logo

иқтисод

МАСҶИДИ БУЗУРГТАРИНИ ОСИЁИ МАРКАЗӢ

Сохтмони он чӣ гуна ҷараён дорад?
Масҷиди марказии ҷомеи шаҳри Душанбе бар пояи созишномаи байни Ҳукумати Тоҷикистон ва давлати Қатар бо тарҳи нодиртарин дар Осиёи Марказӣ бунёд мешавад. Он на танҳо дар Тоҷикистон, балки дар тамоми Осиёи Марказӣ калонтарин хоҳад буд. Ҳоло корҳои  сохтмонӣ дар ин иншоот, ки санги асоси онро Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон соли 2009 дар рӯзҳои ҷашни 1310 – солагии Имоми Аъзам, имоми муаззами мазҳаби ҳанафӣ, гузошта буд, босуръат идома доранд. 

- Президенти муҳтарами ҷумҳурӣ моҳи декабри соли гузашта низ ба мавзеи бунёди масҷид ташриф оварда, бо рафти сохтмон шинос шуд ва бо коргарону масъулони сохтмон суҳбат кард. Президент супориш дод, ки  корҳои сохтмониву ороишӣ дар сатҳи меъёрҳои қабулшудаи ҷаҳонӣ ва талаботи хоси марказҳои исломӣ  бунёд карда шавад. Ташрифи Сарвари давлат корҳои моро аз ҳама ҷиҳат пешрав кард, - гуфт Обидулло Саъдуллоев, сармуҳандиси лоиҳаи Масҷиди марказии ҷомеи шаҳри Душанбе. 
Масоҳати умумии ҳудуди масҷид 12 гектарро ташкил медиҳад, ки 4 гектараш барои сохтмон ҷудо шудааст. Масҷид мувофиқи лоиҳааш аз 4 манораи баландиашон 75 - метра, 1 гумбази 57 - метра ва 16 манораи 27 - метра иборат мебошад. Ду манораи 75 - метра дар баробари бо зинапояҳо боло баромадан бо лифт (осонсур) ҳам муҷаҳҳаз мешаванд. Корҳои бетонрезиву деворбардорӣ дар блоки якум анҷом ёфта, дар блоки дуюм охири моҳи апрел ба охир мерасанд. Дар минтақаи сеюм ҳам корҳои бетонрезӣ ба анҷом расидааст. Баъд аз анҷоми корҳо дар манораҳо сохтмони фаввораҳо ва корҳои ороишии дохили бино оғоз меёбанд. Ҳоло  андовагарию сангчинӣ давом доранд. Корҳои обу корез ва гузарондани ноқилҳои барқӣ рӯзҳои наздик ва корҳои берунии бино тобистон шурӯъ  мешаванд.
Ҳоло дар сохтмон 650 нафар сохтмончии гуногункасб дар якуним басти корӣ фаъолият доранд. Аксари мутахассисону коргарон сокинони маҳаллианд. Бисёрии онҳо дар хобгоҳ сукунат доранд ва аз ҳисоби корхона бо хӯрок  таъминанд. Маош аз рӯи иҷрои кор пешбинӣ шуда, ба ҳисоби миёна аз ҳазор  то чор ҳазор сомониро ташкил медиҳад.
Маблағи лоиҳавии бунёди масҷид 84 миллион доллар буда, то имрӯз дар корҳои сохтмонӣ ба андозаи қариб 30 миллион доллар иҷро шудаанд. Маҳсулоти сохтмонӣ, аз ҷумла арматураро аз Федератсияи Русия  меоранд. Аз сементи худӣ ҳам васеъ истифода мебаранд.
Корҳои сохтмониро асосан Ҷамъияти саҳомии кушодаи «СТС – Иншоот» бар зимма дорад. Ғайр аз ин ҶММ «Энерго – сервис» корҳои барқӣ ва ҶММ «Риас Инжиниринг Тоҷикистон» як зумра корҳои муҳандисиро анҷом медиҳанд.
- Ғунҷоиши масҷид бо назардошти лоиҳа бо дохилу майдони атрофаш 113 ҳазор нафар мебошад. Ба истифода додани бинои  масҷид нимаи аввали соли 2018 дар назар аст, лекин мо ҳаракат мекунем, ки дари онро барвақттар ба рӯи мардум боз кунем, - гуфт Обидулло Саъдуллоев.

У. МУРОД, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 1.03.2016    №: 42    Мутолиа карданд: 778

15.02.2019


ШАМШЕРБОЗӢ. ИШТИРОКИ ВАРЗИШГАРОНИ МО ДАР ЧЕМПИОНАТИ КУШОДИ ОСИЁИ МАРКАЗӢ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Дар Душанбе ташкили низоми муттаҳидаи мудофиаи зиддиҳавоӣ баррасӣ шуд

Дар чор сол муомилоти мол байни Тоҷикистону Ӯзбекистон 19 маротиба афзуд

Медведев: «Таҳримоти ИМА ба иқтисоди Россия таъсири чандон бузург расонда наметавонад»

Пентагон. ИМА аз Афғонистон ҳамроҳи иттифоқчиёнаш меравад

13.02.2019


2018. Сиёсати хориҷии Тоҷикистон пурбарор буд

КОРРУПСИЯ. 2047 ҷиноят ошкор гардид

САНОАТ. Беш аз 10 миллиард сомонӣ маҳсулот содирот шуд

САРМОЯИ МУСТАҚИМ. Воридот дар ҳоли афзоиш аст

ОБ. Таъминоти аҳолӣ рӯ ба беҳбудӣ дорад

АВҶИ ОБОДКОРИҲО ДАР ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА

12.02.2019


АКАДЕМИЯИ ИЛМҲО АЗ КАШФИЁТИ НАВ ТО САНОАТИ ДОРУСОЗӢ

КӮЛОБ. Содироти 825 тонна маҳсулоти кишоварзӣ

ДАНҒАРА. Саноатикунонӣ вусъат мегирад

ФУРУДГОҲҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ. Сатҳи хизматрасонӣ рӯ ба беҳбудӣ дорад

ДДК. Авлавият ба сатҳи касбият ва таълим

САДА. Тантанаи ҷашни миллӣ дар ноҳияи Шамсиддини Шоҳин

11.02.2019


ВАЗОРАТИ ФАРҲАНГ. 2018 - соли муваффақиятҳо буд

КУМИТАИ РУШДИ САЙЁҲӢ. Беш аз 1 миллион сайёҳ ба Тоҷикистон омад

МТС. Ҳамкориҳо бо Ӯзбекистон густариш меёбанд

ВМКБ. Гумрукчиён ба буҷет 16,9 миллион сомонӣ ворид карданд

ҲИСОР. Саҳми назарраси соҳибкорон дар ободонии шаҳр

НОҲИЯИ РӮДАКӢ. Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот ба 1 миллиард сомонӣ расид

ВАРЗОБ. Таваҷҷуҳи сайёҳон ба нуқтаҳои истироҳатӣ афзудааст

08.02.2019


Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ. Музди миёнаи меҳнат - 1220 сомонӣ

КУМИТАИ ТЕЛЕВИЗИОН ВА РАДИО. Сифати кори шабакаҳо беҳтар мешавад

КҲФМГ. Офатҳои табиат 34 миллион самонӣ хисорот овард

Саноатикунонӣ дар Шаҳринав

Меъёри бозтамвил ба 14 дарсад поён фаромад

ШАҲРИ ВАҲДАТ. Иҷрои барзиёди андози иҷтимоӣ

ТАНЗИМ. Қонуншиканӣ коҳиш ёфтааст

СОҲИЛ. Корҳои мустаҳкамсозӣ вусъат меёбанд

ДДСТДТ. Авлавият ба рушди ҳунарҳои мардумӣ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед