logo

иқтисод

НИҲОЛШИНОНӢ ҲАНӮЗ БОҒДОРӢ НЕСТ!

Бо мақсади дастрасӣ ба навъҳои босифати ниҳолҳои мевадиҳанда, сояафкан, гулу буттаҳои ороишӣ  ва тухмии зироатҳо тайи як ҳафтаи охир дар ҷумҳурӣ чандин намоиш — фурӯш баргузор гардид.
Дар   ярмаркаи ниҳол ва гулу буттаҳои ороишии охир -  дар шафати маҷмааи савдои «Пойтахт-90»  аз ҷониби хоҷагиҳои ниҳолпарвари ҷумҳурӣ беш аз 700 ҳазор ниҳол ва гулу буттаҳои ороишӣ ба фурӯш гузошта шуданд. Ҳадаф аз иқдоми  мазкур,  ки бевосита аз ҷониби Ҳукумати ҷумҳурӣ роҳандозӣ шудааст,  мусоидат ба  рушди босифати  соҳаи боғу токпарварӣ мебошад.
Дар чорабинӣ маҳсули хоҷагиҳои ниҳолпарварии КВД «Тоҷикниҳолпарвар», аз ҷумла «Искич»-и ноҳияи Ҳисор, хоҷагии  «Мирзо Турсунзода» - и ноҳияи Шаҳринав, хоҷагиҳои шаҳрҳои Ваҳдат, Турсунзода, Панҷакент, ноҳияҳои Мир Саид Алии Ҳамадонӣ, Данғара, Шаҳристон, Ашт ва Агентии хоҷагии ҷангал пешкаши харидорон гардиданд. Аммо то куҷо чорабиниҳо талаботи боғдоронро вобаста ба дарёфти навъҳои хуби ниҳолони мевадиҳанда, кафолати сабзиши онҳо  ва  беҳтар намудани сифати маҳсулот қонеъ сохтаанд? Оё чунин намоишҳо фақат ба хотири фурӯши маҳсулоти хоҷагиҳост?
Зимни баргузории намоиш – фурӯш аксари деҳқонон изҳор намуданд, ки   бархе ниҳолон пас аз шинондан  хуб нашъунамо накарда,  аз сабзиш мемонанд. Ҳол он ки ҳангоми фурӯш ниҳолпарварон  самаранокии онҳоро кафолат додаанд. Навъҳое, ки аз фурӯшгоҳҳо харида мешаванд, баъзан ҳангоми ҳосилбандӣ  тамоман меваи дигар ба бор меоранд. Бо вуҷуди он ки ҷамъиятҳои ниҳолпарвар дар ярмаркаи ниҳол сертификати худро ба харидорон пешкаш месозанд, аммо хуб сабзиш наёфтани як қисми  ниҳолон воқеӣ будани ҳуҷҷати онҳоро зери суол қарор медиҳад. Ба ҳар ҳол сифати ниҳол ва дастрасӣ ба он ба тариқи ташкили чунин чорабиниҳо нисбат ба солҳои қаблӣ беҳтар гардидааст. Агар масъулон ҳолати сертификатсияи маҳсулоти  ниҳолпарваронро  зери назорати ҷиддӣ қарор диҳанд, мушкилоти ҷойдошта ба зудӣ ҳалли худро меёбад.
Киромиддин Холов, муовини сардори раёсати рустанипарварии Вазорати кишоварзии ҷумҳурӣ, изҳор дошт, ки сертификати чунин ҷамъиятҳо ва ниҳолпарварони инфиродӣ  ҳамеша  аз ҷониби масъулони Бозрасии давлатии назорати тухмӣ  талаб карда мешавад. Вақте чунин хоҷагиҳо ниҳоли дарахтонро  ба фурӯш мегузоранд бояд сертификати мутобиқати навъу намуди онро дошта бошанд. Пеш аз додани ҳуҷҷати сифат  маҳсулоти  онҳо аз санҷиши бозрасӣ мегузарад. Барои бидуни сертификат ба фурӯш гузоштани ниҳол ҷавобгарии маъмурӣ муқаррар гардидааст.  
Дар намоиш ҳамчунин аз ҷониби олимону мутахассисони Академияи илмҳо доир ба парвариши ниҳолон, тарзи пайвандсозӣ ва   шинонданашон маслиҳатҳо дода шуд. Вале  ҳангоми баргузории чорабинӣ дар ҷое фурӯши доруҳои зидди зараррасонҳо ва маслиҳати мутахассисони соҳаро вобаста ба аҳамияту роҳҳои истифодаи онҳо барнахӯрдем, ки ин камбудӣ низ ислоҳ мехоҳад.
Қаҳҳор Қаҳҳоров, мудири кафедраи ҳифз ва карантини рустаниҳои Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон, гуфт, ки азбаски доруҳои зидди касалии дарахтони мева имрӯз хеле каманд, дар мавсими баҳор паҳншавии бемориҳои дарахтон  зиёд мешавад. Ҳарчанд имрӯзҳо кишоварзон  баъзе доруҳоро истифода мекунанд, вале бо сабаби пастсифатии онҳо касалиҳо ва ҳашароти зараррасон аз байн намераванд. Барои истеҳсоли маводи кимиёии зидди касалӣ ва ҳашароти зараррасон ҳоло ташкили як озмоишгоҳи махсус зарур аст. Дар озмоишгоҳ баробари истеҳсол сифати доруҳо низ санҷида шуда, ба кишоварзон маводи беҳтари мубориза бар зидди  зараррасонҳо дастрас гардад, то ин ки  дар ин самт боғпарварон фиреб нахӯранд. Ба ғайр аз ин, деҳқонон  қоидаи истифодаи онҳоро  бояд хуб донанд. Аз ҷумла, бар зидди касалиҳои замбурӯғии дарахтон ва ҳашарот  дар вақти оромии онҳо, яъне моҳҳои ноябр – декабр бояд дору пошанд.
Чунончи аз мисолҳои боло бармеояд, тадбирҳои андешидаи масъулони Вазорати кишоварзиро дар самти рушди боғу токпарварӣ ҳанӯз қонеъкунанда наметавон гуфт, зеро ба қавли деҳқонон ниҳолшинонӣ ҳанӯз боғдорӣ нест.
Ташрифулло САЪДУЛЛОЕВ,
«Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 3.03.2016    №: 44    Мутолиа карданд: 501

22.02.2019


Ҷаласаи Комиссияи сетарафаи танзими муносибатҳои иҷтимоию меҳнатӣ

Забони тоҷикӣ таърихи зиёда аз чорҳазорсолаи хату алифбо дорад

ББТ барои фаъолияти оператори низоми пардохтии “Осон” иҷозатнома гирифт

МАВСИМИ НАВИ ЛИГАИ ОЛӢ МОҲИ АПРЕЛ ОҒОЗ МЕГАРДАД

Путин самтҳои асосии сиёсати хориҷии Россияро тавзеҳ дод

Хадамоти вижаи 7 кишвари ИДМ машқи "Арарат-Антитеррор" мегузаронанд

Чин дар кайҳон неругоҳи барқи офтобӣ месозад

21.02.2019


ХУҶАНД. Оғози сохтмони бинои нави «Тоҷикстандарт»

ФУТБОЛ. Тақвими бозиҳои тими мунтахаби олимпии кишвар муайян гардид

Табибон аз Тотористон бо ҳампешаҳои тоҷики худ мубодилаи таҷриба мекунанд

Роҳандозии лоиҳаҳои инноватсионӣ дар Қазоқистон

Дар Ҳиндустон 13 иштирокдори тӯй зери чархи мошини боркаш монд

Сӯхтор сабабгори марги ҳафт кӯдак дар Канада

Ҷаҳон дар як сатр

19.02.2019


МАКТАБИ ДАВЛАТДОРИИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН. ЯК ҲАМОИШИ МУҲИМ

Баррасии масъалаҳои рушди сайёҳӣ

Вохӯрии Низомиддин Зоҳидӣ бо Мазен Шамия

Дурнамои рушди муносибатҳо матраҳ гардид

ҶОМИ КУШОДАИ АВРУПО. Муҳаммадризо Қувватов медали биринҷӣ ба даст овард

Авҷи ниҳолшинонӣ

Саҳми соҳибкорон дар ободии деҳот

Ҳамкории тиҷоратию иқтисодии Чин ва Россия густурдатар мегардад

Сарвар Дониш: «Музокироти сулҳ бидуни ҳукумат қурбе надорад»

«Туҳфаи шоҳона» - и Арабистони Саудӣ ба шаҳрвандони Покистон

Дар Қазоқистон маркази амнияти иттилоотӣ ифтитоҳ меёбад

Сокини навраси Шимкент ду нафарро аз сӯхтор наҷот дод

Ҷаҳон дар як сатр

18.02.2019


Боздиди Азим Иброҳим аз ҷараёни корҳои сохтмонӣ

ВКД Ҷиноятҳо 83,6 дарсад ошкор шуданд

Вазорати молия. Барои дастгирии буҷет маблағи бештар ҷалб хоҳад гашт

«BISHKEK OPEN – 2019». Дурахши каратэ-дочиёни навраси тоҷик

«МОҲИЯТ ВА ТАЪЙИНОТИ МАТБУОТИ МАҲАЛЛӢ»

РОҒУН. Ободонӣ вусъат меёбад

АНДОЗ. Нақша 100, 6 дарсад иҷро гардид


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед