logo

ҳуқуқ

ПУРСИШ ва ПОСУХ

Ба саволҳо Айналишо Айналишоев, муовини сардори Раёсати адлияи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва Фарҳод Тоиров, роҳбари бахши муносибат ва ҳимояи Ташкилоти ҷамъиятии Ассотсиатсияи миллии занони соҳибкори Тоҷикистон ҷавоб доданд.
Зимнан, агар хонандагони гиромӣ пурсише доранд, метавонанд бо телефони 238 - 54 -16 ба мо муроҷиат намоянд.

 

- Дар Федератсияи Русия бо як шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон оила барпо кардам. Баъди ҳомиладор шудан, ба Тоҷикистон баргаштам ва хостам, ки никоҳамонро расмӣ кунонам. Вале маъмурони САҲШ мегӯянд, ки бояд шавҳарам низ дар маросими ақди никоҳ ҳузур дошта бошад. Ӯ омада наметавонад, чунки баробари баргаштан аз ҷойи кори хуб маҳрум мегардад. Дар ин ҳолат чӣ кор кунам?
 
Гулбегим Некқадамова, сокини ноҳияи Рӯдакӣ

- Кӯдак бояд дар муассисаҳои тиббии махсусгардондашуда, яъне таваллудхона ба дунё ояд. Ин муассиса ба модари кӯдак маълумотномаи расмӣ дар бораи таваллуд медиҳад ва он ҷиҳати бақайдгирии давлатии навзод асос мешавад. Агар то таваллуд ва ё дар давраи се моҳи баъд аз таваллуд шавҳаратон ба Тоҷикистон наояд, он гоҳ бақайдгирии фарзанд дар асоси қоидаҳои бақайдгирии таваллуди кӯдаконе, ки аз падару модари никоҳнадошта ба дунё омадаанд, сурат мегирад. Дар чунин ҳолат бо нишондоди шумо дар ҷойи насаб маълумот ворид гардида, шаҳодатномаи таваллуд дода мешавад. Агар ин тарзи бақайдгирӣ ва гирифтани шаҳодатномаи таваллуд маъқул нашавад, ба суд оид ба муқаррар намудани падарӣ бо даъво муроҷиат намоед. Ҳамзамон, шавҳаратон метавонад ба суд дар бораи бе иштирокаш мавриди баррасӣ қарор додани даъво ариза пешниҳод кунад. Минбаъд дар асоси ҳалномаи суд падарии ӯ муқаррар мегардад.

 

- Агар муассисаи таълимӣ ё фарҳангӣ дар заминаи моликияти хусусӣ ташкил ёфта бошад, оё онро тиҷоратӣ номидан мумкин аст?
 
Сиёвуш Абдураҳимов, устоди Донишгоҳи давлатии Қӯрғонтеппа ба номи Носири Хусрав

- Агар фаъолияти чунин муассиса ба гирифтани фоидаи молӣ рабт дошта бошад, он тиҷоратӣ дониста мешавад. Аммо, агар ягон ташкилот ё идораи давлатӣ бинои муассисаи хусусиро иҷора гирифта, онро барои таълиму тарбия ё роҳандозии корҳои фарҳангӣ истифода барад, дар ин ҳолат он муассиса тиҷоратӣ маҳсуб намеёбад.

Шуъбаи ҳуқуқи рӯзномаи “Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 4.03.2016    №: 45    Мутолиа карданд: 527

12.06.2019


ХУҶАНД. "Зирвеко" ба фаъолият мепардозад

Муаррифии асари Си Ҷинпин «Дар бораи идоракунии давлатӣ»

Баргузории конфронси сайёҳӣ дар Рашт

Масоили низоми бонкӣ матраҳ гардид

Дар Чин аз обхезии тобистона 6,75 миллион нафар зарар дид

Дар Ӯзбекистон рӯйхати идҳои касбиро Рӯзи китобдор афзуд

Дар Ҷопон ба солхӯрдаҳо шаҳодатномаи вижаи ронандагӣ медиҳанд

Сокини Британия дар лотерея Ј123 миллион бурд намуд

Ҷаҳон дар як сатр

11.06.2019


Песков: «Путин ба Тоҷикистон ва Қирғизистон сафар мекунад»

Иштироки роҳбарони 11 кишвар дар ҳамоиши Бишкек

Президенти Қазоқистон аз хусуси роҳҳои ҳалли мушкилоти иҷтимоӣ ҳарф зад

Ҷаҳон дар як сатр

ФАРХОР. Бонувон ба ҳунаромӯзӣ ҳавасманд мешаванд

"Куллиёт" - и Миробид Саййидои Насафӣ

04.06.2019


Лукашенко: "Эмомалӣ Раҳмонро оммаи мардум интизор аст"

Бунёдкорони роботтехникаи Россия ва Чин дар Владивосток ҷамъ омаданд

Ҷаҳон дар як сатр

Машварати сиёсии вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Белгия

Муаррифии портали хизматрасониҳои электронӣ барои андозсупорандагон

Дар ноҳияи Рашт конфронси минтақавӣ баргузор мегардад

ФУТБОЛ. Ду бозии рафиқона бо мунтахаби Ӯзбекистон

03.06.2019


Дар Тоҷикистон баландтарин афзоиши теъдоди сайёҳон ба қайд гирифта шуд

Гармои тоқатфарсо дар Ҳиндустон

Тасдиқи барнома оид ба бозомӯзии касбии кормандони соҳаи маориф

Иди саиди Фитр 5 июн таҷлил мешавад

Форуми байналмилалии сармоягузории «Кӯлоб – 2019» баргузор мегардад

Ёқубҷон Абдуманнонзода - соҳиби дипломи озмуни «Килки тиллоӣ»

Ҷаҳон дар як сатр

29.05.2019


Путин бо нахустпрезиденти Қазоқистон вохӯрд

Раиси Шӯрои Аврупо Доналд Туск ба Тоҷикистон меояд

Мусофири ҳавопаймо аз фурӯбарии 1,5 кг кокаин ба ҳалокат расид

Ҷаҳон дар як сатр

28.05.2019


Дар Қазоқистон ба бунёди ширкатҳои давлатӣ мораторий ҷорӣ карданд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед