logo

сиёсат

ПАЁМ. ИҶРОИ МУҚАРРАРОТИ ОН КАФОЛАТИ ОЯНДАИ НЕК АСТ

Раҳмон Юсуф АҲМАДЗОД,
Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон,
генерал - лейтенанти адлия


Паёми имсолаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ дар шароити боз ҳам муташанниҷ гардидани вазъи сиёсии сайёра, густариши терроризми байналмилалӣ ва зуҳури таҳдидҳои ҷиддии амниятӣ барои аксар кишварҳои олам ироа гардид. Аз ин лиҳоз, арзёбии вазъи сиёсӣ ва сарчашмаи таҳдидҳои ҷаҳони муосир, бурду бохти ҷомеаи ҷаҳонӣ ва ниҳодҳои миллӣ дар мубориза бо экстремизм ва терроризм, тадбирҳои таъмини амният, таҳкими сулҳу субот, волоияти қонун ва тартиботи ҳуқуқӣ дар кишвар бахшҳои муҳими Паёмро ташкил доданд.
 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун сиёсатмадори сатҳи ҷаҳонӣ мунтазам аз минбарҳои баланди Созмони Милали Муттаҳид ва дигар созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ фикру андеша ва пешниҳодҳои ҷасуронаву ҷолиби диққатеро баён менамоянд, ки мавриди таваҷҷуҳ ва ҳамовозии гарму ҷӯшони ҷомеаи ҷаҳонӣ, бахусус мусулмонони сайёра қарор мегиранд. Дар Паёми имсола низ як силсила фикру мулоҳизаҳое садо доданд, ки аҳамияти байналмилалӣ дошта, ба ҳифзи дини мубини ислом, ҳуқуқҳои гурезагони кишварҳои ҷангзада ва аз байн бурдани мухолифатҳо дар ҷабҳаи мубориза бо терроризми байналмилалӣ равона шудаанд.
Аз ҷумла, Сарвари давлати тоҷикон дар Паёми худ ба ҷомеаи ҷаҳонӣ муроҷиат намуда, ошкоро изҳор намуданд, ки:
- зуҳуроти даҳшатноку нафратовари терроризм, ки аксаран таҳти шиорҳои диниву мазҳабӣ сурат мегирад, ба дини мубини ислом иртиботе надорад. Он, баръакс, аз ҷониби душманони ин дини муқаддас роҳандозӣ шуда, аз ваҳшонияти асримиёнагии террористӣ, пеш аз ҳама, кишварҳои исломӣ ва мусулмонони сайёра зарар мебинанд;
- мубориза бо терроризм ва экстремизм фароҳам овардани фазои боварӣ, эҳтиром ба манфиатҳои ҳамдигар ва муттаҳид шудани ҳамаи кишварҳои дунёро дар пешорӯи ин хатари умумӣ тақозо менамояд;
- истифодаи «сиёсати дугона» нисбат ба терроризм ва экстремизм самаранокии кӯшишҳои ҷомеаи ҷаҳониро дар муборизаи муштарак бо ин зуҳурот ҷиддан коҳиш дода, баръакс, мухолифатҳои наверо байни эътилофҳои ҳарбиву сиёсӣ эҷод ва авзои ҷаҳонро боз ҳам ноором месозад;
- баъзе созмонҳои байналмилалӣ аз ҷониби доираҳо ва давлатҳову фондҳои алоҳида ошкоро маблағгузорӣ гардидани созмонҳои террористиву ифротгаро, поймолшавии ҳуқуқи инсон, аҳволи тоқатфарсо ва дар роҳи муҳоҷират дар баҳрҳо ғарқ шудани ҳазорон нафар гурезаҳо, аз ҷумла занону кӯдаконро нодида мегиранд;
- ислоҳи ин вазъ таҳкими пойгоҳи ҳуқуқии мубориза бо терроризм ва экстремизм, аз ҷумла дар санадҳои байналмилалӣ муқаррар намудани муҷозоти кишварҳои ба терроризм мусоидаткунанда, роҳандозӣ намудани тафтиши байналмилалии зуҳуроти терроризм ва мавриди муҳокимаи Суди байналмилалӣ қарор додани роҳбарони сиёсӣ ва ҳарбӣ, фондҳои ба ном хайрия, соҳибкорон ва дигар ашхоси ба терроризм мусоидаткунандаро тақозо менамояд.
Ҷои баҳс нест, ки на ҳар сиёсатмадор қодир аст бо чунин қатъият, ҷасорат ва хиради сиёсӣ масоили мубрами ҷаҳони муосирро арзёбӣ ва оид ба ҳалли онҳо масъалагузорӣ намояд. Маҳз бо чунин сифатҳои худ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар арсаи ҷаҳонӣ шуҳрат ёфта, дар ташаккули сиёсати байналмилалӣ ва афкори ҷомеаи ҷаҳонӣ таъсиргузор гаштаанд.
Хусусияти равандҳои сиёсии ҷаҳони муосиррро арзёбӣ намуда, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо таассуф зикр намуданд, ки бар асари истифодаи қувва ва зӯрӣ дар равобити байналмилалӣ, дар ҳифзи манфиатҳои хеш рӯбарӯ омадани қудратҳои ҷаҳонӣ ва минтақавӣ ва вусъати торафт афзояндаи терроризму экстремизм, вазъи ҳуқуқи байналмилалӣ хеле заиф шуда, истиқлолияти давлатҳои миллӣ осебпазир гардидааст.
 Намуна ва пайомадҳои чунин вазъро мо дар мисоли Сурия, Ироқ, Либия, Яман ва Афғонистон мебинем. Бар асари муҳорибаҳои пай дар пай минтақаҳои алоҳидаи ин кишварҳо ба харобазор табдил ёфта, боигариҳои миллӣ, сарватҳои табиӣ ва молу мулки аҳолии онҳо ба ғорат мераванд. Шумораи гурезагон аз ин кишварҳо ба миллионҳо нафар расидааст. Доманаи амалҳои террористӣ торафт васеъ гашта, кишварҳои Осиё, Африқои Шимолӣ, Аврупо ва дигар минтақаҳои дунёро фаро гирифта истодаанд. Фаъолшавии созмонҳои террористӣ, бахусус дар ҳамсоякишвари мо - Афғонистон вазъиятро боз ҳам мураккабтар гардондааст.
Тоҷикистон аз лиҳози мавқеи ҷуғрофӣ ва геосиёсии худ дар чорсӯи бархӯрди манфиатҳои кишварҳои абарқудрат ва низомҳои оштинопазири сиёсию идеологӣ қарор дошта, наметавонад аз оқибатҳои номатлуби муқовиматҳои онҳо дар канор монад. Ба ин воқеаҳои нангини аввали моҳи сентябри соли 2015, яъне суиқасди табаддулоти мусаллаҳонаи давлатӣ мисол шуда метавонанд, ки бо маблағгузориву сарпарастии бевоситаи роҳбарияти собиқ Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон сурат гирифтанд.
Боиси ифтихор ва қаноатмандист, ки сохторҳои низомӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқу амният бо дастгирии фаъолонаи мардуми кишвар, тавонистанд дар муҳлати кӯтоҳтарин нақшаҳои ҷинояткоронаи террористонро барҳам зада, оромии Ватани азизамонро ҳифз намоянд. Ин ҳодисаҳо бори дигар нишон доданд, ки бадхоҳони миллати тоҷик аз нияти ба сари мардуми мо таҳмил намудани низом ва фарҳанги бегона даст кашиданӣ нестанд. Аз ин лиҳоз, дар Паём таъкид шудааст, ки мо бояд ҳаргиз зиракии сиёсиро аз даст надиҳем, барои ҳимояи амният, ваҳдати миллӣ, сулҳу субот, волоияти қонун ва оромиву осудагии кишвари маҳбубамон ҳамеша омода бошем.
Вазъи бамиёномада фароҳам овардани заминаҳои дахлдори ташкиливу ҳуқуқӣ ва фазои оштинопазирро бо экстремизм ва терроризм дар сатҳи барномаи стратегии давлат тақозо дорад. Аз ин лиҳоз, дар Паём ба Прокуратураи генералӣ супориш дода шудааст, ки дар ҳамкорӣ бо дигар мақомоти дахлдори давлатӣ Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистонро оид ба муқовимат ба экстремизм ва терроризм барои солҳои 2016 - 2020 таҳия ва пешниҳод намояд. Стратегияи мазкур, ки лоиҳаи он аллакай омода шудааст, мақсад, вазифаҳо ва самтҳои асосии сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар соҳаи пешгирӣ ва мубориза бо экстремизм ва терроризм, бо назардошти талабот ва таҳдидҳои дар пешорӯи кишвар қарордошта, муайян менамояд.
Дар раванди иҷрои муқаррароти Паём, ҳамзамон аз ҷониби Прокуратураи генералӣ ва дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ лоиҳаи қонунҳо оид ба тақвияти мубориза бо терроризм ва экстремизм, аз ҷумла пурзӯр намудани ҷавобгарӣ барои содир намудан, шарикӣ ва мусоидат намудан ба чунин ҷиноятҳо таҳия шуда истодаанд. Ҷиҳати дар сатҳи зарурӣ ба роҳ мондани муқовимат ба истифодабарии шабакаҳои интернет бо мақсадҳои экстремистӣ ва террористӣ аз ҷониби Прокуратураи генералӣ, Вазорати корҳои дохилӣ, Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ва дигар мақомоти давлатӣ масъалаи таъсиси Маркази мубориза бар зидди ҷиноятҳо бо истифодаи технологияҳои иттилоотӣ ва кибертерроризм мавриди омӯзиш қарор дода шудааст.
Ба масъалаҳои мубориза бо ҷинояткории муташаккил дахл намуда, Сарвари давлат дар Паёми худ муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаоварро ҳамчун яке аз манбаъҳои асосии маблағгузории терроризми байналмилалӣ ва мубориза бо ин зуҳуротро ҷузъи мубориза бо терроризм ва экстремизм арзёбӣ намуданд. Президенти мамлакат дар қатори зуҳуроти номатлуб коррупсияро низ ном бурда, онро ҳамчун омиле ҳисобиданд, ки ба рушди устувори давлат мамониат карда, обрӯю нуфузи онро дар арсаи ҷаҳонӣ коҳиш медиҳад. Бинобар ин, мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишвар муваззаф гаштаанд, ки фаъолияти худро дар ин самт ҷоннок намуда, тарзу усулҳои мубориза бо ин зуҳуроти номатлубро такмил диҳанд.
Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ воқеан ҳам равшангари ҳадаф ва вазифаҳои мо барои оянда буда, иҷрои муқаррароти он кафолати оромиву осудагии Ватан, болоравии сатҳи зиндагӣ ва ояндаи неки фарзандонамон хоҳад буд.
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 3.03.2016    №: 44    Мутолиа карданд: 1790

15.11.2018


Ҳамоиш бахшида ба Рӯзи Президент

Нурдинҷон Исмоилов ба Тоҷикистон меояд

Мулоқоти Зубайдулло Зубайдзода бо Амал Муҷрин ал - Ҳамад

Конференсияи гиромидошти Бобоҷон Ғафуров

Путин ва Абэ дар асоси қатъномаи соли 1956 гуфтушунид хоҳанд кард

Таҳлилгарони Nomura сустшавии суръати рушди иқтисоди ҷаҳониро пешгӯӣ намуданд

Frontex: ба Аврупо омадани гурезаҳо 31 дарсад коҳиш ёфт

Назарбоев соли 2019-ро Соли ҷавонон эълом дошт

Ҷаҳон дар як сатр

14.11.2018


Вусъати корҳои ободонӣ дар ноҳияи Восеъ

Ҷамъоварии $482 миллион ба ёрии мардуми Ироқ

Назарбоев ташкили Созмони амнияти дастаҷамъии Осиёро пешниҳод дорад

Ҷонибдории Ангела Меркел аз ташкили артиши ягонаи аврупоӣ

Дар Тошканд Ҳафтаи соҳибкории глобалӣ шурӯъ шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН – 2018. Иштироки се бонуи муштзани тоҷик

БОНКИ МИЛЛӢ. Иқдоми наҷиб

13.11.2018


Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин ва Юе Бин

Баимзорасии ёддошти тафоҳум

Нақшаи чорабиниҳои амалӣ намудани корҳои ободонию бунёдкорӣ дар давраи солҳои 2019 – 2021 тасдиқ гардид

БӮСТОН. Таҷдиди шуъбаи урология

ВАҲДАТ. 5 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд

ЁВОН СИМОИ ТОЗА МЕГИРАД

НОҲИЯИ ШАМСИДДИНИ ШОҲИН. Кӯшишҳо самар медиҳанд

"Дар ин дунё Карим Девонае буд"

Ҳузури бераводиди тоҷикистониён дар Туркия 3 баробар дароз шуд

Аврупо дар бозёбии партовҳои уран дар Тоҷикистон саҳм мегирад

Москва аз ҷумлаи даҳ шаҳри беҳтарини дунёст

Гунаҳгорони ҳалокати 52 ӯзбекистонӣ зиндонӣ шуданд

Чин дар ҷаҳон калонтарин воридкунандаи газ

Ҷаҳон дар як сатр

ҚУБОДИЁН. 48 медали варзишгарон дар нуҳ моҳ

12.11.2018


Дар Париж ҳамоиши сулҳ ифтитоҳ ёфт

Бо эҳтимоми ҳукумати Ҳиндустон нархи сӯзишворӣ арзон мешавад


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед