logo

ҳуқуқ

ПОЙТАХТ. ВАЗЪИ ҶИНОЯТКОРИИ НОБОЛИҒОН ТАШВИШОВАР АСТ

Тибқи иттилои Вазорати корҳои дохилӣ соли гузашта аз тарафи ноболиғон 742 ҷиноят содир шудааст. Сарфи назар аз он ки нисбат ба соли 2014 - ум 9 адад ҳолати ҷиноят байни ноболиғон кам шудааст, вазъ то ҳол нигаронкунанда боқӣ мемонад.

Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилӣ, зимни нишасти матбуотӣ иброз дошт, ки вазъи ҷинояткорӣ байни ноболиғон дар пойтахти кишвар ташвишовар аст. "Аксари ҷиноятҳое, ки аз тарафи ноболиғон ба қайд гирифта шудааст, байни хонандагони муассисаҳои таълимӣ сурат гирифтааст". Ҷиноятҳое, ки ноболиғон содир кардаанд: 1 ҳодисаи  куштор, 13 - таҷовуз ба номус, 512 - дуздӣ ва 6 – қаллобӣ. Фаъолияти касбии бахши кор бо ноболиғони Вазорати корҳои дохилӣ дар самти пешгирӣ ва фаҳмондадиҳӣ дуруст ба роҳ монда нашудааст.
Соли гузашта дар шаҳри Душанбе ҳолатҳои ҷанҷоли миёни хонандагони муассисаҳои таълимӣ то куштор оварда расонд. Намунаи чунин ҷиноятҳо баҳси ду ноболиғ дар шабакаи "Одноклассники" мебошад, ки ба занозании гурӯҳӣ ва ҳалокати хамткунандаи мактаби рақами 66 - и шаҳри Душанбе анҷом ёфт.
Шарофат Насриддинова, сокини шаҳри Душанбе, иброз дошт, ки ягона писараш ҳангоми дар синфи 11 - ум таҳсил кардан, дар яке аз маҳалҳои пойтахт, шабона бо рафиқонаш бо гурӯҳе даст ба гиребон шудааст. Муноқишаи байни онҳо ба марги як нафару ҷароҳат бардоштани чанд нафари дигар анҷом меёбад. Дар натиҷа писари ҳамсуҳбати мо 11 сол аз озодӣ маҳрум гардид. Модар бо дарки  бемасъулиятии хеш ва оби чашм мегӯяд, ки «кош ҳамон бегоҳ барои ба берун рафтани писарам монеъ мешудам, шояд ин ҳолат рух намедод».   
Маҳмадулло  Давлатов, равоншинос,  сабабҳои даст ба амалҳои хилофи қонун задани ноболиғонро дар беназоратӣ ва аз омӯзиш барканор мондани онҳо медонад. «Вақте наврас мутолиа дошта бошад ва вазифаҳое монанд ба нигоҳубини паранда, варзиш ва ғайра пеши худ гузошта бошад, ба амалҳои муноқишавӣ ё қаллобӣ даст намезанад. Тарбия аз рӯзи аввал бояд тавассути зеҳн ё ақл ба роҳ монда шавад. Аз кӯдакӣ ба фарзанд дуруст будан ё набудани ин ё он рафтору гуфторашро бояд омӯзонд» - илова менамояд М. Давлатов.
Ҳ. САНГОВА, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 1.03.2016    №: 42    Мутолиа карданд: 661

24.06.2019


Президенти Филиппин моҳи октябр ба Россия меояд

Трамп бо Эрон омодаи гуфтушунид буданашро тасдиқ намуд

Дар Ҳиндустон афтидани хайма боиси марги 14 нафар шуд

СУҒД. Оғози мусобиқаи байналмилалӣ

"ФИЛОСОФИЯ ОТДЫХА" имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистонро таҳлил намуд

Ҷаҳон дар як сатр

21.06.2019


Мулоқоти Хайринисо Юсуфӣ бо Валериу Кивер

Ҳамоиш бахшида ба таъмини устувории макроиқтисодӣ

Муаррифии натиҷаҳои фаъолият дар самти безараргардонии башардӯстонаи минаҳо

20.06.2019


Гумерова: «Омӯзгорони рус дар Тоҷикистон мондан мехоҳанд»

СММ: «Ҳиндустон дар нуфуси аҳолӣ баъди 8 сол аз Чин мегузарад»

Пекин тавсеаи ёрии иқтисодӣ ва башарӣ ба Сурияро зарур мешуморад

Дар Ҷопон ҷазои ҷисмонии кӯдаконро манъ карданд

Ҷаҳон дар як сатр

19.06.2019


Дар Кӯлоб Фестивали ҷумҳуриявии дӯстии ҷавонон баргузор шуд

Баррасии вазъ ва дурнамои ҳамкориҳо

Боздид аз Муассисаи давлатии «Боғи миллии Ваҳдат”

ПАНҶАКЕНТ. Омодагиҳо ба ҷашни фархунда

Писарбачаи тоҷик дар Хабаровск дӯсташро аз чоҳи оби ҷӯш наҷот дод

Тоҷикистону Беларус: «Муҳокимаи тақвияти ҳамкориҳои низомӣ»

Си Ҷинпин азми сафари Ҷумҳурии Халқии Демократии Корея дорад

Ҷаҳон дар як сатр

12.06.2019


ХУҶАНД. "Зирвеко" ба фаъолият мепардозад

Муаррифии асари Си Ҷинпин «Дар бораи идоракунии давлатӣ»

Баргузории конфронси сайёҳӣ дар Рашт

Масоили низоми бонкӣ матраҳ гардид

Дар Чин аз обхезии тобистона 6,75 миллион нафар зарар дид

Дар Ӯзбекистон рӯйхати идҳои касбиро Рӯзи китобдор афзуд

Дар Ҷопон ба солхӯрдаҳо шаҳодатномаи вижаи ронандагӣ медиҳанд

Сокини Британия дар лотерея Ј123 миллион бурд намуд

Ҷаҳон дар як сатр

11.06.2019


Песков: «Путин ба Тоҷикистон ва Қирғизистон сафар мекунад»

Иштироки роҳбарони 11 кишвар дар ҳамоиши Бишкек

Президенти Қазоқистон аз хусуси роҳҳои ҳалли мушкилоти иҷтимоӣ ҳарф зад


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед