logo

ҳуқуқ

ВАЪДАХИЛОФӢ ДАР ВОРУХ

Ё ЧАРО МУРОҶИАТҲОИ ШАҲРВАНДОН БЕҶАВОБ МЕМОНАНД?

Дар шумораи № 188-уми рӯзномаи «Ҷумҳурият», аз 17 сентябри соли 2015, дар гӯшаи «Розу ниёз» мактуби шикоятӣ таҳти унвони «Мақомот: ваъда ҳаст, вафо не» ба чоп расида буд. Дар он 53 нафар сокини Ҷамоати деҳоти Ворухи ноҳияи Исфара аз он изҳори нигаронӣ доштанд, ки мақомоти маҳаллӣ (соли 2014) дар шахси собиқ раиси ҷамоат Лоиқ Маҳкамов ваъда дода буданд, ки баъди адои хизмат ҷавонон ҳатман соҳиби қитъаи замини наздиҳавлигӣ хоҳанд шуд. Ҳатто барои ин, аз 10 июни соли 2014, № 5 дар бораи ҷудо шудани қитъаи замин дар мавзеи Лочини Ҷамоати деҳоти Ворух қарор ба тасвиб расида, ҷиҳати дастрасии он аз ҳар як муроҷиаткунанда 180 сомонӣ ҷамъ карданд. Аммо бо гузашти якуним сол, на замин ҳасту на қарор.

Аз чопи матлаби мазкур шаш моҳ сипарӣ гашт ва шаҳрвандон бори дигар ба рӯзномаи «Ҷумҳурият» мактуб навиштанд: «Ба хулосае омадем, ки масъулин дар маҳал ё рӯзнома намехонанд ё ба мақолаҳои танқидӣ аҳамияти ҷиддӣ намедиҳанд». Барои омӯзиши ин масъала хабарнигорамон ба Ҷамоати деҳоти Ворухи ноҳияи Исфара сафари корӣ анҷом дод.
Ворух бузургтарин деҳаи ноҳияи Исфара буда, беш аз 32 ҳазор аҳолӣ дорад. Зичии аҳолӣ маҳз дар ҳамин ҷо бештар аст ва сокинони он асосан ба кишоварзӣ машғул мебошанд. Ин аст, ки масъалаи тақсими замин дар ҷамоат то имрӯз ҳалли пурраи худро намеёбад. Бино ба иттилои заминсози Ҷамоати деҳоти Ворух Зинур Ҷӯраев, ҳоло 1661 нафар сокини деҳа барои гирифтани қитъаи замин номнавис шудаанд. Муаммои дигар ин аст, ки аксари сокинон намехоҳанд аз мавзеи Маҳпарии ноҳия қитъаи замини наздиҳавлигӣ гиранд. Зеро ин мавзеъ аз Ҷамоати деҳоти Ворух 45-60 километр дур буда, мушкилоти обу барқ ва роҳ низ садди кӯч бастани аҳолӣ мешаванд.
Ба гуфтаи Зоиршоҳ Маҳкамов, раиси ҷамоати деҳоти Ворух, воқеан, раиси пешини ҷамоат Лоиқ Маҳкамов ҷиҳати ҷудо кардани қитъаи замин барои ҷавонони ба хизмати ҳарбӣ рафта, қарор ба имзо расонда буд. Вале, бо назардошти он ки мавзеъ дар селроҳа қарор дорад, иҷрои он тӯл кашида истодааст. То моҳи июни соли равон корҳои заминсозиву бехатарӣ гузаронда шуда, ба шахсони эҳтиёҷманд қитъаи замин ҷудо карда мешавад.
Бо мусоидати масъулони Ҷамоати деҳоти Ворух бо модарони сарбозони ба хизмати аскарӣ рафта - Ривоят Мирзобоева ва Саида Тешаева ҳамсуҳбат шудем. Онҳо аз он гила доранд, ки роҳбарон ваъдахилофӣ намуда, мардумро беҳуда сарсону саргардон мекунанд.
 - Дар шароити вазнини иҷтимоӣ қарор дорем. Ҳамсарам мубталои беморӣ асту таъмини оила ба зиммаи писарам Фарзон вогузор шуда буд. Баъди ба хизмати аскарӣ рафтани ӯ мушкили мо дучанд шуд, - изҳор дошт Ривоят Мирзобоева. Саида Тешаева бошад, гуфт, ки писарашро бепадар, бо азобу машаққати зиёд ба воя расондааст ва баъди адои хизмат ӯро оиладор ва барои фарзандони дигараш манзили зист бояд созад. Замин, ки доданӣ набуданд, чаро қарор бароварданду аз мардум пул гирифтанд?
 Аз ин чунин хулоса метавон кард, ки бемасъулиятии як нафар боис шудааст, то чандин оилаҳо ба мушкилот рӯ ба рӯ шаванд. То моҳи июн ҳам муҳлат чандон тӯлонӣ нест. "Ҷумҳурият" ҳатман мавзӯъро пайгирӣ хоҳад кард.
Содир Қосимӣ, муовини аввали раиси шаҳр, аз мақолаҳои танқидии дар матбуот чопшуда ҳатто огоҳӣ надорад. Инро аз вокуниш нишон надодан ба матолиби «Кашолкорӣ дар Маҳпарӣ», «Ҷумҳурият», аз 13 январи соли 2013, «Харобаҳои Шӯроб кай барқарор мешаванд?», «Ҷумҳурият», 17 ноябри соли 2015, метавон хулоса кард.
Ҷовиди АШТӢ, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 10.03.2016    №: 48    Мутолиа карданд: 587

18.03.2019


ГРАНД СЛЕМИ ЕКАТЕРИНБУРГ. Беҳрӯз мақоми сеюмро гирифт

Tesla дар Қазоқистон нуқтаҳои нерудиҳӣ месозад

Аз фурӯравии биноҳо дар Чин 10 нафар ҷон бохт

Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё дар фикри бунёди биржаи меҳнат шуд

Сиёсатмадори олмонӣ лағви таҳримоти зиддирусиро зарур мешуморад

Ҷаҳон дар як сатр

13.03.2019


Парвиз Давлатзода бо Чэн Гуопин вохӯрд

Имконияти таҳсил дар ДДУК тавсеа меёбад

Маҷмааи меъмории рамзи «Истиқлолият ва Озодӣ» интихоб гардид

06.03.2019


Назорати фаъолияти ширкатҳои букмекирӣ пурзӯр мешавад

Бунёди маҷмааи корхонаҳои нассоҷӣ дар назар аст

Форуми якуми иттилоотонии ҷомеаи шаҳрвандӣ баргузор мегардад

ҶОМИ "ФФТ" "Истиқлол" бори панҷум онро соҳиб шуд

Варзишгарони тоҷик 5 медал ба даст оварданд

Ҷаҳон дар як сатр

Нилуфар Рофиева дар озмуни нозанинҳои Россия ғолиб омад

Лондон муносибаташро бо Москва ба эътидол овардан мехоҳад

Покистон ба гуфтушунид бо Ҳиндустон шурӯъ мекунад

Андешаи Лукашенко оид ба яхи обнашудаи муносибот бо Иттиҳоди Аврупо

Соли 2019 ду ҷоизаи Нобел дар соҳаи адабиёт супурда мешавад

05.03.2019


СУҒД. Авлавият ба кишти картошка

04.03.2019


Хуҷанд ба даҳгонаи шаҳрҳои беҳтарини сайёҳӣ ворид гардид

Сертификати армуғони сайёҳӣ таъсис ёфт

ҶОМИ "ФФТ". "Истиқлол" ва "Кӯктош" дар финал

Осиёи Марказӣ. Камтарин теъдоди маҳбусон дар Тоҷикистон аст

Москва ва Вашингтон нархи раводидро арзон карданд

Қазоқистон ба воридоти меваю сабзавоти Қирғизистон роҳ мекушояд

Лавров: «Вазъият дар Сурия ба эътидол омад»

Ҳалокати 29 нафар аз обхезӣ дар ҷануби Афғонистон

Ҷаҳон дар як сатр

01.03.2019


ФУТБОЛ. «Хуҷанд» бо «Аҳал» мубориза мебарад

Бори нахуст дар таърих якбора ду зан ба кайҳони кушод мебароянд

Пекин дар фикри эъмори Девори бузурги чинӣ шуд

Испания солимтарин кишвари дунё эътироф гардид


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед