logo

фарҳанг

НАВРӮЗ ҶАШНИ ИНСОНИЯТ АСТ

Ҳамасола бахти ту пирӯз бод,
Ҳама рӯзгори ту Наврӯз бод!
                              (Ҳаким Фирдавсӣ)

Яке аз муҳимтарин падидаҳои фараҳбахш дар соли 2010 бо қарори ниҳоди фарҳангии Созмони Милали Муттаҳид «Юнеско» эътибори ҷаҳонӣ додан ба Наврӯз, ҷашни миллӣ ва бостонии халқҳои форсизабон буд.
Ин паёми шодиафзо бузургтарин ҳадяи наврӯзӣ, бахусус барои мардуми тоҷик буд, зеро ин мардум ҳақ дорад онро ба унвони як пирӯзии азими маънавии худ дар сатҳи ҷаҳонӣ бипазирад ва бо он ифтихор намояд, зеро ҳифз ва эҳёи Наврӯз дар давоми садаҳо як унсури ҳамешагии пайкори маънавии миллат ва фарзандони фарзонаи он дар ростои нигаҳдорӣ ва бозофаринии ҳувият ва худвижагии таърихӣ будааст. Хусусан, дар садаҳои охир, ки идомаи ҳастии миллати тоҷик ба буҳронҳои ҷиддӣ рӯ ба рӯ шуда буд, ёду хотири ин ҷашни шукӯҳманд ва эҳёгарро мисли охирин як ниҳол шамъи афрӯхта дар шабҳои тӯфонӣ дар фонуси вуҷудаш ҳифз мекард, то роҳи худро ба сӯи оянда пайдо намояд ва дар кӯрароҳи таърих по ба вартаи бенишонӣ нагузорад.
Дар остонаи даврони истиқлоли миллӣ ва солҳои истиқлол ҷашни Наврӯз бо шукӯҳи рӯзафзун сол ба сол мизони рушду камол ва ба самар расидани ин истиқлолро ба намоиш мегузошт. Таваҷҷуҳи хос дар сатҳи давлатӣ ва барномаҳои расмии таҷлили ин ҷашни бостонӣ ба эҳёи дигарбораи суннатҳои наврӯзӣ мусоидат намуд ва беш аз ин метавон гуфт, ки расмият ва бузургдошти Наврӯз дар Тоҷикистон ба ҳадди зиёде барои эҳёи ин ҷашн дар минтақа ва шуҳрату мақбулияти ҷаҳонии он мусоидат намуд.
Аз нигоҳи дигар, Наврӯз моҳиятан аз ибтидои пайдоиши худ хислати байналмилалӣ ва умумибашарӣ доштааст ва ин ибтикори созмони Юнеско як навъ тасдиқи воқеияти таърихӣ будааст. Агар ба машҳуртарин ривояти пайдоиши Наврӯз таваҷҷуҳ шавад, ки ҳамоно бунёд ниҳодани ин ҷашн ба дасти Ҷамшед мебошад, қаламрави Ҷамшед тақрибан баробар ба густараи тамаддуни рӯзгори ӯ дониста мешавад ва Ҷамшед дар ин рӯз аст, ки нишаста бар тахти заррини осмоннаварди худ аз Эрон ба Бобул меравад. Қаламрави Наврӯз ва паҳнаи густариши он дар миёни халқиятҳо ва миллатҳои гуногуни ҷаҳон дар тамоми дарозои таърих ба гунаест, ки наметавон байналмилалӣ ва ҷаҳонӣ будани ин ҷашнро нодида гирифт.
Аммо он чи ин ҷашни бостонии моро дорои моҳияти умумиинсонӣ мекунад, нуктаҳои дақиқи илмӣ ва маънавие мебошад, ки маҷмӯаи онҳо имкон медиҳад ин падидаи нодир ба унвони як бахши тамомиёри тамаддун бо ному нишони «Фарҳанги Наврӯз» шинохта ва муаррифӣ гардад.
Аз назари илмӣ ва табиӣ фарҳанги Наврӯз бар пояи дақиқтарин натиҷаҳои дониши кайҳоншиносӣ ва гоҳшуморӣ устувор буда, бо ҳисоби дақиқтар аз сонияҳо замони оғози таҳаввулоти табиии ҷаҳонро бо шукӯҳу ҷалоли хос сабт ва мунташир мекунад. Аз ин рӯ, сириштан он наметавонад дар як тангно ва гӯшае аз ин кайҳон маҳдуд бимонад, балки дар сартосари он мисли нурҳои офтоб партав меафканад. Аз диди маънавӣ фарҳанги Наврӯз аз ҳеҷ навъ падида ё мазҳари хосе маншаъ намегирад, ки битавонад бо фарҳангҳои башарии мавҷуд дар тамоми гӯшаҳои дигари ҷаҳон ба мухолифат ва инкор дучор гардад. Ончи дар фарҳанги Наврӯз қобили инкор ва мухолифат аст, мазоҳири бадӣ  ва аҳриманист, ки барои ҳама инсоният номатлуб ва нопазиро мебошад. Ба ин далел аст, ки бо вуҷуди таҳаввулоти гуногуни фарҳангиву ақидавӣ ва эътиқодиву ойинӣ ин ҷашни бостонӣ дар миёни мардуми форсизабон пойдор монда, беш аз ин ба воситаи онҳо ба миллатҳои дигар интиқол ёфтааст.
Зоҳиран, аз он замоне, ки дар кишварҳои форсизабон ва мусулмон ба истилоҳ фарҳангҳои сиёсии наздик ба ҷаҳони муосир ба вуҷуд омадааст, адибоне барои баёни бевоситаи ин таносуб ва ҳамсозии фарҳанги тақвимӣ (бостонӣ ва исломӣ) эҳсоси ниёз кардаанд ва ин маъноро ба таври мустақим таъкид намудаанд. Аз ҷумлаи онҳо Адибулмамолик Фароҳонӣ (1860-1917) мебошад, ки дар шеъре бо ишора ба ин нукта гуфтааст:
Биё, ки иди Араб ҷуфт шуд ба иди Аҷам,
Расид лашкари Наврӯз в-Азҳо аз пайи ҳам.
Ду рӯзи фаррух тавъам ба якдигар гаштанд,
Чунон ки давлату дин шуд ба якдигар тавъам.
Ливои оли Халилу дирафши Афредун
Фароштанд ба як ҷо бар осмон парчам…

Нуктае, ки бештар аз ҳама мавриди таваҷҷуҳи ин суханварон будааст, ҳамон баробарӣ, эътидол, адолатест, ки дар таҳти мазмуни баробарӣ ва эътидоли кайҳониву табиӣ ва ба ин восита маънавии фарҳанги Наврӯз нуҳуфтааст. Баробарӣ, адолат ва таносубе, ки сулҳу осоиш ва пирӯзиву хуррамиро ба армуғон меорад. Амир Муиззӣ давлати пирӯз ва адли мамдӯҳи худро бо сиришки абри наврӯзӣ ва боди фарвадин қиёс мекунад:
Давлати пирӯзу адли оламафрӯзи ту ҳаст
Чун сиришки абри наврӯзиву боди фарвадин.

Дар мавриди дигар сулҳро аз сиришт ва табиати наврӯз мебинад ва хусуматро бо он бегона медонад:
Боди наврӯзӣ бо боғ ҳаме сулҳ кунад,
Ману ту - ҳар ду чаро беҳуда бошем ба ҷанг?

Имрӯз, дар ҳоле ки миллатҳои дорои тамаддунҳои хоси бостонӣ дар баробари тӯфони ҳувиятзудои ҷаҳонишавӣ шадидан эҳсоси нигаронӣ мекунанд, аз чунин як марҷаъи муътабари байналмилалӣ - ба расмият шинохта шудани ҷашни бостонии Наврӯз ва эътибори ҷаҳонӣ пайдо кардани он, моро ба ояндаи дурахшони фарҳанги миллии худ хушбин ва мутмаин мекунад. Бино бар ин ба воситаи барномаҳои муфассал ва огоҳона ниҳодин ва фарогир кардани фарҳанги Наврӯз аз ҷумлаи тадбирҳоест, ки ҳам барои ҳидояти садоқатмандон ба ин арзишҳо дар роҳи солиму созанда, эҷоди ваҳдати маънавӣ ва фарҳангӣ дар сатҳи миллӣ ва ҳам барои падидор ва собит кардани сиришти башардӯстонаи фарҳанги тоҷикӣ дар сатҳи байналмилалӣ бисёр судманд ва як фурсати ғанимат мебошад.

Рустами ВАҲҲОБ


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 2.03.2016    №: 43    Мутолиа карданд: 701

12.06.2019


ХУҶАНД. "Зирвеко" ба фаъолият мепардозад

Муаррифии асари Си Ҷинпин «Дар бораи идоракунии давлатӣ»

Баргузории конфронси сайёҳӣ дар Рашт

Масоили низоми бонкӣ матраҳ гардид

Дар Чин аз обхезии тобистона 6,75 миллион нафар зарар дид

Дар Ӯзбекистон рӯйхати идҳои касбиро Рӯзи китобдор афзуд

Дар Ҷопон ба солхӯрдаҳо шаҳодатномаи вижаи ронандагӣ медиҳанд

Сокини Британия дар лотерея Ј123 миллион бурд намуд

Ҷаҳон дар як сатр

11.06.2019


Песков: «Путин ба Тоҷикистон ва Қирғизистон сафар мекунад»

Иштироки роҳбарони 11 кишвар дар ҳамоиши Бишкек

Президенти Қазоқистон аз хусуси роҳҳои ҳалли мушкилоти иҷтимоӣ ҳарф зад

Ҷаҳон дар як сатр

ФАРХОР. Бонувон ба ҳунаромӯзӣ ҳавасманд мешаванд

"Куллиёт" - и Миробид Саййидои Насафӣ

04.06.2019


Лукашенко: "Эмомалӣ Раҳмонро оммаи мардум интизор аст"

Бунёдкорони роботтехникаи Россия ва Чин дар Владивосток ҷамъ омаданд

Ҷаҳон дар як сатр

Машварати сиёсии вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Белгия

Муаррифии портали хизматрасониҳои электронӣ барои андозсупорандагон

Дар ноҳияи Рашт конфронси минтақавӣ баргузор мегардад

ФУТБОЛ. Ду бозии рафиқона бо мунтахаби Ӯзбекистон

03.06.2019


Дар Тоҷикистон баландтарин афзоиши теъдоди сайёҳон ба қайд гирифта шуд

Гармои тоқатфарсо дар Ҳиндустон

Тасдиқи барнома оид ба бозомӯзии касбии кормандони соҳаи маориф

Иди саиди Фитр 5 июн таҷлил мешавад

Форуми байналмилалии сармоягузории «Кӯлоб – 2019» баргузор мегардад

Ёқубҷон Абдуманнонзода - соҳиби дипломи озмуни «Килки тиллоӣ»

Ҷаҳон дар як сатр

29.05.2019


Путин бо нахустпрезиденти Қазоқистон вохӯрд

Раиси Шӯрои Аврупо Доналд Туск ба Тоҷикистон меояд

Мусофири ҳавопаймо аз фурӯбарии 1,5 кг кокаин ба ҳалокат расид

Ҷаҳон дар як сатр

28.05.2019


Дар Қазоқистон ба бунёди ширкатҳои давлатӣ мораторий ҷорӣ карданд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед