logo

фарҳанг

ГУФТОРЕ ДАР БОРАИ МАТБУОТ ДАР РӮЗИ МАТБУОТ

Имрӯз мардуми Тоҷикистон зодрӯзи аввалин нашрияи тоҷикии Осиёи Миёнаро ҳамчун рӯзи матбуоти худ тантана мекунад. Акнун матбуот дар Тоҷикистон якто нест, балки нашрияҳои гуногуне ба табъ мерасанд. Имрӯз воситаҳои ахбори Тоҷикистон ба ҷараёнҳои гуногуни сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ пайванд мебошанд, вале ботинан онҳо оҳанги гуногуни зиндагии имрӯзаи кишварро менавозанд. Журналистикаи тоҷик ба осонӣ ба имрӯз нарасидааст.

Аввал публитсистика буд
Журналистикаи тоҷик чун дар тамоми дунё аз публитсистика оғоз меёбад, зеро журналистика бевосита ба пайдо шудани технологияи чоп ва пахш вобаста аст. Публитсистика ин эҷоди як фард аст, ки метавонад ба гуфтори шифоҳӣ ё ба навишта иртибот дошта бошад.
Воқеаҳо ва шарҳҳое ҳастанд, ки онҳо хонандаи хоса надоранд, барои ҳама ҳастанд, барои омма, барои гурӯҳе мебошанд. Ин публитсистика аст, зеро ҳадафаш расондани воқеаи нав, шарҳ додан ва тасвир кардан аст.
Публитсистика бо он имконият ва бо он шевае, ки зикр шуд, дар гузаштаҳои дури тоҷикон 1000 сол пеш аз пайдоиши матбуот буда ва шинохта шудааст.
Навъи асосии публитсистикаи то журналистӣ навъи китобии он буд. Ба мо аз ин публитсистика «Сафарнома» - и Носири Хусрав, «Зафарнома» - и Шарофиддини Яздӣ, «Ахлоқ - ул - ашроф»-и Убайди Зоконӣ, «Наводир-ул вақоеъ»-и Аҳмади Дониш ва бисёр дигарҳо расидаанд. Асоси ин асарҳо на тахайюл, балки воқеияти зиндагист. Зебоии сухани онҳо ба сухани матбуоте, ки баъдтар пайдо шуд, низ таъсир расонид.

Баъд русҳо матбуот оварданд
Журналистикаи тоҷик баъди ишғол шудани Осиёи Миёна аз ҷониби Империяи Рус пайдо шуд. Яъне тарзи ба вуҷуд омадани журналистика дар Осиёи Миёна чунон буд, ки матбуоте, ки дар солҳои 1860 - 1917 дар ин қаламрав пайдо шудаанд, мансуб ба яке аз халқҳои он дониста намешаванд. Сарфи назар аз он, ки ба кадоме аз халқҳои Туркистон, Бухоро ё моварои баҳри Хазар тааллуқ дошт, ба сифати матбуоти умумимиллии ҳамин минтақа шинохтан лозим аст. Зеро бо забони тоҷикӣ, русӣ, туркманӣ, ӯзбекӣ, қазоқӣ ва ё қирғизӣ нашр шуда бошанд ҳам, дар онҳо муҳити умумии иҷтимоиву сиёсии минтақа, ҳаёти тамоми мардуми он масъалаҳои иқтисод ва фарҳангаш ба табъ расидаанд. Дар зумраи ин нашрияҳо «Туркистанские ведомости», «Русский Туркистан», «Самарканд» ҳам буданд. Як идда мақолаҳои онҳо, ки ба қалами Маев, Бартолд, Андреев барин шарқшиносон тааллуқ доштанд, дар муайян кардани таърихи халқи тоҷик ва маданияти он, дар муайян кардани ҷойи тоҷикон дар таърихи кишварҳои Осиёи Миёна аҳамияти бузурги илмӣ доштанд.
Дар паҳлуи матбуоти русӣ дар ин қаламрав матбуоти миллӣ низ ба миён омад, ки вай бо забонҳои тоҷикӣ, тоторӣ, туркманӣ, ӯзбекӣ, қирғизӣ ва қазоқӣ чоп мешуд. Ба  ин гурӯҳ нашрияҳои «Хуршед», «Туҷҷор», «Шуҳрат», «Азия»  ҳам дохил мешуданд, ки матни тоҷикии онҳо шеър буд.

«Бухорои Шариф» аввалин рӯзномаи тоҷикӣ аст
Матбуоти тоҷикии Осиёи Миёна нисбатан дертар ба миён омад. Пеш аз он дар ин қаламрав матбуоте паҳн шуд, ки онро ба истилоҳ  матбуоти умумифорсӣ номбар кардан беҳтар аст. Аҷибаш он аст, ки матбуоти умумифорсӣ ба маъное, ки мо дар ин мафҳум ҷо кардан мехоҳем, на дар Эрон, на дар Осиёи Миёна, на дар Афғонистон, балки дар кишварҳои дигари мусалмонӣ ба табъ расидааст.
Намунаи ин матбуот «Ҳаблулматин» ва «Чеҳранамо» буданд. Ин рӯзномаҳо на танҳо барои он умумифорсӣ буданд, ки забонашон ба ҳамаи мардум шинос буд, балки барои он ҳам умумифорсӣ ном мегиранд, ки домони мавзӯи онҳо бо манфиати яке аз давлатҳои форсизабон маҳдуд намемонд. Устод Айнӣ дар бораи аҳамияти матбуоти умумифорсӣ сухан ронда, махсусан таъкид кардааст, ки онҳо дар дили мардум тухми маърифат коридаанд.
Дар паҳлуи матбуоти умумифорсӣ матбуоти сирф миллии тоҷикии Осиёи Миёна ҳам ба вуҷуд омад.
Аввалин нашрияи тоҷикӣ дар шаҳрчаи Когони назди Бухоро бо ташаббуси ҷавонбухориён Мирзомуҳиддин Мансуров, Мирзо Сироҷи Ҳаким, бо дастгирии консулгарии Русия дар Бухоро аз 11-уми марти соли 1912 сар карда, аввал ҳафтае 5 шумора, баъдтар ҳафтае 2-3 шумора то ибтидои соли 1913 чоп шудааст. Пас аз он дар шаҳри Самарқанд Маҳмудхоҷа Беҳбудӣ маҷаллаи «Ойина» ва рӯзномаи «Самарқанд»-ро таъсис дод, ки ҳар ду бо забонҳои тоҷикӣ ва ӯзбекӣ нашр шудаанд. Яке аз журналистони асосии ин нашрияҳо Саидризо Ализода буд. Агар «Бухорои шариф» ба ҳайси аввалин нашрияи ҷамъиятӣ-сиёсии хусусияти нимарасмӣ дошта шинохта шавад, нашрияҳои Беҳбудӣ аввалин намунаи матбуоти шахсие буданд, ки дар формати иҷтимоиву адабӣ ва тарбиявӣ ба табъ расидаанд. Матбуоти расмӣ ба забони тоҷикӣ рӯзномаи «Моварои баҳри Хазар» аст, ки вай дар Ашқобод ба забони тоҷикӣ ва туркманӣ чоп мешуд.

Давлати шӯроӣ чӣ дод?
Матбуоти шӯравии тоҷик тӯлонитарин давраи журналистикаи тоҷикро дар бар мегирад. Ин давраи ВАО таблиғ буд ва он хусусияти миллӣ не, федералӣ дошт. Яъне матбуот, радио ва телевизиони Тоҷикистон ҷузъи воситаҳои ахбор ва таблиғи оммавии Иттиҳоди Шӯравӣ ба ҳисоб мерафт. Вай ба идеяи хос такя мекард, ки онро В. И. Ленин ба ҳайси матбуоти партиявии коммунистӣ маънидод кардааст.
Пас аз таъсиси ҶШС Тоҷикистон (соли 1929) баргузории анҷуманҳои расмии Ҳизби коммунисти Тоҷикистон, Шӯрои инқилобии Тоҷикистон (соли 1930), маркази фаъолияти идеологӣ пурра ба Душанбе кӯчонида шуд. Дар Душанбе рӯзномаҳои ҳизбӣ - давлатии «Тоҷикистони сурх», «Коммунист Таджикистан», «Қизил Тоҷикистон», «Ҷавонони Тоҷикистон», «Деҳқони камбағал», маҷаллаи «Октябр», «Барои адабиёти сотсиалистӣ» (БАС) ва дигарҳо пайдо шуданд.
Дар солҳои 30 - юм системаи матбуоти шӯравии Тоҷикистон, ки он иборат буд аз матбуоти марказии ҳизбӣ, соҳавӣ ва махсусгардонидашуда, матбуоти вилоятӣ ва ноҳиявӣ, инчунин матбуоти МТС-ҳо, ҳаракати мухбирони коргару деҳқон авҷ гирифт.
Матбуоти шӯравии тоҷик дар аз худ кардани заминҳои навкорами водиҳои Тоҷикистон, сохтори каналҳо, маҳви бесаводӣ, ба фронти Ҷанги Бузурги Ватанӣ ҷалб кардани ҷавонон, мустаҳкам кардани ақибгоҳ, эҳёи хоҷагии халқ, мактабу маориф, хоҷагии деҳқонӣ, саноат, комплекси аграрии саноати Тоҷикистони ҷанубӣ, заводи «Алюминий» - и тоҷик нақши бузург бозид.
Журналистикаи замони бозсозиро дар чорчӯби журналистикаи советӣ мулоҳиза кардан душвор аст. Гарчи солҳои 1985 - 1991 расман замони шӯравӣ ба ҳисоб меравад, аммо сиёсате, ки М. Горбачёв дошт, ҳамчунон барҳам додани хусусияти яккаҳизбии давлат, аз ҳизб боло шудани Шӯрои депутатҳои халқ моҳияти системаи давлатдориро умуман ва моҳияти системаи матбуоти ҳизби коммунистиро дигар кард. Аммо муҳим он аст, ки муҳтавои ВАО ба муҳтавои матбуоти ҳизбии шӯравӣ мувофиқат намекард.

Файзи истиқлол
9 - уми сентябри соли 1991 санаи тақдирсоз дар сарнавишти тоҷикон аст. Иҷлосияи Шӯрои Олии Тоҷикистон дар ин рӯз Истиқлолияти Тоҷикистонро эълон кард. Ин чунин маъноро дошт, ки Тоҷикистон ҷузъи дигар кишваре нест, вай мустақил аст ва халқи тоҷик акнун давлате бунёд мекунад, ки ин давлати федералӣ не, балки давлати миллӣ аст. Шурӯъ аз ҳамин замон матбуоти Тоҷикистон хусусияти соф миллӣ, соф тоҷикистонӣ пайдо кард ва он баёнгари орзуву омоли давлати мустақили  Тоҷикистон шуд. Дар ин замон рӯзномаи «Тоҷикистони советӣ» (аввал «Тоҷикистони шӯравӣ» ва баъд «Ҷумҳурият») ва рӯзномаи «Садои мардум» ба вуҷуд омад. 14-уми марти соли 2000-ум бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзномаи «Ҷумҳурият» нашрияи расмии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дониста шуд. «Ҷавонони Тоҷикистон», «Адабиёт ва санъат», «Омӯзгор»  самти фаъолияти худро ба шароити нав мувофиқ карданд.
Давлати Тоҷикистон озодии матбуотро эълон кард ва аз ин сабаб имрӯз низоми ВАО-и  Тоҷикистон дар заминаи матбуоти расмии ҳукуматӣ ва матбуоти ғайриҳукуматӣ ташаккул меёбад.
Журналистони тоҷик дар гузоштани пойдевори давлат дар соҳаи иқтисод, фарҳанг, мактаб, саноат, ки хусусияти соф миллӣ дорад, аз ёварони боэътимоди Ҳукумат мебошанд.
Имрӯз матбуоти Тоҷикистон барои татбиқи орзуҳои неки бундёдкорӣ, сулҳсозӣ ва ваҳдати миллӣ, ки Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон пеш гирифтааст, софдилона фаъолият мекунад.

Иброҳим УСМОНОВ,
доктори илми таърих


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 11.03.2016    №: 49    Мутолиа карданд: 1044

15.11.2018


Ҳамоиш бахшида ба Рӯзи Президент

Нурдинҷон Исмоилов ба Тоҷикистон меояд

Мулоқоти Зубайдулло Зубайдзода бо Амал Муҷрин ал - Ҳамад

Конференсияи гиромидошти Бобоҷон Ғафуров

Путин ва Абэ дар асоси қатъномаи соли 1956 гуфтушунид хоҳанд кард

Таҳлилгарони Nomura сустшавии суръати рушди иқтисоди ҷаҳониро пешгӯӣ намуданд

Frontex: ба Аврупо омадани гурезаҳо 31 дарсад коҳиш ёфт

Назарбоев соли 2019-ро Соли ҷавонон эълом дошт

Ҷаҳон дар як сатр

14.11.2018


Вусъати корҳои ободонӣ дар ноҳияи Восеъ

Ҷамъоварии $482 миллион ба ёрии мардуми Ироқ

Назарбоев ташкили Созмони амнияти дастаҷамъии Осиёро пешниҳод дорад

Ҷонибдории Ангела Меркел аз ташкили артиши ягонаи аврупоӣ

Дар Тошканд Ҳафтаи соҳибкории глобалӣ шурӯъ шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН – 2018. Иштироки се бонуи муштзани тоҷик

БОНКИ МИЛЛӢ. Иқдоми наҷиб

13.11.2018


Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин ва Юе Бин

Баимзорасии ёддошти тафоҳум

Нақшаи чорабиниҳои амалӣ намудани корҳои ободонию бунёдкорӣ дар давраи солҳои 2019 – 2021 тасдиқ гардид

БӮСТОН. Таҷдиди шуъбаи урология

ВАҲДАТ. 5 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд

ЁВОН СИМОИ ТОЗА МЕГИРАД

НОҲИЯИ ШАМСИДДИНИ ШОҲИН. Кӯшишҳо самар медиҳанд

"Дар ин дунё Карим Девонае буд"

Ҳузури бераводиди тоҷикистониён дар Туркия 3 баробар дароз шуд

Аврупо дар бозёбии партовҳои уран дар Тоҷикистон саҳм мегирад

Москва аз ҷумлаи даҳ шаҳри беҳтарини дунёст

Гунаҳгорони ҳалокати 52 ӯзбекистонӣ зиндонӣ шуданд

Чин дар ҷаҳон калонтарин воридкунандаи газ

Ҷаҳон дар як сатр

ҚУБОДИЁН. 48 медали варзишгарон дар нуҳ моҳ

12.11.2018


Дар Париж ҳамоиши сулҳ ифтитоҳ ёфт

Бо эҳтимоми ҳукумати Ҳиндустон нархи сӯзишворӣ арзон мешавад


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед