logo

фарҳанг

ДУРАХШИ РАНГҲО

Таҳти ҳамин унвон бахшида ба 25 - солагии Истиқлолияти давлатӣ дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон намоиши асарҳои Арбоби шоистаи ҳунари Ҷумҳурии Тоҷикистон Зиёратшо Довудов баргузор гардид.

Манбаи илҳоми Зиёратшо Довудов дилбастагӣ ба Ватани азиз, табиати зебои диёр ва таъриху фарҳанги пурғановати ниёгон буда, асарҳояш розгӯи дили ҳассоси ӯст.
Дар асарҳои рассом табиати зебои диёр, симои шахсиятҳои маъруфи таърихӣ  ва муосири тоҷик, зиндагии рӯзмараи меҳнаткашон, сарбозон ва занон таҷассум гардидааст. Мусаввараҳо бо унвони «Баҳри Норак», «Се шоҳи бузурги ориёӣ», «Рӯдакӣ», «Эҳё», «Донишҷӯ» ба қатори шоҳкориҳои ҳунари тасвирии муосири тоҷик дохил шудаанд. Наққоши чирадаст кӯшиш кардааст бо тобиш ва таносуби рангҳо табиати зебои диёр ва олами ботинии қаҳрамонҳои асарҳояшро ифода намояд.
Фузуда бар ин, асарҳои Зиёратшо Довудов экспозитсияи осорхонаҳои ватанию хориҷиро оро медиҳанд. Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон 18 асари рассом нигоҳдорӣ шуда, бисёре аз мусаввараҳои ӯ  дар осорхонаҳои маъруфи шаҳри Маскав мавҷуданд. Ҳамзамон, асарҳояшро дар маҷмӯаҳо доир ба ҳунари санъати тасвирӣ, ки дар кишварҳои Тоҷикистон, Русия ва Аврупо нашр шудаанд, ҷой додаанд ва аз ҷониби мутахассисон баҳои баланд гирифтаанд.
Зиёратшо Довудов парвардаи Омӯзишгоҳи рассомии давлатии Тоҷикистон ба номи Мирзораҳмат Олимов ва Донишгоҳи ҳунари тасвирӣ  ва ороишии саноатии ба номи Строгоновскийи шаҳри Маскав  буда, аз овони хурдсолӣ  ба  расмкашӣ  шавқу рағбати беандоза дошт.
Дар намоише, ки дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон баргузор гардид, беш аз 20 адад мусаввараҳои дар мавзӯҳои мухталиф бахшидашудаи Зиёратшо Довудов ба маъраз гузошта шуданд.

Шаҳло АБДУЛЛОЕВА,
ходими калони илмии
Осорхонаи миллии Тоҷикистон


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 4.03.2016    №: 45    Мутолиа карданд: 630

19.09.2018


ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Аввалин тамринҳои муштараки низомӣ

Таъсиси 57 корхонаи нав

Намоиши дастовардҳо ба муносибати Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Зуҳро Саидова – соҳиби шоҳҷоиза

Таҳаммул аз амалҳои террористӣ норавост

Баргузории ҳамоиши маъмурони роҳи оҳани кишварҳои СҲШ дар Ӯзбекистон

Дар Ироқ 27 ҳазор нафар аз об заҳролуд гашт

Тӯли 40 соли ислоҳот дар Чин ҷои кор 346 дарсад афзуд

Остона ҳамоиши ҳаштуми глобалии туризми шаҳриро пазироӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД

МАРЗ. Боздошти қочоқбарон

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ БОҒЧАИ НАВ

05.09.2018


БӮСТОН. Бунёди чор иншооти нав

ФУТБОЛ. Дар Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалӣ доир мегарданд

Ориф Алвӣ 13-умин президенти Покистон интихоб гашт

Дар Арабистони Саудӣ барои маводи тахрибӣ дар интернет зиндонӣ мекунанд

Дар Гуҷарат сохтмони баландтарин ҳайкали дунё анҷом меёбад

Ҳиндустон барномаи нави кайҳониро амалӣ месозад

04.09.2018


Боздиди Сарвазири мамлакат аз иншооти гармидиҳии шаҳри Душанбе


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед