logo

сиёсат

ИФТИТОҲИ МАҶМААИ ТАНДУРУСТИИ «ИСТИҚЛОЛ»

4 март Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе дар фазои тантанавӣ маҷмааи бузурги тандурустиро ифтитоҳ намуд.

Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмонро кормандони соҳаи тандурустӣ бо самимияти хоса истиқбол гирифтанд. Баъди буридани лентаи рамзӣ Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон бо шумораи зиёди табибон суҳбати самимӣ доир намуд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бунёду мавриди истифода қарор додани ин маркази бузургро туҳфаи арзандаи Пешвои миллат ба кормандони соҳа дар арафаи ҷашни байналмилалии Наврӯз ва истиқбол аз 25 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон арзёбӣ кард.
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба кормандони соҳаи тандурустии пойтахт муроҷиат намуда, онҳоро ба садоқат ба касби пурмасъулият ва бошарафашон ҳидоят кард. Эмомалӣ Раҳмон таъкид дошт, ки сатҳи хизматрасониҳои тиббӣ ва муомилаю муоширатро бо мардуми ниёзманд беҳ созанд.
Бунёд ва мавриди истифодадиҳии ин маркази замонавӣ барои беҳтар кардани сатҳу сифати хизматрасонии тиббӣ ва дастрасии шаҳрвандон ба он шароити мусоид фароҳам меорад. Чунон ки таъкид гардид, саломатии аҳли ҷомеа дар мадди аввал қарор дорад, зеро, ба андешаи Пешвои миллат,  “солимии ҷомеа - сарвати давлат аст”.
Пас аз анҷоми суханронӣ Сарвари давлат дар маҷмааи тандурустӣ бо шароиту имкониятҳои ташхисгоҳ, шуъбаи наҷот ва муолиҷаи оҷил барои калонсолон, толорҳои ҷарроҳии асаб, ҷарроҳии умумӣ, ҷарроҳии дилу рагҳои хунгард, толори гиёҳдармонӣ, маркази иттилоотӣ, китобхонаи электронӣ бо 27 компютери ба интернет пайваст, таваллудхона, шуъбаи бемориҳои дарунии кӯдакона, бистарикунонии калонсолон, дармонгоҳ, озмоишгоҳ, ошхонаи кормандон бо 150 ҷойи нишаст ва дар саҳни ҳавлии иншоот бо варзишгоҳ шинос шуд.
Дар марказ 620 номгӯи таҷҳизоти муосири ташхису табобатии истеҳсоли кишварҳои пешрафтаи ҷаҳон аз ширкатҳои бонуфузи Русия, Чин, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, Япония, Олмон, Финляндия ва Чехия дастрас ва насб шудааст.
Дар ошёнаи аввал ба Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дастгоҳҳои нодиртаринро намоиш доданд, ки  дар Осиёи Марказӣ ҳамто надоранд.
Дастгоҳҳо кори табибонро сабук карда, якбора бо сарфаи вақт якчанд амалиётро иҷро менамоянд. Масалан, дастгоҳи ангеография, ки нодиртарин маҳсуб меёбад, ташхису табобати бемориҳои гуногун, аз қабили бемориҳои дилу рагҳои хунгард, касалиҳои занона ва ғайраро иҷро менамояд.
Дастгоҳи рентгении рақамӣ дар як лаҳзаи кӯтоҳ беморро аз ташхис мегузаронад. Дар ҳуҷраи мамографӣ бемориҳои ғадуди ширии занон ва саратони ғадудҳои ширии занон ташхис мешаванд. Дар ҳуҷраи дансиометрӣ ҳолати физиологӣ ё потологии узвҳоро аз ташхис мегузаронанд. Яке аз бартариҳои ин дастгоҳ бо муайян кардани зичии бофтаҳои устухон пешгирии шикастани устухонҳои инсон мебошад.
Дар озмоишгоҳ аксар дастгоҳҳои муосире дастрас гардидаанд, ки якбора якчанд амалиётро иҷро мекунанд. Масалан, дар озмоишгоҳи ташхиси бемориҳои сироятӣ дастгоҳҳои ширкати олмонӣ насб шудаанд, ки дар як соат 96 амалиётро анҷом медиҳанд. Заррабин бошад, замонавӣ буда, сифати баланди оптикӣ дорад ва маводи ташхисшавандаи бемориҳои сироятиро аз 1000 то ба 2500 дараҷа калон мекунад. Аксари дастгоҳҳои барқии тиббӣ дар ин марказ каммасраф мебошанд.
Дар ҳуҷраи шикастабандӣ дастгоҳе насб шудааст, ки дар вақти ҷарроҳӣ беморро аксбардорӣ карда, табобат менамоянд. Барои ин шахси осебдида ба дигар ҷой барои гузаштан аз ташхиси рентгенӣ намеравад. Барои бемориҳои гӯшу гулӯ ва бинӣ дастгоҳи муосире насб шудааст, ки якбора метавонад беморро ташхис, беҳис ва табобат намояд.
 Дар дармонгоҳи маҷмаа тамоми ҷараёни бақайдгирӣ, ташхис ва табобати бемор ба таври компютерӣ ба системаи ягона ворид карда мешавад.
Дар шуъбаи наҷот ва муолиҷаи оҷил дар бахши ҷарроҳии калонсолон ба Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон имкониятҳои навтарини эҳёгарии беморон бо истифодаи васеъ аз технологияи компютерӣ оид ба ҳолати бемор намоиш дода шуд.
Мутахассисон иттилоъ доданд, ки дар ин маҷмаа ба дастрас кардани дастгоҳҳои сайёр дар ҳар як ҳуҷраи ҷарроҳӣ, аз қабили рентгени мобилӣ, рентгени рақамӣ, таҷҳизоти махсуси нигоҳдории кӯдакони дар вақти таваллуд бо вазни то 500 грамм, интиқоли ин гуна тифлони навзод аз як ҷо ба ҷойи дигар, гузаронидани ҷарроҳӣ бевосита дар худи таваллудхона барои кӯдакони бо нуқси модарзодӣ таваллудшуда, аз тарафи духтурони табобати кӯдакон ва насби камераҳо дар вақти ҷарроҳиҳои нақшавӣ барои тибби фосилавӣ ва омӯзондани донишҷӯён афзалият дода шудааст.
Қаблан барои табобати як бемор аз дигар беморхонаҳо табиб даъват карда мешуд ё ин ки барои ташхис шахси бемор ба дигар ҷо фиристода мешуд, акнун таҷҳизоти нодиру гаронарзиши тиббии маҷмаа имкон медиҳад, ки бемор дар ҷояш ташхис ва табобат карда шавад.
Барои таҷрибаомӯзии донишҷӯён дар ин ҷо толори маснуӣ фаъолият мекунад, ки тарзи расондани кумаки аввалини тиббӣ ба онҳо омӯзонда мешавад.
Дар маркази системаи ягонаи иттилоотии тандурустии ҷумҳурӣ ба Сарвари давлат иттилоъ доданд, ки имкон аст то дар як махзан ҳолати бемор нигоҳ дошта шавад ва ба маркази ҷумҳуриявӣ таърихи ташхису табобат ва маълумоти вазъи сиҳатии аҳолӣ расонда мешавад.
Ба Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин имконияти муосири тибби фосилавиро намоиш доданд. Ин таҷриба аллакай дар ҷумҳурӣ ба таври манфиатбахш муаррифӣ гардидааст. Тавассути он табибон метавонанд дар фосилаҳои гуногуни маҳали ҷойгиршавӣ бо якдигар барои анҷоми ҷарроҳиҳо ё дигар амалиёт табодули дониш ва таҷриба намоянд.
Дар ошёнаи дуюм ва ҳаштум бахши табобат бо гиёҳ амал мекунад, ки дар ин ҷо бо истифода аз гулу гиёҳҳои шифобахши Тоҷикистони биҳиштосо доруҳои гуногун омода мекунанд.
Баҳри бемороне, ки дар ин ҷо табобат мегиранд, дар ошёнаи ҳаштум толорҳои алоҳидаи варзишӣ барои занону мардон ва кӯдакон сохта шудаанд. Дар толор таҷҳизоти муосири гуногуни машқи бадан дастрас гардидааст, ки мизоҷони маркази тандурустӣ метавонанд аз он васеъ истифода баранд
Арзиши умумии Маҷмааи тандурустии «Истиқлол» беш аз 700 миллион сомонӣ, аз ҷумла корҳои сохтмону васлкунӣ 500 миллион сомонӣ, харид, интиқол ва васлу насби таҷҳизоти тиббӣ 270 миллион сомониро ташкил медиҳад.
Иншоот дар масоҳати умумии 105 ҳазор метри мураббаъ бунёд ёфтааст.
6 сентябри соли 2011 Президени Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо гузоштани санги асос ва нома ба наслҳои оянда ба сохтмони шифохонаи шаҳрии бисёрсоҳа бо 650 кат ва дармонгоҳ барои қабули 800 нафар ниёзманд дар як баст оғоз бахшида буд.
Сарвари давлат ба роҳбарияти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва дигар мақомоти масъул дастур дод, ки дар паҳлуи шифохонаи шаҳрӣ, воқеъ дар шафати Маркази ҷумҳуриявии ташхисӣ, ҳамчунин як осоишгоҳи хуб сохта, ба ниёзмандон пешкаш намоянд.
Дар ҷараёни сохтмони Маҷмааи тандурустии «Истиқлол» Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ду маротиба  - 4 сентябри соли 2013 ва 4 ноябри соли 2014 бо рафти корҳо ва сифати сохтмон шинос шуда буд.
Дар вақти бунёди ин иншооти беназири тандурустӣ пешниҳодҳои Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба инобат гирифта шудаанд ва дар натиҷа маҷмаа бо назардошти завқи баланди зебоипарастӣ ва риояи қоидаву унсурҳои меъмории шарқии бо талаботи замони муосир омехта, хеле дилкашу назаррабо бунёд ёфт. Бино дар як ҷойи назаррас бунёд шудааст, ки ба симои шаҳри Душанбе ҳусни тоза зам мекунад.
Ҳуҷҷатҳои лоиҳавии иншоотро се ташкилоти лоиҳакашии ватанӣ – Корхонаи воҳиди давлатии «Пажӯҳишгоҳи илмӣ - тадқиқотӣ ва лоиҳакашии «Душанбешаҳрсоз», ҷамъиятҳои саҳомии кушодаи «Саноатсоз» ва «Шаҳрофар» таҳия намудаанд.
Дар бунёди иншоот 8 ташкилоти сохтмонӣ ба ҳайси пудратчиёни асосӣ ва 17 ташкилоти молрасон иштирок кардаанд. Дар рафти сохтмони иншоот аз оғоз то анҷом аз 450 то 2500 нафар мутахассисони касбу кори гуногун бо  кор ва маоши аз 1200 то 3500 сомонӣ таъмин шуданд. Корҳо таҳти назорати доимии 350 нафар мутахассисон ва масъулони муҳандисию техникӣ ҷараён доштанд.
Маҷмаа нахустин муассисаи бисёрсоҳаи тиббии кишвар мебошад, ки мутобиқ ба талаботи меъёрҳои байналмилалӣ бунёд гардида, фарогири зинаҳои ташхис, табобат, аз ҷумла хадамоти ёрии фаврии тиббӣ ва офиятбахшии тибби муосир, мебошад.
Дар пойгоҳи ин маҷмаа 14 кафедраи соҳавии Донишгоҳи давлати тиббии Тоҷикистон, Донишкадаи таҳсилоти баъдидипломии кормандони соҳаи тандурустии Тоҷикистон, Коллеҷи ҷумҳуриявии тиббӣ ва ғайра фаъолият карда, метавонанд аз он чун пойгоҳи беҳтарини таълимӣ, илмӣ ва таҷрибаомӯзии амалӣ пурсамар истифода баранд.
Дар масоҳати 9500 метри мураббаъ қитъаи замин корҳои кабудизоркунӣ гузаронда шудаанд. 670 бех дарахту буттаҳои гуногуни ороишӣ ва 10 ҳазор гули мавсимӣ шинонда шудаанд. Гулгашту фавораҳо, ҷойҳои нишасту чароғҳои гуногунранг, ки бо завқи баланди зебоипарастӣ сохта шудаанд, низ барои табобати беморон ва болидагии рӯҳи онҳо хизмат мерасонанд.
Зимни шиносоӣ ва суҳбат бо кормандони Маҷмааи тандурустии «Истиқлол» Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон бори дигар мутахассисонро ба кори пуршарафи табибӣ, истифодаи мақсадноки техникаю таҷҳизоти муосири соҳа, хизмати содиқона ба нафъи давлату миллат ва халқи шарафманди тоҷик ҳидоят намуд.
Ифтитоҳи маҷмааи тандурустии «Истиқлол» дар ноҳияи Фирдавсии пойтахт низ иқдоми шоистаи Пешвои миллат барои солимии ҷомеа ва беҳдошти сатҳи зиндагии онҳост.
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 5.03.2016    №: 46    Мутолиа карданд: 583

15.11.2018


Ҳамоиш бахшида ба Рӯзи Президент

Нурдинҷон Исмоилов ба Тоҷикистон меояд

Мулоқоти Зубайдулло Зубайдзода бо Амал Муҷрин ал - Ҳамад

Конференсияи гиромидошти Бобоҷон Ғафуров

Путин ва Абэ дар асоси қатъномаи соли 1956 гуфтушунид хоҳанд кард

Таҳлилгарони Nomura сустшавии суръати рушди иқтисоди ҷаҳониро пешгӯӣ намуданд

Frontex: ба Аврупо омадани гурезаҳо 31 дарсад коҳиш ёфт

Назарбоев соли 2019-ро Соли ҷавонон эълом дошт

Ҷаҳон дар як сатр

14.11.2018


Вусъати корҳои ободонӣ дар ноҳияи Восеъ

Ҷамъоварии $482 миллион ба ёрии мардуми Ироқ

Назарбоев ташкили Созмони амнияти дастаҷамъии Осиёро пешниҳод дорад

Ҷонибдории Ангела Меркел аз ташкили артиши ягонаи аврупоӣ

Дар Тошканд Ҳафтаи соҳибкории глобалӣ шурӯъ шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН – 2018. Иштироки се бонуи муштзани тоҷик

БОНКИ МИЛЛӢ. Иқдоми наҷиб

13.11.2018


Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин ва Юе Бин

Баимзорасии ёддошти тафоҳум

Нақшаи чорабиниҳои амалӣ намудани корҳои ободонию бунёдкорӣ дар давраи солҳои 2019 – 2021 тасдиқ гардид

БӮСТОН. Таҷдиди шуъбаи урология

ВАҲДАТ. 5 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд

ЁВОН СИМОИ ТОЗА МЕГИРАД

НОҲИЯИ ШАМСИДДИНИ ШОҲИН. Кӯшишҳо самар медиҳанд

"Дар ин дунё Карим Девонае буд"

Ҳузури бераводиди тоҷикистониён дар Туркия 3 баробар дароз шуд

Аврупо дар бозёбии партовҳои уран дар Тоҷикистон саҳм мегирад

Москва аз ҷумлаи даҳ шаҳри беҳтарини дунёст

Гунаҳгорони ҳалокати 52 ӯзбекистонӣ зиндонӣ шуданд

Чин дар ҷаҳон калонтарин воридкунандаи газ

Ҷаҳон дар як сатр

ҚУБОДИЁН. 48 медали варзишгарон дар нуҳ моҳ

12.11.2018


Дар Париж ҳамоиши сулҳ ифтитоҳ ёфт

Бо эҳтимоми ҳукумати Ҳиндустон нархи сӯзишворӣ арзон мешавад


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед