logo

фарҳанг

НАВОИ РӮДУ БОДҲО

Заррина дар оилаи Шоири халқии Тоҷикистон Мирсаид Миршакар таваллуд шуда, дар олами назми воло ва суруду мусиқии гиро ба воя расидааст.  Солҳои ҷавонии ӯ ба давраи рушди пуравҷи фарҳанги мусиқии ҷумҳурӣ рост омад. Дар мактаби мусиқӣ – аввал, дар синфи фортепиано, сипас дар синфи эҷодиёти бачагона таҳсил кард.
Он солҳо Омӯзишгоҳи мусиқии шаҳри Душанбе яке аз марказҳои мусиқии ҷумҳурӣ ба ҳисоб мерафт. Дар омӯзишгоҳ З. Миршакар дар синфи композитсияи Ю. Тер - Осипов таҳсил менамояд. Муаллими фанҳои назариявӣ ва фортепианоаш композитори машҳур М. Светаев буд. Баъдтар, дар Консерваторияи давлатии Москва дар синфи композитори варзида, профессор С. А. Баласанян, ки дар саргаҳи мусиқии муосири касбии тоҷик қарор дошт, таълим мегирад. Баъди хатми консерватория низ аз устодаш Э. А. Хагагортян машварат мегирад.
Тӯли солҳои таҳсил З. Миршакар дар мусиқӣ қотеона мавзӯи худро ҷустуҷӯ намуд. Ӯро манзараҳои нотакрори Помир ба ҳаяҷон меовард. Ҳар давраи таътилашро дар ин ҷо мегузаронд. Инҷо вай мекӯшид ҷавҳари сурудҳои мардумиро дарк намояд. Барои ин мусиқии фолклории зиёдеро сабт менамояд. Ниҳоят ҳамон лаҳзаи гуворо фаро мерасад ва дар толори Консерваторияи давлатии Москва яке аз оркестрҳои пойтахт нахустин асари калонҳаҷми ӯро иҷро менамояд. Ин асари силсилавӣ барои оркестри симфонӣ «Ду манзараи помирӣ» ном дошт, ки ҳамвора кори дипломии З. Миршакар ҳисобида мешавад. Ҳар ду қисми он бо хусусиятҳои миллӣ оро ёфта буданд. Асоси забони мавзуни асарро, ки дар он муаллиф аз истифодаи ошкорои фолклор сарфи назар намудааст, метроритмикаи халқӣ ташкил медиҳад. Асар дар мутобиқати том бо унвони худ тавассути образҳои барҷастаи мусиқӣ манзараҳои ҳаяҷонбахши ҳаёти кӯҳистонро тасвир намудааст. Эҳсоси самимӣ, ифодаи табиии мусиқӣ, забони асили оҳангҳои халқӣ, озод ва мавзун будани вусъати тобиши садоҳо, – чунин аст хусусияти хоси мусиқии композитор, ки дар «Ду манзараи помирӣ» хеле боварибахш бозгӯ шудааст.
Аз асарҳои аввалини З. Миршакар – прелюдияҳои фортепианиаш бармеояд, ки асоси эҷодиёти ӯро сабки лирикӣ ташкил намудааст. Асарҳояш гӯё саҳифаҳо аз рӯзномаи шахсии ӯ мебошанд, ки хеле мароқангезанд. Дар эҷодиёти ӯ сурудҳои мардумии помирӣ бо истеъдоди баланд такмил дода шудаанд.
Триои фортепианӣ (скрипка, виолончел, фортепиано) аввалин таҷрибаи ӯ дар мусиқии камеравӣ - созӣ гардид. Сипас дар жанри камеравӣ қувва озмуда, квартети созии чорқисма ва силсилаи пйесаҳо барои скрипка ва фортепианоро эҷод менамояд. Бо асари «Ду ҳаккокӣ» барои оркестри созӣ эҷодиёти симфонии ӯ оғоз меёбад, ки минбаъд дар симфониетта барои оркестри созӣ идома ёфтааст.
Заррина Миршакар дар жанри мусиқии хорӣ низ қувва озмудааст. Такмили сурудҳои помириаш барои хор - акапелла (a’capella) хеле ҷолиб мебошанд, аз ҷумла ду такмил барои хори занона «Парии хушнуд» ва «То кай?», кантата барои хори бачагона ва оркестри камеравӣ ба шеъри М. Миршакар иборат аз панҷ қисм: «Киштичаи ман», «Шукуфон бош, лола», «Оби болаззат», «Алла» ва дигарон бо воридшавии нозукона ба дунёи маънавии кӯдак фарқ мекунанд.
Аз «Се деворнигораи помирӣ» барои скрипка ва фортепиано насими фараҳафзои кишвари кӯҳсор мевазад. Дар ибтидои солҳои 90 – уми асри гузашта З. Миршакар консертинои «Respiro» - ро барои скрипка, литавраҳо ва оркестри торӣ менависад. Ин асарро композитор ба дӯсти деринаи худ - скрипканавоз Радана Вданешевич бахшидааст. Манзараҳои табиати зебои Помир дар достони симфонии «Рангҳои Помири офтобӣ», ки соли 1982 навишта шуда, бори нахуст дар Таллин иҷро шудааст, хеле хуб таҷассум ёфтааст. Силсилаи миниатюраҳои латифи фортепиании «24 байти мусиқӣ», бахшида ба ёдбуди Э. А. Хагагортян, ба таври устувор ба барномаи эҷодии пианинонавозон ва системаи таълимии мусиқӣ ворид гардид.
Заррина Миршакар композитори дорои истеъдоди барҷаста мебошад. Мусиқии ӯ миёни аҳли ҳунар маъруфияти арзандаро соҳиб гаштааст.
М. ТАБАРӢ, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 8.03.2016    №: 47    Мутолиа карданд: 641

15.02.2019


ШАМШЕРБОЗӢ. ИШТИРОКИ ВАРЗИШГАРОНИ МО ДАР ЧЕМПИОНАТИ КУШОДИ ОСИЁИ МАРКАЗӢ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Дар Душанбе ташкили низоми муттаҳидаи мудофиаи зиддиҳавоӣ баррасӣ шуд

Дар чор сол муомилоти мол байни Тоҷикистону Ӯзбекистон 19 маротиба афзуд

Медведев: «Таҳримоти ИМА ба иқтисоди Россия таъсири чандон бузург расонда наметавонад»

Пентагон. ИМА аз Афғонистон ҳамроҳи иттифоқчиёнаш меравад

13.02.2019


2018. Сиёсати хориҷии Тоҷикистон пурбарор буд

КОРРУПСИЯ. 2047 ҷиноят ошкор гардид

САНОАТ. Беш аз 10 миллиард сомонӣ маҳсулот содирот шуд

САРМОЯИ МУСТАҚИМ. Воридот дар ҳоли афзоиш аст

ОБ. Таъминоти аҳолӣ рӯ ба беҳбудӣ дорад

АВҶИ ОБОДКОРИҲО ДАР ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА

12.02.2019


АКАДЕМИЯИ ИЛМҲО АЗ КАШФИЁТИ НАВ ТО САНОАТИ ДОРУСОЗӢ

КӮЛОБ. Содироти 825 тонна маҳсулоти кишоварзӣ

ДАНҒАРА. Саноатикунонӣ вусъат мегирад

ФУРУДГОҲҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ. Сатҳи хизматрасонӣ рӯ ба беҳбудӣ дорад

ДДК. Авлавият ба сатҳи касбият ва таълим

САДА. Тантанаи ҷашни миллӣ дар ноҳияи Шамсиддини Шоҳин

11.02.2019


ВАЗОРАТИ ФАРҲАНГ. 2018 - соли муваффақиятҳо буд

КУМИТАИ РУШДИ САЙЁҲӢ. Беш аз 1 миллион сайёҳ ба Тоҷикистон омад

МТС. Ҳамкориҳо бо Ӯзбекистон густариш меёбанд

ВМКБ. Гумрукчиён ба буҷет 16,9 миллион сомонӣ ворид карданд

ҲИСОР. Саҳми назарраси соҳибкорон дар ободонии шаҳр

НОҲИЯИ РӮДАКӢ. Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот ба 1 миллиард сомонӣ расид

ВАРЗОБ. Таваҷҷуҳи сайёҳон ба нуқтаҳои истироҳатӣ афзудааст

08.02.2019


Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ. Музди миёнаи меҳнат - 1220 сомонӣ

КУМИТАИ ТЕЛЕВИЗИОН ВА РАДИО. Сифати кори шабакаҳо беҳтар мешавад

КҲФМГ. Офатҳои табиат 34 миллион самонӣ хисорот овард

Саноатикунонӣ дар Шаҳринав

Меъёри бозтамвил ба 14 дарсад поён фаромад

ШАҲРИ ВАҲДАТ. Иҷрои барзиёди андози иҷтимоӣ

ТАНЗИМ. Қонуншиканӣ коҳиш ёфтааст

СОҲИЛ. Корҳои мустаҳкамсозӣ вусъат меёбанд

ДДСТДТ. Авлавият ба рушди ҳунарҳои мардумӣ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед