logo

иқтисод

ОБРАСОНӢ. БАРОИ ҲАЛЛИ МУШКИЛИҲО ЧӢ БОЯД КАРД?

Талаботи аввалиндараҷаи инсон ба об, ғизо ва ҳаво ҳамеша бетағйир мемонад. Бо вуҷуди он ки дар самти бо оби нӯшиданӣ таъмин намудани аҳолӣ ташкилоту муассисаҳои салоҳиятдор фаъолият доранд, соҳаи  мазкур ба мушкилиҳо мувоҷеҳ аст. На ҳамаи аҳолии шаҳру ноҳияҳои кишвар бо оби тоза дастрасӣ доранд. Дар робита ба проблемаи норасоии оби тоза ва роҳҳои босамари ҳалли масъала Баҳодур Ҳабибов, раиси «Иттифоқи истеъмолкунандагони Тоҷикистон»,  ба хабарнигори рӯзнома чунин гуфт:
- Истифодаи оқилонаи оби нӯшиданӣ, обрасонии мунтазам, нигоҳдорӣ ва истифодабарии дурусти шабакаҳои обтаъминкунӣ вазифаи таъмингарону истеъмолкунандагон аст. Ҷустуҷӯи роҳҳои босамари таъмин намудани фаъолияти доимии шабакаҳои обтаъминкунӣ талаботи рӯзи соҳа мебошад. Сарчашмаи асосии молиявии соҳа маблағҳои шаҳрвандон -  истеъмолкунандагоне мебошад, ки аз шабакаи обтаъминкунӣ истифода мебаранд.  Аммо на ҳамаи истифодабарандагон ҳаққи  обрасониро сари вақт пардохт мекунанд. Ташкилотҳои обтаъминкунанда бошанд, ҳоло дар асоси принсипҳои бозоргонӣ кор карданро наомӯхтаанд.
Мушкилоти дигар фаъолияти ғайриқаноатбахши ташкилотҳои обтаъминкунанда ва ё набудани чунин ташкилотҳо мебошад. Аксари муассисаҳои масъули мавҷуда - корхонаҳои фаръии обу корези ҷумҳуриявӣ, шаҳру ноҳиявӣ ва муассисаҳои дигари давлатӣ  дар сатҳи ноҳия, вилоят ва баъзан дар ҷумҳурӣ мавқеи инҳисорӣ  доранд, ки ин ба соҳа таъсири манфӣ мерасонад. 
Яке аз шаклҳои босамари идоракунии шабакаҳои обтаъминкунӣ таъсиси ассотсиатсияҳои истифодабарандагони об аст. Чунин ташкилот  аъзоҳаққии истифодабарандагони хизматрасониро муайяну ҷамъоварӣ ва аз масъулон  хизматрасонии босифатро талаб менамояд.
Роҳи дигари беҳтар намудани вазъи соҳа  рушди ҳамкории шартномавӣ байни таъминкунандагон ва истеъмолкунандагони оби нӯшиданӣ мебошад.
Яъне, истеъмолкунанда бар ивази маблағи муайяни худ хизматрасонии муайянро талаб менамояд. Ҳуқуқ ва уҳдадориҳои истеъмолкунандагон ва таъмикунандагонро қонунгузорӣ ба танзим медарорад. Дар ин ҳол фаъол будани истеъмолкунандагон ва таъминкунандагон дар ҳимояи ҳуқуқу манфиатҳои хеш нақши аввалиндараҷа мебозад.
Новобаста аз шакл ва ҳуқуқи моликият, омили асосии беҳгардонии соҳаи обтаъминкунӣ, идоракунии матлуб, аз рӯи виҷдон кор кардан ва муносибат бо муштарӣ мебошад. Принсипҳои асосии идоракунии муносиб - ин шаффофият, ҳисоботдиҳӣ ва иштироки шаҳрвандон - истеъмолкунандагон дар ҷараёни идоракунӣ ва қабул намудани қарорҳои ташкилот мебошад.
Маҳз бо назардошти ин омилҳо Иттифоқи истеъмолкунандагони Тоҷикистон аз соли 2009 инҷониб гузарондани семинар – машваратҳоро ҷиҳати баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии истеъмолгарон ва хидматгузорони бахши таъминот бо об  пеш гирифтааст.  Кор дар ин самт дар якчанд ноҳияи пилотии ҷумҳурӣ ҷараён дорад ва дар нақша аст, ки амали мазкур дар тамоми ҷумҳурӣ роҳандозӣ шавад.   

Матлубаи АБДУҚАҲҲОР,
«Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 3.03.2016    №: 44    Мутолиа карданд: 472

13.11.2018


Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин ва Юе Бин

Баимзорасии ёддошти тафоҳум

Нақшаи чорабиниҳои амалӣ намудани корҳои ободонию бунёдкорӣ дар давраи солҳои 2019 – 2021 тасдиқ гардид

БӮСТОН. Таҷдиди шуъбаи урология

ВАҲДАТ. 5 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд

ЁВОН СИМОИ ТОЗА МЕГИРАД

НОҲИЯИ ШАМСИДДИНИ ШОҲИН. Кӯшишҳо самар медиҳанд

"Дар ин дунё Карим Девонае буд"

Ҳузури бераводиди тоҷикистониён дар Туркия 3 баробар дароз шуд

Аврупо дар бозёбии партовҳои уран дар Тоҷикистон саҳм мегирад

Москва аз ҷумлаи даҳ шаҳри беҳтарини дунёст

Гунаҳгорони ҳалокати 52 ӯзбекистонӣ зиндонӣ шуданд

Чин дар ҷаҳон калонтарин воридкунандаи газ

Ҷаҳон дар як сатр

ҚУБОДИЁН. 48 медали варзишгарон дар нуҳ моҳ

12.11.2018


Дар Париж ҳамоиши сулҳ ифтитоҳ ёфт

Бо эҳтимоми ҳукумати Ҳиндустон нархи сӯзишворӣ арзон мешавад

ЭКСПО дар Шанхай: шартномаҳо ба маблағи қариб $60 миллиард ба тасвиб расиданд

Сӯхтори ҷангал дар Калифорния боиси ҳалокати 25 нафар гашт

Ҷаҳон дар як сатр

ВАХШ. Суратҳисоби бонкӣ барои ятимон

ОЛИМПИАДАИ “GENIUSKIDS – 2018” 35 медали хонандагони тоҷик

САМБО. Хушқадам Хусравов – қаҳрамони ҷаҳон

09.11.2018


Ҳамоишҳои ҷавонон бахшида ба Рӯзи Президент

Баррасии масоили рушди ҳамкориҳо

Мулоқоти Юсуф Раҳмон бо Кристофер Рэй

Таъсиси гурӯҳи корӣ баҳри иҷрои «Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳри Душанбе барои давраи то соли 2025»

Давлаталӣ Саид дар Корея

20-умин конфронси расонаҳои Осиёи Марказӣ дар Остона баргузор шуд

«Толибон» рӯйхати иштирокдорони мушовараи Москваро интишор дод

Таърихшиноси фаронсавӣ ба Макрон нақши Россияро дар наҷоти Аврупо хотиррасон кард

Ҷаҳон дар як сатр

"TASHKENT GRAND PRIX" ИШТИРОКИ ПАҲЛАВОНОНИ ТОҶИК ДАР ОН

"Истиқлол" бори ҳафтум чемпиони Тоҷикистон шуд!


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед