logo

ҳуқуқ

БЕЭҲТИРОМӢ БА АСЪОРИ МИЛЛӢ БЕЭҲТИРОМӢ БА МИЛЛАТ АСТ

Аз ҳолати иҷрои қонунгузории ҷорӣ оид ба танзими асъор ва назорати он дар ҳудуди вилояти Суғд

Доштани асъори миллӣ ифтихори ҳар давлату миллат,  ифодакунандаи яке аз рамзҳои муҳими давлатдорӣ мебошад ва арҷгузорӣ ба асъори миллӣ эҳтиром ба давлату миллат арзёбӣ мешавад.  Мутаассифона, мушоҳидаҳо  бозгӯи онанд, ки теъдоди муайяни шаҳрвандони кишвар, аз ҷумла соҳибкорон, дар муомилот хилофи қонун асъори хориҷӣ, бавижа доллари Иёлоти Муттаҳидаи Амрикоро  истифода бурда, ба эътибори қурби асъори миллӣ  латма мезананд. Санҷиши раванди иҷрои қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи фаъолияти бонкӣ” ва “ Дар бораи танзими асъор ва назорати асъор”, ки прокуратураи вилояти Суғд дар шаҳру навоҳии вилоят роҳандозӣ кард, далели возеҳи ин гуфтаҳост.

Санҷишҳои  прокурорӣ  нишон доданд, ки дар ҳудуди вилоят, бахусус дар  шаҳру ноҳияҳои  Хуҷанд, Истаравшан,  Бобоҷон Ғафуров, Исфара, Конибодом ва  Спитамен бозорҳои ғайрирасмии асъор то  ҳол фаъолият намуда, шахсони алоҳида бар хилофи талаботи қонун ва санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, ба хариду фурӯши асъори хориҷӣ машғуланд.
Ҳангоми санҷиш дар шаҳру ноҳияҳои вилоят дар маҷмӯъ 324 ҳолати ғайриқонунӣ  ба хариду фурӯши асъори хориҷӣ машғул будани шаҳрвандон ошкор карда, дар 252 ҳолат тибқи талаботи Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ва дар 72 ҳолат бошад, парвандаҳои ҷиноятӣ бо моддаи 286 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон боз гардида, гунаҳгорон бо ҳукми суд ҷазо гирифтанд.
Дар ду моҳи соли  2016 бошад, 100 қонуншиканӣ ошкор шуда, дар 72 ҳолат нисбати шаҳрвандон барои муомилоти ғайриқонунӣ бо асъори хориҷӣ бо моддаи 541 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ва дар 28 ҳолат бошад, парвандаҳои ҷиноятӣ  бо моддаи 286 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон боз гардид.
Ҳангоми гузарондани санҷишҳои ногаҳонӣ дар ҳудуди шаҳру ноҳияҳои вилоят   зиёда аз 40 нафар шахсоне ба даст афтоданд,  ки дар бозору мағозаҳо молу маҳсулоти ниёзи мардумро бо рубли Россия ё доллари ИМА ба фурӯш бароварда буданд.
Боиси нигаронист, ки бархе аз шаҳрвандони мо  аз ҷиноятҳои қаблан содиркардаи худ хулосаи зурурӣ намебароранд. Зиёда аз ин, манфиати шахсии худро аз манфиати давлат, эҳсоси ватандориву арҷгузорӣ ба асъори миллӣ болотар медонанд. Шаҳрванд Абдуламит Ҷӯраев, сокини шаҳри Исфара, кӯчаи С. Насафӣ, хонаи № 60 “а”, қаблан  2 апрели соли 2015 дар асоси қарори суди шаҳри Исфара барои муомилоти ғайриқонунӣ бо асъори хориҷӣ бо моддаи 541 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида, ба андозаи 400 сомонӣ ҷарима супорида буд. Аммо ин ба ӯ на дарс шуду на ибрат, баръакс, баъди ҷазои маъмурӣ гирифтан боз  дар давоми сол ба муомилоти ғайриқонунӣ   бо асъори хориҷӣ даст зада,  3 июни соли 2015  ҳангоми харидани  2000 рубли Россия дар назди бозори марказии шаҳри Исфара дастгир  шуд. Нисбат ба фаъолияти ғайриқонунии Ҷӯраев аз ҷониби прокурори шаҳри Исфара  бо моддаи 286 қисми 1 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ боз гардида,  номбурда бо ҳукми суд ҷазо гирифт.
Шаҳрвандон Муҳаммадҷон Бобокалонов,  сокини ноҳияи Бобоҷон Ғафуров  ва  Алибек Ахмедов, сокини ноҳияи Мастчоҳ, ки қаблан  дар давоми сол бо моддаи 541 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ба ҷавобгарӣ кашида шуда буданд, моҳи июни соли 2015  ҳангоми хариду фурӯш бо асъори хориҷӣ  боз аз нав дастгир ва бо ҳукмҳои судӣ маҳкум карда шуданд.
 Пӯшида нест, имрӯз низ ҳолатҳои зиёде ба чашм мерасанд, ки теъдоди муайяни ҳамдиёронамон дар хариду фурӯши манзил, мошини сабукрав,  маҳсулоти саноатӣ ва ашёи дигар кӯшиш мекунанд асосан аз доллари амрикоӣ истифода баранд. Санҷишҳои прокурорӣ чунин ҳолатҳоро низ ошкор карданд.
19 декабри соли 2015 фурӯшандаи мағозаи “Олами компютерҳо”- и  шаҳри Хуҷанд Ҷамшед Усмонов  ҳангоми ба фурӯш баровардани таҷҳизоти компютерӣ ба маблағи 3500 доллари ИМА дастгир гардид. Муҳандис - барномасози ҶДММ “Олами саёҳат” Ҷ. Шарофов дар шаҳри Хуҷанд 16 ноябри соли  2015  аз шаҳрвандон С. Фаттуллоев, М. Раҷабов ва  Г. Файзуллоева барои омода намудани ҳуҷҷатҳои сайёҳӣ ва фиристодани номбурдагон барои истироҳат ба шаҳри Дубайи АМА 4000 доллари ИМА гирифтааст.
Ин мисолҳо гувоҳи онанд, ки бархе аз шаҳрвандони касбу корашон гуногуни кишвар бо мақсади ҳарчи бештар ба даст овардани даромади муфт манфиати шахсиро аз эҳтироми қонун ва рукнҳои давлатдории миллӣ боло дониста, бо ин амалашон ба иқтисодиёти мамлакат зарари ҷиддӣ мерасонанд ва ба обрӯву нуфузи асъори миллӣ халал ворид месозанд.
Бояд донему огоҳ бошем, ки ҳама гуна амалу рафтор, кирдорҳои ношоиста, беэҳтиромӣ нисбат ба муқаддасоти давлат носипосӣ, беэҳтиромӣ ба давлату миллат буда, содиркунандагони онҳо мутобиқи  қонунҳои ҷории кишвар ҷазо хоҳанд гирифт.

Саидҷамол САИДЗОДА,
прокурори калони шуъбаи
назорати умумии прокуратураи
вилояти Суғд
мушовири адлияи дараҷаи 2,
Ҷовиди Аштӣ, “Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 10.03.2016    №: 48    Мутолиа карданд: 450

15.11.2018


Ҳамоиш бахшида ба Рӯзи Президент

Нурдинҷон Исмоилов ба Тоҷикистон меояд

Мулоқоти Зубайдулло Зубайдзода бо Амал Муҷрин ал - Ҳамад

Конференсияи гиромидошти Бобоҷон Ғафуров

Путин ва Абэ дар асоси қатъномаи соли 1956 гуфтушунид хоҳанд кард

Таҳлилгарони Nomura сустшавии суръати рушди иқтисоди ҷаҳониро пешгӯӣ намуданд

Frontex: ба Аврупо омадани гурезаҳо 31 дарсад коҳиш ёфт

Назарбоев соли 2019-ро Соли ҷавонон эълом дошт

Ҷаҳон дар як сатр

14.11.2018


Вусъати корҳои ободонӣ дар ноҳияи Восеъ

Ҷамъоварии $482 миллион ба ёрии мардуми Ироқ

Назарбоев ташкили Созмони амнияти дастаҷамъии Осиёро пешниҳод дорад

Ҷонибдории Ангела Меркел аз ташкили артиши ягонаи аврупоӣ

Дар Тошканд Ҳафтаи соҳибкории глобалӣ шурӯъ шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН – 2018. Иштироки се бонуи муштзани тоҷик

БОНКИ МИЛЛӢ. Иқдоми наҷиб

13.11.2018


Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин ва Юе Бин

Баимзорасии ёддошти тафоҳум

Нақшаи чорабиниҳои амалӣ намудани корҳои ободонию бунёдкорӣ дар давраи солҳои 2019 – 2021 тасдиқ гардид

БӮСТОН. Таҷдиди шуъбаи урология

ВАҲДАТ. 5 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд

ЁВОН СИМОИ ТОЗА МЕГИРАД

НОҲИЯИ ШАМСИДДИНИ ШОҲИН. Кӯшишҳо самар медиҳанд

"Дар ин дунё Карим Девонае буд"

Ҳузури бераводиди тоҷикистониён дар Туркия 3 баробар дароз шуд

Аврупо дар бозёбии партовҳои уран дар Тоҷикистон саҳм мегирад

Москва аз ҷумлаи даҳ шаҳри беҳтарини дунёст

Гунаҳгорони ҳалокати 52 ӯзбекистонӣ зиндонӣ шуданд

Чин дар ҷаҳон калонтарин воридкунандаи газ

Ҷаҳон дар як сатр

ҚУБОДИЁН. 48 медали варзишгарон дар нуҳ моҳ

12.11.2018


Дар Париж ҳамоиши сулҳ ифтитоҳ ёфт

Бо эҳтимоми ҳукумати Ҳиндустон нархи сӯзишворӣ арзон мешавад


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед