logo

фарҳанг

«ГУЛДУХТАРОНИ ТОҶИК»: НИГОҲИ ЗАН БА ЗЕБОӢ

Нигоҳи зан ба зиндагӣ ва зебоиҳои табиати Ватани маҳбуб ҳамеша хоса аст. Занон зиндагиро зеботар дарк намуда, шоиронатар тасвир менамоянд. Дар офаридаҳои онҳо ҳам гармии офтоб ҳис мешаваду ҳам бӯйи хуши гулу райҳон. Ин бовариро асарҳои ба намоиши «Гулдухтарони тоҷик» пешниҳодшуда бори дигар собит сохтанд.
Бори панҷум аст, ки дар арафаи Ҷашни байналмилалии Наврӯз бо ташаббуси рассомон – устодони Коллеҷи ҷумҳуриявии рассомии ба номи Мирзораҳмат Олимов намоиши мусаввараҳои занон ва духтарони ҷумҳурӣ таҳти унвони «Гулдухтарони тоҷик» баргузор мегардад. Дар ин намоиши камназири асарҳои санъати тасвирӣ ҳунари занони мусаввире, ки дар жанрҳои мухталиф эҷод менамоянд, гирд оварда шудаанд. Миёни онҳо  метавон мусаввараҳо, асарҳои графикӣ, кулолӣ, гобелен, батик ва аксҳои бадеиро пайдо намуд. 
Рассоми шинохтаи тоҷик Манзура Ӯлҷабоева дар тӯли панҷ сол ташаббускори асосии ин намоиш мебошад. Ӯ бо ифтихор иброз медорад, ки барои ташкили намоиш тамоми сол заҳмат мекашанд. «Логотипи он рамзи занони эҷодкор гардидааст. Дар он образи зане, ки рассом ва пайкарасози шаҳир Валимад Одинаев офаридааст, ҷой дода шудааст.
Аксари намоишҳои мо дар галереяи таъсисдодаи ӯ дар назди коллеҷи рассомӣ  гузаронда мешаванд.  Соли гузашта намоиш ба  70 – солагии Валимад Одинаев бахшида шуд. Ҳамсари В. Одинаев Любов Одинаева, ки наққоши чирадасте мебошад, дар амалӣ шудани ин нияти нек дастгиру мададгори ҳамешагии мо мебошад. Имсол намоиши асарҳои санъати рассомии «Гулдухтарони тоҷик» ба 80 – солагии Коллеҷи ҷумҳуриявии рассомӣ ва 25 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида мешавад», - иброз медорад М. Ӯлҷабоева.
Корҳои дар намоиш ҷамъовардашуда аз рӯйи мавзӯъ ва мазмуну мундариҷа мухталиф мебошанд. Ягона ҷанбаи ба ҳам наздиксозандаи онҳо нигоҳи гарму диди нарми занон ба зиндагӣ мебошад. Дар он, ҳамчунин, мусаввирзанони синну сол ва миллату қавмиятҳои мухталиф, ки муқими Тоҷикистон мебошанд, ба ҳам омадаанд. Асарҳои Манзура Ӯлҷабоева (рассом), Бону Камолова (миниатюра), Нина Дорошева (кулолгарӣ), Светлана Ли ва Зинаида Ким (моделйер), Любов Одинаева (графика), Вера Карнаухова (гобелен), Инна Кладо  (дизайн), Татяна Черёмухина (санъати амалӣ),  Зинаида Турдиева (рассом – ороишгар), ки ҳамасола дар намоишгоҳ ҷойгоҳи асосиро ишғол намуда, диққати бештари мухлисони санъати тасвириро ба худ ҷалб менамоянд, ба ин гуфтаҳо мисол шуда метавонад. Солортарин ширкаткунандаи намоиш синнаш аз ҳаштод гузашта бошад, ҷавонтаринаш ҳоло нав ба 18 даромадааст.               
Намоиш дар тӯли фаъолияти хеш ба як навъ ҳисоботи рассомон дар назди мухлисонашон табдил ёфтааст.  Он паҳлуҳои ниҳонии ҳунари аксари иштирокдоронашро ошкор намуда, ба аҳли фарҳанг муаррифӣ намуд.
 Дар ин муддат ба ҷуз роҳбарияти коллеҷи рассомӣ ба фаъолияти намоиши «Гулдухтарони тоҷик» Иттифоқи рассомони Тоҷикистон ва Ҷамъияти дӯстӣ ва робита бо кишварҳои хориҷа низ таваҷҷуҳи хос зоҳир намуданд. Раиси ҷамъияти дӯстӣ Сайдулло Хайруллоев ва муовини ӯ Мушаррафа Шарифова, ректорони донишкадаи санъати тасвирӣ ва дизайн Ҷамшед Ғанизода ва донишкадаи санъат ва фарҳанги Тоҷикистон Диловар Латифов, муҳаққиқи шинохтаи соҳаи санъати тасвирӣ Лариса Додхудоева ва рассоми шинохта Сабзалӣ Шарифов на танҳо дастгиру мададгор, балки меҳмони доимии намоиш мебошанд. - Дар оғоз ба нақша гирифта шуд, ки дар намоиш танҳо асарҳои устодон ва шогирдони коллеҷи рассомӣ ба маъраз гузошта шавад, - гуфт дар суҳбат бо мо устоди коллеҷ Манзура Ӯлҷабоева.
М. ТАБАРӢ,
«Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 10.03.2016    №: 48    Мутолиа карданд: 475

20.11.2018


СУҒД. Оғози сохтмони раёсати маориф

ЛЕВАКАНТ. Конфронси илмӣ - назариявӣ ба ифтихори Иҷлосияи XVI

"Парасту" дар Тоҷикобод

Сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ барои машварат дар Тошканд ҷамъ меоянд

Финляндия ҷонибдори ҳузури Россия дар Шӯрои Аврупо

Вазорати маорифи Афғонистон 30 ҳазор занро ба кор мегирад

Баррасии рушди инклюзивии иқтисоди қитъа дар Гвинея Папуаи Нав

Ҷаҳон дар як сатр

АНВАР ЮНУСОВ СОҲИБИ КАМАРБАНДИ WBF

"СОРО КОМПАНИЯ" ҒОЛИБИ ЛИГАИ КАСБИИ ФУТЗАЛИ ТОҶИКИСТОН

19.11.2018


ДЕВАШТИЧ. Авҷи созандагиҳо дар Ҷамоати деҳоти Яхтан

Артиши Сурия охирин истеҳкоми «ДИ» дар ҷануби кишварро зери назорат гирифт

Дар ҳама минтақаҳои Ӯзбекистон «мактаби президентӣ» месозанд

Роҳандозии барномаи махсуси давлатии ипотекӣ барои дӯзандагони Қирғизистон

Киштии зериобии «Сан Хуан» - ро дар уқёнуси Атлантика ёфтанд

Ҷаҳон дар як сатр

Кулишов: «Марзҳои ИДМ бо таҷҳизоти муосир таъмин карда мешаванд»

Дар Тоҷикистон омӯзгори забони англисӣ барои таблиғи «ДИ» 19 сол гирифт

Қазоқистон мубориза бо машруботро сахттар мекунад

Фоидаи туризм ба кадом шаҳри дунё бештар аст?

Ҷаҳон дар як сатр

"ИСТИҚЛОЛ" бори аввал барои Ҷоми чемпионҳои КФО мубориза хоҳад бурд

Омодагии тими миллӣ ба марҳилаи интихобии Ҷоми ҷаҳон – 2022

УСМОН ТОШЕВ САРМУРАББИИ НАВИ ДАСТАИ МУНТАХАБ

15.11.2018


Ҳамоиш бахшида ба Рӯзи Президент

Нурдинҷон Исмоилов ба Тоҷикистон меояд

Мулоқоти Зубайдулло Зубайдзода бо Амал Муҷрин ал - Ҳамад

Конференсияи гиромидошти Бобоҷон Ғафуров

Путин ва Абэ дар асоси қатъномаи соли 1956 гуфтушунид хоҳанд кард

Таҳлилгарони Nomura сустшавии суръати рушди иқтисоди ҷаҳониро пешгӯӣ намуданд

Frontex: ба Аврупо омадани гурезаҳо 31 дарсад коҳиш ёфт

Назарбоев соли 2019-ро Соли ҷавонон эълом дошт

Ҷаҳон дар як сатр

14.11.2018


Вусъати корҳои ободонӣ дар ноҳияи Восеъ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед