logo

иқтисод

ҶАНГАЛ. ЧАРО АЗ ОН ФОИДАИ БЕШТАР НАГИРЕМ?

Кишварҳои Русия ва Канада аз ҳисоби коркарди  дарахти сафедору санавбар ва аз онҳо истеҳсол кардани коғаз, чӯбу тахта, ҳатто киштиҳо, донаи гӯгирд ва дигар таҷҳизоти зарурии рӯзгор хеле пешрафтаанд. Ҳарчанд кишвари мо чун ин давлатҳо дорои ҷангалзорони бузургу беканор набошад ҳам, бо майдонҳои сафедорони ба само саркашидааш мефахрад ва барои ҳифзу афзун намудани онҳо мекӯшад.
Аз рӯйи маълумоти оморӣ, дар кишвар 43 сехи хурди истеҳсоли мебел фаъолият мекунад, ки маҳсулоти чӯбиро аз кишварҳои хориҷа ворид месозанд. Як метри мукааби он 320 доллари ИМА нарх дорад.
Мақсад зиёд кардани ҳаҷми истеҳсоли молу маҳсулоти ивазкунандаи воридотӣ мебошад ва дар ин радиф шароити мусоиди иқлими Тоҷикистон барои парвариши ҷангалзорони ба саноат мутобиқбуда дар рушд ва сердаромад сохтани соҳаи ҷангал такони ҷиддӣ мебахшад. Дар ин самт Агентии хоҷагии ҷангали назди Ҳукумати ҷумҳурӣ, барои истеҳсоли чӯби сохтмонӣ дар кишвар аз рӯйи «Барномаи рушди хоҷагии ҷангали Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2006 – 2015» дар масоҳати 931 гектар плантатсияи сафедор бунёд кардааст. Татбиқи барнома дар муассисаи хоҷагиҳои ҷангали Вилояти  Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва ноҳияи Ванҷ бо маблағгузории Созмони ҳамкориҳои байналмилалии Олмон (GIZ) сурат гирифт. 422 гектар майдони сафедор бунёд гардид. Дар  хоҷагиҳои ҷангали шаҳру ноҳияҳои Панҷакент, ноҳияҳои Муъминобод, Ҷиргатол ва Ашт дар маҷмӯъ дар майдони 510 гектар сафедор бунёд шуд. Масъулони соҳа доштани имконияти парвариши аз ин ҳам бештари ҷангалро мусбат арзёбӣ карданд, сафедори мутобиқ ба тағйирёбии иқлим, яъне ба хушкӣ тобовар ва сафедори намуди “Осокор” - ро, ки  ба таври сунъӣ парвариш мешавад, дар истифодаи корҳои сохтмонӣ манфиатнок донистанд. Сафедорро бештар мардуми деҳот барои сохтмони хона, дару тиреза, тайёр кардани қуттиҳо ва фарши хона истифода мебаранд. Дар ҷангалзор ҳамчунин намуди дигари сафедор – колифорниягӣ бо баргҳои калони сабз,  пояи нарму зуд сабзишёфта ва умри тӯлонӣ надошта паҳн гардидааст, ки барои истеҳсоли чӯбу тахта мувофиқ аст. Аз баргҳояш низ ҳангоми коркард метавон маҳсулоти тахтаи аз аррамайда тайёршуда (ДСП, ДВП) истеҳсол кард. Мутаассифона, коркард нашудан, буриши ғайриқонунӣ ва дигар амалҳои номатлуб боиси аз парвариш боз мондани сафедори колифорниягӣ гардид. Парвариш ва коркарди дарахти санавбар низ дар истеҳсоли чӯбу тахта барои ҷиҳози мебелӣ манфиатовар мебошад. Дуруст аст, ки ҷангалҳои кишварамон пеш аз ҳама мавзеъҳоеанд, ки аҳамияти муҳофизатӣ доранд ва барои солимгардонии муҳити зист ва таъмини аҳолӣ бо ҳезум ёрӣ мерасонанд. Сарфи назар аз ин, парвариш ва коркарди маҳсулоти ҷангал бояд бо мақсади коҳиш додани воридоти он ба роҳ монда шавад,  то ивазкунандаи маҳсулоти воридотӣ бошад. Агентии хоҷагии ҷангали назди Ҳукумати ҷумҳурӣ ва Вазорати саноат ва технологияҳои нави ҷумҳуриро зарур аст, дар ин самт чораҳои мушаххас андешанд.
О. ГУЛБЕРДИЕВА,
«Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 4.03.2016    №: 45    Мутолиа карданд: 713

19.04.2019


Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Жан - Батист Лемуан

Пойтахт ба таҷлили Рӯзи Ғалаба омодагӣ мебинад

Масоили рушди соҳаи маориф матраҳ гардид

Дар Донишгоҳи давлатии Данғара конфронси ҷумҳуриявӣ доир мешавад

Душанбе варзишгарони 15 кишварро ба ҳам меорад

Ҷаҳон дар як сатр

18.04.2019


ҶОМИ АФК. Пирӯзии "Хуҷанд" ва мусовии "Истиқлол"

МУЪМИНОБОД. 221 иншоот дар се сол

РАШТ. Боғистон доман паҳн мекунад

17.04.2019


БУҶЕТИ ДАВЛАТӢ . Ба қонун иловаҳо ворид шуданд

ДМТ. Як нишасти муҳим

Хонандагони Душанбе пешсафи олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ

Армуғон барои дӯстдорони ҷуғрофия

ҶОМИ ОСИЁ. Паҳлавонони тоҷик соҳиби 5 медал

Ҷаҳон дар як сатр

16.04.2019


Вохӯрии Саидзода Зоҳир Озод бо Аскар Таҷибаев

Баррасии масоили мубрам

Ҳамоиш бахшида ба оғози расмии Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Калонтарин тайёра дар дунё ба ҳаво хест

Дар Қазоқистон онлайн-қаллобон фаъол мешаванд

Дар СММ аз манфиати лоиҳаи «Камарбандҳо ва роҳҳо» сухан рафт

Аз таркиш дар Афғонистон ҳафт кӯдак ҳалок гашт

Филмҳои ду коргардони тоҷик барои Фестивали кинои мусалмонӣ интихоб шуданд

Ҷаҳон дар як сатр

БОКС. Иштироки варзишгарони тоҷик дар Чемпионати Осиё

12.04.2019


Бо иштироки Сарвазири мамлакат дар шаҳри Кӯлоб як қатор иншоот ба истифода дода шуд

Ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсозони миллии давлатҳои аъзои СҲШ

Форуми байналмилалии рушди сармояи инсонӣ доир мегардад

ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ – 2019 ОИД БА ФУТЗАЛ. Рақибони Тоҷикистон муайян гаштанд

"Кашшофи падидаҳои наврас"

НОҲИЯИ РӮДАКӢ . Сафи соҳибкорони ватандӯст меафзояд

НУРОБОД . Эҳтиром ба шахсиятҳои таърихӣ

Ҷаҳон дар як сатр

11.04.2019


"Тоҷикон" ба забони ӯзбекӣ нашр шуд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед