logo

ҳуқуқ

ҲУҶҶАТИ БАРНОМАВИИ СИЁСИЮ ҲУҚУҚӢ

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба мақоми олии қонунгузори кишвар ҳамчун ҳуҷҷати барномавии сиёсию ҳуқуқӣ муайянкунандаи афзалият ва самту шартҳои ташаккулу пешрафти давлату ҷомеа маҳсуб ёфта, дар асоси он равандҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангию идеологӣ мавриди амал қарор дода мешаванд.

Ҳадафҳои дар Паём зикршуда барои муайян кардани роҳҳои ҳалли масоили калидии ҳаёти ҷомеа, паст кардани таъсири омилҳои беруна, алалхусус таъсири буҳрони молиявӣ ба иқтисодӣ миллӣ ва таъмини мақсадҳои давлати иҷтимоӣ, яъне барои фароҳам овардани шароити арзандаи зиндагӣ ба ҳар сокини мамлакат мусоидат мекунанд.
Аз муҳтавои Паём маълум гардид, ки соли 2015 новобаста аз вазъи мураккаби ҷаҳони муосир ва омилҳои манфии иқтисодию молиявӣ, ба давлат ва Ҳукумати кишвар муяссар гардид, ки тамоюли мусбати рушди иқтисодии мамлакат ва суботи сиёсию иҷтимоии ҷомеаро нигоҳ дошта, дар самтҳои гуногуни соҳаҳои хоҷагии халқ ба натиҷаҳои назаррас ноил гардад.
Дар  баробари  соҳаҳои  дигари муҳим, аз  ҷумла  иҷтимоиву иқтисодӣ, рушд ва дастгирии самтҳои афзалиятноки фаъолияти соҳибкорӣ, бо дарназардошти хатарҳои ҷаҳони муосир Президенти кишвар ба масъалаҳои амнияту бехатарии давлат мутаваҷҷеҳ шуда, зикр кард, ки имрӯз терроризм ва экстремизм ҳамчун вабои аср ба амнияти ҷаҳон ва ҳар як сокини сайёра таҳдид карда, барои башарият хатари на камтар аз силоҳи ядроиро ба миён овардааст. Мубориза бо терроризм ва экстремизм фароҳам овардани фазои боварӣ, эҳтиром ва эътирофи манфиатҳои миллии ҳамдигар ва муттаҳид шудани ҳамаи кишварҳои дунёро дар пешорӯи ин хатари умумӣ тақозо менамояд.
Бинобар ин, Президенти ҷумҳурӣ Прокуратураи генералиро вазифадор кард, ки дар ҳамкорӣ бо дигар мақомоти дахлдори давлатӣ ҳарчи зудтар Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистонро оид ба муқовимат ба экстремизм ва терроризм барои солҳои 2016 - 2020 таҳия ва пешниҳод намояд.
Ҳамчунин зикр гардид, ки ҷиҳати дар сатҳи зарурӣ ба роҳ мондани муқовимат ба истифодаи нодурусти шабакаи интернет бо ҳадафҳои экстремистӣ ва террористӣ аз ҷониби Вазорати корҳои дохилӣ, Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, Прокуратураи генералӣ ва дигар мақомоти марбута доир ба масъалаи таъсиси маркази мубориза бар зидди ҷиноятҳо бо истифодаи технологияҳои иттилоотӣ ва кибертерроризм ба Ҳукумат пешниҳоди асоснок манзур карда шавад.
Дар воқеъ, дар минтақаҳои мухталифи олам содиршавии ҷиноятҳои хавфноки муосир, аз қабили терроризм, экстремизми динию мазҳабӣ, муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир, одамфурӯшӣ ва дигар ҷиноятҳои фаромиллӣ ҷомеаи ҷаҳониро ба ташвиш овардааст ва эҳтимолияти содиршавии чунин амалҳои ҷиноятиро дар давлат ва минтақаҳои алоҳида пешгӯӣ кардан ғайриимкон аст. Бинобар ин, ҳадафҳои дар Паём гузошташуда дар ин самт, ба ҳифзи заминаҳои сулҳу субот, тамомияти арзӣ, якпорчагию ваҳдати миллӣ, тартиботи ҳуқуқӣ ва амнияти шаҳрвандон равона шудааст.
Ҳамчунин,  ҳадафҳои Паёми Президенти кишвар барои татбиқи вазифаҳои конститутсионии давлат, таҳкими заминаҳои ҷомеаи адолатпарвар, беҳтар гардидани вазъи некуаҳволии халқ, тақвияти манфиатҳои миллӣ, ҳифзи дастовардҳои истиқлолият ва идомаи пешбурди сиёсати мутавозини дарҳои кушода нигаронда шуда, барои пешрафти ҷомеаи демокративу ҳуқуқбунёд, ки дар он инсон ва ҳуқуқу озодиҳои ӯ арзиши олӣ эътироф шудаанд, мусоидат мекунад.

Даврон ҲОШИМЗОДА,
судяи Суди конститутсионии
Ҷумҳурии Тоҷикистон,
номзади илми ҳуқуқ


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 1.03.2016    №: 42    Мутолиа карданд: 604

15.02.2019


ШАМШЕРБОЗӢ. ИШТИРОКИ ВАРЗИШГАРОНИ МО ДАР ЧЕМПИОНАТИ КУШОДИ ОСИЁИ МАРКАЗӢ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Дар Душанбе ташкили низоми муттаҳидаи мудофиаи зиддиҳавоӣ баррасӣ шуд

Дар чор сол муомилоти мол байни Тоҷикистону Ӯзбекистон 19 маротиба афзуд

Медведев: «Таҳримоти ИМА ба иқтисоди Россия таъсири чандон бузург расонда наметавонад»

Пентагон. ИМА аз Афғонистон ҳамроҳи иттифоқчиёнаш меравад

13.02.2019


2018. Сиёсати хориҷии Тоҷикистон пурбарор буд

КОРРУПСИЯ. 2047 ҷиноят ошкор гардид

САНОАТ. Беш аз 10 миллиард сомонӣ маҳсулот содирот шуд

САРМОЯИ МУСТАҚИМ. Воридот дар ҳоли афзоиш аст

ОБ. Таъминоти аҳолӣ рӯ ба беҳбудӣ дорад

АВҶИ ОБОДКОРИҲО ДАР ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА

12.02.2019


АКАДЕМИЯИ ИЛМҲО АЗ КАШФИЁТИ НАВ ТО САНОАТИ ДОРУСОЗӢ

КӮЛОБ. Содироти 825 тонна маҳсулоти кишоварзӣ

ДАНҒАРА. Саноатикунонӣ вусъат мегирад

ФУРУДГОҲҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ. Сатҳи хизматрасонӣ рӯ ба беҳбудӣ дорад

ДДК. Авлавият ба сатҳи касбият ва таълим

САДА. Тантанаи ҷашни миллӣ дар ноҳияи Шамсиддини Шоҳин

11.02.2019


ВАЗОРАТИ ФАРҲАНГ. 2018 - соли муваффақиятҳо буд

КУМИТАИ РУШДИ САЙЁҲӢ. Беш аз 1 миллион сайёҳ ба Тоҷикистон омад

МТС. Ҳамкориҳо бо Ӯзбекистон густариш меёбанд

ВМКБ. Гумрукчиён ба буҷет 16,9 миллион сомонӣ ворид карданд

ҲИСОР. Саҳми назарраси соҳибкорон дар ободонии шаҳр

НОҲИЯИ РӮДАКӢ. Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот ба 1 миллиард сомонӣ расид

ВАРЗОБ. Таваҷҷуҳи сайёҳон ба нуқтаҳои истироҳатӣ афзудааст

08.02.2019


Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ. Музди миёнаи меҳнат - 1220 сомонӣ

КУМИТАИ ТЕЛЕВИЗИОН ВА РАДИО. Сифати кори шабакаҳо беҳтар мешавад

КҲФМГ. Офатҳои табиат 34 миллион самонӣ хисорот овард

Саноатикунонӣ дар Шаҳринав

Меъёри бозтамвил ба 14 дарсад поён фаромад

ШАҲРИ ВАҲДАТ. Иҷрои барзиёди андози иҷтимоӣ

ТАНЗИМ. Қонуншиканӣ коҳиш ёфтааст

СОҲИЛ. Корҳои мустаҳкамсозӣ вусъат меёбанд

ДДСТДТ. Авлавият ба рушди ҳунарҳои мардумӣ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед