logo

ҳуқуқ

ДИҚҚАТ, АГЕНТӢ МИЛЛИОНҲО СОМОНӢ ЗАРАРИ МОЛИЯВИРО ОШКОР КАРД

Тоҷикистон аз рӯзҳои аввали соҳибистиқлолӣ ба масъалаи мубориза бар зидди коррупсия аҳамияти хоса медиҳад.
Дар ҳамин радиф Пешвои миллат, Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми хеш ба Маҷлиси Олӣ таъкид ба он доштанд, ки Палатаи ҳисоб, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия якҷо бо Вазорати молия бояд назорати истифодаи шаффофу мақсадноки маблағҳои буҷетӣ ва фаъолияти корхонаҳои давлативу ҷамъиятҳои саҳомиеро, ки давлат дар онҳо саҳм дорад, инчунин пешгирии кирдорҳои коррупсиониро пурзӯр намоянд.

Назар ба иттилои Аламхон Қурбониён, муовини якуми директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия, аз ҷониби мутахассисони ин ниҳод дар соли сипаришуда 979 тафтишу санҷишҳои молиявӣ гузаронда шуда, 285 миллион сомонӣ зарари молиявӣ ошкор гардид, ки аз ин ба буҷет ва корхонаҳои давлатӣ 238 миллион сомонӣ барқарор гашт. Дар асоси ин санҷишҳо 936 нафар шахси масъул барои камбудиҳои содиркарда ҷазои маъмурӣ ва моддӣ гирифта, 63 нафар аз вазифаҳои ишғолнамуда озод гардиданд. Бо мақсади додани баҳои ҳуқуқӣ ба камбудию норасоиҳои ошкоргардида ва барқарор намудани бақияи товони зарари молиявӣ ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ 709 мавод ба маблағи 189 миллион сомонӣ фиристода шуд, ки мавриди баррасӣ қарор доранд.
Ҳамзамон, кормандони агентӣ дар 27 вазорату кумита ва сохторҳои тобеи онҳо 259 тафтишу санҷишҳои фаъолияти молиявию хоҷагидорӣ ва ҳолати истифодаи самарабахши маблағҳои буҷетӣ гузаронда, 90 миллион сомонӣ зарари молиявиро ошкор карданд, ки аз он 57 миллион сомонӣ барқарор шуд. Таҳлилҳо нишон доданд, ки камбудию норасоиҳои зиёди молиявӣ дар вазоратҳои энергетика ва захираҳои об, корҳои дохилӣ, мудофиа, саноат ва технологияҳои нав, нақлиёт, маориф ва илм, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, агентиҳои захираҳои моддии давлатӣ, таъминоти амволи махсус ва Бонки давлатии амонатгузории «Амонатбонк» роҳ дода шудаанд.
Сабабҳои асосӣ риоя нагардидани идоракунии низоми молиявӣ, таъмин накардани назорати дохилиидоравии самарабахши истифодаи маблағу воситаҳои давлатӣ аз ҷониби роҳбарон ва масъулони ҳисобу молиявии вазорату идораҳо ва дигар субъектҳои хоҷагидори давлатӣ мебошад.
Дар ин давра тафтиши фаъолияти молиявию хоҷагии 8 маркази идораи лоиҳаҳои инвеститсионӣ ба анҷом расид, ки дар натиҷа 28 миллион сомонӣ зарари молиявӣ ошкор ва аз он беш аз 7 миллион сомонӣ ба буҷет ва марказҳо барқарор карда шуд. Зимни гузарондани тафтишу санҷишҳои нақшавӣ ва дархостҳои асосноки сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ, фаъолияти молиявию хоҷагии 65 ҷамъияти саҳомӣ ва ширкату корхонаҳои хусусӣ мавриди тафтишу санҷиш қарор дода шуда, 66 миллион сомонӣ зарари молиявӣ ошкор ва аз он 37 миллион сомонӣ барқарор гашт.
Дар асоси қарори роҳбари гурӯҳи тафтишотии Прокуратураи генералӣ аз ҷониби мутахассисони агентӣ дар 12 биною иншоот ва ҷамъиятҳои саҳомии хусусигардондашудаи мутааллиқ ба собиқ муовини вазири мудофиа Абдуҳалим Назарзода ва наздикони ӯ санҷиши дурусти асоснокии хусусигардонии онҳо идома дорад. Танҳо дар ҳашт иншооти таҳти санҷиш қарордодашуда муайян гардид, ки ҳангоми хусусигардонии амволи давлатӣ ва ҷалби қарзҳои бонкӣ бо роҳи сохтакорӣ ба давлат 5,3 миллион сомонӣ зарари молиявӣ расонда шудааст. Инчунин, аз ҷониби кормандони агентӣ, ки ба гурӯҳи фаврӣ - тафтишотӣ вобаста ба парвандаи ҷиноятӣ нисбат ба Муҳиддин Кабирӣ ва наздикони ӯ шомил шудаанд, 42 бинои маъмурию манзили истиқоматӣ ва 70 номгӯи молу амволи дигар ошкор гардидааст.
Тафтиши фаъолияти молиявию хоҷагии Ҷамъияти дорои масъулияташ маҳдуди «Сад - Дарё» зарари молиявиро ба маблағи 32,5 миллион сомонӣ ва истифодаи ғайримақсадноки маблағҳои буҷетиро ба андозаи 16 миллион сомонӣ ошкор намуд. Зимни гузарондани чорабиниҳои назоратӣ муайян гардид, ки фаъолияти Ҷамъияти дорои масъулияташ маҳдуди “Гули Мурод”-и шаҳри Душанбе асосан аз ҷамъоварӣ ва коркарди тилло, фурӯши металлҳои сиёҳ ва ранга иборат буда, дар фаъолияти молиявию хоҷагии он дар давраи солҳои 2013-2015 як қатор камбудиву норасоиҳои ҷиддӣ роҳ дода шудааст. Ҳангоми санҷиши молиявӣ дар қитъаи СОУНИ кони тиллои пошхӯрдаи Ёхсу дар алоқамандӣ бо Ҷамъияти дорои масъулияташ маҳдуди "Гули Мурод" камомади металли қиматбаҳои рақами 1 (тилло) нисбат ба ҳисоботи геологӣ ба миқдори 36,6 килограмм ба маблағи зиёда аз 8,1 миллион сомонӣ ошкор гардид. Дар маҷмӯъ, тафтиши фаъолияти ин ҷамъият зарари молиявиро ба маблағи 8833 ҳазор сомонӣ муайян намуд, ки 411 ҳазор сомонӣ ба буҷет барқарор карда шуд. Инчунин, ҳангоми санҷиши фаъолияти молиявии пудратчии генералӣ - Иттиҳодияи ҷумҳуриявии "Тоҷикколхозсохтмон" дар сохтмони иншооти "Беморхонаи бисёрсоҳавии дорои 650 кат бо дармонгоҳ барои қабули 800 нафар дар як баст дар шаҳри Душанбе" 29,6 миллион сомонӣ зарари молиявӣ ошкор шуд. Барои рӯйпӯш намудани ҳолати ҷойдошта муовини директори иттиҳодияи мазкур Раҳмонов Фирӯз Сайфуллоевич ҳангоми ба шахси мансабдори давлатӣ додани пора ба маблағи 448 ҳазору 700 доллари ИМА дастгир гардид. Аз ҷумла, дар фаъолияти Иттиҳодияи ҷумҳуриявии “Тоҷикколхозсохтмон» изофанависии корҳои сохтмонӣ ба маблағи 25,6 миллион сомонӣ, ширкатҳои сохтмонии «ПМК-278» 2,1 миллион сомонӣ, “Хонасоз - 4” 274 ҳазор сомонӣ, “Жил-строй” 450 ҳазор сомонӣ, “Арал-Неру” 698 ҳазор сомонӣ ва “Саманд - 2010” 383 ҳазор сомонӣ ошкор карда шуд. Дар рафти тафтиш 1186 ҳазор сомонӣ ба буҷет ва 6620 ҳазор сомонӣ ба корхона барқарор гардида, маводи санҷишӣ барои баррасӣ ба сохторҳои ҳифзи ҳуқуқи агентӣ ирсол гашт. Айни ҳол санҷиш дар иншооти мазкур идома дорад.
Дар мавриди тафтиши маҷмӯи ташаккул ва иҷрои буҷетҳои маҳаллии 25 шаҳру навоҳии кишвар Аламхон Қурбониён иброз дошт, ки санҷиши фаъолияти 583 идораву ташкилоти буҷетӣ зарари молиявиро ба маблағи 42,4 миллион сомонӣ муайян намуд, ки аз ин 32,7 миллион сомонии он барқарор шуд. Тафтиш дар вилояти Хатлон зарари молиявиро ба маблағи 17 миллион сомонӣ, дар вилояти Суғд ба маблағи 14 миллиону 538 ҳазор сомонӣ ошкор гардид. Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон зарари молиявӣ ба маблағи 2 миллиону 280 ҳазор сомонӣ ошкор шуд. Дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ зарари молиявӣ ба маблағи умумии 5 миллиону 423 ҳазор сомонӣ, аз ҷумла дар ноҳияҳои Ҷиргатол зиёда аз 1,4 миллион сомонӣ, Тоҷикобод 1 миллиону 75 ҳазор сомонӣ, Шаҳринав 1 миллиону 70 ҳазор сомонӣ ва Файзобод 1,7 миллион сомонӣ ошкор гардид. Дар ноҳияҳои Сино ва Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе зарари молиявӣ мутаносибан ба маблағи 2,1 миллион ва 555 ҳазор сомонӣ ошкор шуд.
Дар соли сипаришуда аз тарафи воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи агентӣ 1678  ҷинояти коррупсионӣ ва ба андоз алоқаманд ошкор гашт, ки 510 ҳолати онро ҷиноятҳои вазнин ташкил дода, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта мутаносибан 207 ва 72 ҷиноят зиёд мебошад. Дар рафти санҷишу таҳқиқ 55 миллион сомонӣ барқарор гардидааст.
Дар ин давра шумораи содиркунии ҷиноятҳои коррупсионӣ аз тарафи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва дигар вазорату кумитаҳо, аз ҷумла прокуратура 6 адад, вазоратҳои корҳои дохилӣ 63, мудофиа 20, Кумитаи давлатии амнияти миллӣ 10, Агентии назорати маводи нашъаовар 5, Шӯрои адлия 6, вазоратҳои адлия 32, нақлиёт 13, кишоварзӣ 30, энергетика ва захираҳои об 6, меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ 30, саноат ва технологияҳои нав 18, молия 1, Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ 28, кумитаҳои телевизион ва радио 3, ҳифзи муҳити зист 7, ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ 2, ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ 2, андоз 23, Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдо 2, соҳаи бонкии ҷумҳурӣ 163, ҷамъиятҳои саҳомӣ 266, соҳибкорони инфиродӣ 281 ва ба соҳаҳои маориф ва илм 68, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ 76 ҷиноят рост меояд. Аз ҳисоби умумии ҷиноятҳои ошкоргардида 178 адади онро кормандони мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва худидоракунии шаҳрак ва деҳот содир намудаанд. Дар давраи ҷамъбастӣ 329 ҷинояти хусусияти коррупсионидоштаи вобаста ба замин ошкор карда шуд, ки назар ба соли гузашта 64 адад зиёд аст.
Дар давраи ҳисоботӣ аз ҷониби муфаттишони агентӣ 776 парвандаи ҷиноятӣ бо назардошти бақия ба истеҳсолот қабул гардидааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 65 парванда кам мебошад. Тафтиши 540 парвандаи ҷиноятӣ нисбат ба 695 нафар ба анҷом расонда шуд. Кормандони воҳиди пешгирии коррупсия ҷиҳати пешгирии ҷиноятҳо ва ҳуқуқвайронкуниҳои коррупсионӣ 1032 ҳолати ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурии хусусияти коррупсионидоштаро ошкор карда, нисбат ба шахсоне, ки талаботи қонунро вайрон намудаанд, ба маблағи 828 ҳазор сомонӣ ҷарима татбиқ гардидааст, ки аз ин ҳисоб 810 ҳазор сомонӣ ба буҷет ворид шуд. Ба роҳбарони вазорату идораҳо, корхона ва муассисаҳои дахлдор 2542 дастури хаттӣ ва 963 пешниҳод оид ба бартараф намудани омилҳои коррупсионӣ ва шароитҳои ба онҳо мусоидаткунанда ирсол гардид. Дар натиҷаи баррасии пешниҳодҳои мазкур 165 нафар аз вазифа озод ва нисбат ба 1073 нафар муҷозоти интизомӣ татбиқ карда шудааст.
Бо мақсади дар амал татбиқ намудани дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки аз ҷаласаи васеи Шӯрои амният, аз 17 феврали соли 2015 бармеоянд, бо ҷалби мутахассисони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Палатаи ҳисоб, Агентии хизмати давлатӣ, Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президент ва Донишгоҳи техникӣ аттестатсияи кормандони агентӣ баргузор гардид. Дар мақомот 417 нафар корманд фаъолият намуда, ба аттестатсия 388 нафар фаро гирифта шуд, ки аз ин шумора 332 нафар комёб ва 56 нафар аз аттестатсия нагузашт.
Ба гуфтаи Аламхон Қурбониён, мувофиқи дастури директори агентӣ Рустами Эмомалӣ, бо мақсади таъмини шаффофият, ҷалби ҷавонони лаёқатманд ба хизмати давлатӣ ва интихоби дурусти кадрҳо, дар агентӣ бори аввал дар ҷумҳурӣ бо ҳамкории муштараки мутахассисони Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барномаи махсус таҳия гардида, яке аз давраҳои озмун тариқи тестӣ дар Донишгоҳи технологӣ ба роҳ монда шуд. Барои ишғоли мансабҳои холӣ тавассути васоити ахбори омма озмун эълон гардида, ҷиҳати иштирок дар озмун 834 нафар ҳуҷҷат пешниҳод намуд. Аз рӯи натиҷаи озмун 71 нафар аз озмун гузашт, ки аз ин 18 нафар дар самти назорати давлатии молиявӣ ва 53 нафар дар самти ҳифзи ҳуқуқ буда, 54 нафари онҳоро ҷавонони аз синни 22 то 35 - сола ташкил медиҳанд.
- Кормандони мақомоти назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2016 фаъолияташонро боз ҳам самаранок ва пурзӯр намуда, ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳое, ки аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар наздашон гузошта шудааст, чораҳои зарурӣ меандешанд, - иброз дошт Аламхон Қурбониён.

Мунаввари САФАР,
«Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 4.03.2016; 8.03.2016    №: 45, 47    Мутолиа карданд: 515

19.09.2018


ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Аввалин тамринҳои муштараки низомӣ

Таъсиси 57 корхонаи нав

Намоиши дастовардҳо ба муносибати Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Зуҳро Саидова – соҳиби шоҳҷоиза

Таҳаммул аз амалҳои террористӣ норавост

Баргузории ҳамоиши маъмурони роҳи оҳани кишварҳои СҲШ дар Ӯзбекистон

Дар Ироқ 27 ҳазор нафар аз об заҳролуд гашт

Тӯли 40 соли ислоҳот дар Чин ҷои кор 346 дарсад афзуд

Остона ҳамоиши ҳаштуми глобалии туризми шаҳриро пазироӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД

МАРЗ. Боздошти қочоқбарон

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ БОҒЧАИ НАВ

05.09.2018


БӮСТОН. Бунёди чор иншооти нав

ФУТБОЛ. Дар Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалӣ доир мегарданд

Ориф Алвӣ 13-умин президенти Покистон интихоб гашт

Дар Арабистони Саудӣ барои маводи тахрибӣ дар интернет зиндонӣ мекунанд

Дар Гуҷарат сохтмони баландтарин ҳайкали дунё анҷом меёбад

Ҳиндустон барномаи нави кайҳониро амалӣ месозад

04.09.2018


Боздиди Сарвазири мамлакат аз иншооти гармидиҳии шаҳри Душанбе


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед