logo

фарҳанг

ШОМИ ШАНБЕ

МАЛИКА СОБИРОВА – БАЛЕРИНАИ НОТАКРОРИ  ТОҶИК

Падари Малика Абдураҳим Собиров яке аз найнавозони машҳури тоҷик ба ҳисоб мерафт. Шояд аз ҳамин ҷост, ки меҳри санъат дар дили Малика аз хурдӣ ҷой гирифта буд. Ин меҳру муҳаббат ӯро ба даргоҳи  омӯзишгоҳи хореографии Ленинград меоварад. Пас аз хатми бомуваффақонаи он,  Маликаро ба Театри опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ ба кор даъват мекунанд.
Нахустин баромади ӯ дар саҳнаи балети тоҷик 16-уми сентябри соли 1961 ба вуқӯъ мепайвандад. Аввалин қадами Малика дар ҷодаи санъат бобарор буд: чолокӣ ва рақси мавзунаш  тамошобинонро  шефтаву мафтун кард. Аз ин пас Маликаро танҳо ва танҳо комёбиҳо интизор буданд. Пайраҳаи Малика басо рангину гуворо буд. Бо санъати волои худ Малика маликаи саҳнаи балет гашт. Рақси ӯ на танҳо тамошобини Иттиҳоди Шӯравӣ, балки тамоми ҷаҳонро ба ваҷд меовард.
Малика ба касбаш меҳри беандоза дошт ва дар ин ҷода ба комёбиҳои беназир мушарраф гашт. Ӯ тӯли фаъолияти кӯтоҳи хеш бо унвонҳои Ҳунарманди шоистаи Тоҷикистон, Ҳунарманди халқии СССР, орденҳои Нишони фахрӣ ва Байрақи Сурхи Меҳнат сарфроз гардида, лауреати Озмуни байналмилалии ҳунармандони балети шаҳри Москва мебошад.
Мутаассифона, Малика Собирова дар айни камолоти ҳунар бар асари беморӣ дар синнӣ 39-солагӣ аз олам чашм мепӯшад.
 
Таҳияи Нигина УСМОНОВА, “Ҷумҳурият”

 

Ҳунарпешаҳои халқии СССР
ТУҲФА ФОЗИЛОВА

Ҳунарманди шаҳири тоҷик Туҳфа Фозилова, ки баъди иҷрои нақши Лолахон дар драмаи «Лолахон» - и Комил Яшин аллакай муваффақ шуда буд, соли 1934 ӯ бо маслиҳати режиссёр ва драматург Султон Саидмуродов ба Театри мусиқӣ (аз соли 1940 Театри опера ва балети тоҷик) ҳамчун сароянда ва актриса ба кор меояд. Қомати расо, овози гиро ва маҳорати нотакрораш имкон фароҳам оварданд, ки дар театр низ нақшҳои ҷолибе чун Гулчеҳра («Аршин мол – олон» - и Узиер Ҳоҷибеков) Ҳалима («Ҳалима» - и Зафарӣ), Гулсара («Гулсара» - и К. Яшин ва М. Муҳаммадов), Гулъузор («Восеъ» - и Ғанӣ Абдулло), «Шӯриши Восеъ» - и Сергей Баласанян), Нушофарин («Коваи оҳангар» - и С. Баласанян), Нурхон («Нурхон» - и К. Яшин), Зуҳро («Тоҳир ва Зуҳро» - и А. Ленский), Татяна («Евгений Онегин» - и  Петр Чайковский), Микаэлла («Кармен» - и Жорж Бизе) офарида, истеъдоди худро сайқал диҳад.
Аз соли 1949 то охири умр дар Театри давлатии академии драмаи тоҷик ба номи Абулқосим Лоҳутӣ кор карда, даҳҳо нақшҳои нотакрор меофарад. Гулӣ («Алишер Навоӣ» - и М. Уйғун ва И. Султон), Маҳтоб ва Гулнор («Духтари ноком» «Дохунда» - и Ҷ. Икромӣ (дувумӣ аз рӯйи асари ҳамноми устод Садриддин Айнӣ офарида шудааст), Гонериля («Шоҳ Лир» - и Вилям Шекспир), Бону («Рӯдакӣ» - и Сотим Улуғзода), Рани («Қурбонӣ» - и Робендронат Такур),  ва амсоли инҳо аз ҳамин қабиланд.
 Мавзӯи асосии ӯро худшиносӣ, бедории сиёсии занону духтарон, ташаккули шахсияти онҳо ташкил медод, ки дар санъати кино ҳам идома ёфтааст. Қаҳрамонони вай дар филмҳои «Дохунда», «Ибни Сино», «Тӯфон дар Осиё», «Зумрад», «Имрӯз ва фардо», ки ҳаёти ҳамзамонони моро дар бар гирифта, роҳи мураккаби қаҳрамононаи тайнамудаи занони тоҷикро инъикос кардаанд.
Ҳамчун ҳофизи хушхон низ шуҳрат дошт. Сурудҳои «Алла», «Шиканҷи зулф», «Сари кӯҳи баланд», «Каҷмакаҷак», «Мепарварам», «Бихандад лола» ва ғайра ба актриса шуҳрати бештар зам намудаанд.
Аз соли 1985 Театри мусиқӣ – мазҳакавии шаҳри Конибодом номи Туҳфа Фозиловаро дорад.
Таҳияи Умар АЛӢ

 

 

АЗ 40 СОЛИ БЕХАНДАИ ТЭСС ТО 16 ДУГОНИКИ ЗАНИ КРЕСТЯНИН

Тэсс Кристиан барои рӯйи худро аз ожанг нигоҳ доштан, аз ханда даст кашидааст. Ӯ охирон бор дар 10-солагиаш хандидааст. Ҳатто вақти фарзанддор шуданаш ҳам Тэсс аз хандаву табассум худдорӣ намуд.
- Дар маҳфилу шабнишиниҳо иштирок мекунам, ба театр меравам, ҳамроҳи дӯстонам мешинам, лекин қиёфаи худро ҷиддӣ нигоҳ медорам. Ҳангоми тамошои филми мазҳакавӣ ё шунидани ягон латифа дар даруни дилам механдам, шод мешавам, - мегӯяд Тэсс.
Равоншиносон бар он ақидаанд, ки аз ханда худдорӣ кардан, ба саломатии инсон руҳан таъсир мерасонад. Вале Тэсс худро солиму хушбахт меҳисобад.
Имрӯз синни Тэсс Кристиан аз 50 гузашта бошад ҳам, дар рӯяш ожанг надорад. Ӯ бо иродаи қавии худ тавонист дар ин синну сол чеҳраи худро ҷавон нигоҳ дорад.

* * *
Соли 1140 шоҳи Олмон Конради III  ҳангоми қалъаи герсог Велфро тассаруф кардан, занонро асир нагирифт, баръакс иҷозат дод, ки ҳар чи хоҳанд бо худ гирифта, аз шаҳр берун раванд. Занҳо фақат шавҳаронашонро интихоб намуданд. Вақте ин хабарро ба шоҳ расонданд, ӯ аз гапи худ нагашт, баръакс ба ин ҳиллаву ғайрати занҳо таҳсин хонд.

* * *
Як рӯзи сарди зимистон дар Сибир садамаи автомобилӣ рух дод. Дар дохили мошин ронандаи 40-сола бо модари 70-солааш буд. Ронанда ҷароҳати вазнин бардошта, аз ҳуш меравад. То омадани ёрии таъҷилӣ, модар писарашро ба пушташ гирифта, 13 километр ба тарафи шаҳр ҳаракат мекунад. Ин амали модар ҳамаро ба ҳайрат овард.

* * *
Куҳансолтарин мухлиси клуби футболи «Бавария» (Мюнхен) зане бо номи Мариа Фриче мебошад. Ӯ 106-солагии худро дар майдони «Алянс-Арена»-и шаҳри Мюнхен қайд намуд.

* * *
Серкӯдактарин модар зани крестянин Фёдор Василев ба шумор меравад. Ин модар дар давоми солҳои 1725 то 1765-ум 69 фарзанд ба дунё овардааст. Ӯ 16 маротиба дугоник, 7 маротиба сегоник ва 4 маротиба чоргоник таваллуд кардааст.
Таҳияи Ф. АЛИШЕР, "Ҷумҳурият"

 


100 разведкачӣ
ЭЛИЗАБЕТ ВАН - ЛЮ
Дар соли 1861 дар Амрико дар байни федеролиҳо, яъне шимолиҳо, тарафдорони барҳамдиҳии ғуломдорӣ ва конфедератсия, иттиҳоди иёлатҳои ҷанубии ғуломдорӣ,  ҷанги шаҳрвандӣ оғоз гашт. Ҳар ду тараф шабакаи васеи ҷосусиро истифода мебурд ва дар байни онҳо занон низ хеле зиёд буданд. Яке аз симоҳои барҷастаи разведкаи федеролиҳо Элизабет Ван – Лю ба ҳисоб мерафт, ки ӯро таърихдонони ҷаҳон дар сафи беҳтарин қаҳрамонони хизмати махфӣ мегузоранд.
Элизабет дар Ричмонд, маркази иёлати Вирҷиния ва ҳам пойтахти конфедератсия, ҳамроҳи модар ва хизматгорон мезист. Баъди соҳиби маълумот шудан дар Филаделфия, ӯ ба сафи аболитсионистҳо – ҷонибдорони озодсозии ғуломони сиёҳпӯст – пайваст. Нуҳ нафар ғуломи худро озод кард ва хешону пайвандони онҳоро низ аз дигарон харида, барояшон озодӣ бахшид. Оилаи Ван – Лю меҳмондӯст, дастархондор ва сахӣ буд, бисёр давлатмандон, тоҷирон, низомиён, ҳунарпешаҳои шаҳр меҳмон мешуданд. Бо тамоми ашхоси мансабдор робита дошт. Дар фаъолияти ҷосусиаш сарсудя Ҷон Маршалл, шахси бағоят обруманд ва овозхони машҳур Ҷенни Линд, ки ба ҳар саҳнаву хонадони олимақомон роҳ дошт,  ҳамроҳ буданд.
Суҳбатҳои пас аз ғизои нисфирӯзии меҳмонон ба вай маълумоти зиёде медоданд. Вале ӯ ба ҷосусӣ пас аз қатли Ҷон Браун – муборизи шинохтаи роҳи озодии сиёҳпӯстон – даст зад. «Аз ин лаҳза ба баъд халқи мо дар ҳолати ҷанг қарор дорад», - навишт дар ёддоштҳояш. Вай ҳам дар хона ва ҳам дар кӯчаву хиёбонҳо бар зидди нажодпарастии ҳукумати Ҷефферсон Дэвис баромадҳо мекард ва ӯро тарафдорони конфедератсия «Бети девона» мехонданд. Аммо ин девонаи ба кори худ ҳушёр, бо ташаббуси шахсияш ба ҳукумати федеролӣ, нома аз пайи нома мефиристод ва онҳоро бо вазъи душман ошно месохт.
Пеш аз ҳама Элизабет ҷамъоварии маълумотро ба роҳ монд, ба ғайри меҳмонони доимӣ бо даҳҳо нафари дигар робита пайдо намуд. Мана як мисол, Элизабет Мэри Баусер ном канизе дошт, баъди озод кардан, ӯро ба хондан фиристонд. Вай бисёр духтараки қобил, доно, зирак ва ҳушёр баромад. Баъди бозгашт аз таҳсил, Элизабет варо дар ошхонаи «Қасри сафед», ки худи президент Ҷефферсон Дэвис ғизо мехӯрд, ҳамчун пешхизмат ҷой намуд. Аз ин ошхона маълумоти муҳим чун сел мерехт. 
Маълумоти гаронбаҳоро хизматгоронаш ва ҳам ҷосусон ба ситоди конфедератсия мерасонданд. Дар маҳбасхона бо афсарони асирафтода вомехӯрд ва бо баҳонаи ба онҳо расондани ёрии тиббӣ, равонӣ ва ғизоӣ аз онҳо маълумоти пурқимат мегирифт ва ин корро танҳо анҷом намедод, ёвару пайравонаш хеле зиёд буданд. Барои интиқоли номаҳо 5 бунгоҳ созмон дод, ки яке дар хонааш буд. Генерал Шарп, сардори ситоди артиши конфедератсия, мунтазам аз Элизабет маълумот мегирифт ва дар ғалабаи онҳо саҳми ин бонуи инсонпарвар нақши носутурданӣ гузошт. Баъди ғалаба президент Грант саҳми Элизабетро махсус ва шоён иброз дошт ва қадр намуда, сардори хадамоти алоқа таъйин кард. Аммо баъди вафоти президент Грант роҳбарони нав ба ӯ аҳамияти сазовор надоданд, вай бекор ва дар пирӣ муфлис монду аз ҳисоби хайрияи мардум зист. Дӯстони сиёҳпӯсти қоматхамидаю фартут то дами маргаш нигаҳбонаш буданд.
Қурбон МАДАЛИЕВ,
«Ҷумҳурият».
Тарҷума аз русӣ

 


Ҳарчанд дили зан нисбати дили мард 20 дарсад хурд бошад ҳам, лекин назар ба дили мард тезтар метапад.

 


Андарз
ҲАМЁН

Ҷавоне рӯйи роҳ нохост яктинаро дид. “Яктина ҳам пул”, - аз дил гузаронд ӯ ва онро бардошта, ба ҳамёнаш гузошт. Ва фикрашро давом дод: «Агар ҳазор сум меёфтам, чӣ кор мекардам? Ба модарам туҳфа мехаридам!» Чун ин фикр аз дилаш гузашт, вазнин шудани ҳамёнашро ҳис кард. Кушода бинад - он ҷо ҳазор сум. “Ана ин аҷоибот! - ҳайрон шуд ҷавон. “Буду шуд як тин доштам, ҳоло бошад, дар ҳамёнам  ҳазор сум! Исто, ки агар даҳ ҳазор сум меёфтам, чӣ кор мекардам? Гов мехаридаму ба модарам ширро арзонӣ медоштам”. Баъди ин зуд ҳамёнро хабар гирифт он ҷо даҳ ҳазор суми роҷеулнақд буд. “Аҷоибот!”- хурсанд шуд ҷавон ва орзуро идома дод. “Агар сад ҳазор сум меёфтам, чӣ кор мекардам? Хона мехаридам, зан мегирифтам ва ба хонаи нав модарамро ҳам меовардам”.
Ва боз ҳамёнро хабар гирифт: сад ҳазор сум хобидааст! Ҳамёнро ҷавон маҳкам карду ба андеша рафт: “Шояд модарамро ба хонаи нав наорам? Раваду ба занам маъқул нашавад? Хубаш, дар ҳамон хонаи куҳна зиндагӣ кардан гирад. Гов ҳам ташвиши зиёд дорад, беҳтараш буз мехарам. Зиёд сарф набояд кард, беҳтараш ба худ чанд либоси нав мехарам”.
Ин лаҳза ҷавон эҳсос мекунад, ки ҳамёнаш чун пари қу сабук аст. Зуд онро кушод: дар дарунаш  буду шуд ҳамон яктинаи аз сари роҳ ёфтааш мехобид...
 Таҳияи Хуршеди ҶОВИД, “Ҷумҳурият”

 


ЗАНҲО ЧӢ ИХТИРОЪ КАРДА МЕТАВОНАНД?
Аз қадимулайём чунин меҳисобанд, ки зан бояд ба кору бори хона машғул бошад. Бинобар ин, ба илм ва сиёсат бештар мардон шуғл меварзиданд. Аммо таърих исми занони машҳуреро низ ёд дорад, ки ихтирооти бунёдӣ намудаанд. Ин занҳои шуҷоъ тавонистанд ғалат будани ақидаи мардонро нисбат ба мавқеи зан дар пешрафти илм исбот намоянд.

Соли 1816 Никол Барбйе Клико технологияи «ремюаж» - ро ҷорӣ намуд, ки тавассути он шампон дар се моҳ аз тамоми такшинҳояш тоза карда шуда, ранги шаффофро мегирад. То ин замон ранги шампон хира буда, мақоми (статуси) машруботи элитаро надошт.


Занҳо, ки ҳалли мушкилоти рӯзгор бештар ба зиммаи онҳо аст, аксаран сари ихтирооте андеша меронданд, ки кори худашонро дар зиндагӣ осон намояд. Ҷозефина Кокрейн ҳанӯз соли 1886 нахустин мошинаи механиконидашудаи табақшӯиро ихтироъ намуда буд. Танҳо пас аз 40 сол онро ҳамчун асбоби дар зиндагӣ зарурӣ қабул намуданду ба таври васеъ кор мефармудагӣ шуданд.


Исми Бетти Несмит Грэм бошад, дар таърих ҳамчун ихтироъкунандаи «қалами сафед» ворид шудааст. Гап дар сари он аст, ки Бетти дар яке аз нашриётҳои маъруф дар вазифаи мусаҳҳеҳ кор мекард. Ба ӯ лозим меомад, ки аз паси мухбирони камсавод хатоҳои бешуморашонро ислоҳ намояд. Ин кор чунон ба дилаш зада буд, ки онҳоро «талху зор» дуо мекард. Ҳар рӯз ба худ қавл медод, ки ба хатоҳои ҷузъӣ аҳамият нахоҳад дод. Вале табиати мусаҳҳеҳро дигар карда намешудааст. Азбаски шавҳари ӯ низ ронанда буда, гаражи васеъ дошт. Бетти ҳангоми бекорӣ маҳлулҳои сафедро дар он ҷо бо ҳам омехтан гирифт. Дар натиҷа моеи сафедеро тайёр намуд, ки мисли коғаз сап-сафед ва, аз ҳама муҳимаш, зуд хушк мешуд. То ҳол дар соҳаҳои илм, маориф ва полиграфия аз қалами Бетти васеъ истифода мебаранд.


Бовар нокарданист, вале прототипи нахустин мошинаҳои барфрӯбро дар соли 1892 котибаи як идораи одӣ бо исми Синтия Вестовер офаридааст. 
(Давом дорад)
М. ТАБАРӢ, "Ҷумҳурият"

 

 

 

- Занам одами хуб не. Аз ӯ хафа шудам, аҳмақ гуфт маро…
- Аз гапи рост чӣ хафа мешавӣ? Аҳмақ набошӣ, ба ман дар бораи занат нақл мекунӣ?

 


950 ИМТИҲОНИ ЧА СУН
Зане аз Кореяи Ҷанубӣ бо номи Чха Ча Сун дар синни 69-солагӣ хост ҳуҷҷати ронандагӣ гирад. Гирифтани ҳуҷҷат барои ӯ баъди панҷ сол муйясар шуд, яъне баъди 950 бор имтиҳон супурдан ба Ча Сун ҳуқуқи рондани автомобилро доданд. Ширкати «Hyundai» пуртоқатии ин занро ба назар гирифта, ба ӯ автомобил туҳфа кард.
Таҳияи Ф. НЕМОНОВ

 


ПАС АЗ ВАЛЕНТИНА ТЕРЕШКОВА КӢ БА КАЙҲОН ПАРИД?

Дар аҳди шӯравӣ ду зан - Валентина Терешкова ва Елена Савитская, дар Русия танҳо Елена Кондакова ба кайҳон паридааст.
Нахустин амрикоизан дар мадор пас аз 20 соли парвози Терешкова Салли Райд шуд. Ӯ солҳои 1983 ва 1984  парвоз карда, дар маҷмӯъ беш аз 14 шабонарӯзро дар кайҳон гузаронд.
Чаҳорум дар ҷаҳон зани кайҳоннавард - шаҳрванди ИМА Ҷудит Резник моҳи августи соли 1984 дар ҳайати киштии "Дискавери" парвоз дошт.
Дар шумори парвоз ба мадор амрикоиҳо афзалияти кулл доранд. Шеннон Лусид, Бонни Данбар, Тамара Ҷерниган, Ҷенис Восс, Марша Айвинс, Сюзан Хелмс панҷ маротибагӣ ба кайҳон паридаанд. Дар маҷмӯъ аз ИМА 45 занро бахти аз мадор дидани Замин муяссар гаштааст.

Таҳияи Хуршеди ҶОВИД, "Ҷумҳурият"

 


Агар зан бо калаи хам меравад, пас ӯ маъшуқ дорад. Бо калаи бардошта қадам занад ҳам, маъшуқ дорад, агар калаашро рост гирифта, хиромад ҳам, маъшуқ дорад ва умуман зани бокала бемаъшуқ намешавад.

* * *
Фоҷиаи мард: як қабил занҳо мақбули дил нестанд ба тоифаи дигари занҳо зӯри дандон ва ба тоифаи сеюм зӯри киса намерасад.

 


Лутфи занҳои бузург
ЭЪТИРОЗИ КАТЕРИНА БА ЕКАТЕРИНА

Сарояндаи машҳури итолиёвӣ Катерина Габриелли, ки ӯро худи  Екатеринаи II ба Петербург хонда буд, барои ҳар консерташ панҷ ҳазор дукат талаб намуд.
- Лутф намоед, хонум, - норозигӣ баён кард императритса, - ман ба фелдмаршалҳои худ тӯли як моҳ маоши камтар медиҳам.
- Ин тавр бошад, - эътироз намуд Габриелли, - бигзор фелдмаршалҳо бароятон суруд хонанд!

МАНБАИ ИЛҲОМ
- Шумо сужети романҳои худро чӣ гуна пайдо мекунед? – пурсиданд боре аз Агата Кристи. 
- Маъмулан онҳо ҳангоми шустани табақу коса ба сарам меоянд, - посух медиҳад маликаи детектив. - Ин чунин амали дилгиркунандае аст, ки ҳар гоҳе ба он машғул шавам, мехоҳам ё шахси косаю табақ офаридаро ба қатл расонам, ё шахси аз онҳо таом хӯрдаро!
М. ТАБАРӢ, "Ҷумҳурият"

 


Як кокули зан, ки аз 200 ҳазор мӯй иборат аст, қудрати бардоштани 20 тонна вазнро дорад.

 


Бодаи дар ҷоми манӣ, ҳамсарам,
Манбаи илҳоми манӣ, ҳамсарам.
Неъмате аз ту набувад хубтар,
Аз худо инъоми манӣ, ҳамсарам.
Нур шабон ёфта аз рӯи ту,
Моҳи лаби боми манӣ, ҳамсарам.
Мӯй ба мӯ шефтаат ин манам,
Сайд на, ки доми манӣ, ҳамсарам.
Ёфтаам иззату икром агар,
Иззату икроми манӣ, ҳамсарам.
Бе ту надорам ҳаваси зистан,
Аввалу анҷоми манӣ ҳамсарам.
Гурез САФАР

 


ДАҲ ВАРЗИШГАРБОНУИ САРВАТМАНД
Маҷаллаи "Forbes" (Украина) чанд сол аст, ки рӯйхати  варзишгарбонувони касбии сарватмандро интишор менамояд. Бештари сафи даҳнафараи варзишгарбонувони зиёдмуздро теннисбозон ташкил медиҳанд.

Дар миёни онҳо Мария Шарапова аз Русия 10 сол аст, ки пай дар пай мақоми аввалро ишғол менамояд. Тибқи гузориши маҷаллаи мазкур маблағи дарёфтнамудаи Мария аз июни соли 2013 то июни 2014 бештар аз 24 миллион доллари  ИМА-ро ташкил додааст. Қисми зиёди ин маблағро ӯ тавассути қарордодҳои рекламавӣ ба даст овардааст. Фонди ҷоизавии Шарапова 2 миллион доллар мебошад.
Дар  мақоми дувум теннисбоздухтари чинӣ Ли – На қарор дорад. Маблағи касб кардаи ӯ аз маблағи Шарапова андак камтар - 23 миллион доллар аст. Бахши бештари маблағҳои дарёфтии Лиро низ қарордодҳои рекламавӣ ташкил медиҳанд. Фоидаи аз зӯрозмоиҳо  гирифтаи Ли – На 5 миллион  доллар мебошад.
 Зинаи сеюмро теннисбозбонуи амрикоӣ Серена Уилямс ишғол мекунад. Маблағи яксолаи бадастовардаи ӯ 22 миллион доллар буда, нисфи он ҷоизавӣ маҳсуб меёбад.
Мақомҳои 4, 5 ва 6 – умро Ким Юн – рақси  рӯи ях (Корея), Даника Патрик – пойгаҳи автомобил (ИМА), Виктория Азаренко – теннис, (Беларусия) бо маблағҳои 16,3,  15 ва  11,1 миллион доллар ишғол кардаанд.
Королин Возняски (Дания) – теннис, Агнешка Радванска (Полша) – теннис, Ана Иванович (Сербия) – теннис, Паула Кример (ИМА) – голф дар ин саф мутаносибан мавқеъ гирифтаанд.

Таҳияи Р. ИСМАТУЛЛОЕВ, «Ҷумҳурият»
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 5.03.2016    №: 46    Мутолиа карданд: 906

15.11.2018


Ҳамоиш бахшида ба Рӯзи Президент

Нурдинҷон Исмоилов ба Тоҷикистон меояд

Мулоқоти Зубайдулло Зубайдзода бо Амал Муҷрин ал - Ҳамад

Конференсияи гиромидошти Бобоҷон Ғафуров

Путин ва Абэ дар асоси қатъномаи соли 1956 гуфтушунид хоҳанд кард

Таҳлилгарони Nomura сустшавии суръати рушди иқтисоди ҷаҳониро пешгӯӣ намуданд

Frontex: ба Аврупо омадани гурезаҳо 31 дарсад коҳиш ёфт

Назарбоев соли 2019-ро Соли ҷавонон эълом дошт

Ҷаҳон дар як сатр

14.11.2018


Вусъати корҳои ободонӣ дар ноҳияи Восеъ

Ҷамъоварии $482 миллион ба ёрии мардуми Ироқ

Назарбоев ташкили Созмони амнияти дастаҷамъии Осиёро пешниҳод дорад

Ҷонибдории Ангела Меркел аз ташкили артиши ягонаи аврупоӣ

Дар Тошканд Ҳафтаи соҳибкории глобалӣ шурӯъ шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН – 2018. Иштироки се бонуи муштзани тоҷик

БОНКИ МИЛЛӢ. Иқдоми наҷиб

13.11.2018


Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин ва Юе Бин

Баимзорасии ёддошти тафоҳум

Нақшаи чорабиниҳои амалӣ намудани корҳои ободонию бунёдкорӣ дар давраи солҳои 2019 – 2021 тасдиқ гардид

БӮСТОН. Таҷдиди шуъбаи урология

ВАҲДАТ. 5 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд

ЁВОН СИМОИ ТОЗА МЕГИРАД

НОҲИЯИ ШАМСИДДИНИ ШОҲИН. Кӯшишҳо самар медиҳанд

"Дар ин дунё Карим Девонае буд"

Ҳузури бераводиди тоҷикистониён дар Туркия 3 баробар дароз шуд

Аврупо дар бозёбии партовҳои уран дар Тоҷикистон саҳм мегирад

Москва аз ҷумлаи даҳ шаҳри беҳтарини дунёст

Гунаҳгорони ҳалокати 52 ӯзбекистонӣ зиндонӣ шуданд

Чин дар ҷаҳон калонтарин воридкунандаи газ

Ҷаҳон дар як сатр

ҚУБОДИЁН. 48 медали варзишгарон дар нуҳ моҳ

12.11.2018


Дар Париж ҳамоиши сулҳ ифтитоҳ ёфт

Бо эҳтимоми ҳукумати Ҳиндустон нархи сӯзишворӣ арзон мешавад


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед