logo

фарҳанг

«ШАБИ ЭҶОДӢ» ДАР ШАБИ ЭҶОДӢ

Чаро ба «ширу шакар» омадам?  Савол замоне дар зеҳнам пайдо шуд, ки дар кохи «Ҷомӣ»  луқмапартоиҳои як гурӯҳ «бачаҳои шух» аз садои Афзалшоҳи Шодӣ, хеле гушхарошу баландтар садо дода, табъи на танҳо ман, балки тамошобинони дигарро якбора хира кард. Ҳарчанд кӯшиш кардам, то ин муҳитро нодида гирам ва аз ҳунарманди мумтоз, ки аз ашъори соҳибҷашн Давлат Сафар суруд мехонд, баҳра  бардорам, вале ҳамон қадар ҳамсолон аз қатори пушт «фаъолтар» «баромад» доштанд. Мисле, ки ба ҳамин мақсад омада бошанд. Бе он ки ба касеву чизе аҳамият диҳанд, қатори пушти толорро гӯиё ба иҷора гирифта буданд. «Эй, як бор ҷавониро хонед», - луқма партофт яке. «Ҷавониро шоир худаш мехонад» ба гап  ҳамроҳ  шуд  нафари  дигар. «Ман мухлиси Афзалшоҳам, хонда тамом кард, баромада меравем» -, гӯё фармон медода бошад, ҷиддӣ иброз дошт ҷавони  сеюм. Хуллас, қаторе, ки ман менишастам, қисмати охири толор давраи «маршировка» - и донишгоҳиро мемонд, ки то омадани устодон «ҳар ки ҳар чи мехост мегуфт». Аҷиб ин, ки касе ҳатто тарафи ин гурӯҳ гашта нигоҳи маънидоре ҳам накард  ва  гӯиё ин як рафтори маъмулӣ  бошад, маҳфил идома дошт. Устод Қурбон Собирро  дидам, ки дар як ҳолати  хеле  ногувор рост чашм  ба  саҳна буд. Шахсиятҳои  дигари саршинос низ миёни   мухлисоне, ки аз норасоии ҷойи нишаст рост меистоданд, кам  набуданд.
Суруди устод Афзалшоҳи Шодӣ анҷом пазируфту овози ин гурӯҳ ба маротиб баланд шуд. То ба назди баландгӯяк расидани  соҳибҷашн «бачаҳои шӯх» «фурсат ёфта» қариб ба тамоми овоз рафиқони чанд қатор пешашонро назди худ даъват карданд.
Давлат Сафар ба хотири фарзандаш, ки мухлиси футболбози номӣ Месси будааст, чанд мисрае хонда буд, ки «командаи пушт» бо ӯ ҳамовоз гашт.
Дар вақти сурудхонии Ҷамшед Исмоил ҳам «бачаҳои шӯх» моро роҳат нагузоштанд, ки гӯш кунем. Онҳо  акнун  ба гӯши якдигар пичиррос зада, бо телефонҳои мобилӣ ҷавондухтаронро интихобан ба нишон гирифта, ба истилоҳ  «шикор»  мекарданд.  Баъд расмҳои гирифтаашонро ба якдигар нишон дода, хеле хунук ва гӯшхарош механдиданд.
Саҳнаи дигари «шербачаҳои» қатори пуштро намедонам барои чӣ «ҷобаҷошавии бофурҷа» номидам. Акнун бомаслиҳат якеро аз пеши худ гуселу нафари дилхоҳашонро наздик мехонданд. Ин манзараи бароям нафратоварро мушоҳида карда, аз шеърхонии навбатии Давлат Сафар ва суруди  бисёр  шӯхи Исроил Файзиддин  натавонистам  лаззат барам.
Ниҳоят, тахминан баъди як соати «серкорӣ», дар толор гапи  мегуфтагиву кори  «мекардагӣ»   намонд, ки ҷавонҳои пушти қатори мо паси ҳамдигар рафтанӣ шуданд. Вақте Лутфулло Давлатов «Модар»  мегуфту ҳамагон  ба қавле ӯро ҳамдарду ҳамовоз буданд,  боқимондаи «бачаҳои шӯх» толорро тарк карданд. Дар қатори онҳо ҳисси фароғату истироҳат вуҷуди маро низ тарк кард. Нафари паҳлуям низ «алам» доштааст, ки баъди рафтани «бачаҳои шӯх» оҳи сабуке кашида «шаби эҷодии бачаҳако тамом шуд - чӣ» гуфт.
Воқеан, гап сари шаби эҷодии шоири мумтоз ва журналисти шинохта Давлат Сафар меравад, ки бо ибтикори Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон рӯзи аввали баҳор хеле дар сатҳи баланд гузашт. Ва бемуҳобот ширу шакар буд. Албатта, барои онҳое, ки лаззат бурда тавонистанд. Аниқтараш имкони лаззат бурдан доштанд.
Танҳо мо чанд нафари қатори пушт хеле кам лаззат бурдем, зеро «шаби эҷодӣ»-и дигарро тамошо мекардем.
Вақте дар пушт тахмин дар мобайни ҳамон «қатор» як курсӣ холӣ шуд,  хоҳиш намудам, ки наздик шишта ҷойеро холӣ кунанд, то нафари ростистода нишинад. Аз миён ҷавондухтаре дағалона посух дод, ки «агар хоҳанд худашон гузашта шинанд…».
Ман аксарияти онҳоро шинохтам, мо дар як донишгоҳ мехонем, танҳо ихтисосҳоямон фарқ доранд. Номи донишгоҳро намегирам, зеро ба онҳо  эҳтироми беандоза дорам. Номи донишҷӯёни «шӯх» - ро низ, вале танҳо бо умеди он, ки то шаби эҷодии дигар вақти интихоб устодони мо «пеш омаду хуш омад» гуфта, донишҷӯёнро кашола карда, бо зӯр ба маҳфилҳои фарҳангиву муҳити фарҳангиён набаранд.
С. ШОДМОН


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 12.03.2016    №: 50    Мутолиа карданд: 593

22.02.2019


Ҷаласаи Комиссияи сетарафаи танзими муносибатҳои иҷтимоию меҳнатӣ

Забони тоҷикӣ таърихи зиёда аз чорҳазорсолаи хату алифбо дорад

ББТ барои фаъолияти оператори низоми пардохтии “Осон” иҷозатнома гирифт

МАВСИМИ НАВИ ЛИГАИ ОЛӢ МОҲИ АПРЕЛ ОҒОЗ МЕГАРДАД

Путин самтҳои асосии сиёсати хориҷии Россияро тавзеҳ дод

Хадамоти вижаи 7 кишвари ИДМ машқи "Арарат-Антитеррор" мегузаронанд

Чин дар кайҳон неругоҳи барқи офтобӣ месозад

21.02.2019


ХУҶАНД. Оғози сохтмони бинои нави «Тоҷикстандарт»

ФУТБОЛ. Тақвими бозиҳои тими мунтахаби олимпии кишвар муайян гардид

Табибон аз Тотористон бо ҳампешаҳои тоҷики худ мубодилаи таҷриба мекунанд

Роҳандозии лоиҳаҳои инноватсионӣ дар Қазоқистон

Дар Ҳиндустон 13 иштирокдори тӯй зери чархи мошини боркаш монд

Сӯхтор сабабгори марги ҳафт кӯдак дар Канада

Ҷаҳон дар як сатр

19.02.2019


МАКТАБИ ДАВЛАТДОРИИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН. ЯК ҲАМОИШИ МУҲИМ

Баррасии масъалаҳои рушди сайёҳӣ

Вохӯрии Низомиддин Зоҳидӣ бо Мазен Шамия

Дурнамои рушди муносибатҳо матраҳ гардид

ҶОМИ КУШОДАИ АВРУПО. Муҳаммадризо Қувватов медали биринҷӣ ба даст овард

Авҷи ниҳолшинонӣ

Саҳми соҳибкорон дар ободии деҳот

Ҳамкории тиҷоратию иқтисодии Чин ва Россия густурдатар мегардад

Сарвар Дониш: «Музокироти сулҳ бидуни ҳукумат қурбе надорад»

«Туҳфаи шоҳона» - и Арабистони Саудӣ ба шаҳрвандони Покистон

Дар Қазоқистон маркази амнияти иттилоотӣ ифтитоҳ меёбад

Сокини навраси Шимкент ду нафарро аз сӯхтор наҷот дод

Ҷаҳон дар як сатр

18.02.2019


Боздиди Азим Иброҳим аз ҷараёни корҳои сохтмонӣ

ВКД Ҷиноятҳо 83,6 дарсад ошкор шуданд

Вазорати молия. Барои дастгирии буҷет маблағи бештар ҷалб хоҳад гашт

«BISHKEK OPEN – 2019». Дурахши каратэ-дочиёни навраси тоҷик

«МОҲИЯТ ВА ТАЪЙИНОТИ МАТБУОТИ МАҲАЛЛӢ»

РОҒУН. Ободонӣ вусъат меёбад

АНДОЗ. Нақша 100, 6 дарсад иҷро гардид


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед