logo

фарҳанг

НАВРӮЗУ БАҲОРИ ШОИР

Сарзамини ҳамешабаҳори сарсабзу хуррам ва биҳиштосои Тоҷикистон шояд шоире надошта бошад, ки масту мафтун аз бӯйи хушу муаттари гулу нағмасароии булбул, бо илҳом аз дашту дамани сабзпӯш ва садои роҳатбахшу гӯшнавози чашмасорон ва фусункориҳои табиати афсонавӣ арӯси сол – баҳори нозанин, аввалин пайки он – Наврӯзи оламафрӯзро дар рубоие, дубайтие, дар шеъре васф накарда бошад.
Шоири зиндаёд Ғоиб Сафарзода, низ дар боби баҳору Наврӯз насуруда наметавонист. Хоса бар он ваҷҳ, ки худ дар остонаи омади фасли баҳор, соли 1940 - ро дар оғӯши кӯҳсорон, дар деҳаи Муллоҷони дараи Шикоргаҳи Ховалинг дида бар олами ҳастӣ кушуда ва давраи наврасиро ҳамон ҷо гузарондааст. Ва илҳоми шоирии ӯ ҳам, бешак, аз ҳамон даврони кӯдакию наврасӣ  манша баргирифтаву дар қалби ӯ завқу шавқи гулчинию гулпарастӣ, зебоипарварӣ, табиатдӯстӣ, баҳорхоҳӣ ва Наврӯзпарастӣ маъво гирифтаанд. Шеъри зебои «Қимати гул»-ро, ки ҳанӯз соли 1961 эҷод шуда, аз ин қабил аст:
Маро мебурд қалби кӯчаки ман
Ба сайри кӯҳсорон дар  баҳорон.
Маро мебурд шавқу завқ карда,
Ки гул чинам, гули хушбӯю хандон.

Давидан доштам аз кӯҳ бар кӯҳ
Барои чидани гулдастае ман,
Барои зеби даври тоқии худ.
Барои абрувонро об додан.

Аз байн солҳо мегузаранд, рангу бӯйи гулҳо барои шоир қимати дигар, қимати арзишмандтаре пайдо менамоянд ва ӯ гулдастаи зебое барои он гуле туҳфа мебарад, ки ёри ҳаётӣ интихоб карданашро орзу дорад:
Ана он рӯзҳо чун бод рафтанд,
Гул акнун рангу бӯйи тоза дорад.
Ба монанди бари рухсораи ёр
Тароватбахш рӯйи тоза дорад.

Ана он рӯзҳо чун бод рафтанд,
Ба дастам боз як гулдаста дорам.
Ба қалби беқарору дидаи шавқ
Ба истиқболи ҷонон раҳсипорам.

Барои он, ки ёбам ҳамраҳи умр,
Бубошам умрҳо дилбастаи гул.
Барои хонаеро нур додан
Гузорам бар кафи гул дастаи гул.

 Агар чунин намебуд, магар ӯ метавонист хандидани гулҳоро андар кӯҳҳо бубинад ва дилпурона, ин қадар шоирона, балки ошиқона бисарояд:

Гулҳо ба бари кӯҳу камар механданд,
Дар партави хуршеди саҳар механданд.
Дилбохтагони ташнаи бодаи ишқ
Сармаст зи бӯсаҳои  тар механданд.

Шоир он қадар масту муштоқи омадани баҳор аст ва он андоза шоду масрур аст ва онро ончунон интизорӣ кашидааст,  ки ҳатто ягона гулаки рӯйида дар назараш атрофро зебу зинату шукӯҳ бахшидааст. То ба ҳадде, ки бар асари ин барфро рашк месӯзонад ва об мешаваду сарозер мешорад:

Бишкуфт гули нахуст андар бари кӯҳ,
Афзуд ба ранги нав шукӯҳу фари кӯҳ.
Чун барф бидид, кӯҳ бо гул хандид,
Аз рашк шуд обу рехт баъд аз сари кӯҳ.

Ҳаққо, омадани баҳорро пеш аз дигарон, ба пиндори ғолиб, аввалтар аз ҳама шоирону ошиқон, ононе, ки баҳорро самимона дӯст медоранд ва парастиш мекунанд, интизорӣ мекашанду баҳорро эҳсос менамоянд. Ғоиб Сафарзода низ шоири нозуктабъу рангинхаёл ва ошиқи сармасту дилдодаи баҳору Наврӯз буд, садои пойи Наврӯзро ҳатто аз пушти дар, аз парзании кабӯтару чаҳ-чаҳи мурғакон бо тамоми вуҷуди  худ эҳсос мекунад, ки барояш мужда меоваранд:

Имрӯз зи пушти дар садо мешунавам,
Парвози кабӯтари сабо мешунавам.
Бархез, ки бар дари ту Наврӯз омад,
Аз чаҳ-чаҳи мурғи хушнаво мешунавам.


Маҳтовбӣ МИРЗОЕВА,
омӯзгори Донишгоҳи
давлатии Кӯлоб
ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 10.03.2016    №: 48    Мутолиа карданд: 499

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД

МАРЗ. Боздошти қочоқбарон

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ БОҒЧАИ НАВ

05.09.2018


БӮСТОН. Бунёди чор иншооти нав

ФУТБОЛ. Дар Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалӣ доир мегарданд

Ориф Алвӣ 13-умин президенти Покистон интихоб гашт

Дар Арабистони Саудӣ барои маводи тахрибӣ дар интернет зиндонӣ мекунанд

Дар Гуҷарат сохтмони баландтарин ҳайкали дунё анҷом меёбад

Ҳиндустон барномаи нави кайҳониро амалӣ месозад

04.09.2018


Боздиди Сарвазири мамлакат аз иншооти гармидиҳии шаҳри Душанбе

Ба иштирокчиёни ҶБВ кумаки моддӣ расонда мешавад

Нахустини Форум байналмилалии санъати мақом баргузор хоҳад гашт

ЛЕВАКАНТ. Тантанаҳои истиқлолият

ФАЙЗОБОД. Ҳиммати як соҳибкор

ИШТИРОКИ ТИМИ МИЛЛӢ ДАР МУСОБИҚАИ BANGABANDHU GOLD CUP"

«ДИ» тахрибкоронашро ба Русия, Аврупо ва Осиё мефиристад

ХФА: "Даромади «Давлати исломӣ» 10 маротиба коҳиш ёфт"

Чин барои рушди ҶАҶ $60 миллиард ёрии молиявӣ мерасонад

Таҳримоти ғарбӣ метавонанд садди барқарорсозии Сурия гарданд

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед