logo

сиёсат

ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО АРЗИШҲОИ ОЛИИ КОНСТИТУТСИЯРО ТАҚВИЯТ МЕБАХШАНД

Дар мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода пешниҳоди аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба «Тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи «Сарқонуни» Ҷумҳурии Тоҷикистон» мавриди баррасӣ қарор гирифт. Зикр гардид, ки Конститутсия ҳамчун ҳуҷҷати сиёсӣ ва санади дорои қувваи олии ҳуқуқӣ муҳимтарин арзишҳои бунёдии ҷомеаи башариро барои ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои инсон, ҷомеа ва давлат дар худ таҷассум намуда, хусусиятҳои Тоҷикистонро ба сифати мамлакати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона арзёбӣ кардааст.

Тағйиру иловаҳои ба Конститутсия воридшаванда бо дарназардошти дигаргуниҳои ҳаёти ҷомеа, таъмини пешрафти минбаъдаи ҷумҳурӣ, мустаҳкам намудани асосҳои сохтори конститутсионӣ, таъмин ва кафолати ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон, ҷалби бештари ҷавонон ба ҳаёти сиёсӣ ва идораи давлатӣ, тақозои меъёрҳои имлоӣ ва сохти истифодаи калимаву ибораҳо ва қоидаҳои нави имлои забони тоҷикӣ, ки дар мақоми забони давлатӣ қарор дорад, ба миён омадаанд. Ин тағйиру иловаҳо арзишҳои олии Конститутсияро тақвият бахшида, баҳри раванди демократисозии ҳаёти сиёсӣ ва иҷтимоии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва идомаи ислоҳоти сиёсиву иҷтимоӣ ва ҳуқуқӣ мусоидат мекунанд.
Масалан, тағйирот дар қисми якуми моддаи 1, қисми чоруми моддаи 7, қисми сеюми моддаи 14, қисми дуюм ва сеюми моддаи 15, қисми дуюми моддаи 16, қисми якуми моддаи 18, қисми дуюми моддаи 20, қисми чоруми моддаи 27 ва амсоли инҳо бо дарназардошти меъёрҳои қоидаҳои забони тоҷикӣ, имло ва мавриди истифодаи калимаву ибораҳо пешбинӣ шудаанд.
Ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қисми дуюми моддаи 1, қисми чоруми моддаи 8, қисми дуюми моддаи 14, қисми панҷуми моддаи 65, қисми панҷуми моддаи 71, қисми сеюми моддаи 73 бошанд, вобаста ба инкишоф ва тағйир ёфтани муносибатҳои нави ҷамъиятӣ, зарурати сохтори идоракунии давлатӣ, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ба талаботҳои нави ҷамъиятӣ зарурат доранд. Ворид намудани қисме аз тағйиру иловаҳо ҷиҳати таъмини амнияти давлат ва зиндагии осоиштаи мардуми кишвар ба миён омадаанд. Чунончи, тағйиру иловаҳои қисми шашуми моддаи 8, қисми якум ва сеюми моддаи 15, қисми якуми моддаи 28, ҷумлаи сеюми қисми якум, қисми панҷум, қисми ҳафтуми моддаи 49, қисми дуюми моддаи 65 дар заминаи ин талабот тарҳрезӣ гардидаанд.
Чун давлати мо мустақил ва ҳуқуқбунёд аст, волоияти қонун дар кишвар омили асосии суботи сиёсиву иҷтимоӣ, ваҳдати миллӣ ва дар маҷмӯъ омили рушди босуръати ҷомеаи шаҳрвандӣ ба ҳисоб меравад. Имрӯз танҳо бо риояи қатъии меъёрҳои конститутсионӣ метавонем ба ҳадафҳои пешгирифтаи ҷомеа дар ҳамаи самтҳо ва баробар бо ин, дар ҳифзи Истиқлолияти давлатӣ, дастовардҳои он, ҳимояи амният ва манфиатҳои милливу давлатӣ, устувор гардондани ваҳдати миллӣ ва нигаҳдошти сулҳу субот ва оромии ҷомеа муваффақ шавем. Тағйироти дар қисми панҷуми моддаи 65 воридшаванда бори дигар собит месозад, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон меъмори сулҳ ва ваҳдати миллӣ, хотимабахши ҷанги шаҳрвандӣ, эҳёкунандаи таъриху фарҳанги пурғановати миллати куҳанбунёд ва фарҳангдӯсти тоҷик, барқарорсозандаи давлати пойдору мустақили Тоҷикистон хизмати беназир ва таърихӣ кардааст. Чунин қадрдонӣ ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат ифодагари он аст, ки ин шахсияти беназир баҳри рушду нумӯи Тоҷикистон ва халқу миллати он ҳамеша содиқ мемонад.
  Тағйиру иловаҳои дар қисми ҳафтуми моддаи 49 воридгардида ифодагари он аст, ки узви Маҷлиси миллӣ ва вакили Маҷлиси намояндагон баъди интихоб ё таъйин шудан дар иҷлосияи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон ба халқи Тоҷикистон савганд ёд карда, собит месозанд, ки ҳамчун намояндаи халқ дар назди шаҳрвандони кишвар масъулияти азимеро бар дӯш доранд. Дар қисми сеюми моддаи 73 илова шудааст, ки аъзои Ҳукумат баъди аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъйин шудан ва тасдиқ гардидани фармон дар ҷаласаи якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон савганд ёд мекунанд. Бояд зикр сохт, ки меъёри пешниҳодшуда масъулияти аъзои Ҳукуматро баҳри рушди ҷомеа ва тақдири минбаъдаи шаҳрвандони ҷумҳурӣ боз ҳам баланд мебардорад.
Дар маҷмӯъ, ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон танҳо ба мукаммалтар гаштани он мусоидат намуда, кафолати устувории пояи давлатдориамон мегардад. Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода ҷонибдории сокинони шаҳрро ҷиҳати ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳор намуда, бо истифода аз тамоми имкониятҳо саъю талош меварзад, ки дар раъйпурсии умумихалқии 22 майи соли 2016 иштироки фаъолонаи шаҳрвандонро таъмин намояд.
Сиҷоуддин САЛОМЗОДА,
раиси шаҳри Турсунзода


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 4.03.2016    №: 45    Мутолиа карданд: 591

19.09.2018


ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Аввалин тамринҳои муштараки низомӣ

Таъсиси 57 корхонаи нав

Намоиши дастовардҳо ба муносибати Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Зуҳро Саидова – соҳиби шоҳҷоиза

Таҳаммул аз амалҳои террористӣ норавост

Баргузории ҳамоиши маъмурони роҳи оҳани кишварҳои СҲШ дар Ӯзбекистон

Дар Ироқ 27 ҳазор нафар аз об заҳролуд гашт

Тӯли 40 соли ислоҳот дар Чин ҷои кор 346 дарсад афзуд

Остона ҳамоиши ҳаштуми глобалии туризми шаҳриро пазироӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД

МАРЗ. Боздошти қочоқбарон

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ БОҒЧАИ НАВ

05.09.2018


БӮСТОН. Бунёди чор иншооти нав

ФУТБОЛ. Дар Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалӣ доир мегарданд

Ориф Алвӣ 13-умин президенти Покистон интихоб гашт

Дар Арабистони Саудӣ барои маводи тахрибӣ дар интернет зиндонӣ мекунанд

Дар Гуҷарат сохтмони баландтарин ҳайкали дунё анҷом меёбад

Ҳиндустон барномаи нави кайҳониро амалӣ месозад

04.09.2018


Боздиди Сарвазири мамлакат аз иншооти гармидиҳии шаҳри Душанбе


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед