодӣ истифода бурда мешавад.  Кунҷораи  соя 38 - 40 дарсад сафеда, 5 – 6 дарсад равған дорад. Дар суҳбат Халил Пиров, мудири озмоишгоҳи тухмипарварии Институти зироаткории Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон, номзади илмҳои кишоварзӣ, ба хабарнигори «Ҷумҳурият», бартариҳои ин зироатро чунин тавсиф кард:
- Тоҷикистон дорои имкониятҳои воқеии зиёд намудани истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ, аз ҳисоби истифодаи самараноки заминҳои обӣ ва захираҳои биоиқлимӣ буда, дар он барои дар як сол гирифтани ду ҳосил шароити мусоид мавҷуд аст. Тибқи таҷрибаи бисёрсола, агар ҳарорати ҳаво аз 10 дараҷа баланд гардад, имконият пайдо мешавад, ки зироати сояро кишт намоянд. Аммо кишти соя дар заминҳои ҳосилаш ғундошта ба мақсад мувофиқ аст, яъне бештар бояд кишти такрорӣ гузаронда шавад.
Лӯбиёи чинӣ (соя) барои инсон ва чорво зироати пурманфиат буда, аз ҳисоби дар таркибаш ба миқдори зиёд мавҷуд будани сафеда ягон рустанӣ ба он баробар шуда наметавонад. Арзиши аслии як килограмм орди сафедаи лӯбиёи чинӣ аз дони ҷав 20,  аз хӯроки омехтаи чорво 22  ва сафедаи орди юнучқа 7 маротиба паст мебошад. Як  килограмми он  бо воҳиди хӯрокаи протеин ба 2,3 кило гӯшт ва 12 литр шир баробар аст. 100 грамм орди  лӯбиёи чинӣ аз ҷиҳати қувватнокӣ 450 калория дорад, ҳол он ки гандум – 360, мушунг - 320, ҷав 350, сулӣ 385, гӯшт 250 ва дар 100 грамм тухми мурғ 162 калория мавҷуд аст. Таҷриба нишон медиҳад, ки нони аз орди соя  пухта доимо мулоим меистад.
Барои пурра пухта расидани дони соя дар давраи парвариш 1700 - 3200 дараҷа гармӣ лозим аст. Соя барои ғанӣ гардондани таркиби хок бо бактерияҳои бех ва реша аз ҳаво нитроген (азот) - ро ба шакли пайвастагиҳои органикӣ ғун месозад. Дар замини соякишта нисбат ба замини муқаррарӣ аз як гектар зиёда аз 4 - 5 сентнер пахта, 5 - 6 сентнер гандум, 3,5 - 4 сентнер ҷуворимакка гирифтан мумкин аст.
Азбаски солҳои зиёд хоҷагиҳои кишоварзӣ киштгардонро ҷорӣ накарда, ба заминҳо нуриҳои органикию маъданӣ надоданд ва қобилияти ҳосилхезии хок ба дараҷаи паст расида, хусусиятҳои агрофизикию микробиологии рустаниҳо коҳиш ёфта, боиси паҳн гаштани касалиҳои вилт, пӯсиши реша ва бактериалӣ шудааст, коштани зироати  соя манфиатбахш мебошад.
Таҷрибаҳо собит сохтанд, ки  соя  дар кишти асосӣ аз як гектар 30 - 32 сентнер дон, дар кишти такрорӣ ва баъди гандуму  ҷав 26 - 28 сентнер дон ва 250 - 260 сентнер баргу поя медиҳад. Дар як мавсим аз он  56 - 60 сентнер дон ва 530 -  560 сентнер баргу поя гирифтан мумкин аст. Фоидаи иқтисодии як гектар соя ба 6 гектар ҷав ва 8 гектар ҷуворимакка баробар мебошад.
Олимони Институти зироаткорӣ навъҳои «Орзу», «Ситора» ва «Дорниса» - ро ба вуҷуд овардаанд, ки ҳоло дар истеҳсолот васеъ истифода бурда мешаванд. Таркиби  ин навъҳо 38,5 дарсад сафеда ва 25 дарсад равған дорад. Кишоварзон метавонанд тухми сояро дар вақти 12 - 14 дараҷа гарм шудани хок коранд. Меъёри кишт дар як гектар 400 - 500 ҳазор дона буда, байни қаторҳо барои дон 60 сантиметр ва барои баргу поя 45 сантиметр коштан ба мақсад мувофиқ мебошад.
Мирзои ФИРӮЗ,
“Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 1.03.2016    №: 42    Мутолиа карданд: 542

19.09.2018


ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Аввалин тамринҳои муштараки низомӣ

Таъсиси 57 корхонаи нав

Намоиши дастовардҳо ба муносибати Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Зуҳро Саидова – соҳиби шоҳҷоиза

Таҳаммул аз амалҳои террористӣ норавост

Баргузории ҳамоиши маъмурони роҳи оҳани кишварҳои СҲШ дар Ӯзбекистон

Дар Ироқ 27 ҳазор нафар аз об заҳролуд гашт

Тӯли 40 соли ислоҳот дар Чин ҷои кор 346 дарсад афзуд

Остона ҳамоиши ҳаштуми глобалии туризми шаҳриро пазироӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД

МАРЗ. Боздошти қочоқбарон

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ БОҒЧАИ НАВ

05.09.2018


БӮСТОН. Бунёди чор иншооти нав

ФУТБОЛ. Дар Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалӣ доир мегарданд

Ориф Алвӣ 13-умин президенти Покистон интихоб гашт

Дар Арабистони Саудӣ барои маводи тахрибӣ дар интернет зиндонӣ мекунанд

Дар Гуҷарат сохтмони баландтарин ҳайкали дунё анҷом меёбад

Ҳиндустон барномаи нави кайҳониро амалӣ месозад

04.09.2018


Боздиди Сарвазири мамлакат аз иншооти гармидиҳии шаҳри Душанбе


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед