logo

фарҳанг

ҲАМОИШИ АДИБОНИ ҲАВЗАИ НАВРӮЗ ДАР ВАТАНИ НАВРӮЗ

Бо ташаббусҳои пайгиронаи Пешвои миллат, Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон соли 2010 ҷашни миллии тоҷикон  Наврӯз  бо қарори ташкилоти фарҳангии Созмони Милали Муттаҳид – ЮНЕСКО мақоми байналмилалӣ гирифт. Инак, шаш сол мешавад, ки Наврӯзи хуҷастапай дар арсаи ҷаҳон бо шукӯҳу шаҳомати хоса қайд хоҳад гашт. Ба ин хотир, имсол дар кишвар аз 18 то 24 март Ҳамоиши байналмилалии адибони кишварҳои ҳавзаи Наврӯз баргузор мешавад. Алҳол барои дар сатҳи баланд гузарондани ин чорабинии муҳим омодагиҳо ҷараён доранд.

Тавре ки Атохоҷа  Мирзоҷалолов, муовини аввали раиси Иттифоқи нависандагон иттилоъ дод, ҷиҳати ташкил ва гузарондани Ҳамоиши байналмилалии адибони кишварҳои ҳавзаи Наврӯз дар назди иттифоқ ситоди махсуси корӣ таъсис ёфта, ҳамарӯза фаъолият дорад. Шахсони масъул тамоми иттилооти вобаста ба ҳамоишро мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дода, мушкилоти пешомадаро ҳал менамоянд.
Дар назар аст, ки рӯзҳои 18 -19 март меҳмонон аз 20 давлати дунё ба кишвари мо ташриф оранд.  Меҳмонон на танҳо аз кишварҳои ҳавзаи Наврӯз (Эрон, Афғонистон, Покистон, Ҳиндустон, Озарбойҷон, Туркия, Қазоқистон, Қирғизистон, Ӯзбекистон), балки аз мамлакатҳои Аврупову Амрико низ даъват шудаанд. Интизор меравад, ки дар ҳамоиш зиёда аз 60 шоиру  нависанда ва пажӯҳишгарон, назири Фаридулло Бежан аз Австралия, Абдулқаюм Қавим аз Афғонистон, Муҳаммадшоҳи Фарҳуд   аз Нидерланд, Ризо Ризвонӣ аз Шведсия, Муҳаммадкозими Козимӣ аз Эрон ва дигарон иштирок хоҳанд кард.
Тибқи нақша меҳмонон нахуст 19 март дар  Конфронси байналмилалӣ, ки дар Академияи илмҳои Тоҷикистон баргузор мешавад, ширкат меварзанд. Рӯзи дигар (20 март) симпозиуми байналмилалӣ  бо иштироки Пешвои миллат, Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон доир мегардад. Дар он суханронии Сарвари давлат, баромади шоирон, нависандагон, мунаққидони машҳури ҷаҳон сурат мегирад.
Ғайр аз ин, дар Академияи илмҳои ҷумҳурӣ, Иттифоқи нависандагон, Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва Донишгоҳи давлатии омӯзгории кишвар аз ҷониби устодони бузурги шеъри порсӣ дарсҳои маҳорати адабӣ баргузор мешаванд.
Баҳри шиносоии бештару беҳтар аз ҷашнгирии мардумии Наврӯзи оламафрӯз  21 – 23 март меҳмонон гурӯҳбандӣ шуда, як қисмашон дар шаҳри Душанбе мемонанду қисми дигарашон ба шаҳру ноҳияҳои вилоятҳои Суғду Хатлон сафар хоҳанд кард.
Атохоҷа Мирзоҷалолов, инчунин, иброз дошт, ки бо ибтикори Иттифоқи нависандагон китоби мунтахаби ашъори шоирони ҳавзаи Наврӯз ба чоп омода шуда, рӯзҳои наздик ба табъ хоҳад расид.
Баҳри таҷлили рангину гуворои Иди Наврӯз ташкили маҳфилҳои шеъру суруди шоирон ва сарояндагони маъруфи кишвар ба нақша гирифта шудааст. 

Ш. ҚУРБОН, «Ҷумҳурият»
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 5.03.2016    №: 46    Мутолиа карданд: 746

13.11.2018


Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин ва Юе Бин

Баимзорасии ёддошти тафоҳум

Нақшаи чорабиниҳои амалӣ намудани корҳои ободонию бунёдкорӣ дар давраи солҳои 2019 – 2021 тасдиқ гардид

БӮСТОН. Таҷдиди шуъбаи урология

ВАҲДАТ. 5 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд

ЁВОН СИМОИ ТОЗА МЕГИРАД

НОҲИЯИ ШАМСИДДИНИ ШОҲИН. Кӯшишҳо самар медиҳанд

"Дар ин дунё Карим Девонае буд"

Ҳузури бераводиди тоҷикистониён дар Туркия 3 баробар дароз шуд

Аврупо дар бозёбии партовҳои уран дар Тоҷикистон саҳм мегирад

Москва аз ҷумлаи даҳ шаҳри беҳтарини дунёст

Гунаҳгорони ҳалокати 52 ӯзбекистонӣ зиндонӣ шуданд

Чин дар ҷаҳон калонтарин воридкунандаи газ

Ҷаҳон дар як сатр

ҚУБОДИЁН. 48 медали варзишгарон дар нуҳ моҳ

12.11.2018


Дар Париж ҳамоиши сулҳ ифтитоҳ ёфт

Бо эҳтимоми ҳукумати Ҳиндустон нархи сӯзишворӣ арзон мешавад

ЭКСПО дар Шанхай: шартномаҳо ба маблағи қариб $60 миллиард ба тасвиб расиданд

Сӯхтори ҷангал дар Калифорния боиси ҳалокати 25 нафар гашт

Ҷаҳон дар як сатр

ВАХШ. Суратҳисоби бонкӣ барои ятимон

ОЛИМПИАДАИ “GENIUSKIDS – 2018” 35 медали хонандагони тоҷик

САМБО. Хушқадам Хусравов – қаҳрамони ҷаҳон

09.11.2018


Ҳамоишҳои ҷавонон бахшида ба Рӯзи Президент

Баррасии масоили рушди ҳамкориҳо

Мулоқоти Юсуф Раҳмон бо Кристофер Рэй

Таъсиси гурӯҳи корӣ баҳри иҷрои «Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳри Душанбе барои давраи то соли 2025»

Давлаталӣ Саид дар Корея

20-умин конфронси расонаҳои Осиёи Марказӣ дар Остона баргузор шуд

«Толибон» рӯйхати иштирокдорони мушовараи Москваро интишор дод

Таърихшиноси фаронсавӣ ба Макрон нақши Россияро дар наҷоти Аврупо хотиррасон кард

Ҷаҳон дар як сатр

"TASHKENT GRAND PRIX" ИШТИРОКИ ПАҲЛАВОНОНИ ТОҶИК ДАР ОН

"Истиқлол" бори ҳафтум чемпиони Тоҷикистон шуд!


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед