logo

сиёсат

АЗ МЕЪМОРИ СУЛҲ ТО ПЕШВОИ МИЛЛАТ

Нақши шахсият дар таърих ва саҳми мондагори як Пешвои миллӣ дар наҷоти давлату миллат яке аз мавзӯҳои муҳими илмҳои ҷамъиятӣ, хусусан, таърих ва сиёсатшиносӣ мебошад. Омӯзиши таърихи муосири Тоҷикистони соҳибистиқлол низ нишон медиҳад, ки як шахсияти соҳибирода, самимӣ ва мардумӣ метавонад дар баланд бардоштани тамаддуни моддӣ ва маънавии миллати худ нақши таърихӣ дошта бошад.
Ин масъалаи муҳим дар Конфронси илмии ҷумҳуриявии «Эмомалӣ Раҳмон - Пешвои миллат ва нақши таърихии ӯ дар баланд бардоштани тамаддуни моддӣ ва маънавии миллат», ки бо ибтикори Ташкилоти ҷамъиятии байналмилалии фонди «Диалоги Авруосиё» 27 феврал дар доираи чорабиниҳо ба муносибати қабул гардидани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат» дар Китобхонаи миллӣ баргузор шуд, мавриди таҳлили ҳамаҷониба қарор гирифт. Муовини якуми вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Низомиддин Зоҳидӣ қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат»-ро моҳиятан маънои эътироф ва арҷгузорӣ ба хизматҳои таърихии фарзанди фарзонаи миллат Эмомалӣ Раҳмон дар баланд бардоштани тамаддуни моддӣ ва маънавии миллати тоҷик маънидод намуд.
Ба андешаи ӯ, як назари иҷмолӣ ба таърихи даврони истиқлолият кофист дарк кунем, ки анҷоми муваффақонаи раванди сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон, пуштибонӣ аз манфиатҳо ва арзишҳои миллӣ, дифоъ аз забон ва таърихи тоҷикон дар сатҳи сиёсати давлат, густариши раванди худогоҳию худшиносии таърихию миллӣ, истеҳкоми зербинои иқтисодиву иҷтимоии давлати дунявӣ ва ҳуқуқбунёди имрӯзаи мо ҳамагӣ натиҷаи сиёсати хирадмандона ва дурнигаронаи Сарвари муаззами Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон мебошанд. Яке аз дастовардҳои афзалиятноки даврони истиқлолият тарҳ ва роҳандозии сиёсати хориҷии давлати соҳибистиқлол аст, ки ба шарофати он кишвари мо мақоми шоистаи худро дар ҷаҳон касб кард. Тарроҳ ва поягузори ин сиёсати хориҷӣ Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон маҳсуб мешавад.
Низомиддин Зоҳидӣ аз ташаббусҳои сатҳи ҷаҳонӣ ё ба ибораи маъмул глобалии Президенти кишвар ёдовар шуда, тазаккур дод, ки имрӯзҳо дар сохторҳои гуногуни Созмони Милали Муттаҳид ташаббуси дигари Эмомалӣ Раҳмон - Даҳсолаи нави байналмилалии «Об барои рушди устувор» мавриди баррасӣ қарор ёфта, заминаҳои татбиқи ин ташаббус амалӣ шуда истодааст. Эълон гардид, ки бо ташаббуси Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Пан Ги Мун ва бо дастгтрии ҷомеаи ҷаҳонӣ ахиран дар СММ Панели сатҳи баланд дар самти масъалаҳои об таъсис ёфт. Аз 197 кишвари узви СММ танҳо сарвари 15 давлате, ки дар баррасии масъалаҳои марбут ба об пешсафу ташаббускор ҳастанд, узви ин панел интихоб гаштанд. Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ба узвияти ин Панели сатҳи баланд пазируфта шуд, ки боиси ифтихори шаҳрвандони Тоҷикистон аст.
Перомуни нақши таърихии Эмомалӣ Раҳмон дар баланд бардоштани тамаддуни моддӣ ва маънавии миллат Маҳкам Маҳмудзода, Раиси Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон, зикр намуд, ки таҳти роҳбарии Сарвари давлат Тоҷикистони соҳибистиқлол роҳи рушди давлати муосири миллиро бо назардошти арзишҳои умумипазируфташудаи ҷомеаи башарӣ ва падидаҳои раванди ҷаҳонишавӣ пеш гирифта, барои пешрафти соҳаҳои гуногуни иқтисодиву иҷтимоӣ, равнақи худшиносии милливу маърифати ҳуқуқӣ қадамҳои устувор мегузорад. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат эътироф гардидани Эмомалӣ Раҳмон натиҷаи қадрдонии талошу заҳматҳои пайгиронаи ӯ дар роҳи эъмори давлати миллии муосири тоҷикон, ки ҷавҳари аслии онро низоми демокративу ҳуқуқбунёд ташкил медиҳад, маҳсуб меёбад.
Зикр гашт, ки имрӯз мардуми Тоҷикистон ба Эмомалӣ Раҳмон на танҳо ҳамчун Сарвари давлат, балки ба як бунёдгузори давлати навин, наҷотбахши миллат, кафили сулҳи пойдор, эҳёгари фарҳангу арзишҳои миллӣ, эҳёгари мактаби давлатдории муосири тоҷикон ва дар маҷмӯъ, ҳамчун ба меъмори Сулҳ ва Пешвои миллат менигаранд. Ин аст, ки дар кишвар ҷонибдорӣ аз Эмомалӣ Раҳмон маънои васеъ ва фарогир дорад. Яъне, ҷонибдорӣ аз Эмомалӣ Раҳмон ба маънои ҷонибдорӣ аз ояндаи устувори давлатдории миллӣ, истиқлолияти сиёсӣ ва фикрии миллат, низоми давлатдорӣ, суботу амнияти ҷомеа ва ҷонибдорӣ аз ваҳдату сарҷамъии миллат мебошад. Зеро сиришти мардумӣ, иродаи қавӣ ва таҷрибаи бузурги Эмомалӣ Раҳмон қалби ҳар шаҳрвандро саршор аз ҳисси боварию эътимод ба фардо, ба ояндаи фарзандони худ ва ба дурнамои давлату миллат менамояд. Ин аст моҳияти Пешвои миллат будан, ин аст моҳияти ба таври воқеӣ Пешвои барҳақи миллат эътироф гардидан.
Дар ҷараёни конфронс ҳамчунин пешниҳод шуд, ки бо дастгирӣ ва мусоидати Созмони Милали Муттаҳид дар Тоҷикистон Пажӯҳишгоҳи Ваҳдати миллӣ ва фарҳанги сулҳи Пешвои миллат, ки бевосита дар даҳсолаи наздик барои амалӣ намудани манфиатҳои миллӣ, тарбияи насли наврас, бахусус ҷавонон дар рӯҳияи садоқат ба Ваҳдати миллӣ ва фаҳмишу дарку қадрдонии сулҳу субот дар Тоҷикистон зарур мебошад, таъсис дода шавад.
- Асл ва асоси пирӯзиҳои таърихии Эмомалӣ Раҳмон ҳадафҳои олии миллӣ ва барномарезиҳои дақиқу созандаи ӯст, ки бо неруи иродати бузурги ватанхоҳию ватандорӣ дар сатҳи сиёсати давлатӣ барои эҳёи иқтидори маънавии тоҷикон ҳама васила ва заминаҳоро муҳайё сохт. Ҳамин сиёсати қавианосир буд, ки ҷомеаро аз буҳрони амиқи сиёсӣ берун овард, бо татбиқи ислоҳоти конститутсинӣ ва поягузориву такмили ҳокимияти давлатӣ дар саросари кишвар низоми собит ва фазои мусоидро устувор намуд, ки он сарчашмаи ҳамаи бунёдкориҳо, тараққиёт ва сарсабзии кишвари мост, - гуфт Носирҷон Салимӣ, ректори Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ.
Бо таваҷҷуҳ ба ин нукта, иштирокдорони ҳамоиш ба ин назар буданд: Президенти мамлакат, воқеан шахсест, ки таҳти роҳбариаш назаран, илман ва амалан давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягонаи Тоҷикистон бунёд гардида, ба харитаи сиёсии ҷаҳон ворид шуд. Ба қадри ӯ расидан, номи ӯро гиромӣ доштан ва роҳи интихобкардаашро ҳифзу идома додан, эҳтиром аз роҳи таърихии муборизаи қаҳрамононаи халқи тоҷик барои истиқлолият ва озодӣ буда, қадршиносӣ аз давлати миллӣ, демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявии Тоҷикистон аст.
Додоҷон РӮЗИЕВ,
 «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 1.03.2016    №: 42    Мутолиа карданд: 676

21.02.2019


ХУҶАНД. Оғози сохтмони бинои нави «Тоҷикстандарт»

ФУТБОЛ. Тақвими бозиҳои тими мунтахаби олимпии кишвар муайян гардид

Табибон аз Тотористон бо ҳампешаҳои тоҷики худ мубодилаи таҷриба мекунанд

Роҳандозии лоиҳаҳои инноватсионӣ дар Қазоқистон

Дар Ҳиндустон 13 иштирокдори тӯй зери чархи мошини боркаш монд

Сӯхтор сабабгори марги ҳафт кӯдак дар Канада

Ҷаҳон дар як сатр

19.02.2019


МАКТАБИ ДАВЛАТДОРИИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН. ЯК ҲАМОИШИ МУҲИМ

Баррасии масъалаҳои рушди сайёҳӣ

Вохӯрии Низомиддин Зоҳидӣ бо Мазен Шамия

Дурнамои рушди муносибатҳо матраҳ гардид

ҶОМИ КУШОДАИ АВРУПО. Муҳаммадризо Қувватов медали биринҷӣ ба даст овард

Авҷи ниҳолшинонӣ

Саҳми соҳибкорон дар ободии деҳот

Ҳамкории тиҷоратию иқтисодии Чин ва Россия густурдатар мегардад

Сарвар Дониш: «Музокироти сулҳ бидуни ҳукумат қурбе надорад»

«Туҳфаи шоҳона» - и Арабистони Саудӣ ба шаҳрвандони Покистон

Дар Қазоқистон маркази амнияти иттилоотӣ ифтитоҳ меёбад

Сокини навраси Шимкент ду нафарро аз сӯхтор наҷот дод

Ҷаҳон дар як сатр

18.02.2019


Боздиди Азим Иброҳим аз ҷараёни корҳои сохтмонӣ

ВКД Ҷиноятҳо 83,6 дарсад ошкор шуданд

Вазорати молия. Барои дастгирии буҷет маблағи бештар ҷалб хоҳад гашт

«BISHKEK OPEN – 2019». Дурахши каратэ-дочиёни навраси тоҷик

«МОҲИЯТ ВА ТАЪЙИНОТИ МАТБУОТИ МАҲАЛЛӢ»

РОҒУН. Ободонӣ вусъат меёбад

АНДОЗ. Нақша 100, 6 дарсад иҷро гардид

ТОҶИКИСТОНУ ӮЗБЕКИСТОН. Гардиши савдо ду баробар афзуд

Тоҷикистон миёни кишварҳои ИДМ ба афзоиши баландтарини ММД муваффақ гашт

Дар Тошканд конфронси байналмилалӣ оид ба Осиёи Марказӣ баргузор мегардад

Қасри сафед: "Музокироти тиҷоратӣ дар Пекин ба пешравӣ мусоидат кард"

Трамп мехоҳад ҷангиёни «Давлати исломӣ» - ро ба Аврупо барои суд кардан баргардонад

Кумитаи амнияти иттилоотии Қазоқистон беш аз 90 сомонаи хавфнокро ошкор сохт

Ҷаҳон дар як сатр


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед