logo

иқтисод

АФТИШИ НАРХИ НАФТ: БУҲРОНИ МОЛИЯВӢ Ё...

Нафт ва бозори он ба як манбаи асосии даромади кишварҳои содиркунанда, бахусус аъзои Ташкилоти давлатҳои содиркунандаи нафт (ОПЕК), назири  Арабистони Саудӣ, Эрон, Русия, Венесуэла  табдил ёфта буд. Рушди дигар кишварҳои ҷаҳон низ ба ин ашёи стратегӣ  вобастагӣ дорад. Арзон шудани нафт дар ду соли охир таъсири баде ба иқтисодиёти бархе аз кишварҳои истихроҷкунандаи ин ашёи ҳаётан муҳим расондааст. Коршиносони Ғарб поёнравии нархи нафтро ба ду омил марбут медонанд: якум омили объективии иқтисодӣ, дуюм сиёсати  абарқудратҳои манфиатдор. Бештари давлатҳои содиркунандаи нафт дар натиҷаи рақобатҳои иқтисодӣ, боис мегарданд, ки қиммати нафт поён равад. Инчунин омили дигар боз аз ҳад зиёд истихроҷи нафт аст.

Баъди бардоштани таҳримот алайҳи Эрон нархи нафт дар биржаи Арабистони Саудӣ ва бозори ҷаҳонӣ аз 115 доллар то 30 доллар барои як баррел коҳиш ёфт. Аллакай аз оғози соли  2016 нархи як баррел нафт аз 30 доллар поин рафтааст. Расонаи Blumberg  навиштааст, ки нархи нафт дар пайи таҳримоти ҳастаӣ ба Эрон поин шуда, содироти иловагии он аз ҷониби Эрон ба арзоншавии нарх дар оянда оварда мерасонад. Эҳтимол як баррели нафт то 25 доллар арзон шавад,  гуфтааст таҳлилгари ширкати Nomura Holdings  Гордон Кван.
Иброҳими Нуаймӣ, вазири нафти Арабистони Саудӣ, изҳор намудааст, ки кишвараш дар пайи тағйири сиёсати нафтӣ нест, зеро онро қобили эътимод медонад. Буҷети Арабистони Саудӣ низ, ки ҳафтоду се дарсад аз даромадҳои нафтӣ иборат аст,  соли гузашта ба андозаи 87 миллиард доллар норасоӣ дошт. Аммо бояд гуфт, ки Арабистони Саудӣ ва дигар кишварҳои истихроҷкунандаи  нафти халиҷи Форс, дар бонкҳои худ  захираҳои зиёди арзӣ доранд ва муддати зиёде метавонанд ба хисороти нархи нафт тоб оваранд. Русия низ, ба гуфтаи вазири энергетикаи ин кишвар Александр Новак, қодир аст, ки  ба фишори поёнравии нархи тиллои сиёҳ истодагарӣ кунад. 16 - уми феврал бархе аз намояндагони давлатҳои содиркунандаи нафт, аз ҷумла вазирони нафти Венесуэла, Арабистони Саудӣ ва вазири энергетикаи Русия ба ҳам ба созиш омаданд, ки фурӯши нафтро дар соли равон дар як ҳаҷми муайян нигоҳ доранд, то нархи он аз ҳозира, ки  ин кишварҳоро ба ташвиш овардааст, поинтар наравад.
Аслан, поинравӣ  ё баланд шудани нархи нафт, ба андешаи баъзе аз коршиносон, ба давлатҳои истеъмолкунанда низ таъсир мерасонад. Лекин на таъсири бад, балки таъсири нек.
Аброр Мирсаидов, доктори илмҳои иқтисодӣ, профессори Институти иқтисодиёт ва демографияи Академияи илмҳои ҷумҳурӣ, низ ба он назар аст, ки ин поинравии нархи нафт барои Тоҷикистон паёмади бад надорад. Зеро Тоҷикистон нафтро аз Русия ворид мекунад. Поинравии нархи нафт танҳо ба иқтисодиёти давлатҳое, ки онро истеҳсол мекунанд, зарар меорад, зеро иқтисодиёти онҳо пурра ё қисман ба нархи нафт пойбандӣ дорад.
“Бо вуҷуди дар ҷаҳон поин рафтани қимати нафт, ҳанӯз ҳам дар Тоҷикистон нархи он як зайл боқӣ мондааст. Якчанд омилҳо намегузоранд, ки дар Тоҷикистон нархи сӯзишворӣ поин равад. Сабаби аввал ин аст, ки мо бо бозорҳои давлатҳои Шарқ роҳи оҳан надорем. Баъдан, дар дохили кишвар алҳол заводҳое надорем, ки нафти хомро коркард кунанд. Сӯзишвории тайёрро аз Федератсияи Русия ворид месозем.  Бинобар он, нархи нафт чандоне ки мехоҳем, арзон нест”, - мегӯяд ин олим.
Саъдӣ Қодирзода,  раиси Хадамоти зиддиинҳисории кишвар, изҳор дошт, ки раванди тағйирёбии нархи нафт дар бозори ҷаҳонӣ нисбат ба раванди нархи бензин дар кишвар коҳиш наёфт. Бино ба маълумоти Қодирзода, нархи як тонна бензини навъи АИ 92 дар корхонаҳои коркарди Русия ба 41 ҳазор рубл баробар буд ва моҳи декабр он то 33 ҳазор рубл арзон шуд.      
Коршиносон ва масъулони бахши иқтисодии давлатҳои истеҳсолкунандаи нафт аз поинравии нарх нигаронӣ мекунанд ва ҳатто онро паёмади хуб барои ҷаҳон намебинанд. Аммо ба фикри коршиносони дигар, коҳиши нархи нафт барои давлатҳои воридкунанда паёмади бад ҳам надорад. Оқибати бад ин аст, ки иқтисоди давлатҳои содиркунандаи ин ашё то андозае варшикаста мешавад. Истеъмолкунандаҳои нафт, агар корхонаҳои коркард дошта бошанд, аз коҳиши нархи нафт манфиати калон меёбанду зиён не.
Пас, ҳоло вазорати масъули мо ба ин масъалаи муҳим то дараҷае бетаваҷҷуҳанд?

Ҳасан ШОКИРЗОДА,
«Ҷумҳурият»


Баёни ақида (1)    Санаи нашр: 12.03.2016    №: 50    Мутолиа карданд: 582

19.04.2019


Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Жан - Батист Лемуан

Пойтахт ба таҷлили Рӯзи Ғалаба омодагӣ мебинад

Масоили рушди соҳаи маориф матраҳ гардид

Дар Донишгоҳи давлатии Данғара конфронси ҷумҳуриявӣ доир мешавад

Душанбе варзишгарони 15 кишварро ба ҳам меорад

Ҷаҳон дар як сатр

18.04.2019


ҶОМИ АФК. Пирӯзии "Хуҷанд" ва мусовии "Истиқлол"

МУЪМИНОБОД. 221 иншоот дар се сол

РАШТ. Боғистон доман паҳн мекунад

17.04.2019


БУҶЕТИ ДАВЛАТӢ . Ба қонун иловаҳо ворид шуданд

ДМТ. Як нишасти муҳим

Хонандагони Душанбе пешсафи олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ

Армуғон барои дӯстдорони ҷуғрофия

ҶОМИ ОСИЁ. Паҳлавонони тоҷик соҳиби 5 медал

Ҷаҳон дар як сатр

16.04.2019


Вохӯрии Саидзода Зоҳир Озод бо Аскар Таҷибаев

Баррасии масоили мубрам

Ҳамоиш бахшида ба оғози расмии Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Калонтарин тайёра дар дунё ба ҳаво хест

Дар Қазоқистон онлайн-қаллобон фаъол мешаванд

Дар СММ аз манфиати лоиҳаи «Камарбандҳо ва роҳҳо» сухан рафт

Аз таркиш дар Афғонистон ҳафт кӯдак ҳалок гашт

Филмҳои ду коргардони тоҷик барои Фестивали кинои мусалмонӣ интихоб шуданд

Ҷаҳон дар як сатр

БОКС. Иштироки варзишгарони тоҷик дар Чемпионати Осиё

12.04.2019


Бо иштироки Сарвазири мамлакат дар шаҳри Кӯлоб як қатор иншоот ба истифода дода шуд

Ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсозони миллии давлатҳои аъзои СҲШ

Форуми байналмилалии рушди сармояи инсонӣ доир мегардад

ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ – 2019 ОИД БА ФУТЗАЛ. Рақибони Тоҷикистон муайян гаштанд

"Кашшофи падидаҳои наврас"

НОҲИЯИ РӮДАКӢ . Сафи соҳибкорони ватандӯст меафзояд

НУРОБОД . Эҳтиром ба шахсиятҳои таърихӣ

Ҷаҳон дар як сатр

11.04.2019


"Тоҷикон" ба забони ӯзбекӣ нашр шуд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед