logo

фарҳанг

РӮЗНОМАИ «ВАТАН»: БОЗГАШТ БА СОЛИ 1937 ?

Ҳоло  ҳар як шаҳру вилояти  мамлакат, бахусус ноҳияҳо, дорои рӯзномаи худ буда, метавонанд аз ҳаёти ҳаррӯзаи мардуми маҳаллӣ маълумот диҳанд. То давраи воридшавӣ ба ҳайати ВМКБ ноҳияи Ванҷ  рӯзномаи худӣ надошт. Аз ин лиҳоз, иттилоот оид ба  ноҳия дар рӯзномаи «Қаротегин» ба табъ мерасид. Барои тақвияти иттилооти аҳолӣ соли 1937 бо қарори маҷлиси вакилони халқи ноҳия рӯзномаи  ноҳиявӣ бо номи «Ҳақиқати Ванҷ» таъсис ёфт ва муҳаррири он Нишон Ҳамроев таъйин гардид. Рӯзнома ду воҳиди корӣ дошт: муҳаррир ва мухбир. Он дар ҳаҷми ду саҳифа бо теъдоди 400 нусха ба табъ мерасид. Ҳама кори рӯзнома дастӣ иҷро мешуд. Чопи рӯзнома ба воситаи дастгоҳи хурди чопӣ, ки дастӣ ба кор дароварда мешуд, иҷро мегардид. Рӯзнома дар ин муддат аз рӯзгор ва фаъолияти халқи заҳматкаши ноҳия, таърихи гузаштаи он, даврони истиқлолият матлабҳои зиёди хонданиро рӯи чоп овардааст. Ҳоло рӯзномаи «Ватан» нашрияи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ мебошад. Муҳарририи рӯзномаро яке аз рӯзноманигорони маъруф, узви Иттифоқи журналистони Тоҷикистон Пайшанбе Шоҳзода  ба уҳда дорад. Ба  гуфтаи муҳаррир ҳоло  рӯзнома  хуб фаъолият мекунад, аммо мушкилиҳо низ зиёд аст. «Мушкилии аввал ин, ки мо барои чопи рӯзнома чопхона надорем ва ҳар моҳ онро ба  Душанбе бурда чоп мекунем. Мушкилии дигар нарасидани маблағ барои пешбурди кор аст. Пештар  рӯзномаҳои ноҳиявӣ аз тарафи Вазорати фарҳанги ҷумҳурӣ  маблағгузорӣ мешуданд ва ҳама гуна хароҷот, аз ҷумла ҳаққи қаламро низ пардохт мекарданд. Вале баъдтар ин хароҷот  ба зиммаи мақомоти  иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия  вогузор гардид. Ҳоло  маблағгузории он аз ҳисоби обуна  таъмин мешавад», - мегӯяд П. Шоҳзода.
Соли  2015 аз тарафи раиси ноҳия ба рӯзнома 5000 сомонӣ ҷудо  шуд. Рӯзнома имрӯз ба дастгирии бевоситаи Вазорати фарҳанг ниёз дорад. Имрӯз он моҳе як маротиба дар ҳаҷми 4 саҳифа  ва бо теъдоди 800 нусха чоп мешавад. Муболиға нест, агар гӯем, ки 800 нусха теъдоди нашр қариб бозгашт ба соли 1937 аст. Ҳамин тавр не?
Малика УРФОНОВА


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 11.03.2016    №: 49    Мутолиа карданд: 598

21.02.2019


ХУҶАНД. Оғози сохтмони бинои нави «Тоҷикстандарт»

ФУТБОЛ. Тақвими бозиҳои тими мунтахаби олимпии кишвар муайян гардид

Табибон аз Тотористон бо ҳампешаҳои тоҷики худ мубодилаи таҷриба мекунанд

Роҳандозии лоиҳаҳои инноватсионӣ дар Қазоқистон

Дар Ҳиндустон 13 иштирокдори тӯй зери чархи мошини боркаш монд

Сӯхтор сабабгори марги ҳафт кӯдак дар Канада

Ҷаҳон дар як сатр

19.02.2019


МАКТАБИ ДАВЛАТДОРИИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН. ЯК ҲАМОИШИ МУҲИМ

Баррасии масъалаҳои рушди сайёҳӣ

Вохӯрии Низомиддин Зоҳидӣ бо Мазен Шамия

Дурнамои рушди муносибатҳо матраҳ гардид

ҶОМИ КУШОДАИ АВРУПО. Муҳаммадризо Қувватов медали биринҷӣ ба даст овард

Авҷи ниҳолшинонӣ

Саҳми соҳибкорон дар ободии деҳот

Ҳамкории тиҷоратию иқтисодии Чин ва Россия густурдатар мегардад

Сарвар Дониш: «Музокироти сулҳ бидуни ҳукумат қурбе надорад»

«Туҳфаи шоҳона» - и Арабистони Саудӣ ба шаҳрвандони Покистон

Дар Қазоқистон маркази амнияти иттилоотӣ ифтитоҳ меёбад

Сокини навраси Шимкент ду нафарро аз сӯхтор наҷот дод

Ҷаҳон дар як сатр

18.02.2019


Боздиди Азим Иброҳим аз ҷараёни корҳои сохтмонӣ

ВКД Ҷиноятҳо 83,6 дарсад ошкор шуданд

Вазорати молия. Барои дастгирии буҷет маблағи бештар ҷалб хоҳад гашт

«BISHKEK OPEN – 2019». Дурахши каратэ-дочиёни навраси тоҷик

«МОҲИЯТ ВА ТАЪЙИНОТИ МАТБУОТИ МАҲАЛЛӢ»

РОҒУН. Ободонӣ вусъат меёбад

АНДОЗ. Нақша 100, 6 дарсад иҷро гардид

ТОҶИКИСТОНУ ӮЗБЕКИСТОН. Гардиши савдо ду баробар афзуд

Тоҷикистон миёни кишварҳои ИДМ ба афзоиши баландтарини ММД муваффақ гашт

Дар Тошканд конфронси байналмилалӣ оид ба Осиёи Марказӣ баргузор мегардад

Қасри сафед: "Музокироти тиҷоратӣ дар Пекин ба пешравӣ мусоидат кард"

Трамп мехоҳад ҷангиёни «Давлати исломӣ» - ро ба Аврупо барои суд кардан баргардонад

Кумитаи амнияти иттилоотии Қазоқистон беш аз 90 сомонаи хавфнокро ошкор сохт

Ҷаҳон дар як сатр


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед