logo

сиёсат

МУҲАББАТНОМА БА ПЕШВОИ МИЛЛАТ

Эмомалӣ Раҳмон қаҳрамон аст, қаҳрамоне, ки ният ва маромаш оромии ҳар хонадон ва мардуми Тоҷикистон мебошад. Нияту мароми Сарвари давлати мо, ки нек аст, ҳама кораш бобарор ва кишварамон дар равнақу ривоҷ мебошад. Эмомалӣ Раҳмон ба суханонаш содиқу ба ваъдааш устувор ва ба ватанаш муҳаббати беандоза дорад. Ӯ тавонист бузургтарин неъмат - умед ба зиндагии осоиштаро дар дили мардум ҳифз карда, халқро аз парокандагӣ, миллатро аз пастшавӣ ва давлатро аз завол наҷот диҳад.
Ин нуктаҳои муҳим, ки ба қалами Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров тааллуқ доранд, дар сарсухани китоби «Эмомалӣ Раҳмон - Пешвои миллат» дарҷ гардидаанд. Китоби мазкур, ки ба тозагӣ дар нашриёти «Маориф» бо ибтикори Ташкилоти ҷамъиятӣ - байналмилалии Фонди «Диалоги АвруОсиё» ба чоп расид, силсилаи мақолаҳои олимон, сиёсатмадорон ва адибони тоҷикро дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бар мегирад.
Шукурҷон Зуҳуров, ҳамчунин аз нақши таърихии Сарвари муаззами кишвар дар бунёди давлати навини тоҷикон ёдовар шуда, навиштааст: «Мақоми Пешвои миллат, ки бо амри дили мардуми шарифи тоҷик ба Эмомалӣ Раҳмон дода шудааст, нишони эҳтироми хоса ба хидматҳои Сарвари давлат ҳамчун асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, таҳиягари пояҳои ҳуқуқии миллат, эҳёкунандаи арзишҳои миллӣ, фарҳангӣ ва динӣ, зиндакунандаи номи қаҳрамонони таърихӣ, ҳомӣ ва муҳофизи манфиатҳои миллат мебошад».
Сироҷиддин Аслов, вазири корҳои хориҷӣ, дар матлаби худ - «Эмомалӣ Раҳмон - асосгузори мактаби нави сиёсати хориҷӣ» овардааст, ки Эмомалӣ Раҳмон тарроҳ ва поягузори мактаби нав дар сиёсати хориҷӣ ва равобити байналмилалист. Зеро замоне, ки ӯ масъулияти кишвари ҷангзада ва дар ҳоли фурӯпошӣ қарордоштаро ба зимма гирифт, ҳеҷ поя ва заминае барои пешбурди сиёсати хориҷӣ вуҷуд надошт. Сиёсати сулҳҷӯёнаи сарвари ҷавони давлати навтаъсис аз рӯзҳои аввали ба сари ҳокимият омаданаш мавриди дастгирии на танҳо мардуми шарифи Тоҷикистон, балки ҷомеаи ҷаҳонӣ низ қарор гирифт ва ин заминаи хубе шуд барои ба роҳ мондани сиёсати хориҷӣ ва ба ҷаҳониён муаррифӣ кардани давлати тоҷикон. Инак, аз баракати ин марди бузург миллатеро бо номи тоҷик ва кишвареро бо исми Тоҷикистон тамоми олам мешиносад.
Вазири корҳои хориҷии кишвар менависад: «Ба як нукта бояд таваҷҷуҳ дошт, ки кишварҳои олам ҳангоми тарҳрезии сиёсатҳои дарозмуддат ва интихоби мамлакате ҳамчун шарики стратегӣ, пеш аз ҳама, ба оромии кунунии он ва заминаҳои субот дар оянда менигаранд. Аз ин нуқтаи назар, Тоҷикистон бо баракати сиёсати сулҳҷӯёна ва ваҳдатовари Эмомалӣ Раҳмон аз тарафи шарикони хориҷии мо кишваре шинохта мешавад, ки ояндаи босубот ва сиёсати устувор дорад. Ин навъи нигариш, бешубҳа роҳро барои ҳамкориҳои оянда ва сармоягузориҳои дарозмуддат боз намуда, заминасози рушди иҷтимоию иқтисодӣ ва нақшофарии бештари Ҷумҳурии Тоҷикистон дар минтақа ва ҷаҳон хоҳад буд».
Дар мақолаи «Нигоҳе ба таҷрибаи давлатсозӣ ва фарҳангсолории Пешвои миллати тоҷик», ки Кароматулло Олимов, академик, ноиби Президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба қалам додааст, аз ҷумла омадааст: «Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон якҷо пеш рафт, барои таҳкими пояҳои он хастагинопазирона мубориза мебарад, барои вусъати ҳамкориҳо ва робитаҳои гуногунҷанба бо тоҷикони бурунмарзӣ тадбирҳо меандешад, бори бузурги амонати таъриху давлатро мекашад, то ки халқи соҳибдавлати тоҷик хушбахту сарбаланд бошад. Ин хислатҳои нек ва ин фазилатҳои бузургворонааш ӯро барҳақ ба пешвои умумимиллии тоҷикон табдил додаанд. Эмомалӣ Раҳмон бо ҳамин унвони ифтихорӣ, ки миллати тоҷик ба ӯ додааст, дар таърихи давлати соҳибистиқлоламон ҷовидона хоҳад монд».
Китоби «Эмомалӣ Раҳмон - Пешвои миллат» як навъ муҳаббатномаи олимону муҳаққиқон, сиёсатмадорон ва аҳли фарҳанг ба Сарвари муаззами кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад. Муаллифони мақолаҳо Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмонро чун сиёсатмадори ояндабину матинирода, принсипнок, ботаҳаммул ва ғамхори халқ муаррифӣ боз ҳам аз диди нав  кардаанд.

Додоҷон РӮЗИЕВ,
«Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 8.03.2016    №: 47    Мутолиа карданд: 533

18.01.2019


Таҳдидҳои асосӣ ба иқтисоди ҷаҳонӣ номбар шуданд

Гумонбари омодасозии ҳамла ба Қасри сафед ба даст афтод

Дар Чин қаллобонро барои фиреб ҳабси абад карданд

29 миллион сом зарари собиқадорони сохта

Ҷаҳон дар як сатр

17.01.2019


Тамдиди шартномаи ФФТ бо "Сомон Эйр"

60 ДАРАҶА ХУНУКӢ ВА ДАВИ 50 - КИЛОМЕТРАИ ЭКСТРЕМАЛИ МОЛДАВӢ

16.01.2019


Пирӯзии мунтахаби Тоҷикистон бар Эрон

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Роҳандозии моратории дусола дар Тоҷикистон

Нақшаи Brexit дар парламенти Британия рад карда шуд

Кремл роҳи ҳалли буҳрони Украинаро пешниҳод намуд

Ифтитоҳи онлайн-донишгоҳ барои гурезаҳо дар Италия

15.01.2019


Ҷаласаи ҷамъбастӣ таҳти раёсати муовини Сарвазири мамлакат

Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Абдулазиз Комилов

Ёдгор Файзов: «Соли 2018 соли таҳкими волоияти қонун дар Бадахшон буд»

ХУҶАНД. 1548 медали варзишгарон дар як сол

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Созишномаи сулҳ – мавзӯи асосии мулоқоти Путин ва Абэ хоҳад шуд

Савдои хориҷии Чин соли 2018 натиҷаи рекордӣ нишон дод

Дар Алмаато гурӯҳи хориҷиёни террорист боздошт шуд

То соли 2024 аҳолии Қирғизистон бо оби ошомиданӣ пурра таъмин мешавад

10.01.2019


Дар Саразм осорхона ва меҳмонхонаи замонавӣ бунёд мешаванд

Вохӯрии Парвиз Давлатзода бо Владимир Норов

Ҷаласаи Шӯрои кор бо ҷавонон

“ГАНҶИ СУХАН” – маҳфили адибпарвар

РӮШОН. Ифтитоҳи маркази дуошёнаи савдо

Муҳаммад Салоҳ – беҳтарин футболбози Африқо

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Самарқанд мизбони нахустмулоқоти «Ҳиндустон – Осиёи Марказӣ»

Баргардондани 47 шаҳрванди Қазоқистон аз Сурия

Остона ба гузарондани Ҳамоиши ҷаҳонии туризми шаҳрӣ омодагӣ мегирад

Дар Беларус бори нахуст ҳукми қатл содир шуд

09.01.2019


Таҷлили 110 - солагии аллома Бобоҷон Ғафуров


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед