logo

фарҳанг

БИБИҲОИ ҲУНАРМАНД

Дӯстдорони санъати театрии вилояти Суғд намоишҳои ҷашнии дастаи ҳунарию фолклорӣ ва этнографии «Бибиҳо» - ро самимона пазируфтанд. Чапакзании пурмавҷу нидоҳои таҳсину офарин баъди ҳар ҳунарнамоӣ гувоҳи воқеан ҳам муваффақ шудани «Бибиҳо» буд. Дар идомаи даҳ соли фаъолият ин дастаи фолклорӣ бо пешниҳод кардани суруду рақсҳо, рубоиву дубайтиҳои халқӣ ва намоишҳои якпардагӣ миёни дастаҳои ҳунарии вилояту ҷумҳурӣ мақоми хоса касб карда, маҳбуби мардум гардид.
- Вақте дар сар хаёли таъсиси даста мепарваридед ба чунин муваффақият боварӣ доштед? – мепурсам аз Сайрам Исоева, роҳбари гурӯҳ.  - Зеро солҳои охир дар ҷомеа чунин афкор роиҷ гардида истодааст, ки мардум аз саҳна дур шудаанд.          
- Мехоҳам аз қисмати дувуми суол, аз он ки гӯиё муносибати мардум ба театр сард шуда бошад посух гӯям. Эътимоди қавӣ дорам, ки то он даме ҳаёт ҳасту одамӣ мардум аз саҳна дурӣ нахоҳад ҷуст. Агар намоиши таҳиягашта асилу малҳами дардҳои онҳо шуда тавонад, агар миёни ҳунарманд ва аҳли толор робитаи қавӣ барқарор карда шавад, мардум аз театр дил канда наметавонанд.
Бо назардошти он ки ин устодон ҳанӯз дар айни камолоти эъҷодӣ буда метавонанд дар баланд бардоштани маърифати театрӣ ба мардум кӯмак расонанду дар хизмати дӯстдорони театр бошанд, мо «пиракиҳо» Муътабар Иброҳимова, Ойдиной Усмонова ва боз чанде дигарон  бо ин ҳолат муросо карда натавонистем ва ба хулоса омадем, ки як даста - ансамбл таъсис диҳем. Аввалҳо  тарсу шубҳа  моро фишор меовард. Метарсидем, ки мушкилӣ пеш меояду касе моро дастгирӣ намекунад. Баъди як ё ду моҳ буд, ки дар шаҳри Хуҷанд нахустин фестивали сурудҳои халқии русӣ доир шуд ва мо низ бо суруди «Биёед хостгорҳо» дар ин ҳамоиш иштирок ва сазовори баҳои баланд шудем. Роҳбарияти вилоят ҳам тасмими маро хуш қабул карда, кӯмаки худро дареғ надошт. Аввал номи дастаро «Бибиҳо Интернейшнл» номгузорӣ кардем.  8 феврали соли 2005 қарори раиси вилоят низ доир ба таъсиси даста ба тасвиб расид.
Азбаски дастаи мо ансамбли фолклорӣ аст кӯшиш мекунем, ки ғолибан сурудҳои халқӣ, бадеҳа ва лапар сароем. Дар марҳилаи аввал дар бораи намоишҳои театрӣ фикр ҳам намекардем ва бо сурудхонӣ маҳдуд мешудем. Баъдан, чун гурӯҳи мо васеъ гардида, як ду ҳунарманди нисбатан ҷавон ҳам ба он пайвастанд, ба хулоса омадем, ки чаро намоишнома таҳия насозем?
Даст задем ба намоишҳои якпардагӣ. Оҳиста - оҳиста ба намоишҳои мукаммали бисёрпардагӣ ҳам даст задем, ки тамошобинон хуб пазируфтанд. Ҳар як узви дастаи мо ҳам суруд мехонад, ҳам асбоби мусиқӣ менавозаду рақс мекунад ва ҳам нақш меофараду ровигӣ мекунанд. Мо кӯшиш кардем, ки ба даста на фақат санъаткорони касбӣ, ҳамчунин нафароне, ки ҳунарро мепазиранду ба он муҳаббати бепоён доранд, ҷалб кунем. Дар ин ҷода муваффақ ҳам гаштем. Ҳоло чанд нафар бонувони боистеъдод, аз қабили Шарифа Қирғизова, Офият Масаидова, Малика Эргашева, Барно Шарифова ва Шаҳноза Юсуфова ҳамроҳи мо ҳунарнамоӣ доранд». 
                                                                                                            
Ҷовиди АШТӢ,
«Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 8.03.2016    №: 47    Мутолиа карданд: 634

18.07.2019


ХАДАМОТИ ЗИДДИИНҲИСОРӢ. Болоравии нархи барқ ба қарзи он марбут аст

Азим Иброҳим Ким Тэ Сонгро ба ҳузур пазируфт

Ба ташкили корхонаҳои муштарак ҳавасмандӣ зоҳир гардид

Ҳамоиши «Ваҳдат – омили ягонагӣ ва суботи ҷомеа» доир шуд

Ҳамкорӣ бо Қатар густариш меёбад

Саридораи геология. 2810 харитаи геологӣ рақамӣ шуд

121 шахси масъул ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида шуд

Роҳи нави сесатҳаи Душанбе ба истифода дода мешавад

Президенти Қазоқистон Шӯрои миллии эътимоди ҷомеаро созмон дод

Дар Ӯзбекистон аввалин IT-технопарк бунёд мегардад

Ҷаҳон дар як сатр

17.07.2019


Музокироти ҳайатҳои расмии Тоҷикистон ва Корея

КУМИТАИ МУҲИТИ ЗИСТ. Нигаронӣ аз набудани партовгоҳҳо дар деҳот

ПРОКУРАТУРАИ ГЕНЕРАЛӢ. 5774 гектар қитъаи замин ба ҳолати аввала баргардонда шуд

ИЗЗАТУЛЛО САТТОРӢ: "Истеҳсоли гӯшти мурғ 9 маротиба зиёд мегардад"

ВАЗОРАТИ АДЛИЯ. Хулосаи ҳуқуқӣ ба 1936 лоиҳаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ

ТАЭКВОН – ДО. Муниса медали тилло ба даст овард

Суръати рушди ММД Тоҷикистон миёни кишварҳои ИДМ баландтарин шуд

Тоҷикистон ба сохтмони лӯлаи гази «Осиёи Марказӣ — Чин» шурӯъ мекунад

Дар ҷанубу ғарби Чин аз хушксолӣ 7,4 миллион нафар зарар дид

Ҷаҳон дар як сатр

Нашрияи расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон – рӯзномаи «Ҷумҳурият» якҷо бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон бахшида ба Ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони «ТОҶИКИСТОН – ХОНАИ УМЕДИ МО» озмун эълон менамояд.

16.07.2019


ХАДАМОТИ АЛОҚА. Корти ID симкорти муштариро ба расмият медарорад

ЭНЕРГЕТИКА. 2,5 миллиард сомонӣ қарзи дебитории "Барқи тоҷик" муаммои ҳалталаб боқӣ мемонад

15.07.2019


Сарвазири Корея ба Тоҷикистон меояд

Баррасии масъалаҳои ҳамгироии САҲА, СҲШ ва ИА дар минтақаи Осиёи Марказӣ

Нахустин шумораи маҷаллаи «Осиё ва Аврупо» аз чоп баромад

ДТТ. Изҳори нигаронӣ аз вазъи бо кор таъмин шудани хатмкардаҳо

ТИБ. 288 номгӯи доруи ғайристандартӣ ошкор шуд

11.07.2019


Шиносоии Қоҳир Расулзода бо сохтмон ва навсозии шоҳроҳи Душанбе – Бохтар

10.07.2019


Нодиртарин "Девон" - и Навоӣ дар Хуҷанд

Бунёди нахустин пойгоҳи ҷаҳонии шабакаи атмосферии Тоҷикистон дар Осиёи Марказӣ

Иттиҳоди Аврупо барои кишварҳои Осиёи Марказӣ 72 миллион евро ҷудо мекунад

Матвиенко: "Дар бозори Россия қариб тамоми об қалбакӣ будааст"


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед