logo

иқтисод

КАРТОШКА. ҲОСИЛ БАЛАНД, НАРХ ЧӢ?

Картошка баъд аз ғалладона дуюмин маҳсулоти серистеъмол дар Тоҷикистон ба ҳисоб меравад ва онро “нони дуюм” низ  ном мебаранд. Ҳарчанд тайи солҳои охир барои афзоиши  истеҳсоли ин маҳсулоти ниёзи мардум тадбирҳои зиёд андешида мешаванд, ҳамоно нархи картошка дар бозорҳои Тоҷикистон гарон аст.
Нархи картошка дар бозорҳои ҷумҳурӣ назар ба соли гузашта каме поён рафта бошад ҳам, вале он ҳадди ниҳоӣ  нест. Зеро бо зиёд намудани майдони парвариши картошка паст намудани нарх низ дар бозорҳо имконпазир хоҳад шуд.
Феълан нархи як килограмм картошкаи ғизоӣ дар бозорҳои пойтахт 2-2,3 сомониро ташкил медиҳад, бо назардошти фаровонии он чандон арзон нест.
Бино ба маълумоти Вазорати кишоварзии ҷумҳурӣ,  соли сипаришуда 887 ҳазору 399 тонна картошка истеҳсол шудааст, ки нисбат ба соли пешӣ 33 686 тонна бештар аст. Илова бар ин, соли гузашта 35 919,7 тонна кортошкаи ғизоӣ аз Покистон, Афғонистон, Русия, Ҷумҳурии Исломии Эрон ва 70 тонна картошкаи тухмӣ аз Русия ва Олмон ба Тоҷикистон ворид шудааст.
Тибқи маълумоти дафтари матбуоти Вазорати кишоварзӣ,  соли ҷорӣ дар майдони 3925 гектар картошкаи барвақтӣ кишт шудааст, ки аз дурнамо зиёд аст.
Ба андешаи дигар, болоравии нархи картошка мавсимӣ мебошад. Як нафар савдогари бозори «Шоҳмансур» дар суҳбат гуфт: “Картошкаро дар моҳҳои январу феврал, ки мавсими кишташ аст, барои тухмӣ зиёд мехаранд ва ин як сабаби баланд гардидани нархи он мегардад”.
Бар асоси маълумоти дастрасшуда, талаботи солонаи аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба картошка зиёдтар аз 800  ҳазор тонна аст.
Шаҳрвандон бар он умеданд, ки аз нақшаи пешбинишуда зиёд кишт шудани картошка ба поён рафтани нархи он дар бозорҳои кишвар низ мусоидат хоҳад кард.

Лашкар ШАРИФ,
«Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 8.03.2016    №: 47    Мутолиа карданд: 471

19.09.2018


ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Аввалин тамринҳои муштараки низомӣ

Таъсиси 57 корхонаи нав

Намоиши дастовардҳо ба муносибати Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Зуҳро Саидова – соҳиби шоҳҷоиза

Таҳаммул аз амалҳои террористӣ норавост

Баргузории ҳамоиши маъмурони роҳи оҳани кишварҳои СҲШ дар Ӯзбекистон

Дар Ироқ 27 ҳазор нафар аз об заҳролуд гашт

Тӯли 40 соли ислоҳот дар Чин ҷои кор 346 дарсад афзуд

Остона ҳамоиши ҳаштуми глобалии туризми шаҳриро пазироӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД

МАРЗ. Боздошти қочоқбарон

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ БОҒЧАИ НАВ

05.09.2018


БӮСТОН. Бунёди чор иншооти нав

ФУТБОЛ. Дар Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалӣ доир мегарданд

Ориф Алвӣ 13-умин президенти Покистон интихоб гашт

Дар Арабистони Саудӣ барои маводи тахрибӣ дар интернет зиндонӣ мекунанд

Дар Гуҷарат сохтмони баландтарин ҳайкали дунё анҷом меёбад

Ҳиндустон барномаи нави кайҳониро амалӣ месозад

04.09.2018


Боздиди Сарвазири мамлакат аз иншооти гармидиҳии шаҳри Душанбе


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед