logo

фарҳанг

ВАҚТЕ ПАСИ САТРҲО ҒАРАЗРО МЕБИНАМ…

Айни замон дар ҷумҳурӣ миқдори зиёди рӯзнома, ҳафтанома, нашрияҳои шаҳрию  ноҳиявӣ, маҷалла, моҳнома, нашрияҳои соҳавӣ, оҷонсӣ ва  сомонаҳои иттилоотӣ фаъолият менамоянд.  Ин нишонаи фароҳам будани шароити мусоид барои фаъолияти озод дар фазои иттилоотӣ мебошад. Вале, суоли матраҳ ин аст, ки то кадом андоза матбуоти даврии кишвар талаботи маънавии ҷомеаро бароварда метавонад. Бо ин савол, хабарнигорони “Ҷумҳурият” бо шахсони касбу корашон гуногун суҳбати сарироҳӣ анҷом доданд.

Шамсиддин Орумбекзода,
вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон:
- Қонеъ будани мардум аз фаъолияти матбуот ба дараҷаи касбияти журналист вобастагӣ дорад. Имрӯз нисбат ба солҳои пеш фазои иттилоотӣ холигӣ надорад, зеро даҳҳо нашрияҳои давлатӣ ва ҷамъиятиву хусусӣ фаъолият доранд, ки инъикоскунандаи ҳаёти сиёсиву иҷтимоӣ ва фарҳангии кишвар ҳастанд. Ҳузури расонаҳои электронӣ ҳам фазои матбуотиро пурратар карда истодааст. Мушкил ин аст, ки мо дар  сатҳи маҳал талаботи хонандагонро қонеъ гардонда натавониста истодаем. Онҳо ҳанӯз ҳам ба нашрияву расонаҳо дастрасии пурра надоранд. Ё, агар дошта бошанд ҳам, хеле дер нашрияҳо ба дасти хонандагон мерасанд, ки моҳияти сари вақт огоҳ шудан аз рӯйдод ё воқеиятро аз даст медиҳанд. Ҳамчунин дар бахши сифати нашр мушкилоти зиёд дорем. Бояд нашрия ё рӯзнома бо сифати хуб нашр гардад.

Сайфулло Саъдуллозода,
муовини аввали директори Маркази тадқиқоти стратегии
назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон:
- Ба назари ман имрӯз ҷомеа нисбат ба матбуот пешрав аст. Аз ин рӯ, матбуот талаботи имрӯзи хонандаро қонеъ гардонда наметавонад. Чунки дар фазои иттилооти мо ягона рӯзномаи «Ҷумҳурият» аст. Матбуоти мо бештар ҳангомасоз аст, вале ҷомеа бештар сари амнияту субот андеша мекунад ва ба ин равиш шакл мегирад. Матбуоти мо дар пешорӯйи чолишҳои амниятӣ, ки доғи рӯз аст, заиф боқӣ мемонад. Ба истиснои маводи Саймуъмин Ятимов, раиси КДАМ, ки оид ба ин мавзӯъ маводи ҷолиб таҳия ва нашр карда буд. Матбуоти мо, аксаран аз  ин ё он фард қаҳрамонтарошӣ мекунад, ба ҷойи он ки  ба мавзӯъҳои ҷанбаи миллӣ ва илмидошта рӯ биоранд. Масалан, мо олимҳое дорем, ки мавзӯъҳои муҳимро таҳқиқ кардаанд, аммо матбуот ва мардум хабар надоранд. Гӯиё, ки мо навоварии илмӣ надорем. Имрӯз шахсиятҳои шинохтаи кишвар дигар дар матбуот ҳузур надоранд. Дар ҳоле ки назари онҳо барои рушди ҷомеа муҳим аст. 

Меҳмоншо Шарифов, пажӯҳишгар:
- Имрӯз, мутаассифона, матбуот рисолати худ, яъне қонеъ гардондани талаботи маънавии мардумро иҷро карда натавониста истодааст. Мардум, ё хонанда мехоҳад, воқеияти рӯзро аз заррабини матбуот холисона хонад ва аз рӯйдодҳои олам огоҳ шавад. Матбуот бояд ҳаводиси рӯзро дуруст инъикос намояд.  Масалан, дар Британияи Кабир, ё кишварҳои дигар мардум аввали рӯз ё субҳ пеш аз наҳорӣ рӯзнома мехонанд. Зеро он ҷо матбуот тавонистааст, хабарсоз бошад, нархи рӯзномаҳо ҳам чандон гарон нест. Дар мо, аввал ин, ки миёни зиёиён низ чунин расм роиҷ нашудааст, дувум, хадамоти почтаи мо гумон намекунам, ки ҳар рӯз сари субҳ рӯзномаҳоро ба муштариён расонида тавонад. Воқеан, мо чанд рӯзнома дорем?

Валӣ САМАД, адабиётшинос:
- Банда қариб ҳамаи ҷаридаҳои давриро мутолиа менамоям ва аз ҳар яки онҳо ду ё се матлаби хонданбоб пайдо мекунам. Ҳафтаномаву рӯзномаҳои имрӯза вобаста ба вазъи ҷаҳони муосир матлабҳо омода мекунанд, ки, албатта, хонандаи худро меёбад. Бавижа, ҳаводиси имрӯзро бо воқеаҳои таърихӣ муқоиса намуда, маводҳои таҳлилӣ омода намудани баъзе аз ҳафтаномаҳо барои инҷониб писанд аст.
Як чизи муҳими дигар, дар рӯзномаҳои расмӣ вокуниши воқеии баъзе мансабдоронро камтар мебинам, ки ҷои ташвиш аст.

Малика Урфонова, рӯзноманигор:
- Ончи дар матбуоти мо ба ман нохушоянд мебошад, ин худро ба нашрияҳои расмӣ ва ғайрирасмӣ ҷудо намудани рӯзномаҳо аст, яъне ба давлатӣ ва хусусӣ. Чӣ, агар онҳо нашрияи ғайрирасмӣ, ё хусусӣ бошанд, ҳуқуқи маънавӣ доранд, ки ба мо иттилооти носаҳеҳро пешниҳод намоянд?  Ман журналистонро ба ҳирфавӣ ва ғайриҳирфавӣ ҷудо менамоям. Мақсад аз қалам ба даст гирифтан ҳақиқатро гуфтан аст, на чизи дигар. Як ба гузоришҳои матбуотии мо назар афканед. Дар кадом идорае журналистонро хуш қабул кунанд, дар бораи он сухани нек мегӯянд, дар куҷое сатҳи «пазироӣ» паст бошад, танқид мекунанд. Матбуоти мо то ҳоло таъмини шаффофияти фаъолияти мақомоти давлатӣ ва ғайридавлатиро таъмин карда натавониста истодааст, ки ҷойи таассуф мебошад. Вақте паси сатрҳои муаллиф ғаразро мебинӣ басе нафратовар аст!
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 11.03.2016    №: 49    Мутолиа карданд: 651

18.01.2019


Таҳдидҳои асосӣ ба иқтисоди ҷаҳонӣ номбар шуданд

Гумонбари омодасозии ҳамла ба Қасри сафед ба даст афтод

Дар Чин қаллобонро барои фиреб ҳабси абад карданд

29 миллион сом зарари собиқадорони сохта

Ҷаҳон дар як сатр

17.01.2019


Тамдиди шартномаи ФФТ бо "Сомон Эйр"

60 ДАРАҶА ХУНУКӢ ВА ДАВИ 50 - КИЛОМЕТРАИ ЭКСТРЕМАЛИ МОЛДАВӢ

16.01.2019


Пирӯзии мунтахаби Тоҷикистон бар Эрон

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Роҳандозии моратории дусола дар Тоҷикистон

Нақшаи Brexit дар парламенти Британия рад карда шуд

Кремл роҳи ҳалли буҳрони Украинаро пешниҳод намуд

Ифтитоҳи онлайн-донишгоҳ барои гурезаҳо дар Италия

15.01.2019


Ҷаласаи ҷамъбастӣ таҳти раёсати муовини Сарвазири мамлакат

Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Абдулазиз Комилов

Ёдгор Файзов: «Соли 2018 соли таҳкими волоияти қонун дар Бадахшон буд»

ХУҶАНД. 1548 медали варзишгарон дар як сол

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Созишномаи сулҳ – мавзӯи асосии мулоқоти Путин ва Абэ хоҳад шуд

Савдои хориҷии Чин соли 2018 натиҷаи рекордӣ нишон дод

Дар Алмаато гурӯҳи хориҷиёни террорист боздошт шуд

То соли 2024 аҳолии Қирғизистон бо оби ошомиданӣ пурра таъмин мешавад

10.01.2019


Дар Саразм осорхона ва меҳмонхонаи замонавӣ бунёд мешаванд

Вохӯрии Парвиз Давлатзода бо Владимир Норов

Ҷаласаи Шӯрои кор бо ҷавонон

“ГАНҶИ СУХАН” – маҳфили адибпарвар

РӮШОН. Ифтитоҳи маркази дуошёнаи савдо

Муҳаммад Салоҳ – беҳтарин футболбози Африқо

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Самарқанд мизбони нахустмулоқоти «Ҳиндустон – Осиёи Марказӣ»

Баргардондани 47 шаҳрванди Қазоқистон аз Сурия

Остона ба гузарондани Ҳамоиши ҷаҳонии туризми шаҳрӣ омодагӣ мегирад

Дар Беларус бори нахуст ҳукми қатл содир шуд

09.01.2019


Таҷлили 110 - солагии аллома Бобоҷон Ғафуров


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед