logo

фарҳанг

БУДАН Ё НАБУДАН!

Ё чӣ тавр матбуоти маҳаллиро ҳамқадами замон гардонем?

Матбуоти даврии маҳаллӣ ҳамчун василаи чопии пахши иттилоот ва табодули афкор дар музофот барои тавсияи фарҳанги бумӣ, ки ҷузъи фарҳанги миллӣ аст, нақши босазо ва таъсиргузор дорад. Ҳамчунин нақши ин матбуот дар тарғиби ғояҳои иҷтимоӣ, ҳукуматӣ ва давлатӣ кам нест. Аз тарафи дигар, сутун ва пояи матбуоти даврии умумиҷумҳурӣ, матбуоти маҳаллии қавӣ ва қудратманд аст. Собиқаи ин пеша нишон медиҳад, ки дар гузашта аксари рӯзноманигорони ҳирфавӣ кори худро аз матбуоти даврии маҳаллӣ шурӯъ кардаанд. Ва ҳамчунин имрӯз дар ин зинаи матбуот рӯзноманигорони собиқадори пуртаҷриба кам нестанд.
Бо вуҷуди ин эҳсос мешавад, ки матбуоти маҳаллӣ бо далоили мухталиф то кунун натавонистааст ба таври бояду шояд таъйиноти худро ба ҷо орад ва талаботи иттилоотиву маънавии аудиторияашро қаноатманд гардонад, ба худ хонанда пайдо кунад, хараҷоти худро пӯшонад… Нашрияҳои маҳаллии мо ҳанӯз натавонистаанд дар фазои иттилоотии музофот нақши ҳалкунандаро ба ихтиёр гиранд, рисолати аслии худ - инъикоси холисонаи ҳодисаю рӯйдодҳо, риояи тавозун, саҳеҳият, воқеанигорӣ, ҳақиқатнигорӣ, озодона иброз намудани фикру ақида, эҳтироми меъёрҳои умумибашарии ахлоқ, риояи одоби касбиро пурра иҷро кунанд. Ба назар чунин мерасад, ки хондан ё нахондани рӯзномаи маҳаллӣ худ дар зиндагии аксари афроди ҷомеаи манотиқ таъсиргузор нест. Масалан, дар як пурсиши сотсиологие, ки соле қабл дар шаҳри Қӯрғонтеппа гузаронида шуд, аз доираи  пурсидашудагон камтаринашон номи нашрияи вилоятӣ ва шаҳриро номбар карданд. Ҳеҷ кас аз нашрияи русии «Новый Хатлон» ва ӯзбекии «Дӯстлик» ёд ҳам накард.  Аз рӯи мушоҳидаҳо теъдоди қариб ҳамаи нашрияҳои маҳаллӣ дар соли 2013 на бештар аз ҳазор нусхаро ташкил медод, ки дар муқоиса ба аҳолии наздики семиллионнафараи вилоят ночиз менамояд.
Воқеист, ки матбуоти даврӣ чун воситаи классикии ахбори омма  дар пайдоиш ва ташаккули воситаҳои ахбори оммаи электронӣ заминагузор аст. Аммо рушди воситаҳои электронии ахбор, аз ҷумла дар шароити муосир Интернет, аз як тараф, доманаи матбуоти давриро нисбатан маҳдуд намуд, аз сӯи дигар, табиат ва таъйиноти онро то андозае дигаргун ҳам кард. Дар шароити сареияти бештар пайдо кардани радиову телевизион, ҳамчунин Интернет (асосан дар шаҳрҳо), матбуоти даврӣ тадриҷан ба минбари афкор табдил меёбад. Василаи иттилоотрасонии матбуот коҳиш ёфта, он ба минбари суҳбат, афкор, мубодила ва музокира бадал мегардад ва дар муқоиса бо дигар ВАО мухотабонаш, асосан, ашхоси маънаван ғанӣ қарор мегиранд. Дар ин ҳолат рисолати матбуот боз ҳам зиёдтар мешавад. Бахусус дар замони муосир, ки фазои сиёсиву иҷтимоии ҷаҳон ба буҳрони шадид гирифтор шуда, ҳизбу ҳаракатҳои гуногуни моҷароҷӯву исёнгар қувват ва таъсирҳои ифротгароиву бегонаситезӣ авҷ мегирад, нақши матбуоти кишварҳо муҳимтару боризтар мегардад. Матбуот имкон дорад, ки дар таҳлилу баррасии  ин гуна қазияҳо майдон ва фазои мувофиқу муносибро фароҳам ва ҷиҳати  ошкор намудани моҳияти аслии ҳаводис табодули афкорро ба вуҷуд орад ва ба ин васила дар болобурди дарку маърифати иҷтимоии шаҳрвандон нақш гузорад. 
 Таҷрибаи мамолики дигар, ҳамчунин таҳқиқотҳои дар ин соҳа анҷомёфта нишон медиҳанд, ки дар пешрафтатарин ҷомеаву кишварҳои имрӯзаи ҷаҳонӣ  матбуоти музофотӣ ба таҳаввул дучор омада, афзалият пайдо кардааст, ки  Тоҷикистон низ истисно набояд бошад. Дар замони ҷаҳонишавӣ матбуоти маҳаллӣ дар тарғиби фарҳанги бумӣ ва ташаккули фазои иттилоотии худӣ метавонад нақши бештар гузорад.
 Дар шароити муосир рушди матбуоти даврӣ, аз ҷумла нашрияҳои маҳаллиро бе истифодаи технологияи фановарӣ (инноватсионӣ) наметавон тасаввур кард. Хуб аст, ки дар солҳои охир нашрияҳои даврӣ ва муассисаҳои табъу нашр ба ин раванд тадриҷан ворид мешаванд ва аз авомили он баҳра мегиранд. Аммо ҷараёни воридшавӣ ба ин фазо яксон набуда, ба тарзи мухталиф сурат мегирад. Баъзе ноҳияҳо бо дарки дурусти моҳияти технология ва навгониҳои инноватсионӣ аз ин раванд самаранок истифода мебаранд, бархе аз навоҳии дигар то ҳол нашрияҳояшонро дар муассисаҳои табъу нашри пойтахт-Душанбе ба чоп мерасонанд. Чопи нашрияҳои баъзе ноҳияҳо то ҳол мавсимӣ буда, ағлаб бо шарофати таҷлили ҷашну санаҳои миллӣ, таърихӣ ва фарҳангӣ сурат мегирад. Мушоҳидаҳо нишон медиҳад, ки аксари нашрияҳои ноҳиявии кишвар шароит ва имконоти техникии табъу нашри замонавиро надоранд.
Раванди ҷаҳонишавӣ ва рушди технологияи иттилоотӣ тақозо менамояд, ки дар воситаҳои ахбори омма, алалхусус матбуоти даврӣ, технологияи муосир мавриди истифода қарор гирад. Ин технология ҳам ба фаъолияти кормандон, хоса аҳли эҷод ва ҳам ба шароити кор алоқамандӣ дорад. Вобаста ба ин, яке аз самтҳои муҳими пажӯҳишҳои ин соҳа дар сиёсати итилоотии замони муосир ҷустуҷӯи равандҳои нави инноватсионии ба манотиқи ҷумҳурии мо мувофиқ ва дар амал татбиқ намудани он  метавонад бошад.
Масъалаи нисбатан ҳалталабе, ки дар раванди ҷаҳонишавӣ ва воридсозии технологияи иноватсионӣ дар матбуоти маҳаллӣ ба миён омадааст, набудани мутахассисони соҳибкасб мебошад. Кормандони эҷодии аксари нашрияҳои маҳаллӣ рӯзноманигорони собиқадори куҳансоланд. Рӯзноманигорони ҷавон барои кор дар ин нашрияҳо чандон ҳавасманд нестанд, ки сабабҳои гуногун дорад. Аммо сабаби асосӣ кам будани маош аст. Дар суҳбате муҳаррири нашрияи “Зарафшон”- и ноҳияи Панҷакент Луқмонҷон Қурбонов ин андешаро тақвият бахшида, иброз дошт, ки дар нашрияи мо бо сабаби камии маош аксар собиқадорон кор мекунанд, ҷавонон бо вуҷуди он ки чандон қобилияти хуби касбӣ надоранд, барои ҳамкорӣ бо маоши паст розӣ нестанд. Нашрия ҳамагӣ 3000 нусха чоп мешавад ва хароҷоти худро базӯр мепӯшонад... Ҳамчунин омӯзишҳо нишон дод, ки маблағи солонаи обунаи муштариёни «Набзи Қӯрғонтеппа» – 40-42 ҳазор сомонӣ буда, бо 56 - 60 ҳазор сомонии аз буҷаи ҳокимияти давлатии шаҳр ҷудогардида ва ҳамчунин  маблағи ночизи аз ҳисоби чопи эълонҳо бадастомада (ҳамагӣ 1 – 2 ҳазор сомонӣ), тамоми хароҷоти нашрияро пӯшонида наметавонад.
Албатта, дар ҷалби мутахассисон маош нақши муҳим дорад, аммо роҳҳои дигари ҷалби рӯзноманигорони ҳирфавиро бояд ҷуст. Фарз кардем, бо сабаби  камии маош рӯзноманигорони ҷавон аз кор саркашӣ кунанд, собиқадорон ба нафақа раванд, фаъолияти нашрияҳоро кӣ давом медиҳад, анъана куҷо мешавад, таъсири мактабҳои эҷодӣ ба кӣ мерасад. Табиист, ки дар ҳар соҳа, асосан, ҷавонон  дигаргуниҳо ба вуҷуд меоранд, зеро диди онҳо тозатар аст ва дар муқоиса бо насли калонсол навгониҳои замони иҷтимоиву касбиро зуд мефаҳманд ва қабул мекунанд. Ба ин маънӣ, агар мо дар фаъолияти матбуоти маҳаллӣ дигаргунӣ ба вуҷуд оварда,  онро ҳамқадами замон гардонданӣ бошем, бояд роҳҳои ҷалби  мутахассисони ҷавони қобил, дорои ҷаҳонбини васеъ, закиву ҳушёр ва масъулиятхоҳро ҷӯё шавем, ки ин ногузир аст.
Мушкилоти дигаре, ки имрӯз матбуоти маҳаллии мо бо он рӯбарӯст, бетарафӣ ва ё бетаваҷҷуҳии хонандагон ба он мебошад. Ин қазияро метавон ба чанд омил нисбат дод. Омили асосӣ барои мардуми маҳал имкони нисбатан маҳдуди харидории нашрияҳои даврӣ. Дуюм, паст будани маънавиёти ҷомеа. Билохира ба завқи хонандаи ҷавон мувофиқ набудани матолиби нашрияҳо. Аз ин рӯ, гумон мекунем, то замоне, ки рӯзнома ба унвони як ниёз зарурат пайдо накунад, наметавон аз  истиқболи ҳамагон қарор гирифтани нашрияҳои даврӣ интизорӣ кашид. Бинобар ин мо бояд роҳҳоеро ҷӯё шавем, ки зарурат ва аҳамияти рӯзнома миёни омма дарк шавад. Шояд хонандаи муҳтарам эрод гирад, ки замони рӯзнома гузашт ва ин амал ногузир аст. Ба гумони мо, баръакс дар ин замони ҷаҳонишавӣ, ки таҳоҷуми авомили беруна ба фазои иттилоотии кишвар тадриҷан зиёд мешавад, такя кардан ба матбуоти дохилӣ, минҷумла маҳаллӣ, аз андешаҳои созандаи иҷтимоиву миллӣ пур кардани мундариҷаи нашрияҳо ва моил намудани мардум ба он зарур аст. Албатта, дар ин радиф матбуот бояд ҳарфе барои гуфтан дошта бошад, ба ибораи дигар, ҳарфи дили мардумро бигӯяд, то мавриди эътимоди онҳо қарор гирад.
Имрӯз ҳолати матбуоти маҳаллӣ андешаи будан ва ё набуданро ба миён гузоштааст, ки масъулияти касбӣ ва расмиро тақозо менамояд.

М. МУРОДӢ, профессор


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 11.03.2016    №: 49    Мутолиа карданд: 436

20.11.2018


СУҒД. Оғози сохтмони раёсати маориф

ЛЕВАКАНТ. Конфронси илмӣ - назариявӣ ба ифтихори Иҷлосияи XVI

"Парасту" дар Тоҷикобод

Сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ барои машварат дар Тошканд ҷамъ меоянд

Финляндия ҷонибдори ҳузури Россия дар Шӯрои Аврупо

Вазорати маорифи Афғонистон 30 ҳазор занро ба кор мегирад

Баррасии рушди инклюзивии иқтисоди қитъа дар Гвинея Папуаи Нав

Ҷаҳон дар як сатр

АНВАР ЮНУСОВ СОҲИБИ КАМАРБАНДИ WBF

"СОРО КОМПАНИЯ" ҒОЛИБИ ЛИГАИ КАСБИИ ФУТЗАЛИ ТОҶИКИСТОН

19.11.2018


ДЕВАШТИЧ. Авҷи созандагиҳо дар Ҷамоати деҳоти Яхтан

Артиши Сурия охирин истеҳкоми «ДИ» дар ҷануби кишварро зери назорат гирифт

Дар ҳама минтақаҳои Ӯзбекистон «мактаби президентӣ» месозанд

Роҳандозии барномаи махсуси давлатии ипотекӣ барои дӯзандагони Қирғизистон

Киштии зериобии «Сан Хуан» - ро дар уқёнуси Атлантика ёфтанд

Ҷаҳон дар як сатр

Кулишов: «Марзҳои ИДМ бо таҷҳизоти муосир таъмин карда мешаванд»

Дар Тоҷикистон омӯзгори забони англисӣ барои таблиғи «ДИ» 19 сол гирифт

Қазоқистон мубориза бо машруботро сахттар мекунад

Фоидаи туризм ба кадом шаҳри дунё бештар аст?

Ҷаҳон дар як сатр

"ИСТИҚЛОЛ" бори аввал барои Ҷоми чемпионҳои КФО мубориза хоҳад бурд

Омодагии тими миллӣ ба марҳилаи интихобии Ҷоми ҷаҳон – 2022

УСМОН ТОШЕВ САРМУРАББИИ НАВИ ДАСТАИ МУНТАХАБ

15.11.2018


Ҳамоиш бахшида ба Рӯзи Президент

Нурдинҷон Исмоилов ба Тоҷикистон меояд

Мулоқоти Зубайдулло Зубайдзода бо Амал Муҷрин ал - Ҳамад

Конференсияи гиромидошти Бобоҷон Ғафуров

Путин ва Абэ дар асоси қатъномаи соли 1956 гуфтушунид хоҳанд кард

Таҳлилгарони Nomura сустшавии суръати рушди иқтисоди ҷаҳониро пешгӯӣ намуданд

Frontex: ба Аврупо омадани гурезаҳо 31 дарсад коҳиш ёфт

Назарбоев соли 2019-ро Соли ҷавонон эълом дошт

Ҷаҳон дар як сатр

14.11.2018


Вусъати корҳои ободонӣ дар ноҳияи Восеъ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед