logo

иқтисод

ДАТ: КАДРҲО БОЯД ДОНАНД!

Ҷаҳони муосир ҳарчи бештар ба дигаргунсозиҳо дар соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ, сиёсиву фарҳангӣ, илмию техникӣ ва аз ҷумла омода намудани кадрҳои босавод дар соҳаи истеҳсолоти кишоварзӣ ниёз пайдо мекунад. Кишоварзӣ яке аз соҳаҳои асосии иқтисодии кишвар ба ҳисоб рафта, заминдорӣ ва чорвопарварӣ самтҳои муҳими он мебошанд. Коркарди саноатии маҳсулоти кишоварзӣ метавонад ҷумҳуриро дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ карда, ба талаботи бозори ҷаҳонӣ ҷавобгӯй намояд.
Ҳар меваю сабзавоти аз замин рӯида ниёз ба хоки серғизо ва шароити обу ҳавои мусоид дорад. Масалан, пахта дар водиҳои Вахш, Ҳисору Фарғона хуб нашъунамо карда, ҳосили дилхоҳ медиҳад. Боғу токпарварӣ дар вилояти Суғд, минтақаҳои Ҳисор ва Рашт, картошкапарварӣ дар ноҳияҳои Мастчоҳу Тоҷикобод ва Тавилдара мувофиқ аст. Пешвои миллат, Президенти ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми имсолаи худ зикр карданд: «Солҳои охир афзоиши солонаи истеҳсоли маҳсулоти умумии кишоварзӣ ба ҳисоби миёна беш аз 7 дарсад ва дар соли 2015 3,2 дарсадро ташкил намуд. Ҳоло захираҳои бозори истеъмолии кишвар аз ҳисоби истеҳсоли маҳсулоти соҳаи кишоварзии мамлакат ташаккул ёфта, ин раванд ба фаровонии бозори истеъмолӣ ва нархи  маҳсулот таъсири мусбат  расонда истодааст». Президенти ҷумҳурӣ  ба  тамоми кишоварзони мамлакат  барои меҳнати софдилонаашон ба хотири афзун намудани истеҳсоли маҳсулот, фаровон гардондани бозори истеъмолӣ ва таъмини аҳолӣ бо маҳсулоти ғизоӣ изҳори сипос намуданд, ки ин боиси ифтихори кормандони соҳаи кишоварзии кишвар аст.
Пешвои миллат ба соҳибкорони ватанӣ супориш доданд, ки онҳо дар кишвар барои нигоҳдории меваю сабзавот бо технологияи замони муосир гармхонаю сардхонаҳо сохта ба истифода диҳанд. Аз ин рӯ, барои ин корхонаҳо кадрҳои ихтисосманди соҳа заруранд, ки дар Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон инро вазифаи асосии худ медонанд.
Вале баъзе донишҷӯён ба касби интихобкардаи худ хунукназарона нигоҳ мекунанд ва рӯйирост мегӯянд, ки аз пешаи интихобкардаашон пушаймонанд. Ман ҳамчун омӯзгор беҳтарин будани касби онҳоро дар ҷомеаи имрӯза шарҳ дода, таъкид менамоям, ки соҳаи кишоварзии мамлакат оянда дар дасти шумост. Аз Роҳбари давлат то халқи одӣ умед бар шумо доранд. Чунки шумо бо замин сару кор доред. Замин бошад, моро мехӯронад, мепӯшонад ва дар оянда зиндагии ҳар нафари шуморо рангину гуворо мегардонад.
Замира БЕРДИҚУЛОВА,
омӯзгори Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 3.03.2016    №: 44    Мутолиа карданд: 560

13.11.2018


Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин ва Юе Бин

Баимзорасии ёддошти тафоҳум

Нақшаи чорабиниҳои амалӣ намудани корҳои ободонию бунёдкорӣ дар давраи солҳои 2019 – 2021 тасдиқ гардид

БӮСТОН. Таҷдиди шуъбаи урология

ВАҲДАТ. 5 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд

ЁВОН СИМОИ ТОЗА МЕГИРАД

НОҲИЯИ ШАМСИДДИНИ ШОҲИН. Кӯшишҳо самар медиҳанд

"Дар ин дунё Карим Девонае буд"

Ҳузури бераводиди тоҷикистониён дар Туркия 3 баробар дароз шуд

Аврупо дар бозёбии партовҳои уран дар Тоҷикистон саҳм мегирад

Москва аз ҷумлаи даҳ шаҳри беҳтарини дунёст

Гунаҳгорони ҳалокати 52 ӯзбекистонӣ зиндонӣ шуданд

Чин дар ҷаҳон калонтарин воридкунандаи газ

Ҷаҳон дар як сатр

ҚУБОДИЁН. 48 медали варзишгарон дар нуҳ моҳ

12.11.2018


Дар Париж ҳамоиши сулҳ ифтитоҳ ёфт

Бо эҳтимоми ҳукумати Ҳиндустон нархи сӯзишворӣ арзон мешавад

ЭКСПО дар Шанхай: шартномаҳо ба маблағи қариб $60 миллиард ба тасвиб расиданд

Сӯхтори ҷангал дар Калифорния боиси ҳалокати 25 нафар гашт

Ҷаҳон дар як сатр

ВАХШ. Суратҳисоби бонкӣ барои ятимон

ОЛИМПИАДАИ “GENIUSKIDS – 2018” 35 медали хонандагони тоҷик

САМБО. Хушқадам Хусравов – қаҳрамони ҷаҳон

09.11.2018


Ҳамоишҳои ҷавонон бахшида ба Рӯзи Президент

Баррасии масоили рушди ҳамкориҳо

Мулоқоти Юсуф Раҳмон бо Кристофер Рэй

Таъсиси гурӯҳи корӣ баҳри иҷрои «Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳри Душанбе барои давраи то соли 2025»

Давлаталӣ Саид дар Корея

20-умин конфронси расонаҳои Осиёи Марказӣ дар Остона баргузор шуд

«Толибон» рӯйхати иштирокдорони мушовараи Москваро интишор дод

Таърихшиноси фаронсавӣ ба Макрон нақши Россияро дар наҷоти Аврупо хотиррасон кард

Ҷаҳон дар як сатр

"TASHKENT GRAND PRIX" ИШТИРОКИ ПАҲЛАВОНОНИ ТОҶИК ДАР ОН

"Истиқлол" бори ҳафтум чемпиони Тоҷикистон шуд!


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед