logo

иқтисод

«ТОҶИКТЕКСТИЛМАШ». НОМ ДИГАР ШУД, КОР ЧӢ?

Корхонаи «Тоҷиктекстилмаш» дар даврони шӯравӣ номдор ва  яке аз коргоҳҳои бузурги пойтахти кишвар буд. Бо 3,5 ҳазор  коргар дар се баст фаъолият мекард. Маҳсулоти ба талаботи давр ҷавобгӯяш – дастгоҳҳои бофандагӣ на танҳо дар  Иттиҳоди Шӯравӣ талабгори зиёд дошт, балки ба мамлакатҳои хориҷии дуру наздик ҳам содирот мегардид. Дуюним ҳазор дастгоҳ шабу рӯз маҳсулот тавлид мекарду коргарон дар шароити хуби корӣ заҳмат кашида, маоши хуб мегирифтанд.  Ҳар моҳ садҳо ҳазор рубл ба буҷети ҷумҳурӣ ворид мешуд.

Ҳоло чӣ? Айни замон аз 19,8 гектар масоҳати  корхона 11,2 гектараш боқӣ мондааст. – Корхонаи мо, ки пеш КВД «Тоҷиктекстилмаш» ном дошт, аз моҳи январи  соли 2015 бо номи Корхонаи воҳиди давлатии «Коргоҳи машинасозӣ» фаъолият намуда, барои соҳаи кишоварзии ҷумҳурӣ сихмола, сипор, картошкаканаку картошкашинонак, оҳани испор ва заминнармкунак истеҳсол мекунад. Ҳамчунин барои неругоҳҳои барқи обӣ  бештар аз 10 намуд қисмҳои эҳтиётӣ истеҳсол менамоем. Чунончи, барои  дарвозаҳои  обпартои НБО – и Норак қисмҳои эҳтиётӣ мебарорем. Соли 2015 барои кишоварзон ва неругоҳҳои барқи обӣ ба маблағи беш аз 5,5 миллион сомонӣ  қисмҳои эҳтиётӣ истеҳсол кардем. Барои маҳсулоти барқии корхонаро ба фурӯш баровардан бо ШСХК «Барқи тоҷик» ва неругоҳҳои Роғуну Норак шартномаҳои ҳамкорӣ бастаем. Бо ҶДММ «Ширкати кӯҳӣ - саноатии Тоҷикистону Хитой» низ ба маблағи бештар аз 3 миллион сомонӣ шартнома дорем. То имрӯз барои онҳо ба маблағи 450 ҳазор сомонӣ қисмҳои эҳтиётӣ истеҳсол кардаем, - мегӯяд Ҳусейн Мираков, сармуҳандиси корхона.
Мутаассифона, то имрӯз ба корхона ба ғайри як дастгоҳи оҳангудозӣ, ки соли 2010 аз Ҷумҳурии Мардумии Чин ворид карда шудааст, истеҳсолот бо дастгоҳҳои пешинаи даврони шӯравӣ ҷараён дорад. Дархостҳоро аз шахсони алоҳида, соҳибкорон ва муассисаҳо  қабул мекунанд. Баъзе аз хоҷагиҳо мехоҳанд бидуни  «Агролизинг» мошинолоти зарурии худро фармоиш диҳанд. Ҳоло дар корхона 465 коргар фаъолият дорад. Як сол аз ин пеш шумораи коргарон 527 нафар буд. Шумораи коргарон кам шуда бошад ҳам, кор нисбат ба солҳои 2013 – 2014 пешравтар аст. Аксари коргарон ихтисосмандони  даврони шӯравианд. 18 – 20 ҷавони донишҷӯ баъд аз дарс дар корхона кор меомӯзанд. Ҳар сол аз ҳисоби ин ҷавонҳо 3 – 4 нафар ба кор қабул карда мешавад.
Дар нақша аст, ки дар ояндаи наздик барои мушкили ниҳолпарваронро осон кардан як механизми  ниҳолшинонӣ истеҳсол созанд. Ба истеҳсоли он охири моҳи апрел шурӯъ менамоянд. Инчунин, тибқи нақша дар охири ҳамин моҳ як хати истеҳсоли саққоро ба кор дароварда, барои ҶДММ "Ширкати кӯҳӣ – саноатии Тоҷикистону Хитой» маҳсулот истеҳсол менамоянд, ки дар ҷумҳурӣ иқдоми нахустин маҳсуб меёбад.
Саволи матраҳ ин аст, ки роҳбарияти корхона метавонад шуҳрати пешини «Тоҷиктекстилмаш» - и номдорро барқарор кунад?

У. МУРОД, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 4.03.2016    №: 45    Мутолиа карданд: 530

26.09.2018


ЗАБОН ВА ҲУВИЯТИ МИЛЛӢ

Идомаи машқҳои зиддитеррористии «Иссиқкӯл - 2018» дар Қирғизистон

Ёрӣ ба 17 кишвари Иттиҳоди Аврупо ҷиҳати бартарафсозии оқибати хушксолӣ

Иттиҳоди Аврупо Осиёи Марказиро маблағгузорӣ мекунад

Қазоқистону Ӯзбекистон моҳвораи муштарак сохтанианд

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

25.09.2018


Тавсеаи равобити байнипарлумонии Тоҷикистону Корея

Баргузории ҷамъомад оид ба пешгирии ҷинояткорӣ

Анҷоми марҳилаи якуми амалиёти «Кӯкнор-2018»

Гутерриш ба муборизаи фаъолтар алайҳи маводи мухаддир даъват сохт

Теъдоди қурбониёни садамаи киштӣ дар Танзания ба 225 нафар расид

Сеул барои дучандсозии теъдоди сайёҳон $640 миллион харҷ карданист

Фаронса қатораи дуошёнаи тезгард месозад

Ҷаҳон дар як сатр

Ҷом насиби кӣ мешавад?

19.09.2018


ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Аввалин тамринҳои муштараки низомӣ

Таъсиси 57 корхонаи нав

Намоиши дастовардҳо ба муносибати Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Зуҳро Саидова – соҳиби шоҳҷоиза

Таҳаммул аз амалҳои террористӣ норавост

Баргузории ҳамоиши маъмурони роҳи оҳани кишварҳои СҲШ дар Ӯзбекистон

Дар Ироқ 27 ҳазор нафар аз об заҳролуд гашт

Тӯли 40 соли ислоҳот дар Чин ҷои кор 346 дарсад афзуд

Остона ҳамоиши ҳаштуми глобалии туризми шаҳриро пазироӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед