logo

фарҳанг

58 СОЛИ САДОҚАТ

Профессор Асадулло Саъдуллоев ба матбуот ва қалам 58 соли умри хешро сарф намуданд. Дар самти эҷод дар қолаби жанрҳои журналистикаву насри мустанад, таҳқиқи осори ҳунариву илмӣ, таълим, роҳнамоии муҳаққиқони журналистикаву адабиёт  саҳми боризу фаъолияти назаррас дошт. 

Шурӯъ  аз соли 1962 дар телевизиони Тоҷикистон,  рӯзномаҳои «Маориф ва маданият», «Тоҷикистони советӣ» (ҳоло «Ҷумҳурият»), «Газетаи муаллимон», «Паёми Душанбе» фаъолияти амалии эҷодӣ ва роҳбарӣ дошт.  Устоди мо дар навишти тамоми жанрҳои журналистика аз хабар то мақолаву очерк моҳир буданд.  Ҳангоми фаъолият дар матбуот роҷеъ ба рӯзгор ва осори  адибони машҳур  ба мисли Садриддин Айнӣ, Абулқосим Лоҳутӣ, Расул Ғамзатов, Мӯъмин Қаноат ва дигарон таҳқиқот анҷом додаву шахсият ва моҳияти осорашонро барои  хонандаи тоҷик  бозгӯӣ кардааст. 
- Баъди чанд соли фаъолият дар журналистикаи адабӣ устод Асадулло Саъдуллоев ба таҳқиқи осори публисистӣ рӯй овард, - иброз медорад  Сангин Гулов, мудири кафедраи журналистикаи  байналхалқии факултаи журналистикаи ДМТ. - Бо кӯшишҳои зиёд устод тавонист, ки дар илми тоҷик самти нави таҳқиқи публисистика ва насри мустанадро асос гузорад.
Асадулло Саъдуллоев   муаллифи осори зиёди дарсиву таълимӣ дар самти журналистика  мебошад. Танҳо зикри чанде аз осори илмиву таълимиаш кофист, ба хулосае оем, ки профессор А.  Саъдуллоев, аз ҷумлаи муҳаққиқони серкору сермаҳсул ва адолатпешаву заррабин буд. Онҳо «Публисистикаи Турсунзода», «Агар сухан коргар шавад…», «Озодии сухан ва матбуот», «Хосияти адабиёт», «Жанрҳои таҳлилии матбуот», «Асосҳои фаъолияти эҷодии журналист», «Саҳифабандӣ ва чопи газета» ва ғайра мебошанд.
- Мактаби илмиву таҳқиқии устоди мо аз чашмае оғоз шуду ба рӯде табдил ёфт, - мегӯяд С. Гулов. Хеле таассуфовар аст, ки ин бор  Рӯзи матбуоти  тоҷик бе ширкати  яке аз шаҳсутунҳои  илм ва  таълими  журналистикаи тоҷик - Асадулло Саъдуллоев мегузарад.
Ш. ҚУРБОН, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 11.03.2016    №: 49    Мутолиа карданд: 886

15.07.2019


Сарвазири Корея ба Тоҷикистон меояд

Баррасии масъалаҳои ҳамгироии САҲА, СҲШ ва ИА дар минтақаи Осиёи Марказӣ

Нахустин шумораи маҷаллаи «Осиё ва Аврупо» аз чоп баромад

ДТТ. Изҳори нигаронӣ аз вазъи бо кор таъмин шудани хатмкардаҳо

ТИБ. 288 номгӯи доруи ғайристандартӣ ошкор шуд

11.07.2019


Шиносоии Қоҳир Расулзода бо сохтмон ва навсозии шоҳроҳи Душанбе – Бохтар

10.07.2019


Нодиртарин "Девон" - и Навоӣ дар Хуҷанд

Бунёди нахустин пойгоҳи ҷаҳонии шабакаи атмосферии Тоҷикистон дар Осиёи Марказӣ

Иттиҳоди Аврупо барои кишварҳои Осиёи Марказӣ 72 миллион евро ҷудо мекунад

Матвиенко: "Дар бозори Россия қариб тамоми об қалбакӣ будааст"

Ҷаҳон дар як сатр

08.07.2019


Баррасии ҷараёни иҷрои Барномаи давлатии тарбияи ватандӯстӣ ва таҳкими ҳувияти миллии ҷавонон

"Душанбе - қалби Тоҷикистон"

Ҳамоиш оид ба таҳияи маҳсулоти сайёҳӣ

Россия нахусткайҳоннаварди арабро бо ғизои махсус таъмин месозад

Зиёни иқтисодии Гурҷистон аз коҳиши сайёҳони рус беш аз $700 миллион хоҳад шуд

Дар Қазоқистон то соли 2021 нияти ифтитоҳи 20 мактаби олӣ ва 180 коллеҷро доранд

СММ: "Қирғизистон нахустин кишварест, ки мушкили бешаҳрвандиро ҳал кард"

Зеленский пурра иҷро кардани созишномаи Минскро ваъда дод

Ҷаҳон дар як сатр

04.07.2019


Ҷаласаи Комиссияи муштараки ҳамкории иқтисодию тиҷоратии Тоҷикистону Покистон

Масъалаи татбиқи ҳамгироии сиёсати давлатии ҷавонон баррасӣ гардид

ФУТБОЛ. Чемпионати АФОМ дар Тоҷикистон мегузарад

Омӯзгоронро барои кор дар Тоҷикистон ва Қирғизистон интихоб менамоянд

Сарвазири Италия пазироии самимии Путинро ваъда кард

Дар Минск паради низомӣ бахшида ба Рӯзи Истиқлолияти Беларус доир гашт

Путин шартҳои муколамаи Москва ва Киевро ном бурд

Суд ба маъмурияти Трамп истифодаи маблағи Вазорати мудофиаро барои деворсозӣ манъ намуд

Ҷаҳон дар як сатр

02.07.2019


Тақвияти ҳамкориҳо бо БАТР

Мулоқоти Исматулло Насредин бо Умар Аюб Хон

Озмунҳои «Маҳаллаи беҳтарин» ва «Кӯчаи беҳтарин» баргузор мешаванд

Тоҷикистон. Барои табобати Осия Зулфонова аз Олмон табиб оварданд

То соли 2020 маҳсулоти муштараки ширии Тоҷикистону Беларус ба бозор мебарояд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед