logo

иқтисод

ТАЪСИСИ 2440 ҶОЙИ НАВИ КОР ДАР ДАНҒАРА

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми имсолаи худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсиси ҷойҳои нави корӣ барои аҳолиро яке аз самтҳои муҳимтарини фаъолияти вазорату кумитаҳо, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилоят, шаҳру ноҳияҳо ва дигар сохторҳои масъули мамлакат унвон карда, масъулонро вазифадор намуд, ки бо истифода аз тамоми захираву имкониятҳо барои фароҳам овардани ҷойҳои нави корӣ чораҷӯӣ намоянд.
Дар ноҳияи Данғара низ бо мақсади фароҳам овардани ҷойҳои нави корӣ тадбирҳои муҳим андешида, корхонаҳои нав бунёд меёбанд ва ярмаркаҳои ҷойҳои корӣ гузаронда мешаванд.
Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ  якҷо бо шуъбаи Агентии меҳнат ва шуғли аҳолии ноҳия дастуру ҳидоятҳои Сарвари давлатро сармашқи кори худ карда, нақша доранд дар соли ҷорӣ якчанд ярмаркаи ҷойҳои нави корӣ ташкил ва шумораи зиёди эҳтиёҷмандонро  ба кори доимӣ таъмин намоянд.
Бино ба иттилои Салим Нуралиев, сардори  шуъбаи Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ,  соли 2016 дар ноҳия таъсиси 2440 ҷойи нави кор пешбинӣ гардида, дар ду моҳи аввали  сол аллакай 378 нафарро дар соҳаи сохтмон ба кор таъмин кардаанд. Ҳамчунин, масъулон ният доранд, ки давоми соли ҷорӣ 11 ярмаркаи ҷойҳои кори холӣ гузаронда, корҷӯёнро бо кори доимӣ ва омӯзиш фаро гиранд.
Дар ярмаркаҳои баргузоршаванда бештар идораҳои сохтмонӣ, беморхонаи марказӣ, шуъбаи омор, идораи обтаъминкунӣ, шуъбаи маориф ва дигар ташкилоту муассисаҳои ноҳия ба корҷӯён ҷойи кори холӣ пешниҳод менамоянд.
Шуъбаи Агентии меҳнат ва шуғли аҳолии ноҳия соли сипаришуда 625  шаҳрванди ноҳияро ба кори доимӣ таъмин намудааст. Маркази касбомӯзии шуғли аҳолиро дар соли 2015 зиёда аз 300 нафар бо ҳунарҳои дӯзандагӣ, бофандагӣ, ресандагӣ, омӯзиши барномаҳои компютерӣ ва кафшергарӣ хатм карданд.
Барои кор дар маҷмааи коргоҳҳои нассоҷии ноҳия, ки соли равон ба истифода дода хоҳад шуд, 40 нафар шаҳрванди ноҳия дар Ҷумҳурии Мардумии Чин нозукиҳои касбро омӯхтанд ва аз моҳи апрел корро дар ин коргоҳ оғоз менамоянд.
Ба қавли Салим Нуралиев, аз тарафи бахши Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар  соли 2015 ба 37  нафар шаҳрванди ниёзманди ноҳия дар ҳаҷми 128000 сомонӣ қарзи бефоиз дода шудааст.
Соли  ҷорӣ Бунёди маҷмааи коргоҳҳои нассоҷӣ, корхонаҳои коркарди нафту истеҳсоли шиша ва дигар, ки ҳоло дар минтақаи озоди иқтисодии «Данғара»  сохтмонашон дар марҳилаҳои гуногун идома дорад, барои таъсиси ҷойҳои нави корӣ дар ин ноҳия заминаи устувор мегузорад, - зикр кард Салим Нуралиев.

Лашкар ШАРИФ, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 1.03.2016    №: 42    Мутолиа карданд: 549

19.07.2019


ПАЛАТАИ ҲИСОБ. 88,З миллион сомонӣ зарари молиявӣ ошкор гашт

УМЕД БОБОЗОДА: "Аксари муроҷиатҳо оид ба адолати судиянд"

Кӯдакони аз Ироқ овардашуда ба зиндагии муқаррарӣ бармегарданд

"EXPO 2019 BEIJING". Гӯшаи Тоҷикистонро беш аз як миллион нафар тамошо кард

НИГАРОНӢ. Ҷудошавии 6065 оила дар ним сол

18.07.2019


ХАДАМОТИ ЗИДДИИНҲИСОРӢ. Болоравии нархи барқ ба қарзи он марбут аст

Азим Иброҳим Ким Тэ Сонгро ба ҳузур пазируфт

Ба ташкили корхонаҳои муштарак ҳавасмандӣ зоҳир гардид

Ҳамоиши «Ваҳдат – омили ягонагӣ ва суботи ҷомеа» доир шуд

Ҳамкорӣ бо Қатар густариш меёбад

Саридораи геология. 2810 харитаи геологӣ рақамӣ шуд

121 шахси масъул ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида шуд

Роҳи нави сесатҳаи Душанбе ба истифода дода мешавад

Президенти Қазоқистон Шӯрои миллии эътимоди ҷомеаро созмон дод

Дар Ӯзбекистон аввалин IT-технопарк бунёд мегардад

Ҷаҳон дар як сатр

17.07.2019


Музокироти ҳайатҳои расмии Тоҷикистон ва Корея

КУМИТАИ МУҲИТИ ЗИСТ. Нигаронӣ аз набудани партовгоҳҳо дар деҳот

ПРОКУРАТУРАИ ГЕНЕРАЛӢ. 5774 гектар қитъаи замин ба ҳолати аввала баргардонда шуд

ИЗЗАТУЛЛО САТТОРӢ: "Истеҳсоли гӯшти мурғ 9 маротиба зиёд мегардад"

ВАЗОРАТИ АДЛИЯ. Хулосаи ҳуқуқӣ ба 1936 лоиҳаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ

ТАЭКВОН – ДО. Муниса медали тилло ба даст овард

Суръати рушди ММД Тоҷикистон миёни кишварҳои ИДМ баландтарин шуд

Тоҷикистон ба сохтмони лӯлаи гази «Осиёи Марказӣ — Чин» шурӯъ мекунад

Дар ҷанубу ғарби Чин аз хушксолӣ 7,4 миллион нафар зарар дид

Ҷаҳон дар як сатр

Нашрияи расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон – рӯзномаи «Ҷумҳурият» якҷо бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон бахшида ба Ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони «ТОҶИКИСТОН – ХОНАИ УМЕДИ МО» озмун эълон менамояд.

16.07.2019


ХАДАМОТИ АЛОҚА. Корти ID симкорти муштариро ба расмият медарорад

ЭНЕРГЕТИКА. 2,5 миллиард сомонӣ қарзи дебитории "Барқи тоҷик" муаммои ҳалталаб боқӣ мемонад

15.07.2019


Сарвазири Корея ба Тоҷикистон меояд

Баррасии масъалаҳои ҳамгироии САҲА, СҲШ ва ИА дар минтақаи Осиёи Марказӣ

Нахустин шумораи маҷаллаи «Осиё ва Аврупо» аз чоп баромад

ДТТ. Изҳори нигаронӣ аз вазъи бо кор таъмин шудани хатмкардаҳо

ТИБ. 288 номгӯи доруи ғайристандартӣ ошкор шуд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед