logo

сиёсат

СИРОҶИДДИН АСЛОВ ДАР ҶАКАРТА

Дар пойтахти Индонезия - шаҳри Ҷакарта ҷаласаи тадорукотии вазирони корҳои хориҷии кишварҳои узви Созмони ҳамкории исломӣ баргузор гардид. Дар он ҳайати Тоҷикистон таҳти роҳбарии вазири корҳои хориҷӣ Сироҷиддин Аслов ширкат варзид. Вазирони корҳои хориҷии кишварҳои узв лоиҳаи Эъломия ва Қатъномаи Ҷакарта оид ба масъалаи Фаластин ва Қудси Шарифро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Дар нишасти Ҷакарта Сироҷиддин Аслов бо вазири корҳои хориҷии Индонезия Ретно Марсудӣ мулоқот карда, перомуни таҳкими робитаҳои дуҷониба мубодилаи афкор намуд. Ҷонибҳо тавсеаи ҳамкориҳо ва зарурати баргузор намудани ҷаласаи навбатии Комиссияи муштараки байниҳукуматии иқтисодӣ - тиҷоратии ду кишварро таъкид карданд. Зимни мулоқот, инчунин, масоили ҳамкории ду кишвар дар ҳошияи Созмони Милали Муттаҳид ва дигар созмонҳои байналмилаливу минтақавӣ матраҳ шуд.
Дар вохӯрии вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Аслов бо вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Салоҳиддин Раббонӣ вазъи сарҳад ва тақвияти ҳамкориҳо дар соҳаи мубориза бо чолишу таҳдидҳои замони муосир дар меҳвари таваҷҷуҳ қарор дошт.
 Инчунин, дар Ҷакарта саммити панҷуми фавқулодаи Созмони ҳамкории исломӣ оид ба масъалаи Фаластин ва Қудси Шариф доир гашт. Вазири корҳои хориҷии кишвар аз номи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон суханронӣ карда, мавқеи Тоҷикистонро оид ба ин қазияи меҳварии Созмони ҳамкории исломӣ иброз намуд. Ӯ аз талошҳои роҳбарияти Фаластин ва мардуми он ҷиҳати ноилшавӣ ба эътирофи байналмилалӣ пуштибонӣ карда, ба азсаргирии музокироти сулҳҷӯёнаи тарафҳои низоъ дар ҷаҳорчӯби абзорҳои байналмилалӣ, ҷустуҷӯи ҳалли одилона ва устувори масъала даъват ба амал овард.
Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Аслов дар доираи саммит бо вазири корҳои хориҷии Малайзия Датук Сери Анифаҳ Ҳоҷӣ Аман дидору гуфтугӯ намуд. Дар он масоили муносибатҳои дуҷониба, аз ҷумла раванди татбиқи тавофуқот ва созишҳое, ки қаблан зимни сафарҳои расмии ҳайатҳои сатҳи олӣ ва баланди ду кишвар ба даст омадаанд, баррасӣ гардид.
Дар Саммити панҷуми фавқулодаи Созмони ҳамкории исломӣ Эъломия ва Қатъномаи Ҷакарта доир ба Фаластин ва Қудси Шариф қабул гардид.
Дар ин бора ба хабарнигори «Ҷумҳурият» Додоҷон Рӯзиев аз Раёсати иттилоот, матбуот, таҳлил ва тарҳрезии сиёсати хориҷии Вазорати корҳои хориҷӣ хабар доданд.

 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 10.03.2016    №: 48    Мутолиа карданд: 503

23.01.2019


Фестивали байналмилалии «Наврӯз – мероси фарҳангии сайёҳӣ» баргузор хоҳад шуд

"Парасту - 2019" – ҷашнвораи ҷумҳуриявии театрҳои касбӣ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Баргузории ҷашнвораи байналмилалии «Рӯзи барф» дар Калуга

Дар Арабистони Саудӣ ҷалби бонувон ба корҳои ҷамъиятӣ меафзояд

Соли 2018 прокуратураи Қазоқистон ба буҷети кишвар $90 миллион талофӣ кард

Дар Тошканд хазинаи қадима ёфт шуд

Дороии 26 шахси сарватмандтарини дунё ба даромади 3,8 миллиард ниёзманд баробар аст

18.01.2019


Таҳдидҳои асосӣ ба иқтисоди ҷаҳонӣ номбар шуданд

Гумонбари омодасозии ҳамла ба Қасри сафед ба даст афтод

Дар Чин қаллобонро барои фиреб ҳабси абад карданд

29 миллион сом зарари собиқадорони сохта

Ҷаҳон дар як сатр

17.01.2019


Тамдиди шартномаи ФФТ бо "Сомон Эйр"

60 ДАРАҶА ХУНУКӢ ВА ДАВИ 50 - КИЛОМЕТРАИ ЭКСТРЕМАЛИ МОЛДАВӢ

16.01.2019


Пирӯзии мунтахаби Тоҷикистон бар Эрон

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Роҳандозии моратории дусола дар Тоҷикистон

Нақшаи Brexit дар парламенти Британия рад карда шуд

Кремл роҳи ҳалли буҳрони Украинаро пешниҳод намуд

Ифтитоҳи онлайн-донишгоҳ барои гурезаҳо дар Италия

15.01.2019


Ҷаласаи ҷамъбастӣ таҳти раёсати муовини Сарвазири мамлакат

Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Абдулазиз Комилов

Ёдгор Файзов: «Соли 2018 соли таҳкими волоияти қонун дар Бадахшон буд»

ХУҶАНД. 1548 медали варзишгарон дар як сол

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Созишномаи сулҳ – мавзӯи асосии мулоқоти Путин ва Абэ хоҳад шуд

Савдои хориҷии Чин соли 2018 натиҷаи рекордӣ нишон дод

Дар Алмаато гурӯҳи хориҷиёни террорист боздошт шуд

То соли 2024 аҳолии Қирғизистон бо оби ошомиданӣ пурра таъмин мешавад

10.01.2019


Дар Саразм осорхона ва меҳмонхонаи замонавӣ бунёд мешаванд

Вохӯрии Парвиз Давлатзода бо Владимир Норов

Ҷаласаи Шӯрои кор бо ҷавонон

“ГАНҶИ СУХАН” – маҳфили адибпарвар


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед